ИЭД НАНТ
Меню

Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Институти иқтисодиёт ва демография

Иқтисодиёт — асос ва кафолати мавҷудияти ҷомеа

30+

Докторов наук

32

Кандидатов наук

2000+

Публикаций

129+

Монографий

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН.

Бинои нави Институти иктисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Хабарҳо

ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ИСТИҚЛОЛ ВА МАОРИФ – СЕ МЕҲВАРИ ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРИИ НАВИНИ ТОҶИКИСТОН

ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ИСТИҚЛОЛ ВА МАОРИФ – СЕ МЕҲВАРИ ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРИИ НАВИНИ ТОҶИКИСТОН

Истиқлоли давлатӣ дар таърихи навини миллати тоҷик яке аз бузургтарин рӯйдодҳои сарнавиштсоз ба шумор меравад. Зеро, соҳибистиқлолӣ на танҳо мақоми сиёсию ҳуқуқии Тоҷикистонро тағйир дод, балки барои эҳёи давлатдории миллӣ, таҳкими худшиносӣ ва ҳувияти шаҳрвандӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва муайян намудани роҳи мустақили рушди ҷомеа заминаи устувор фароҳам овард. Соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон барои миллати тоҷик имкони таърихии эҳёи ҳамаҷонибаи давлатдории миллӣ ва интихоби роҳи мустақили рушдро фароҳам овард. Аммо, солҳои нахустини истиқлол барои кишвар давраи ниҳоят мураккаб буданд. Бӯҳрони сиёсӣ, ҷанги шаҳрвандӣ, мушкилоти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ба тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа таъсири ҷиддӣ расониданд. Низоми маориф низ дар ҳолати нигаронкунанда қарор дошт. Дар баъзе минтақаҳо фаъолияти муассисаҳои таълимӣ душвор гардида, як қисми биноҳои таълимӣ ба таъмиру навсозӣ ниёз доштанд, норасоии омӯзгорони соҳибихтисос эҳсос мешуд ва имкониятҳои таълимӣ маҳдуд буданд. Дар даврони соҳибистиқлолӣ сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф тадриҷан ба марҳалаи нави сифатӣ ворид гардид. Сохтмони муассисаҳои нави таълимӣ, таҷдиду навсозии мактабҳои мавҷуда, таҳияи барномаҳои давлатӣ, такмили мазмуну муҳтавои таълим, рушди таҳсилоти касбӣ ва олӣ, омода намудани кадрҳои омӯзгорӣ ва беҳтар намудани шароити таълиму тарбия аз самтҳои муҳими ин раванд ба шумор мераванд. Агар дар солҳои аввали истиқлол вазифаи асосӣ ҳифзи муассисаҳои таълимӣ ва идомаи раванди таълим бошад, имрӯз дар назди соҳа вазифаҳои нав қарор доранд. Баланд бардоштани сифати таҳсилот, рушди тафаккури эҷодӣ ва таҳлилӣ, омодасозии кадрҳои рақобатпазир, таҳкими робитаи маориф бо илм ва истеҳсолот ва мутобиқ намудани таҳсилот ба талаботи иқтисоди муосир аз ҷумлаи чунин вазифаҳоянд. Пайванди маориф бо иқтисоди миллӣ низ аҳаммияти махсус дорад. Иқтисоди рақобатпазир пеш аз ҳама ба неруи инсонӣ такя мекунад. Бе муҳандис, технолог, иқтисодчӣ, барномасоз, омӯзгор, табиб, агроном, менеҷер ва дигар мутахассисони соҳибкасб рушди соҳаҳои гуногуни иқтисод ғайриимкон аст. Аз ин рӯ, сифати маориф бевосита ба сифати рушди иқтисодӣ таъсир мерасонад. Ҳар як ҷавоне, ки соҳиби касби замонавӣ мегардад, на танҳо барои худ имкони зиндагии шоиста фароҳам меорад, балки ба рушди иқтисоди миллӣ низ саҳм мегузорад. Дар ин замина рушди таҳсилоти касбӣ ва омодасозии мутахассисон бояд бо талаботи воқеии бозори меҳнат бештар ҳамоҳанг бошад. Ҷомеаи муосир ба мутахассисоне ниёз дорад, ки ҳам донишҳои назариявӣ ва ҳам малакаҳои амалии заруриро дошта бошанд. Аз ин рӯ, сиёсати маориф ва сиёсати кадрӣ бояд дар доираи як ҳадафи умумӣ рушди сармояи инсонӣ амал намоянд. Сармоягузорӣ ба дониш, касбомӯзӣ ва қобилияти эҷодии инсон, дар асл, сармоягузорӣ ба ояндаи давлат мебошад. Дар баробари маориф, илм низ ҳамчун неруи стратегии давраи соҳибистиқлолӣ аҳаммияти рӯзафзун пайдо мекунад. Рушди маориф ва илм бояд ҳамчун ду ҷузъи ба ҳам пайвастаи сиёсати рушди миллӣ арзёбӣ шаванд. Давлати муосир наметавонад танҳо истеъмолкунандаи технология бошад. Барои таҳкими истиқлоли зеҳнӣ ва технологӣ кишвар бояд иқтидори илмии худро тақвият диҳад, муҳаққиқони ҷавонро дастгирӣ намояд, робитаи илмро бо истеҳсолот мустаҳкам кунад ва натиҷаҳои таҳқиқоти илмиро дар рушди иқтисоди миллӣ бештар истифода барад. Таваҷҷуҳ ба илмҳои дақиқ, табиӣ ва техникӣ, технологияҳои муосир, навоварӣ ва таҳқиқоти амалии дорои аҳамияти иқтисодӣ низ аз талаботи муҳими замони муосир мебошад. Дар ташаккул ва татбиқи сиёсати давлатӣ дар давраи соҳибистиқлолӣ нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон басо муҳим мебошад. Дар шароити ниҳоят мураккаби солҳои аввали истиқлол масъалаи асосӣ ин ҳифзи давлат, барқарор намудани