
РУШДИ СОҲАИ НАҚЛИЁТ ДАР 35 - СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ
Имсол мардуми сарбаланди Тоҷикистон ҷашни 35-умин солгарди Истиқлолияти давлатии худро бо шукуҳу шаҳомат ҷашн мегирад. Дар ин солҳо дар таърихи мардуми тоҷик, ки дар он асосҳои давлатдории навин, якпорчагӣ ва ягонагии худро пайдо карданд, солҳои душвортарини барқароркунӣ, табдилдиҳӣ ва рушди муносибатҳои нав дар зиндагии мардум буданд. Ҳодисаҳое, ки аз сари мардуми тоҷик гузашт, ба андозае асосҳои ҳаёти онро такон доданд, ки баъзеҳо ба ҳуқуқи таърихии мустақил мавҷуд доштани тоҷикон, ҳамчун як халқи соҳибтамаддун, дар заминаи тафаккури бегонагон, рад мекарданд. Албатта ин гуна шубҳаҳо дар тамоми рафти таърихи миллати тоҷик вуҷуд доштанд. Ташаккули халқи тоҷик муддати тӯлонии таърихи бисёрҳазорсолаи муборизаи миллати тоҷик алайҳи қувваҳои мухталифи забткунанда мегузашт, ки онҳо бо ҳар восита мавҷудияти миллати тоҷикро зери шубҳа нигоҳ медоштанд. Бояд гуфт, ки аз ҳама муҳим он аст, ки хиради халқро нобуд кардан имкон надошт. Зеро, он ҳар замон аз нав эҳё мегардид. Фарзандони барӯманд ва нобиғаҳои он - Рӯдакӣ, Сино, Фирдавсӣ, Ҳофиз, Саъдӣ, Имом Бухорӣ, Имоми Аъзам, Мавлонои Балхӣ ва бисёре аз дигарон буданд, ки бидуни онҳо таърихи тамаддуни инсоният тасаввур карда намешавад. Ҳар як миллат бо ёдгориҳои қадимии худ ба монанди аҳромҳо ва шакли меъмориашон боқӣ мондаанд. Масалан, арабҳо маънавиёти тамоман навро ба миён оварданд, ки онро тоҷикон тавонистанд бо асарҳои гаронбаҳои нобиғаҳои худашон абадӣ созанд. Бо назми классики тоҷик, ки бо ҳикмату маънавиёти баланд омехта шуда буданд, дар қуллаҳои баланди тамаддуни инсоният қарор гирифтанд. Агар ба таърихи тоҷикон назар афканем, мебинем, ки онҳо аз халқҳои қадимтарини ҷаҳон буда, қарнҳо инҷониб дар Осиёи Марказӣ зиндагӣ мекарданд ва ворисони ориёиёни қадим буданд. Тоҷикистон имрӯз роҳи мустақили инкишофи сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву маънавиро пеш гирифта, ба аслҳои озодии сухан, озодии виҷдон ва гуногунандешӣ, ки аз ҷумлаи асосҳои давлати демократӣ мебошанд, арҷ мегузорад. Бо шарофати истиқлолият дар арсаи ҷаҳон мартабаи Тоҷикистон пайваста боло рафта, ташаббусҳои кишвари мо ба хотири амнияти мардуми ҷаҳон дар сатҳи байналмилалӣ пазируфта шудаанд. Истиқлолият Тоҷикистонро бо ҷаҳон ва ҷаҳонро бо Тоҷикистон пайванди ногусастанӣ ва ҳамешагӣ бахшидааст. Дарвозаҳои чаҳор самти олам ба рӯи Тоҷикистон боз гардидаанд. Танҳо бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва заҳмату талошҳои содиқонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо тавонистем, ки кишварамонро ба оламиён муаррифӣ намоем ва ба сӯи фардои дурахшон сарбаландона пеш равем. Боиси хушнудист, ки дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ соҳаҳои муҳими иҷтимоӣ, аз ҷумла, илму маориф, тандурустӣ ва фарҳангу варзиш, ба масири куллан нав ворид шуда, сол аз сол беҳтар гардида истодаанд. Бояд гуфт, ки Истиқлолияти давлатиро дар роҳи худшиносии милливу таърихӣ, эҳёи ойину суннатҳо ва рушди илму адаб метавон марҳалаи дурахшону пурифтихори фарҳангу тамаддуни миллӣ, даврони рушди неруи зеҳнӣ ва эҷодкории мардуми тоҷик арзёбӣ намуд. Маҳз ба шарофати истиқлолият сиришти маънавии миллати тоҷик расмияти сиёсӣ пайдо намудааст. Дастоварди бузургтарини миллат, дар тӯли солҳои истиқлолият, барқарор намудани сулҳу суботи комил ва ваҳдати пойдори миллӣ, таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, таҳкими худшиносиву худогоҳӣ, болоравии ҳисси ватандӯстиву ватандорӣ аст, ки маҳз ба шарофати хиради азалии мардуми соҳибмаърифату фарҳангдӯсти тоҷик ва роҳбари оқилу ғамхори миллат муяссар гардид. Комёб гаштан ба шинохти асолати таърихии миллат, мақому мартаба ва ҷойгоҳи он дар таърихи тамаддуни инсонӣ аз ҷумлаи муҳимтарин самтҳои сиёсати ҳукумат ва давлати Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Ин сиёсати ваҳдатсоз аз бузургдошти таъриху фарҳанги деринаи тоҷикон ва симои барҷастаи фарҳангии он оғоз гардида, барои пешрафт дар роҳи давлатсозиву давлатдории навини тоҷикон фазои мусоид фароҳам овардааст. Бинобар ин, мо бояд ҳамеша аз Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ, ки аз ҷумлаи муқаддасоти