Дар бораи институт

Институти иқтисодиёт ва демография
Институти иқтисодиёт ва демография

  ИНСТИТУТИ ИҚТИСОДИЁТ ВА ДЕМОГРАФИЯ АКАДЕМИЯИ ИЛМҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

            Ибтидои тадқиқотҳои иқтисодӣ дар Тоҷикистон, дар охири солҳои 40-уми асри XX оғоз ёфт ва бахши иқтисоди мавҷуда дар таркиби сохтори Шуъбаи тоҷикистонии Академияи илмҳои Иттиҳоди Шӯравӣ дар ҳамкорӣ бо созмони ҷумҳуриҳои умумииттифоқ соли 1951 ба Шуъбаи иқтисодии Академияи илмҳои РСС Тоҷикистон табдил ёфт (тағйири ном кард). Дар заминаи Шуъбаи иқтисодии АИ РСС Тоҷикистон, соли 1964 Институти иқтисодии Академияи илмҳои РСС Тоҷикистон таъсис ёфт. Он айём Шуъбаи иқтисодиётро иқтисодчии моҳир, дар бахши хоҷагии қишлоқ Б. Л. Шапиро сарварӣ менамуд, ҳамзамон чор нафар мутахассисони иқтисоддон дар пойтахт фаъолият доштанд ва онҳо бо душворӣ, асосан бо ҳалли масъалаҳои хоҷагии деҳот машғул буданд. Шахсиятҳои дорои унвони номзади илмҳои иқтисодӣ дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ панҷ нафар буданд, аз ҷумла, ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (собиқ УДТ ба номи В.И. Ленин) Ибодулло Нарзиқулов (1909-1973). Номбурда дар бахши иқтисодиёти саноати кишвар аввалин донишманди иқтисоддон буд, ки ба таҳқиқи таърихи иқтисоди Тоҷикистон камар баст. Дар асари на он қадар калон, вале пурмуҳтавои хеш «Маълумоти мухтасар роҷеъ ба саноати ҳунарҳои дастӣ дар Тоҷикистони тоинқилобӣ» (1957), ӯ зарурати таҳқиқи илмӣ ва пайгиронаи таърихи иқтисодиёти кишварро бо далелҳо исбот кард, Х.Б. Салбиев, дар бахши иқтисоди сиёсӣ (мудири кафедраи ДДОТ). Б.Л. Шапиро (дар бахши иқтисодиёти хоҷагии қишлоқ, мудири кафедраи ДАТ). Х.Ф. Аҳтамов, (дар бахши иқтисодиёти хоҷагии қишлоқ, ходими калони илмии Шуъбаи иқтисодии Академияи илмҳои РСС Тоҷикистон) ва Рустам Юсуфбеков (устоди мактаби олии ҳизбӣ). Соли 1957-ум Х.А. Аҳтамов сарвари шуъбаи иқтисодии Академияи илмҳои РСС Тоҷикистон таъйин карда шуд, аммо дар ҳақиқат роҳбарии илмӣ-маъмуриро ноиби президенти Академияи илмҳои РСС Тоҷикистон, академик Ибодулло Нарзиқулов ба зимма дошта, пеш мебурд.

     Сипас, баъди ташкилёбии Институти иқтисодии РСС Тоҷикистон (моҳи июни 1964) роҳбари он номзади илмҳои иқтисодӣ Рашид Раҳимов ва ҷонишини ӯ оид ба корҳои илмӣ, мутахассиси соҳаи ҳуқуқ Г.Я. Курсер таъйин гардиданд. Баъди интиқоли ӯ ба кори Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ, ҷонишини роҳбари Институти иқтисод оид ба илм Нуриддин Қаюмов таъйин гардид, ки дертар ба ҳайси директори Институти тадқиқотҳои иқтисодӣ дар назди мақоми ҳукуматии банақшагирии давлатии ҷумҳурӣ (Госплан) фаъолият дошт.

    Бо аз нав таъсисёбии Институти иқтисодӣ ва Институти иқтисодиёти ҷаҳонӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ (соли 1993) ҷонишинҳои директори Институти иқтисодӣ оид ба корҳои илмӣ дар солҳои гуногун чунин шахсон буданд, аз ҷумла Г.Я. Курсер, Н.Қ. Қаюмов, Я.Н. Бронштейн, А.Х. Авезов. Аз онҳо дар ин вазифа муддати зиёд Я.Н. Бронштейн ва Г.Я. Курсер фаъолият доштанд.