сулҳу субот, таҳкими ваҳдати миллӣ ва фароҳам овардани заминаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоӣ буд. Бо гузашти вақт вазифаҳои давлат ба самти рушди устувор, навсозии иқтисод, беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардум, рушди маорифу илм ва таҳкими мақоми Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ равона гардиданд. Дар ин раванд, маориф ҳамчун унсури ҷудонашавандаи сиёсати рушди миллӣ мавқеи устувор пайдо намуд. Таваҷҷуҳ ба мактаб, омӯзгор, хонанда, донишҷӯ, илм ва омодасозии кадрҳо аз он шаҳодат медиҳад, ки рушди инсон дар сиёсати давлатӣ аҳаммияти хосса дорад. Андешаи он ки ояндаи давлат аз сатҳи дониш, маърифат ва ҷаҳонбинии ҷомеа вобаста аст, имрӯз аҳаммияти бештар пайдо кардааст. Ҷаҳони муосир ҷаҳони рақобати дониш, технология ва сармояи инсонӣ мебошад. Давраи соҳибистиқлолӣ, ҳамзамон, давраи ташаккули насли нави тоҷикон мебошад. Миллионҳо кӯдаку ҷавон дар давраи соҳибистиқлолӣ ба воя расидаанд. Ин насл масъулияти махсус дорад, зеро, маҳз онҳо дар даҳсолаҳои минбаъда рушди кишварро таъмин хоҳанд кард. Агар ин насл соҳиби дониш, касб, ҷаҳонбинии васеъ ва ҳисси баланди масъулияти миллӣ бошад, истиқлол низ нерумандтар мегардад. Аз ин рӯ, вазифаи имрӯза танҳо ба насли ҷавон гуфтани «Ватанро дӯст дор» нест. Мо бояд барои ҷавонон чунин шароит фароҳам оварем, ки муҳаббат ба Ватан на танҳо дар сухан, балки дар донишомӯзӣ, касбомӯзӣ, меҳнати созанда, риояи қонун, эҳтироми арзишҳои миллӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ ифода ёбад. Ҷавони соҳибмаърифат, соҳибкасб ва худшинос беҳтарин сармояи ояндаи давлат аст. Ватандӯстӣ дар замони муосир танҳо эҳсоси самимӣ нест; он ҳамчунин масъулият барои дониш омӯхтан, касб гирифтан, меҳнат кардан, қонунро эҳтиром намудан ва барои ободии кишвар саҳм гузоштан мебошад. Дар остонаи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ масъалаи худшиносии миллӣ низ аҳамияти бештар пайдо мекунад. Насли ҷавон бояд бидонад, ки истиқлоли давлатӣ дар кадом шароит ба даст омад, давлат дар кадом марҳалаҳои душвор ташаккул ёфт, сулҳу субот чӣ арзише дорад ва барои ҳифзи дастовардҳои миллӣ чӣ масъулият бар дӯши ҳар шаҳрванд қарор дорад. Таърих барои насли ҷавон набояд танҳо маҷмӯи санаҳо ва воқеаҳо бошад. Таърих бояд мактаби сабақ, худшиносӣ, масъулият ва эҳтиром ба давлату миллат бошад. Имрӯз, мо бояд аз дастовардҳои даврони истиқлол ифтихор намоем. Ҳар як дастоварди имрӯз бояд ба оғози ҳадафи нав табдил ёбад. Дар назди ҷомеа ҳанӯз вазифаҳои муҳим, яъне баланд бардоштани сифати таҳсилот, рушди илм, омодасозии кадрҳои рақобатпазир, истифодаи самараноки технологияҳои нав, таҳкими сармояи инсонӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои ташаккули насли соҳибмаърифат қарор доранд. Истиқлолро бояд на танҳо ҳамчун дастоварди насли гузашта, балки ҳамчун масъулияти насли имрӯз ва фардо дарк намуд. Ҳифзи истиқлол аз сатҳи маърифати шаҳрвандон, устувории иқтисоди миллӣ, неруи илмӣ, фарҳанги сиёсӣ, ваҳдати ҷомеа ва қобилияти давлат барои мутобиқ шудан ба тағйироти ҷаҳонӣ вобаста аст. 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пеш аз ҳама, ҷашни давлатдории миллӣ, сулҳу ваҳдат, худшиносӣ ва масъулияти таърихии мо дар назди наслҳои оянда мебошад. Ин сана моро водор месозад, ки истиқлолро ҳамчун арзиши муқаддас ҳифз намоем, маорифро ҳамчун неруи созандаи давлат боз ҳам рушд диҳем, илмро ба муҳаррики пешрафт табдил диҳем ва барои ташаккули ҷомеаи донишмеҳвар, қонунмеҳвар ва созанда талош намоем. Дар ин асно, Пешвои миллат роҳнамои сиёсати созанда дар роҳи таҳкими давлатдории миллӣ, истиқлол заминаи давлатдорӣ, маориф асоси сармояи инсонӣ мебошанд. Истиқлол ба мо имкони мустақилона сохтани давлатро дод, маориф бояд ба ин давлат неруи зеҳнӣ бахшад ва насли ҷавон бояд ин дастоварди таърихиро ба ояндаи боз ҳам пурқудрат пайванд намояд. Зеро истиқлолро танҳо бо сухан ҷашн намегиранд онро бо дониш, илм, меҳнат, ваҳдат, масъулият, созандагӣ ва садоқат ба Ватан ҳифз мекунанд. Ҳақиқати бузурги замони мо ҳамин аст: истиқлол ба мо имкони сохтани давлатро фароҳам овард, маориф неруи зеҳнии ин давлатро ташаккул медиҳад ва насли соҳибмаърифат, соҳибкасб, худшинос ва масъулиятшинос бояд кафили идомаи роҳи давлатдории миллӣ бошад. Ин аст рисолати таърихии мо дар остонаи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ин аст роҳи боэътимоди таҳкими давлатдории миллӣ барои даҳсолаҳои минбаъда! Юсуфзода Ш. Х. – ходими илмии шуъбаи таҳқиқоти демографӣ ва рушди нерӯи инсонии Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ

Муфассалтар
ИСТИҚЛОЛИЯТ - РОҲИ ОЗОДӢ, ДАВЛАТДОРӢ,  СУЛҲ ВА ИМКОНИЯТИ ЗИНДАГИИ ШОИСТА

ИСТИҚЛОЛИЯТ - РОҲИ ОЗОДӢ, ДАВЛАТДОРӢ, СУЛҲ ВА ИМКОНИЯТИ ЗИНДАГИИ ШОИСТА

Истиқлоли давлатӣ бузургтарин ва муқаддастарин неъмат, нишонаи олии ҳувияти миллӣ, ифтихор ва номуси ватандорӣ, рамзи ҳастии миллати бостонӣ ва соҳибихтиёру соҳибдавлати тоҷик ва асоси хушбахтиву сарбаландии сокинони Тоҷикистон мебошад. Эмомалӣ Раҳмон Истиқлолияти давлатӣ барои ҳар як миллат муқаддастарин арзиш ба ҳисоб меравад, зеро он ба давлат имконият медиҳад, ки роҳи рушди худро мустақилона муайян созад. Дар давраи истиқлолият асосҳои сиёсӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон мустаҳкам гардиданд. Ҳамзамон, кишвар тавонист сиёсати дохилию хориҷии худро мустақилона пеш барад ва самтҳои асосии рушди иқтисоди миллиро мувофиқи манфиатҳои миллӣ муайян кунад. Дар марҳилаҳои гуногуни таърихӣ мардуми тоҷик аз таҷрибаи пешрафтаи давлатсозӣ ва давлатдории ҷаҳон истифода бурда, онро бо фарҳанг ва анъанаҳои миллии худ пайваст намуд. Дар натиҷа, Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил рамзҳои давлатии худ – Нишон, Парчам ва Суруди миллиро қабул кард. Ҳамчунин, Артиши миллӣ ва Қӯшунҳои сарҳадӣ таъсис дода шуданд. Бо дарназардошти манфиатҳои миллӣ ва орзуву ормонҳои мардум, Тоҷикистон роҳи бунёди давлати ҳуқуқбунёд ва дунявиро интихоб намуд. Истиқлолият ба ҳар як халқ имкон медиҳад, ки роҳи рушди худро мустақилона интихоб намуда, арзишҳои миллӣ, забон, фарҳанг ва таърихи худро ҳифз ва таҳким бахшад. Мардуми шарифи Ҷумҳурии Тоҷикистон хуб дарк мекунад, ки Истиқлолият ва озодӣ аз арзишҳои муқаддасу бебаҳои миллӣ ба шумор мераванд ва барои ҳар як шахси ватандӯсту бонангу номус аҳамияти бузург доранд. Аз ин рӯ, ҳифзи Истиқлолият ва таҳкими пояҳои давлатдорӣ вазифаи муҳими ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад. Барои мардуми Тоҷикистон Истиқлолият натанҳо як санаи таърихӣ, балки оғози марҳилаи нави давлатдорӣ, эҳёи ҳувияти миллӣ ва таҳкими пояҳои ҷомеаи демократӣ мебошад. Имсол Тоҷикистон 35-солагии Истиқлоли давлатиро ҷашн мегирад. Ин сана барои мо имконияти хубест, ки ба роҳи тайкардаи кишвар назар андозем ва дастовардҳои онро натанҳо аз ҷиҳати таърихию сиёсӣ, балки аз нуқтаи назари иқтисодӣ низ арзёбӣ кунем. Аз ин рӯ, пойдории сулҳу субот, ҳифзи дастовардҳои истиқлолият ва таъмини амнияти кишвар ба яке аз самтҳои муҳимтарини сиёсати давлатии Тоҷикистон табдил ёфааст. Ёдовар аз он мешавем, ки дар чунин шароити мураккабу ҳассос моҳи ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Ҳодисаву воқеаҳои пурошӯби ибтидои солҳои навадум зарурати таъмини амнияти миллӣ ва давлатӣ, ҳифзи оромиву суботи ҷомеа ва таҳкими пояҳои Истиқлолияти давлатиро ба миён оварданд. Бо қабули ин санади муҳими таърихӣ Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон расман эълон гардид. Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», 9-уми сентябр ҳамчун Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардидааст. Ин иҷлосияи таърихӣ дар ҳаёти сиёсию иҷтимоии кишвар гардиши куллӣ ба вуҷуд оварда, ба арсаи сиёсат шахсиятеро овард, ки фаъолияти минбаъдаи ӯ бо марҳилаҳои муҳими давлатсозӣ ва пешрафти Ҷумҳурии Тоҷикистон пайванди ногусастанӣ дорад. Ин сана, яке аз муҳимтарин ҷашнҳои давлатӣ буда, ҳамасола дар саросари кишвар бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил карда мешавад. Эълон гардидани Истиқлолияти давлатӣ ба халқи тоҷик имконият фароҳам овард, ки роҳи мустақили сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии худро интихоб намуда, барои бунёди давлати соҳибистиқлол ва рушди минбаъдаи он замина гузорад. Истиқлолият ба мардуми тоҷик имконият фароҳам овард, ки дар фазои озодию осоиштагӣ зиндагӣ намуда, барои ободии Ватан, таҳкими ваҳдат ва рушди минбаъдаи кишвар саъю талош намоянд. Аз рӯзи ба ҳайси Сарвари давлат интихоб гардидани фарзанди барӯманди миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар кишвар марҳилаи нави таҳкими пояҳои давлатдорӣ оғоз гардид. Истиқлолият барои миллати тоҷик натанҳо нишонаи пойдории давлату бақои миллат, балки рамзи асолати миллӣ, ҳувият, ормонҳои таърихӣ, шарафу эътибор ва мавқеи шоистаи Тоҷикистон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад, ки имрӯз Тоҷикистон бо зиёда аз 190 давлати ҷаҳон муносибатҳои дипломатӣ дошта, узви фаъоли Созмони Милали Муттаҳид ва созмонҳои дигари байналмилалӣ мебошад. Маҳз ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ мардуми Тоҷикистон имконият пайдо намуданд, ки роҳи мустақили рушди сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии худро интихоб намуда, пояҳои давлатдории миллиро таҳким бахшанд. Зеро даҳсолаҳои охир пешрафти босуръати илму техника ва раванди қувватгирифтаистодаи ҷаҳонишавӣ инсониятро ба муҳити комилан нав ворид намуда, боиси ташаккул ёфтани низоми фарогири равобити сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ва иттилоотиву маънавӣ гардидааст. Дар тӯли 35 соли истиқлолият, Тоҷикистон дар самтҳои гуногун ба дастовардҳои назаррас ноил гаштааст. Аз ҷумла, рушди инфрасохтор, сохтмони роҳҳо, неругоҳҳои барқӣ, мактабҳо ва беморхонаҳо ба беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ мусоидат намуд. Назаррас аст, ки 35-солагии Истиқлолият барои Тоҷикистон марҳилаи муҳими таърихӣ мебошад. Ин ҷашн натанҳо рамзи озодӣ ва мустақилият, балки нишонаи пешрафт ва умед ба ояндаи дурахшон аст. Дар ин раванд Тоҷикистон роҳи ислоҳоти иқтисодӣ, тағйир додани шаклҳои моликият, ташаккули иқтисодиёти миллӣ ва таъсиси сохторҳои нави идоракуниро пеш гирифта, барои рушди муносибатҳои бозорӣ ва пайвастани иқтисоди миллӣ ба низоми иқтисодии ҷаҳонӣ замина гузошт. Дар даврони Истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон имконияти воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи рушди минбаъдаи давлат ва ҷомеаро мустақилона муайян намоем, ки хусусиятҳои релефи кӯҳии Тоҷикистон, гуногунии шароити иқлимӣ ва сатҳи нобаробари рушди инфрасохтори нақлиётӣ боиси тафовути минтақавӣ дар рушд ва ҷойгиршавии алоқаҳои нақлиётӣ-иқтисодӣ гардидаанд. Норасоии чунин алоқаҳо дар як қатор шаҳрҳо ва ноҳияҳои кишвар ба рушди соҳаҳои дигари иқтисодиёт таъсири манфӣ расонида, имкониятҳои истифодаи самараноки иқтидорҳои истеҳсолӣ ва захираҳои маҳаллиро маҳдуд менамояд ва сатҳи таъмини алоқаҳои нақлиётӣ-иқтисодӣ бо рушди қувваҳои истеҳсолкунанда ва иқтидори нақлиётии ноҳияҳо робитаи зич дошта, хусусиятҳои релефӣ, иқлимӣ ва иқтисодии минтақаҳо дар ташаккул ва ҷойгиршавии шабакаҳои нақлиётӣ нақши муҳим доранд. Бо назардошти таъмини рушди устувор ва ҷойгиркунии самараноки алоқаҳои нақлиётӣ-иқтисодии Тоҷикистон дар асоси ҷорӣ намудани техника ва технологияи пешқадам, истифодаи самараноки иқтидорҳои нақлиётӣ, беҳтар намудани инфрасохтори роҳу нақлиёт ва рушди ҳамкориҳои байналмилалии нақлиётӣ, шароити мусоид барои таҳкими мавқеи кишвар ҳамчун маркази муҳими транзитӣ фароҳам оварда мешавад. Дар ин замина, мо роҳи бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявиро интихоб карда, барои рушди устувор ва пешрафти кишвари азизамон заминаҳои мусоид фароҳам оварем. Бо гузашти 35 сол аз рӯзи эълони Истиқлолияти