миллати тоҷик мебошанд, шукрона карда, онро чун арзиши бебаҳо ҳифз намоем. Ифтихор аз таърих, фарҳанг, забон ва анъанаҳои наҷибу ҷовидонаи миллат як рукни бисёр муҳим ин Истиқлолияти давлатӣ мебошад. Аз ин хотир, зарур аст, ки насли наврас ва ҷавононро бо суннатҳои воло ва мероси бузурги ниёгонамон шинос намуда, дар зеҳну шуури онҳо ҳисси ифтихори миллӣ, арҷгузорӣ ба суннатҳои гузаштагонамон, эҳтиром ба Истиқлолияти давлатӣ, ҳисси баланди ватандӯстӣ ва ифтихор аз ватани маҳбубамонро пурра гардонем. Тавре мегӯянд, Истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ ду боли тавоное ҳастанд, ки Тоҷикистонро ба парвозҳои баланд ҳидоят менамоянд. Пойдории ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот дар саросари кишвар ва рушди ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёти он дар натиҷаи хизмати бузургу қаҳрамононаи халқи хирадманд ва Сарвари қаҳрамон, сулҳовар ва бунёдкори тоҷик ба воқеият табдил ёфтааст. Хусусан, комёбиҳои соҳаҳои нақлиёт, аз ҷумла, нақлиёти ҳавоии кишвар, дар солҳои истиқлолияти давлатӣ рушди бесобиқа дарёфт намуд. Дар ин солҳо авиатсияи граждании кишвар чандин маротиба табдили сохтор намуда, ба шароити иқтисоди муосир мутобиқ гардидааст. Вобаста ба ин, дар ибтидо, ширкати давлатии авиатсияи граждании «Тоҷикистон» ташкил гардид, ки он баъдтар ба ширкати «Тоҷик Эйр» табдил дода шуд. Дар ин давра дар фазои ҳавоии кишвар дар қатори тайёраҳои истеҳсоли Россия, инчунин тайёраҳои хориҷии «Бойинг» ба парвоз шуруъ намуданд. Марҳилаи нав дар рушди авиатсияи граждании кишвар қабули қарори Ҳукумати Тоҷикистон аз 01.10.2009 сол «Дар бораи таҷдиди сохтори «Тоҷик Эйр»» гардид, ки мутобиқи он Фурудгоҳҳои байналмилалии «Душанбе», «Худжанд», «Кӯлоб» ва «Қӯрғонтеппа» (Бохтар) ва корхонаи давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» ташкил карда шуданд. Дар соҳа ду ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» (давлатӣ) ва «Сомон Эйр» (хусусӣ) фаъолият мекунанд, ки дар қатори онҳо боз 19 ширкатҳои ҳавопаймоии хориҷӣ дар ҳамлу нақли бор ва мусофирон дар сархатҳои байналмилалӣ иштирок менамоянд. Нақлиёти ҳавоӣ дар ҳамлу нақли мусофирон дар самтҳои байналмилалӣ нақши муҳим доранд, ки он зодаи Истиқлолияти давлатии кишвар мебошад. Дар даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр», вобаста ба талабот ба самтҳои Хоруғ, Панҷакент, Лахш, Ғарм Кӯлоб, Ховалин-Ишкошим ва Айнӣ парвозҳоро анҷом доданд. Бояд гуфт, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ дар кишвар 58 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ дар самти сохтмону таҷдиди роҳҳои мошингард ва роҳи оҳан, бунёди инфрасохтори онҳо ва таҳким бахшидани иқтидори техникии соҳа ба маблағи 26,6 миллиард сомонӣ амалӣ гардида, ҳоло корҳо дар ин самт бомаром идома доранд. Бояд гуфт, ки роҳҳои Тоҷикистон ба сифати долони транзитӣ ва иқтисодии Чин-Тоҷикистон-Афғонистон ва Чин-Тоҷикистон-Ӯзбекистон, Туркманистон-Эрон-Туркия-Аврупо, инчунин, Тоҷикистон-Чин-Покистон истифода хоҳанд шуд. Ҳукумати мамлакат тасмим гирифтааст, ки дар ояндаи наздик барои ташаккули долонҳои иқтисодӣ, як қатор лоиҳаҳои афзалиятноки бунёду таҷдиди роҳҳои мошингарди дорои аҳаммияти байналмилалӣ ва ҷумҳуриявиро лоиҳакашӣ ва барои ҷалби сармоя пешниҳод намояд. Бунёди роҳҳои муосир дар ояндаи наздик ба мо имкон медиҳад, ки ба ҳадафи стратегиамон-ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон ноил шуда, рушди устувори иқтисодӣ ва боз ҳам беҳтар гардидани шароити зиндагии халқамонро таъмин намоем. Дар баробари сохта, ба истифода додани роҳҳои мошингард, тартиби истифодабарии самаранок ва дар ҳолати хуб нигоҳ доштани роҳҳои бунёдгардида, яке аз масъалаҳои муҳим ба ҳисоб меравад. Вобаста ба ин, ҷорӣ намудани механизми назорати рақамии ҳаракати нақлиёти гаронвазн хеле муҳим аст. Илова бар ин, барои пурра ноил гардидан ба ҳадафҳои стратегии кишвар бунёди марказҳои логистикӣ, тақсимоти яклухт ва афзоиш додани шумораи нақлиёти боркаш, аз ҷумла, воситаҳои нақлиёти яхдондор дар ҳамкорӣ бо соҳибкорону сармоягузорон муҳим мебошад. Мирзоева Ҷ. П. – н.и.и., ходими пешбари илмии шуъбаи таҳқиқоти инфрасохтори Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ
Муфассалтар