     Муносибати илмӣ бо олимон – иқтисодчиёни Осиёи Марказӣ ва Қазоқистон дар бахши ҳамкории илмӣ, ба таври анъанавӣ, тавассути ёрии ҳамдигарӣ дар тайёр намудани мутахассисони илмӣ ба роҳ монда шуда буд. Солҳои тӯлонӣ академик Рашид Раҳимов сарварии Институти иқтисодии АИ ҶТ-ро ба зимма дошта, ҳамзамон аъзои Шӯрои ҳимояи рисолаҳои докторӣ дар назди Институти иқтисодии АИ Ӯзбекистон ва Қазоқистон буд. Ӯ бештар кори тақризнависиро ба рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ дар шаҳрҳои Тошканд, Алма-ато ва Ашқобод ба иҷро мерасонид. Як қатор олимони ҷавони Институти иқтисодии АИ Қирғизистон зери машварати олимони аъзо дар Шӯрои илмии Институти иқтисодии АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон рисолаҳои номзадӣ ва доктории худро ҳимоя намуданд. Кӯмаки беғаразонаи илмии олимони тоҷик дар тайёр намудани мутахассисон дар соҳаи илми иқтисодии Ҷумҳурии Туркманистон низ назаррас мебошад. Дар баробари ин, дар рушду ҳамкорӣ ва муносибатҳои илмӣ ва дӯстонаи олимони иқтисоддони Осиёи Миёна, саҳми Шӯрои илмии комиссияи Осиёи миёнагии АИ ИҶШС оид ба масоили мубрами қувваҳои истеҳсолкунанда таҳти робарии академик И. Нарзиқулов назаррас буд.

         Соли 1964-ум Институти иқтисодии АИ РСС Тоҷикистон ташкил ёфта, пас аз муддати муайяне ба Маркази асосии ҷумҳуриявии тайёркунандаи мутахассисони касбии соҳаи иқтисод табдил ёфт. Дар ин Институт аксари олимони иқтисодчӣ соҳиби унвонҳои баланди илмӣ ва комёбиҳои назаррас гардидаанд. Институт аз назари қонунӣ ба яке аз муассисаҳои пешсафи равандҳои иқтисодии таҳқиқотии ҷумҳурӣ мубаддал шуда буд. Бо гузашти айём, соли 1993 Институти иқтисодии АИ ҶТ баъди соҳибистиқлол гаштани Тоҷикистон тағйири ном карда, ба худ номи нав – Институти иқтисодиёти ҷаҳонӣ ва муносибатҳои байналхалқии АИ ҶТ (ИМЭМО)-ро гирифт, ки дар тӯли 36 сол (то соли 2000-ум), сарварии онро академик Рашид Раҳимов ба зимма дошт.  Моҳи январи соли 2000-ум дар заминаи ИИҶМБ (ИМЭМО) ва Шӯрои илмӣ оид ба омӯзиши қувваҳои истеҳсолкунандаи АИ ҶТ (СОПС), Институт аз нав тағйири ном карда, ба худ номи Институти иқтисодиёти АИ ҶТ-ро гирифт ва роҳбарии он бар души доктори илмҳои иқтисодӣ Абдуғаффор Рауфӣ вогузор карда шуд. Номбурда то соли 2011 фаъолияти роҳбарии илмии Институтро пеш бурд. Моҳи феврали соли 2011 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Институти демография ва Институти иқтисодии АИ ҶТ бо ҳам муттаҳид карда шуда, дар заминаи он Институти иқтисодиёт ва демографияи АИ ҶТ таъсис дода шуд. Доктори илмҳои иқтисод, профессор Олим Бобоев роҳбари ин муассисаи илмии иқтисодӣ таъйин гардид ва то соли 2015 масъулияти робариро ба зимма дошт. Аз моҳи апрели соли 2015 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарвари Институти иқтисодиёт ва демографияи АИ ҶТ доктори илмҳои иқтисод, профессор Лутфулло Саидмуродов таъйин гардида, то имрӯз фаъолияти роҳбариро пеш мебарад.