давлатӣ, метавон бо ифтихор дастовардҳо ва пешрафтҳои назарраси кишварро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дод. Дар ин давра, яке аз нахустин иқдомҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз бахшидан ба сохтмони нақби Анзоб ба шумор мерафт. Сарвари давлат дар татбиқи ин иқдом оғози марҳилаи нави бунёдкориҳо дар самти роҳсозию рушди инфрасохтори коммуникатсионӣ ва яке аз роҳҳои муҳими таъмини пешрафту наҷоти кишварро медид. Дар давоми 35 соли Истиқлолияти давлатӣ Тоҷикистон барои таҳкими давлатдорӣ, рушди иқтисоди миллӣ ва беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ як қатор барномаҳои муҳими созандагиро амалӣ намуд. Дар ин давра рушди инфрасохтори нақлиётӣ ба яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ табдил ёфт. Бо дарназардошти мавқеи ҷуғрофии кишвар, кӯҳсор будани қисми зиёди ҳудуд ва дур ҷойгир будан аз роҳҳои баҳрӣ, рушди роҳҳои автомобилгард, сохтмони нақбҳо ва пулҳо, инчунин, навсозии фурудгоҳҳо, роҳи оҳан ва дигар иншооти нақлиётӣ барои Тоҷикистон аҳамияти махсус дорад. Соли 2026 барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли фаромӯшнашаванда ва таърихӣ ба шумор меравад. Зеро имсол 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардида, ин санаи муҳим барои бознигарӣ ва арзёбии дастовардҳои кишвар дар даврони истиқлол имконияти муносиб фароҳам меорад. Аз ин рӯ, рушди инфрасохтори нақлиётӣ тавассути бунёд ва таҷдиди роҳҳо ва дигар иншооти нақлиётӣ барои беҳтар намудани ҳаракати шаҳрвандон, рушди савдо, саноат, сайёҳӣ ва таҳкими робитаҳои иқтисодии байналмилалӣ заминаи муҳим фароҳам меорад. Дар ин давра дар соҳаҳои гуногуни иқтисодию иҷтимоӣ, аз ҷумла, дар рушди роҳу нақлиёт ва инфрасохтори коммуникатсионӣ, корҳои созандагию бунёдкорӣ ба таври назаррас вусъат ёфтанд. Чуноне ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 декабри соли 2025, ки дар шаҳри Душанбе ироа гардид, таъкид намуданд, ки барои беҳтар намудани ҳолати роҳу шоҳроҳҳои мошингард ва фароҳам овардани заминаи зарурӣ барои ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон, татбиқи 16 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ идома дорад. Ҳаҷми умумии маблағгузории ин лоиҳаҳо 11,3 миллиард сомониро ташкил медиҳад. Соли 2025-ум дар доираи лоиҳаҳои зикршуда ба маблағи умумии зиёда аз 5,4 миллиард сомонӣ 236 километр роҳҳои мошингард ва иншооти дигари роҳу нақлиёти мутобиқ ба талаботи байналмилалӣ бунёдгардида ба истифода дода шуданд. Роҳҳои Обигарм - Нуробод ва Роғун ба дарозии умумии 87 километр, 109 километр роҳи Қалъаихумб - Ванҷ, 40 километр роҳҳои байналмилалӣ дар вилояти Суғд, 30 пули хурду бузург, 5 нақб ва 6 долони зидди тарма ба дарозии 13 километр, аз ҷумлаи иншооти зикршуда мебошанд. Ҳоло бунёди 50 километр роҳи Данғара - Гулистон, 33 километр роҳи Гулистон - Фархор ва боз 12 километр роҳҳои байналмилалӣ дар вилояти Суғд ба маблағи умумии 2 миллиард сомонӣ идома дорад. Соли 2025 сохтмони пули калонтарин дар кишвар аз болои обанбори неругоҳи барқи обии «Роғун» ба дарозии 920 метр ва 3 пули мошингузар ба дарозии 368 метр оғоз гардид, ки маблағи умумии онҳо 900 миллион сомониро ташкил медиҳад. Соли 2026 сохтмону азнавсозии 300 километр роҳҳои мошингарди байналмилаливу ҷумҳуриявӣ ба маблағи умумии 3 миллиард сомонӣ оғоз мегардад. Роҳҳои Ваҳдат - Обигарм 70 километр, Гулистон - Кӯлоб 33 километр, Хоруғ - Роштқалъа 39 километр, Мурғоб - Кулма 67 километр, Балҷувон - Сари Хосор 55 километр, Хистеварз - Конибодом (Арка) 10 километр, 11 километр роҳи таворавии шаҳри Кӯлоб ва 5 пули мошингард дар роҳи Лаби Ҷар - Сангвор аз ҷумлаи онҳо мебошанд. Инчунин, бунёд ва таҷдиди роҳҳои дорои аҳамияти байналмилалиро идома дода, назорати сифати корҳои лоиҳавӣ ва сохтмониро тақвият бахшида истодаанд. Ҳамзамон, барои ташкили марказҳои нақлиётиву логистикӣ, навсозии парки нақлиёти роҳи оҳан ва инфрасохтори он тадбирҳои дахлдор роҳандозӣ гардидаанд. Ҷиҳати азнавсозии фурудгоҳҳои байналмилалии Душанбе, Бохтар ва Кӯлоб ва мутобиқ намудани онҳо ба талаботи муосири хизматрасонӣ чораҳои заруриро амалӣ менамояд. Қобили зикр аст, ки тайи се соли охир дар кишвар беш аз 3 ҳазор километр роҳҳои маҳаллӣ, аз ҷумла 2,6 ҳазор километр аз ҳисоби соҳибкорон ва аҳолӣ бунёду таҷдид гардида, ҳоло ин иқдоми нек бомаром идома дорад». Дар рушди роҳҳои автомобилгард яке аз самтҳои асосии рушди инфрасохтори нақлиёт дар солҳои соҳибистиқлолӣ сохтмон ва таҷдиди роҳҳои автомобилгард мебошад. Роҳҳои нав сохта шуда, бисёре аз роҳҳои мавҷуда таъмиру таҷдид гардиданд. Бо мақсади беҳтар намудани робитаи байни минтақаҳои мамлакат ва баромадан ба бозорҳои минтақавӣ як қатор роҳҳои байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ таҷдид шуданд. Баъди истифодаи роҳҳои бузурги байниминтақавӣ имкон фароҳам омад, ки ҳаракати нақлиёт дар дохили мамлакат ва берун аз он тамоми фаслҳои сол имконпазир гардад ва дар ин замина вазъи равуо ва боркашонӣ ба манотиқи гуногуни кишвар сад дарсад беҳтар шавад. Дар шароити кунунӣ, ки ҷаҳони муосир дорад, таҳкими Истиқлолият, устувор гардонидани пояҳои давлат ва баланд бардоштани сатҳ ва сифати зиндагии аҳоли барои натанҳо мардуми мо, балки тамоми инсоният мазмуни ҳаётан муҳим пайдо мекунад. Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки насли наврасу ҷавонро бо суннатҳои воло ва мероси пурғановати ниёгонамон ошно намуда, дар зеҳну шуури онҳо ҳисси ифтихори миллӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, эҳтиром ба Истиқлолияти давлатӣ, ҳисси баланди ватандӯстӣ ва муҳаббат ба Ватани маҳбубро таҳким бахшем. Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ ду боли тавоноянд, ки Тоҷикистонро ба сӯи ояндаи дурахшон ва дастовардҳои нав ҳидоят менамоянд. Пойдории сулҳу субот, таҳкими Ваҳдати миллӣ ва рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёти кишвар натиҷаи заҳматҳои созандаву фидокоронаи мардуми сарбаланди Тоҷикистон ва сиёсати сулҳҷӯёнаву бунёдкоронаи Сарвари давлат мебошад. Ҳамеша бояд дар хотир дошта бошем, ки соҳибватан будан хушбахтӣ ва ифтихори бузург аст. Дар баробари ин, ҳифзу гиромидошти Ватан ва қадр намудани неъмати бебаҳои Истиқлолияти давлатӣ масъулияти бузург ва муқаддаси ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад. Зеро танҳо бо эҳсоси баланди масъулиятшиносӣ, ватандӯстӣ ва саҳм гузоштан дар ободии Ватан метавон ин неъматҳои бебаҳоро барои наслҳои оянда ҳифз намуд. Шояд маънои асосии 35 соли Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар ҳамин бошад: мо аз марҳилаи бунёди давлат ба сӯи давлатдории устувор қадам гузоштем, аз барқарорсозӣ ба рушди созанда гузаштем, сулҳро натанҳо ҳифз кардем, балки фарҳанги сулҳофариро ташаккул додем. Имрӯз мо бояд натанҳо бо гузаштаи худ ифтихор кунем, балки барои ояндаи кишвар масъулияти бештар дошта бошем. Бигзор Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо таҳти фазои сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ рӯзбарӯз ободу пешрафта гардида, дар арсаи байналмилалӣ мақоми шоистаи худро боз ҳам устувортар намояд! Шералиев А.А. – н.и.и., ходими пешбари илмии шуъбаи таҳқиқоти инфрасохтори Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ

