Семинари илмӣ-назариявӣ
Санаи 06 сентябри соли 2025 дар толори Шурои олимони Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ семинари илмӣ назариявии доимоамалкунанда баргузор гардид, ки дар он ходими пешбари илмии шуъбаи тадқиқоти назариявӣ ва робитаҳои иқтисоди хориҷӣ, н.и.и. Холбобоев Ф.С. дар мавзӯи «Соҳибистиқлолӣ - кафолати ояндаи кишвар» баромад намуда, оиди дастовардҳо дар 34 соли Истиқлолият сухан ронданд. Дар рафти чорабинии мазкур, инчунин, ходимони илмии Институт Ш.Раҳимзода, Шарифзода Б.М., Алимов А.Л., Хоналиев Н. ва дигарон фикру андешаҳои худро иброз намуданд.