    Таъсисёбии Институти иқтисодиёти АИ ҶТ дар соли 1964 яке аз марҳилаҳои асосӣ дар рушди илми иқтисодиёт дар сохтори давлатдории тоҷикон маҳсуб ёфт. Зеро дар Институти мазкур тадқиқотҳои муҳими илмӣ ва барои кишвар пурарзишу самаранок гузаронида мешуданд, аз ҳисоби фондҳои асосии истеҳсолоти мавҷуда барои ҳалли  васеи масъалаҳо, таҳкими муносибатҳои нав, ҷобаҷогузорӣ ва рушди қувваҳои истеҳсолкунандаи иқтисодиёти минтақавӣ, дар тавсеа бахшидан барои гузаронидани таҳқиқотҳои вобаста ба таърихи иқтисодиёти Тоҷикистон ва таҳқиқотҳои иқтисоди сиёсӣ, таҳлилҳои назариявӣ ва методологӣ, мутобиқсозии қонунгузории рушди иқтисодиёти сотсиалистӣ бо истифода аз таҷрибаи даврони собиқ ҷумҳуриҳои умумииттифоқ ва масъалаҳои васеъ намудани истеҳсолоти сотсиалистӣ, ки аҳамияти муҳими илмӣ доранд, сармоягузорӣ карда мешуданд. Дар раванди амалисозии нақшаҳои илмии хеш Институт тамоми захираҳои кадрӣ ва таҳлилию таҳқиқотиашро барои таҳия намудани тавсияҳои илман асоснок,  роҳҳои ҳалли онҳо, самтҳои таъмини рушди комплексии (маҷмӯи) онҳо  пешниҳодҳои манзур менамояд. Натиҷаи таҳлилҳо ва таҳқиқотҳои илмии Институт пурра зери роҳбарӣ ва нақшаҳои пешгузоштаи давлат амалӣ мешаванд.

Аз соли 1965 инҷониб Институти иқтисодиёти АИ ҶТ рафти амалисозии робитаҳои илмиашро бо Марказҳои институти иқтисодиёти математикии (ЦЭМИ) АИ ИҶШС ба роҳ монд, ки он дар муддати кутоҳ натиҷаҳои назаррас дод. Тавассути  (ЦЭМИ) АИ ИҶШС институт як гурӯҳи олимонро дар бахши иқтисод-математика тайёр намуд, ки баъдтар онҳо дар амалисозии ин самт соҳиби унвонҳои доктору профессор шуда, ба дараҷаҳои баланди илмӣ, роҳбари илмӣ ва вазифаҳои давлатӣ расиданд. Ба ин муносибат метавонем чунин олимони иқтисоддонро номбар намоем: И.П. Евтихий, В.И. Бондар, М.Н. Мамадназарбеков,  Ҷ.Ҳ. Каримов, И.А. Асроров, Ғ.Ҷӯрабоев, М. Шаҳидӣ, Ҳ. Умаров, Д.И. Пузанова, У.Х. Клеселман, В.А. Розиқов, С. Ниёзов, Ф. Азизов, Ш.А. Аминов, А.И. Завулунов, А.А. Бойматов, Т.И. Федорова, О.К. Бобокалонов, К.Б. Свирина, А.У. Ҳамидов, А.В. Ратнер, Т.Н. Тяпкина, С.П. Пишнограй, З.А. Пирогова, А.У. Усмонов, Р.Г. Балан, Р.М. Бобоҷонов, А.Рауфӣ, А.И. Ефанова, А.А. Самадов, М.С. Давлатов, А.Ю. Наҷмиддинов, А.И. Беляева, Л.И. Михайлушкина, В.И. Ветров, Ҳ.А. Аҳтамов, Б.Р. Шамсиев, С.А. Владимиров ва дигарон. Онҳо дар кушодан ва ё равшан намудани муаммоҳои таҳқиқталаб ва таҳлилии иқтисодӣ ва нақшаю идоракунии хоҷагии деҳоти халқи Тоҷикистон, маҳз дар маҷмааи (комплекси) истеҳсолоти ҳудудӣ хидмати арзанда ба ҷо оварда, дар баробари ин ҳама, дар сохтори фаъолияти илмии институт низ нақши хотирмон доранд. Шуъбаи банақшагирӣ зери роҳбарии Ҷамшед Каримов, ки бахши Шӯрои илмии АИ ИҶШС буд, доир ба масъалаҳои коплекси «Банақшагирии муносиб ва идоракунии хоҷагии деҳот» амал мекард, боиси зикр аст. Дар ибтидои солҳои 70-уми асри XX дар назди Институти иқтисодиёти АИ ҶСС Тоҷикистон чунин вазифа меистод, ки муассисаи илмӣ бояд симои ҳақиқии худро на танҳо дар низоми илми иқтисодиёти кишвар, балки дар назди собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ба таври пурра нишон диҳад. Хушбахтона, Институт аз иҷроиши ин вазифа сарбаландона баромад.