Муфассалтар
Истиқлолияти давлатӣ – муқаддастарин неъмат ва бузургтарину арзишмандтарин сарват

Истиқлолияти давлатӣ – муқаддастарин неъмат ва бузургтарину арзишмандтарин сарват

Истиқлолият ва соҳибихтиёрии давлат, ки баъд аз садсолаҳои зиёди ҷонбозиҳо ва заҳмати басо сангину азму талошҳои пайвастаи мардуми озодихоҳи мо ба даст омад, дар назди мо иҷрои вазифаи бисёр пурмасъулияти таърихӣ ва дар айни замон басо пурифтихор, яъне бунёди давлати навини ҷавобгӯ ба манфиатҳои халқи кишвар ва эҷоди аркони давлатдории муосири тоҷиконро гузошт. Эмомалӣ Раҳмон Истиқлол волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷдори тоҷик аст, ки сию панҷ сол муқаддам муҳимтарин воқеаи таърихии сарнавишти миллати тоҷик ба вуҷуд омад. Ин ҳодисаи фараҳбахш аввали моҳи сентябри соли 1991 ба вуқӯъ пайваст ва 9-уми сентябр расман Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Аз ҳамон замон, то имрӯз ин санаи муборак барои миллати тоҷик рӯзи таърихӣ, арзишманд ва муқаддастарин маҳсуб мешавад. Бо баробари ба даст овардани соҳибистиқлолӣ, ин неъмати бузург нуру зиё, меҳру вафо, ободию озодӣ, ҳамфикрию ҳамзистӣ ва осоиштагиву абадиятро ба мардуми бузурги тоҷик ва Тоҷикистони азиз овардааст. Истиқлоли давлатӣ имконият фароҳам овард, ки Ватани мо шукуфон гардад, зеро дар давлате, ки сулҳу амонӣ, дӯстиву якдигарфаҳмӣ ҳукмфармост, дар он рӯз аз рӯз бунёдкориву созандагӣ танинандоз гашта, он аз ҷиҳати сиёсию иқтисодӣ ва фарҳангӣ пеш меравад. Истиқлоли давлатӣ барои мардуми тоҷик беҳтарин неъмат, орзуву ормон, таҳкими давлат ва наҷоти миллат ба шумор меравад. Имрӯз, ки мо дар арафаи ҷашни бузурги 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем, ҳар як шаҳрванд бояд ифтихор аз соҳибистиқлоливу сулҳу озодӣ ва комёбиҳои бузурге намояд, ки ба шарофати ин тамоми дастовардҳо дар ҳамаи самтҳои ҷомеаи Тоҷикистон ба даст омад. Истиқлолияти давлатӣ барои мардуми тоҷик муҳимтарин дастоварди таърихӣ ба ҳисоб рафта, кишвари мо баъди эълони истиқлолияти давлатӣ дар арсаи баййналмилалӣ ҳамчун давлати озоду соҳибихтиёр муаррифӣ гардидДар натиҷаи талошҳои хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат сулҳ ва ваҳдати миллӣ пойдор гардид. Яке аз муҳимтарин дастовардҳои Тоҷикистон дар замони соҳибистиқлолӣ ин расидан ба сулҳ ва ваҳдати миллӣ мебошад. Маҳз самараи Истиқлоли давлатӣ буд, ки Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари сулҳхоҳ ва ташаббускор мешиносанд. Тоҷикистони озоду якпорча доимо ҷонибдори сулҳ ва оромӣ дар минтақа ва ҷаҳон буда, ин нукта пайваста дар суханрониҳои Пешвои миллат ироа мегардад. Асри 21 - асри пешрафти илму техника ва технологияҳои нав мебошад. Аз ин хотир дар соҳаи хизматрасонии нақлиётӣ, ба соҳаҳои иқтисодиёт ва аҳолии кишвар аз технологияҳои муосири ташкил ва идораи ҳамлу нақл истифода намуда, дар рушди иқтисодиёти рақамӣ ва иқтисодиёти сабз заминаҳои илмӣ поягузори карда шуда, теъдоди электромобилҳои боркашу мусофирбар боз ҳам бештар карда шуданд. Пешрафти соҳаи роҳу нақлиёт ва коммуникатсия боиси ташаккули рушди технологияву инноватсия гардида, боиси баланд гардидани раванди коркарди ҳаҷми калони маълумотҳо дар истеҳсолот ва истифодаи самараноки имкониятҳои зеҳни сунъӣ дар рушди иқтисодиёт гардид. Зеро, рушди соҳаи нақлиёт ва коммуникатсия боиси пешравии иқтисоди миллӣ буда, тавассути истифодаи технологияҳои муосири инноватсионӣ маълумотҳо дар реҷаи воқеии вақт ҷамъоварӣ ва коркард карда мешаванд. Дар нақлиёт барои амсиласозии анбӯҳи воситаҳои нақлиёт, оптималикунонидани таъмир ва хизматрасонии техникӣ истифода бурда мешаванд. Дар ин асно, дар давраи соҳибистиқлолӣ зарурати табдилдиҳии нақлиёти рақамӣ пеша омад, ки сари вақт андешидани тадбирҳои воқеан муҳим барои пешравии соҳаи нақлиёт ва коммуникатсия нақши калидиро ифода намуд, аз ҷумла: - мусоидат ба сохтан ва рушди хизматрасониҳои нақлиётии ҳамгирошуда: майдончаи электронӣ барои супориши хадамоти боркашонӣ, логистикӣ ва хадамоти тиҷорати электронӣ; долонҳои нақлиётии рақамӣ; - рақамикунонии воситаҳои нақлиёт (низоми пешрафтаи кӯмак ба ронанда; воситаҳои нақлиёти баландавтоматикӣ ва бесарнишин; мониторинги воситаҳои нақлиёт ва хизматрасонии техникӣ); - рақамикунонии инфрасохтори нақлиёт тавассути низоми интеллектуалии нақлиётӣ; нақлиётҳои барқӣ, таъмири объектҳои инфрасохтори нақлиётӣ; терминалҳои рақамии боркашонӣ, мусофирбарӣ, нуқтаҳои гузариши сарҳади давлатӣ; - рақамикунонии фаъолияти мақомоти ваколатдор дар соҳаи нақлиёт (хизматрасониҳои давлатӣ дар шакли электронӣ; марказҳо ва амсиласозии рушди соҳаи нақлиёт); - сохтани платформаи рақамӣ ҳамчун шароити заминавӣ барои табдилдиҳии рақамӣ (низоми давлатии иттилоотии “Ҳуҷҷатҳои нақлиётии электронӣ”; инфрасохтор барои мубодилаи маълумотҳои муҳими ҳуқуқӣ миёни иштирокчиёни соҳа ва давлат; низоми мушоҳидаи раванди ҳаракати бор; шабакаҳои технологии ҳимояшудаи комплекси нақлиёт; рақамикунонӣ барои бехатарии нақлиёт; низоми биометрӣ). Ин ва дигар масъалаҳои болозикр дар ҳалли муаммоҳои беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии аҳолии кишварро таъсир намуда, ҳамзамон, пешрафти соҳаи нақлиёт ва коммуникатсия дар болоравии иқтисоди миллӣ таъсири назаррасро инъикос намуданд. Мо, фарзандони ин миллату Ватани бузург, муҳаққиқиқони ҷавони ин кишвар таманнои онро дорем, ки Истиқлолу озодӣ дар Ватани азизу маҳбубамон – Тоҷикистон ҳамеша побарҷо ва устувор бимонад. Ахмедова А.М. - ходими илмии шуъбаи таҳқиқоти инфрасохтории Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ

Муфассалтар
Сулҳ кафили таҳқими Истиқлолияти давлатӣ!

Сулҳ кафили таҳқими Истиқлолияти давлатӣ!

Сулҳ ва пойдории ваҳдати миллӣ – омили пешрафти иқтисодиёт ва пойдории Истиқлолияти давлатӣ ба ҳисоб меравад. Сулҳ натанҳо набудани ҷанг аст, балки ҳолати амиқи эҳтироми мутақобила, адолат ва ҳамкорӣ миёни халқҳо, миллатҳо ва ҷомеаи мутамаддин мебошад. Дар тӯли таърих, инсоният борҳо шоҳиди харобиовариҳои ҷангу низоъ гардидааст ва ҳар маротиба, пас аз чунин фоҷиаҳо, арзиши сулҳ бештар дарк карда мешавад. Дар ин замина, оқибатҳои Ҷанги якум ва дуюми ҷаҳонӣ, даҳҳо низоъҳои минтақавӣ ва дохилӣ, шаҳодат медиҳанд, ки набудани сулҳ натанҳо талафоти ҷонӣ, балки харобии тамаддун, бад шудани вазъи некӯаҳволии мардум ва номуътадилии вазъи иқтисодиёт мегардад. Имрӯз, дар шароити ҷаҳонишавӣ ва вобастагии мутақобилаи давлатҳо, сулҳ натанҳо як хости ахлоқӣ, балки зарурати ҳаётан муҳим барои идомаи мавҷудияти инсоният мегардад. Ҳеҷ як кишвар, ҳарчанд қудратманд бошад ҳам, наметавонад дар танҳоӣ ва бидуни ҳамкорӣ бо дигарон рушд кунад ва амнияти худро таъмин намояд. Расидан ба сулҳи устувор раванди мураккаб ва бисёрҷабҳа аст, ки якчанд унсури калидиро талаб мекунад. Пешрафти соҳаи маориф ва фарҳанги сулҳ, яъне тарбияи насли наврас дар руҳияи таҳаммулпазирӣ, эҳтироми фарҳангҳои халқу миллатҳои дигар ва пешгирӣ кардани хушунат, заминаи дарозмуддати сулҳро таъмин мекунад. Дар таҳкими сулҳ ва таъмини соҳибистиқлоли кишвар риояи адолати иҷтимоӣ ва иқтисодӣ низ нақши муҳим дорад, зеро камбизоатӣ, нобаробарӣ ва дастнорасӣ ба захираҳо аксар вақт решаи низоъҳо мебошанд ва рафъи ин омилҳо роҳи муассир барои пешгирии ҷангу ҷидолҳо аст. Ҳамкории минтақавӣ ва байналмилалӣ, тавассути иттиҳодияҳо ва бастани созишномаҳои минтақавӣ, метавонад эътимодро байни давлатҳо зиёд намуда, хатари низоъро коҳиш диҳад. Инчунин, нақши ҷомеаи шаҳрвандӣ ва васоити ахбори омма дар ташвиқи гуфтугӯи созанда ва мубориза бо суханронии нафратангез дар сатҳи ҷомеа хеле муҳим аст. Тоҷикистон, ки худ пас аз ҷанги шаҳрвандии солҳои 1990-ум таҷрибаи гаронбаҳои барқарор кардани сулҳро аз сар гузарондааст, имрӯз ҳамчун намунаи ибрат дар ҷаҳони муосир шинохта шудааст. Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, ки соли 1997 ба имзо расид, яке аз намунаҳои муваффақи ҳалли осоиштаи низоъҳои дохилӣ маҳсуб мегардад ва аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид низ ҳамчун намунаи мусбат эътироф шудааст. Ташаббусҳои Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ, аз ҷумла, пешниҳод ва қабули якчанд қатъномаҳои маҷмааи умумии СММ оид ба масъалаҳои об, амният ва рушди устувор, гувоҳи он аст, ки кишвар сулҳро натанҳо ҳамчун арзиши дохилӣ, балки ҳамчун саҳми худ дар осоиштагии ҷаҳонӣ мешуморад. Ҳамчунин, сиёсати дарҳои кушода ва мусоидат ба гуфтугӯи байнитамаддунӣ, аз ҷумлаи самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии кишвар мебошанд. Бояд зикр намуд, ки сулҳ раванди статикӣ нест, балки падидаест, ки бояд ҳамарӯза аз нав сохта ва мустаҳкам карда шавад. Ҳар насл масъулияти худро дар назди наслҳои оянда дорад, то мероси ҷангу низоъро бо мероси ҳамкорӣ ва эҳтироми мутақобила иваз намояд. Таҷрибаи давлатҳое, ки тавонистанд аз марҳилаи низоъ ба марҳилаи сулҳи устувор гузаранд, нишон медиҳад, ки ин раванд, ҳарчанд душвор, вале комилан имконпазир аст, агар иродаи сиёсӣ, дастгирии байналмилалӣ ва иштироки фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ бо ҳам муттаҳид шаванд. Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки сулҳи иқтисодӣ, яъне ҳамгироии бозорҳо ва вобастагии судманди тиҷоратии давлатҳо, метавонад ҳамчун омили пешгирикунандаи низоъ амал кунад. Иттиҳоди Аврупо, ки пас аз садсолаҳо ҷангу хунрезӣ дар қитъаи Аврупо ба вуҷуд омад, намунаи возеҳи он аст, ки чӣ гуна ҳамгироии иқтисодӣ метавонад душманони собиқро ба шарикони стратегӣ табдил диҳад. Ба ҳамин монанд, ташаббусҳои минтақавии ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ, аз ҷумла, лоиҳаҳои муштараки энергетикӣ, нақлиётӣ ва обӣ, метавонанд заминаи мустаҳками эътимод ва вобастагии судмандро миёни давлатҳои минтақа фароҳам оранд, ки дар навбати худ хатари ба вуҷуд омадани ихтилофоти ҷиддиро коҳиш медиҳад. Дар ҳамин ҳол, набояд фаромӯш кард, ки сулҳи воқеӣ бидуни адолати гузаранда, яъне баррасии одилонаи ҷиноятҳо ва вайронкуниҳои ҳуқуқи инсон дар давраи низоъ, комил намешавад. Механизмҳои ҳисоботдиҳӣ, аз ҷумла, судҳои байналмилалӣ, комиссияҳои ҳақиқат ва оштӣ, инчунин, барномаҳои ҷубронпулӣ барои қурбониён, ба барқарор шудани эътимоди ҷамъиятӣ ва пешгирии такрори хушунат дар оянда мусоидат мекунанд. Бидуни эҳсоси адолат дар байни ҷомеаи осебдида, сулҳи расмӣ метавонад танҳо сатҳӣ ва муваққатӣ боқӣ монад, дар ҳоле ки нооромиҳои ниҳонӣ дар зери сатҳ идома меёбанд ва метавонанд дар оянда бори дигар сар зананд. Аз нигоҳи фалсафӣ, метавон гуфт, ки сулҳ натанҳо як ҳадафи сиёсӣ, балки як арзиши умумибашарӣ ва ахлоқӣ мебошад, ки решаҳои он дар аксари динҳо, фалсафаҳо ва анъанаҳои фарҳангии ҷаҳон мавҷуданд. Аз ин рӯ, сулҳофарӣ натанҳо вазифаи сиёсатмадорон ва дипломатҳо, балки вазифаи ҳар як муаллим, волидайн ва ҷомеа мебошад, ки бояд арзишҳои сулҳро аз хурдсолӣ дар дили насли наврас парвариш кунанд. Сулҳ ганҷи гаронбаҳое аст, ки бе талошҳои муттасили ҳар як шаҳрванд, давлат ва созмони байналмилалӣ ба даст намеояд ва ҳифз намегардад. Он натанҳо мақсади ниҳоии сиёсати хориҷӣ, балки заминаи асосии ҳар гуна рушди устувори иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ мебошад. Масъулияти ҳифзи сулҳ бар дӯши ҳар яки мост, зеро сулҳ натанҳо набудани ҷанг, балки сохтани ҷомеаест, ки дар он адолат, эҳтиром ва ҳамкорӣ ҳукмфармост. Маликова Г. Т. - ходими хурди илмии шуъбаи иқтисоди сабз ва рушди устувор

Муфассалтар
ИСТИҚЛОЛИЯТ – САРЧАШМАИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШДИ МИЛЛӢ

ИСТИҚЛОЛИЯТ – САРЧАШМАИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШДИ МИЛЛӢ