Дар аввали солҳои 70-уми асри XX Институти иқтисодии АИ ҶТ ягона муассисаи таълимӣ ва таҳқиқотӣ дар соҳаи иқтисод ва илм ба шумор мерафт. Ҳамчун институти иқтисодӣ дар назди Идораи банақшагирии давлатӣ (Госплан) ба хубӣ ва зуд инкишоф ёфт. Бахши омӯзиши қувваҳои истеҳсолкунандаи АИ ҶТ (СОПС) дар амалисозии барномаҳои таҳлилӣ бештар равнақ пайдо карда, нақшаҳои илмӣ-таҳқиқотии хешро дар амал ҷорӣ менамуд. Дар баробари ин, таъминоти кадрии Муассисаи ҳукуматии банақшагирии давлатӣ (Госплан) асосан аз ҳисоби олимон ва мутахассисони касбии Институти иқтисодии АИ ҶТ амалӣ карда мешуд. Дар он марҳала ин Институт ягона муассисаи илмии тайёр кардани мутахассисони соҳаи илми иқтисодӣ ба ҳисоб мерафт. Ҳамзамон дар ҳамон солҳо муносибати пайвастагӣ ва робитаҳои ҳамкории Институт бо муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии кишварҳои собиқ ИҶШС новобаста аз сохти идоравии фаъолияташон хуб ба роҳ монда шуда буд.

Ба сифати самтҳои устувори таҳқиқотҳои Институт масъалаҳои самаранокии истеҳсолот, пешгӯйии рушди иқтисод ва моделикунонии иқтисодӣ-математикии равандҳои иқтисодӣ қарор гирифтанд. То солҳои 80-уми асри XX бо қарори сохторҳои мақомоти давлатдории мамлакати шӯравӣ дар асл услуби фаъолияти илмии умумииттифоқӣ ва минтақавии рушду равнақи қувваҳои истеҳсолкунанда пеш бурда мешуд. Таҳияи чунин нақша доир ба Тоҷикистон ба зиммаи ноиби президенти АИ ҶТ академик Ибодулло Нарзиқулов вогузор шуда буд ва он бо иштироки фаъолонаи ходимони илмии Институти иқтисодиёти кишвар бо роҳи тақсими ҳалли масъалаҳо ба гурӯҳи кори истеҳсолӣ, таҳия намудани нақшаи рушд, ҷойгиркунии қувваҳои истеҳсолкунанда дар Тоҷикистон бомуваффақият амалӣ мешуд ва низ нақши муассире дошт.

Амалисозӣ бо роҳи васеъ намудани соҳаи таҳқиқотҳои иқтисодӣ дар Тоҷикистон роҳандозӣ мешуд, баҳри баланд бардоштани сатҳи мутахассисони касбӣ аз ҳисоби таҷрибаомӯзӣ ва ирсоли олимони ҷавон ба аспирантураи мақсаднок ба муассисаҳои илмии ЦЭМИ АИ собиқ ИҶШС, ИЭ АИ собиқи  ИҶШС, СОПС-и назди Идораи банақшагирии давлатӣ (ГОСПЛАН)-и собиқ  ИҶШС, ИВ АИ собиқ ИҶШС, МГУ ба номи М.В. Ломоносов, МИНХ ба номи Г.В. Плеханов дар амал ҷорӣ мешуд. Дар ин самт академик, мушовири Шуъбаи иқтисоди АИ ИҶШС Н.И. Федеренко ба Тоҷикистон кӯмаку мадади беғаразонаи калон мерасонид (Ин шахс баъдтар директори ЦЭМИ АИ СССР таъйин шуда буд). Тоҷикистон барои  кӯмаку мадади ЦЭМИ АИ ИҶШС то имрӯз миннатдор аст.Чунин олимони  машҳури ин муассисаи илмӣ, ба монанди: А.Н. Некрасов (раиси СОПС-и назди ГОСПЛАНИ СССР), Т.С. Хачатуров (раиси Шӯрои илмии АИ СССР), В.В. Синяк, А.А. Модин, М.М. Албегов, Н.В. Махров, С.В. Дадаян, В.Г. Олейник, В.В. Яременко ва дигарон дар тайёр намудани олимони тоҷик дар соҳаи иқтисодиёт ва математика, бешубҳа саҳми намоён доранд, зеро онҳо дар ҳакиқат шахсиятҳои маъруфи соҳаи илми иқтисоди Иттиҳоди Шӯравӣ буданд, аз ин рӯ имрӯз олимони арсаи иқтисодиёти тоҷик бо шарофати он дастгирию ҳамкориҳои олимони рус, ба чунин мартабаҳои баланди илмӣ расидаанд. Ҳамчунин, дар кору фаъолият ва ноил гардидан ба пешравию дастовардҳои Институти иқтисоди Тоҷикистон  чунин олимони машҳури минтақа таваҷҷуҳи махсус зоҳир кардаанд, аз ҷумла, академики АИ Ҷумҳурии Ӯзбекистон С.Қ. Зиёдуллоев (раиси Госплани Ӯзбекистон), академики АИ Қазоқистон Т.А. Ашимбоев (директори Институти иқтисодиёти АИ Қазоқистон), академики АИ Қирғизистон К.А. Отарбоев (саркотиби илмии Институти иқтисодиёти АИ Қирғизистон) ва бисёр дигар олимони Осиёи Миёна ва Қазоқистон, ки Тоҷикистон аз онҳо ифтихор дорад.

Бо назардошти баҳисобгирии муҳими тақсимоти манфиатноки ҳудудии меҳнат, дар нақшаи иқтисодӣ ва иҷтимоии рушди кишвар, дар солҳои 70-ум доир ба масъалаи «Сармоягузории бонкҳои фоидаовар дар самти техникаи нав» ва коркарди барномаи он таҳти роҳбарии директори институт, олими иқтисоддон Рашид Раҳимов мақоми махсус пайдо карда, барои гирифтани баҳои махсус лоиқ шуморида шуд, зеро модели муносиби барномаи сохтмонии комплекси истеҳсолӣ-ҳудудии таҳия намудани номбурда на танҳо барои Тоҷикистони Ҷанубӣ (ЮТТПК), балки барои тамоми ҷумҳуриҳои умумииттифоқ муҳим ва судманд буд.

Нақшаи иқтисодӣ-методологӣ дар институти иқтисодиёти Госплани ҷумҳурӣ, бо нақшаи ЮТППК-СОПС-и АИ РСС Тоҷикистон таҳия ва амалӣ мешуд. Дар ин робита бо таҳқиқотҳои илмӣ,  рушди нақша ва васеъ намудани қувваҳои истеҳсолкунанда, масъалаи ба ҳолати муайян даровардани ЮТППК яке аз самтҳои муҳими таҳқиқотҳои илмии олимони иқтисоддони ҷумҳурӣ ба ҳисоб мерафт. Дар асоси барномаи мазкур, ақидаи ба шакли муайян даровардани ЮТППК дар се самт амалӣ мегардид: дар неругоҳи барқӣ обии Норак, комбинати кимиёвии Ёвон ва заводи Алюминии тоҷик, ҳамчунин, таъмини интиқоли барқ ба хоҷагии деҳот, нуриҳои минералӣ, обҳои зеризаминӣ ва захираҳои меҳнатии ҷанубии Тоҷикистон низ амалӣ мегардид.

Дар Институти иқтисодиёти АИ РСС Тоҷикистон дар соли 1980, аллакай 110 нафар кормандон, аз он ҷумла 65 нафар ходимони илм, 3 нафар докторони илмҳои иқтисод ва 38 нафар номзадҳои илм буданд. Дар моҳи феврали соли 1990 бошад, дар Институти иқтисодиёти АИ РСС Тоҷикистон 120 нафар кормандон, аз он ҷумла, 90 нафар ходимони илм, ки зиёда аз 40 нафарашон номзад ва 10 нафар доктори илми иқтисод фаъолият мекарданд.