Истиқлолияти давлатӣ дар таърихи навини тоҷикон ҳамчун рӯйдоди бузург ва оғози марҳилаи тозаи давлатсозии миллӣ мавқеи хос дорад. Соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон ба мардуми кишвар имкон фароҳам овард, ки дар заминаи арзишҳои миллӣ давлатдории худро таҳким бахшида, барои рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа шароити мусоид муҳайё намоянд. Имрӯз, ҷашни Истиқлолияти давлатӣ барои ҳар як шаҳрванди кишвар танҳо як санаи таърихӣ нест, балки рамзи соҳибихтиёрӣ, озодӣ, худшиносӣ ва масъулияти миллӣ мебошад. Аз ин рӯ, истиқболи ин ҷашни бузург бо корҳои ободониву созандагӣ ба як анъанаи нек табдил ёфтааст. Яке аз дастовардҳои муҳим дар даврони соҳибистиқлолӣ ин фароҳам омадани заминаҳои устувор барои рушди иқтисоди миллӣ мебошад. Дар мамлакат иншооти зиёди истеҳсолӣ ва иҷтимоӣ бунёд гардида, роҳҳо, нақбҳо ва пулҳои нав сохта шуданд. Амалӣ намудани ҳадафҳои стратегии кишвар, яъне раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва расидан ба истиқлолияти энергетикӣ мебошад, ки ба пешрафти соҳаҳои гуногун мусоидат намуд. Неругоҳҳои барқи обии «Сангтӯда-1», «Сангтӯда-2» ва марҳилаҳои сохтмони НБО «Роғун», аз ҷумлаи лоиҳаҳои муҳими энергетикӣ мебошанд. Бунёди роҳҳои Душанбе-Хоруғ-Мурғоб, Душанбе-Рашт-Саритош, нақбҳои «Истиқлол», «Шаҳристон», «Озодӣ» ва дигар иншооти нақлиётӣ низ дар беҳтар гардидани робитаҳои байни минтақаҳои мамлакат нақши муҳим гузоштанд. Рушди кишвар бе маориф ва илми пешрафта тасаввурнопазир аст. Аз ин рӯ, дар даврони истиқлолият соҳаи маориф ба яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ табдил ёфт. Барои таҳкими заминаҳои ҳуқуқии таълиму тарбия санадҳои муҳими меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардида, сохтмони муассисаҳои таълимӣ ва таъмини онҳо бо таҷҳизоти муосир вусъат пайдо кард. Баланд бардоштани сатҳи дониш, азхуд намудани илмҳои дақиқ, технологияҳои нав, забонҳои хориҷӣ ва рушди қобилияти эҷодкориву ихтироъкорӣ аз вазифаҳои муҳими ҷомеаи муосир ба ҳисоб меравад. Баргузории озмунҳои ҷумҳуриявии «Тоҷикистон - Ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм - фурӯғи маърифат» ва «Тоҷикон - оинаи таърихи миллат» барои бедор намудани шавқи ҷавонон ба дониш, китобхонӣ ва омӯзиши таърихи миллат мусоидат менамояд. Дар баробари пешрафти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, солҳои истиқлолият барои эҳёи худшиносии миллӣ низ имкониятҳои васеъ фароҳам оварданд. Забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа мавқеи устувор пайдо кард. Ба омӯзиши таърих, адабиёт ва фарҳанги миллӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир шуда, хотираи таърихии мардум тавассути баргузории ҷашнҳои бузурги фарҳангиву таърихӣ тақвият ёфт. Бузургдошти шахсиятҳое чун Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Имоми Аъзам, Абдураҳмони Ҷомӣ, Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода ва дигар фарзандони фарзонаи миллат далели равшани эҳтиром ба мероси маънавии халқ мебошад. Таҷлили 1100-солагии давлати Сомониён, 1150-солагии Рӯдакӣ, 2500-солагии Истаравшан, 2700-солагии Кӯлоб, 700-солагии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ва 3000-солагии Ҳисор низ дар таҳкими худшиносии миллӣ аҳамияти калон дошт. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон ҳамчун кишвари соҳибихтиёр дар муносибатҳои байналмилалӣ низ ҷойгоҳи худро мустаҳкам намуд. Узвият дар созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ ба кишвар имконият дод, ки дар ҳалли масъалаҳои муҳими ҷаҳонӣ фаъолона иштирок намояд. Аз ҷумла, ташаббусҳои Тоҷикистон дар масъалаи истифодаи оқилонаи захираҳои об ва ҳифзи онҳо аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ гардиданд. Эълон шудани солҳои байналмилалии марбут ба об ва Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор» нишон медиҳад, ки ташаббусҳои Тоҷикистон аҳаммияти фаротар аз марзҳои кишвар доранд. Имрӯз, дар назди соҳаи илму маориф вазифаҳои нави стратегӣ гузошта шудаанд, ки татбиқи онҳо ба талаботи рушди устувори иқтисодию иҷтимоии кишвар мутобиқ мебошад. Рушди иқтисоди рақамӣ ва иқтисоди сабз, суръат бахшидани раванди саноатикунонӣ, инчунин ҷорӣ намудани технологияҳои муосир ва инноватсионӣ тақвияти робитаи илм бо истеҳсолотро тақозо менамояд. Дар ин замина, омода намудани мутахассисони ҷавони соҳибкасб, ташаккул ва рушди тафаккури техникӣ, инчунин фароҳам овардани шароити мусоид барои дастгирии фаъолияти ихтироъкорӣ ва навоварӣ аз самтҳои муҳими рушди илмию технологӣ ба ҳисоб мераванд. Татбиқи самараноки ин равандҳо барои баланд бардоштани сатҳи рақобатпазирии иқтисоди миллӣ ва таъмини рушди устувори он аҳаммияти муҳим дорад. Ҳамзамон, натиҷаҳои таҳқиқоти илмии олимони ватанӣ дар таҳия ва такмили стратегияҳо, консепсияҳо ва барномаҳои давлатӣ нақши муҳим дошта, барои асоснок намудани самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодию иҷтимоӣ истифода мешаванд. Истиқлолият ҳамзамон моро водор месозад, ки ба таърихи миллат бо масъулияти бештар назар намоем. Омӯзиши таҷрибаи гузашта, шинохти арзишҳои миллӣ ва ҳифзи мероси таърихиву адабӣ барои тарбияи насли худогоҳу ватандӯст аҳамияти бузург дорад. Таърих ба мо меомӯзонад, ки сулҳу ваҳдат ва суботи ҷомеа барои пешрафти давлат арзиши бебаҳо доранд. Имрӯз, дар остонаи таҷлили 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазифаи ҳар як шаҳрванди кишвар аз он иборат аст, ки дар ободии Ватан, таҳкими сулҳу ваҳдат ва рушди ҷомеа саҳми худро гузорад. Истиқлолият ба мо имкони сохтани давлати соҳибихтиёр ва муайян намудани роҳи рушди миллиро фароҳам овард. Ҳифзи ин дастоварди бузург, эҳтироми арзишҳои миллӣ, омӯзиши илму дониш ва меҳнати созанда бояд ҷавҳари фаъолияти ҳар як фарди ҷомеа бошад. Зеро ояндаи Тоҷикистони соҳибистиқлол ба сатҳи худшиносӣ, дониш, масъулият ва фаъолияти созандаи насли имрӯз вобаста аст. Бабаева М. А. – ходими хурди илмии шуъбаи бозорҳои молиявӣ ва идоракунии лоиҳаҳои сармоягузории Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ

Муфассалтар
ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ – ПОЯИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ ВА ОМИЛИ ПЕШРАФТИ ТОҶИКИСТОН

ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ – ПОЯИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ ВА ОМИЛИ ПЕШРАФТИ ТОҶИКИСТОН