Аз оғози солҳои 80-уми асри XX Институти иқтисодиёти АИ РСС Тоҷикистон таҳия ва амалисозии Барномаи комплексии тараққиёти илмӣ-техникии (НТП) Тоҷикистонро сарварӣ мекард. «Барномаи комплексии тараққиёти илмӣ-техникии (НТП) Тоҷикистон барои солҳои 1986-2005 (он айём «панҷсолаҳои зарбдор» амал мекард)», ки аз чунин бахшҳо иборат буд: рушди илм, захираҳои табиӣ, таҷдиди таҷҳизоти техникӣ, комплекси энергетикаи сузишворӣ, сохтмонӣ, аграрӣ, хизмати иттилоотию алоқа, комплекси саноати савдо, техникаи ҳисоббарор, ҳифзи табиат, асоси идоракунии тараққиёти хоҷагии деҳот, масоили иҷтимоии баландбардории зиндагии халқ ва рушди фарҳанг, тарбияи мутахасисон ва маориф, муаммои ҷойгиркунии иҷтимоӣ-иқтисодӣ, шаҳрсозӣ, сохтмон баҳри зиндагии шаҳрвандон, ҳифзи саломатии аҳолӣ, дар баробари ин, ҳаёти ҷумҳурӣ суръати нисбатан баланди инкишофро дар соҳаи энергетика, металлургияи ранга, саноати кимиёвӣ, мошинсозӣ, саноати сабук ва умуман иқтисодиёт талаб мекард. Иқтидори табиӣ, истеҳсолӣ ва меҳнатии то ба ин вақт барқароргаштаи давлати Тоҷикистон, истифодаи пурра ва ҳаматарафаро талаб менамуд.

Солҳои амалисозии Барномаи комплексии (НТП) Тоҷикистон Институти иқтисодии АИ ҶТ-ро ноибони президенти АИ ҶТ академикҳо П.М. Соложенкин, Рауф Баротов ва котиби илмии Шуъбаи илмҳои ҷамъиятшиносии АИ ҶТ академик Солеҳ Раҷабов дастгирӣ ва мадади беандоза намудаанд, ки лозим ба ёдоварист.

Институти иқтисодиёти АИ РСС Тоҷикистон нахустин бор дар таърихи Академияи илмҳои ҷумҳурӣ соли 1984 идомаи таҳқиқотҳои илмии худро дар бинои алоҳидаи Институти мазкур, воқеъ дар суроғаи имрузаи кӯчаи Айнӣ 44, ба иҷро мерасонид, ки боиси ифтихори олимону ходимони илмии пажӯҳишгоҳ буд.

Бо иваз намудани номи Институти иқтисодиёт ба Институти иқтисодиёти ҷаҳонӣ ва муносибатҳои байналхалқии АИ ҶТ (ИМЭМО) дар Институт пешбурди таҳқиқотҳои илмӣ, аз ҷумла дар масоили таҳқиқи муносибатҳои байналмилалӣ тавассути рушди ҳамкории Тоҷикистон бо давлатҳои хориҷӣ аломатҳои мусбат ва пешравиҳои бештар ба назар расиданд.

Аз соли 1996 инҷониб олимони институти мазкур бо ташаббуси Дастгоҳи президенти ҷумҳурӣ оид ба натиҷаҳои таҳқиқотҳои илмӣ бо маърӯзаҳои пурмуҳтавои худ дар масъалаҳои рушди муносибатҳои иқтисодии Тоҷикистон дар семинару конфронсҳои кишварҳои Федератсияи Руссия, ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна, Чин, Ҳиндустон, Покистон, Эрон, Афғонистон, Туркия, Миср, Сурия ва Арабистони Саудӣ ва ғайра баромадҳо намудаанд.

Соҳаи дигари афзалиятноки институти илмӣ-таҳқиқотӣ ба таври анъанавӣ гузарондани таҳқиқотҳои илмии бисёрҷабҳаи иқтисодӣ, сиёсӣ ва иҷтимоии ҳаётан муҳим бо кишварҳои хориҷӣ мебошад. Институт ба ташкили захираи кадрии илмии худ тавассути табдили самтҳои кории  сиёсатшиносон, забоншиносон, таърихчиён,  иқтисоддонҳо   ба таҳқиқоти масъалаҳои муносибатҳои байналмилалӣ шуруъ кард.

Баромад ва навиштаҷотҳои таҳияшаванда барои шиносоӣ ва пешниҳод ба дастгоҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва низ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба Вазорати корҳои хориҷии кишвар, Вазорати робитаҳои иқтисоди хориҷии ҶТ оид ба масъалаҳои рушди муносибатҳои байналмилалии ҶТ бо давлатҳои хориҷа ва низ барои пайвастшавии истеҳсолоти иқтисодии Тоҷикистон ба иқтисодиёти ҷаҳонӣ ва ба сиёсати иқтисоди берунаи ҶТ заминаҳои мусоид  манзур менамуд.

Дар давоми солҳои 2001-2010 Институти иқтисодиёти АИ ҶТ доир ба назарияи методологии асосноккардашудаи давраи гузариши иқтисод, рушди иқтисоди бозорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъалаҳои интегратсияи иқтисодии Тоҷикистон бо ҷомеаи ҷаҳонӣ (2001-2005), мустаҳкамсозии бозори иқтисодӣ ва тағйироти он дар давраи гузариш, рушд ва мустаҳкамсозии раванди интегратсионии иқтисодӣ дар давраи гузариш (солҳои 2006-2010) фаъолияти илмӣ пеш бурд.

Бо муттаҳид намудани Институти демография ва Институти иқтисодии АИ ҶТ бо ҳам, Институти иқтисодиёт ва демографияи АИ ҶТ бо номи нав таъсис дода шуд ва (2011) мутобиқ ба он, нақшаи мавзӯъҳои илмӣ-таҳқиқотӣ васеътар гардид. Ба доираи мавзӯъҳои нақшавӣ масъалаҳои назариявӣ навгонии иқтисодӣ, давраи гузариши Тоҷикистон ворид карда шуданд, навгониҳои соҳавии бахшҳои ҳақиқии иқтисодии Тоҷикистон дар давраҳои гузариш: навгониҳои иқтисодии берунаи фаъолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, масоили таваллуд ва афзоиши аҳолӣ ва ҳолати пиршавии демографии аҳолӣ ва устуворӣ, рушди иқтисодӣ-иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳоҷирати аҳолӣ ва рушди устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити ҷаҳонишавӣ (2011-2015) дохил карда шуданд.

Олимони бахши демографияи Институт дар корҳои амалисозии Консепсияи давлатии демографии сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барномаи татбиқи ҳамин Консепсия дар солҳои 2003-2015 иштироки хуб доштанд.

Дар соли 2015 Институти иқтисодиёт ва демографии Академияи илмҳои  Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кори тайёрӣ ва амалисозии рушди Консепсияи инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2016-2020 ҳаматарафа кӯшиш ба харҷ медиҳад, то дар амалисозии ин барнома олимони институт саҳми назаррасу хотирмон гузоранд. Дар ҳолати амалисозии ҳамин Консепсияи илмӣ-таҳқиқотӣ диққати ҷиддӣ ба таҳияи корҳои таҷрибавӣ ва дигар масъалаҳои стратегии муҳими давлатӣ, аз ҷумла: таҳияи назариявию методологии асоси ташкилшавии иқтисодиёти инноватсионӣ,  рушди инноватсионӣ ҳамчун далели болоравии қобилияти рақобатпазирии иқтисодиёти миллӣ, таҳияи консепсияи дарозмӯҳлати рушди инноватсионии соҳаи хизмати ҷамъиятӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, такмилдиҳии инноватсияи дарозмуҳлат дар болоравии рушди саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инкишофи консепсияи инноватсионии рушди комплекси саноати аграрӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, инкишофи барномаи комплексии рушди инноватсияи дарозмуҳлати давлатӣ, идоракунии соҳаи истеҳсолоти инфрасохтори иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд дода шавад.