Истиқлолияти давлатӣ барои ҳар як миллат неъмати бузург ва асоси ҳастии давлат ба шумор меравад. Барои мардуми тоҷик, ки дорои таърихи куҳани давлатдорӣ ва тамаддуни ғанӣ мебошад, соҳибистиқлолӣ оғози марҳилаи нави таърихӣ гардид. 9 сентябри соли 1991 Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқлолияти давлатии худро эълон намуда, барои бунёди давлати мустақил ва муайян намудани роҳи рушди иқтисоди миллӣ имконияти бузург пайдо кард. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Истиқлолият муқаддастарину азизтарин неъмат, рамзи саодат ва асолати миллат, шарафу номуси ватандорӣ мебошад». Аммо таҳкими истиқлолият барои Тоҷикистон роҳи осон набуд. Солҳои аввали соҳибистиқлолӣ, бо вазъи мураккаби сиёсӣ ва иқтисодӣ ҳамроҳ гардид. Ҷанги шаҳрвандӣ ба сохтори давлатӣ, иқтисоди миллӣ ва зиндагии мардум зарари ҷиддӣ расонид. Дар чунин шароит ҳифзи якпорчагии давлат, барқарор намудани сохти конститутсионӣ ва расидан ба сулҳу ваҳдат вазифаи муҳимтарин гардид. Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва интихоб гардидани Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси роҳбари давлат дар таҳкими ҳокимияти давлатӣ ва оғози марҳилаи нави давлатсозӣ нақши муҳим гузошт. Дар натиҷаи музокироти сулҳ 27 июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид. Чунон ки Пешвои миллат таъкид мекунанд: «Ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот пояи устувори давлатдорӣ ва шарти асосии пешрафти ҷомеа мебошанд». Воқеан, барқарор шудани сулҳу субот барои оғози корҳои созанда ва рушди минбаъдаи кишвар заминаи устувор фароҳам овард. Яке аз қадамҳои муҳими таҳкими давлатдории миллӣ ин қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. 6 ноябри соли 1994 тавассути раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид, ки роҳи минбаъдаи рушди кишварро ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона муайян намуд. Дар заминаи Конститутсия низоми қонунгузории миллӣ ташаккул ёфта, пояҳои ҳуқуқии давлат мустаҳкам гардиданд. Ин раванд барои ба роҳ мондани фаъолияти муназзами мақомоти давлатӣ ва таҳкими ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон аҳамияти муҳим дошт. Пас аз барқарор гардидани сулҳу субот яке аз вазифаҳои асосии давлат барқарорсозӣ ва рушди иқтисоди миллӣ гардид. Солҳои аввали истиқлолият иқтисоди кишвар бо мушкилоти зиёд рӯ ба рӯ шуда, коҳиши истеҳсолот ва қатъ гардидани робитаҳои пешинаи иқтисодӣ вазъи мамлакатро душвор гардонида буд. Бо татбиқи ислоҳоти иқтисодӣ, рушди соҳибкорӣ, ҷалби сармоягузорӣ ва амалӣ намудани барномаҳои давлатӣ тадриҷан заминаҳои нави рушди иқтисодӣ ба вуҷуд омаданд. Сохтмони роҳҳо, нақбҳо, пулҳо ва дигар иншооти инфрасохторӣ барои рушди савдо, истеҳсолот ва робитаҳои иқтисодии дохилӣ имкониятҳои бештар фароҳам овард. Дар давраи истиқлолият ҷалби сармоягузорӣ ба яке аз омилҳои муҳими рушди иқтисоди миллӣ табдил ёфт. Сармоягузории дохиливу хориҷӣ барои бунёди корхонаҳо, рушди инфрасохтор, зиёд намудани истеҳсолот ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ имконият фароҳам меорад. Фароҳам сохтани муҳити мусоиди сармоягузорӣ, дастгирии соҳибкорӣ ва истифодаи самараноки имкониятҳои иқтисодии кишвар метавонад рақобатпазирии иқтисоди миллиро баланд бардорад. Аз ин рӯ, рушди фаъолияти сармоягузорӣ на танҳо барои пешрафти иқтисодӣ, балки барои таҳкими пояҳои истиқлолияти иқтисодии кишвар низ аҳаммияти муҳим дорад. Истиқлолият ҳамзамон масъулияти бузургро бар дӯши ҳар як шаҳрванди кишвар мегузорад. Ҳифзи дастовардҳои истиқлолият танҳо вазифаи давлат набуда, масъулияти умумии ҷомеа мебошад. Таҳкими сулҳу ваҳдат, эҳтироми қонун, меҳнати созанда, рушди иқтисодӣ ва саҳм гузоштан дар ободии Ватан аз ҷумлаи роҳҳои асосии ҳифзи истиқлолият мебошанд. Зеро истиқлолияти сиёсӣ дар сурати мавҷуд будани иқтисоди устувор ва ҷомеаи муттаҳид боз ҳам қавитар мегардад. Дар арафаи таҷлили 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон зарур аст, ки ба роҳи тайкардаи кишвар бо ҳисси масъулият назар андозем. Тоҷикистон дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ марҳилаҳои душвори давлатсозиро паси сар намуда, аз буҳрони сиёсӣ ва иқтисодӣ ба роҳи сулҳу субот ва созандагӣ қадам гузошт. Ҳар як дастоварди иқтисодӣ, иншооти бунёдшуда ва қадами созанда самараи имкониятҳое мебошад, ки истиқлолият фароҳам овардааст. Чунон ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Ба даст овардани истиқлолият кори бисёр душвору заҳматталаб мебошад, вале ҳимояи пирӯзӣ ва дастовардҳои истиқлолият кори аз он ҳам душвортару пурмасъулият аст». Истиқлолияти давлатӣ барои Тоҷикистон заминаи асосии эҳёи давлатдории миллӣ, таҳкими пояҳои давлат ва рушди мустақилонаи кишвар мебошад. Дар шароити имрӯза ҳифзи сулҳу ваҳдат, рушди иқтисоди миллӣ, ҷалби сармоягузорӣ, дастгирии соҳибкорӣ ва ҳимояи манфиатҳои миллӣ аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимми давлат ва ҷомеа ба шумор мераванд. Истиқлолият моро водор месозад, ки дастовардҳои бадастомадаро ҳифз намуда, барои таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва фароҳам овардани шароити беҳтари зиндагии мардум пайваста талош намоем. Зеро, пойдории истиқлолият аз ҳисси масъулият, меҳнати созанда ва садоқати ҳар як шаҳрванди кишвар ба Ватан вобастагӣ дорад. Бигзор Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамеша дар фазои сулҳу субот рушд намуда, ояндаи боз ҳам ободу осуда ва пешрафта дошта бошад. Шукуров С. М. – н.и.и., ходими калони илмии шуъбаи бозорҳои молиявӣ ва идоракунии лоиҳаҳои сармоягузории Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ

Муфассалтар

Таълим

Омода кардани насли навини олимони иқтисод ва демографҳо

Магистратура

Таълим дар 3 ихтисос. Қариб 39 магистрантҳо омӯзиш мегузаранд.

Аспирантура / PhD

Шӯъбаи омода кардани кадрҳои илмии баландихтисос.

Шӯрои диссертационӣ

Шӯрои КОА-109 оид ба ҳимояи рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ.

Фаълияти илмӣ

Бештар аз 2000 корҳои илмӣ дар 10 соли охир

Монографияҳо ва китобҳо

Беш аз 129 монография ва китобҳои илмӣ оид ба иқтисод ва демография нашр шудааст.

Маҷаллаи илмӣ

Нашрияи даврии таълимотӣ бо архиви электронӣ ва нашрияҳои баррасишаванда.

Конференсия

Семинарҳои илмӣ мунтазам, мизҳои мудаввар ва конфронсҳои байналмилалӣ.

Аснод ва маҳзани маълумот

Барои тамос

Суроға

734024, ш. Душанбе, к. Мирзо Ризо 6А

Телефон

+992 (37) 221-67-50 +992 (37) 221-57-65

Email

info@ied.tj