Дар айни замон дар Институти иқтисод ва демографии АИ ҶТ шаш  шӯъба амал мекунад, ки дар он пешрафтарин олимон – иқтисодчиёни кишвар фаъолияти илмӣ мебаранд, ки заминаи таҷрибаи илмиашон бо фаъолияти баланди илмӣ-таҳқиқотӣ ва таҷрибаи баланд дар мавзӯҳои муҳим ва лоиҳаҳои иқтисодӣ фарқ мекунад. Ин сохторҳо чунин ном доранд: шӯъбаи таҳқиқотҳои назариявӣ,таърихи иқтисод ва афкори иқтисодӣ; шӯъбаи таҳқиқоти иқтисоди воқеӣ; шӯъбаи таҳқиқотҳои фаъолияти иқтисодиёти беруна ва рушди равандҳои интегратсионӣ; шӯъбаи таҳқиқоти институтсионалӣ ва рушди иҷтимоӣ, шӯъбаи таҳқиқоти минтақавӣ ва ҷобаҷогузории қувваҳои истеҳсолкунанда, шӯъбаи иқтисоди аҳолӣ ва демография.

Институти иқтисодӣ ва демографияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ояндаи наздик нақша дорад, таҳқиқоти илмии худро бо ҳамкории зичи иқтисодӣ бо пажӯҳишгоҳҳои Академияи илмҳои давлатҳои Осиёи Миёна ва Федератсия Руссия, Белорусия, Украина, Молдова, Арманистон, Озарбойҷон ва Гурҷистон, ҳамчунин бо омӯзиши маҳорат ва малакаи таҷрибаи олимон аз Чин, Амрико, Олмон, Фаронса, Чехия, Словакия, Венгрия, Полша, Австрия, Япония, Ҳиндустон, Кореяи Ҷанубӣ ва дигар кишварҳо… ҳамчунин, таҷрибаомӯзии олимон ва баланд бардоштани маҳорати касбии онҳо бо супориши мақомотҳои болоии кишвар ба роҳ монад.

Айни замон дар Институти иқтисодӣ ва демографияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 97 нафар ходимони илмӣ, аз он ҷумла 2 нафар академик, 1 нафар узви вобаста, 12 нафар докторон, 38 нафар номзадҳо ва 44 нафар кормандони бе унвони илмӣ фаъолият мебаранд.

То ноил гардидан ба истиқлолияти давлатӣ дар Тоҷикистон ва дар солҳои рушди мустақили ҷумҳурӣ олимони институт чӣ дар дохили давлат ва чӣ хориҷи он миқдори зиёди корҳои илмӣ ба нашр расониданд. Аз ҷумла олимони иқтисоддони намоёни кишвар ба монанди академик Рашид Раҳимов, академик Нуриддин Қаюмов, узвҳои вобастаи АИ ҶТ Саъдулло Исломов ва марҳум Амир Катаев, доктори илмҳои иқтисод, профессор Лутфулло Саидмуродов, пофессорон Олим Бобоев, Абдуғаффор Рауфӣ, А. Мирсаидов, Н. Хоналиев, Ҳ.У. Умаров, С. Комилов, С. Ҳабибов, В. Воҳидов, Р. Улмасов, З. Султонов, ҳамчунин номзадҳои илми иқтисод марҳум С. Пиров, С. Соҳибназарова, Я. Довгяло, Ҳ. Умаров, Х. Абдуллоев, С. Садриддинов, А. Субҳонов ва ғайраҳо.

Дар институти илмӣ-таҳқиқотии мазкур аз соли 2013 инҷониб нашр намудани маҷаллаи «Иқтисодиёти Тоҷикистон» ба роҳ монда шудааст, ки мақолаҳои илмии олимони муассисаи таҳқиқотии мазкурро дар саҳифаҳои хеш чоп намуда, ба зиёиёни кишвар пешкаш менамояд. Дар назди институт шуъбаи аспирантура амал мекунад ва дар он 56 аспирант таҳсил менамоянд, аз ҷумла дар бахши рӯзона 19 нафар, дар шуъбаи ғоибона 37 нафар унвонҷуй ҳастанд. Дар магистратура 45 донишҷӯй таҳсил мекунад, шумораи унвонҷӯён бошад, 33 нафарро ташкил медиҳад.

Имрӯз олимони Институт бо донишу дастовардҳои илмӣ-техникии нав мусаллаҳ шуда, тавассути воситаҳои технологияи информатсионӣ, муаррифии корҳои илмӣ ва тибқи тавсияҳои вазорату идораҳои давлатӣ, бо истифода аз ҳамкориҳои илмӣ дар сатҳи минтақа  ва чорчӯбаи ҷомеаи ҷаҳонӣ татбиқи сиёсати давлат ва таҳияи «Консепсияи рушди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои давраи то соли 2050» дар фаъолияти илмии худ пеш мебаранд.