ИЭД НАНТ
Меню

Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Институти иқтисодиёт ва демография

Иқтисодиёт — асос ва кафолати мавҷудияти ҷомеа

30+

Докторов наук

32

Кандидатов наук

2000+

Публикаций

129+

Монографий

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Новости

Семинари илмии муштарак дар мавзуи «Мактаби дипломатияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон»

Семинари илмии муштарак дар мавзуи «Мактаби дипломатияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон»

Санаи 19-уми майи 2026 дар Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ дар ҳамкорӣ бо Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон силсиласеминарҳои илмии «Мактаби дипломатияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон» идома ёфт. Дар семинари навбатии муштарак директори Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ, д.и.и. Бобозода Комилҷон, муовини директори Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ, н.и.и. Ҷалилзода Д.Р., сарходими илмии шуъбаи бозори молиявӣ ва идоракунии лоиҳаҳои сармоягузории Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ, д.и.и., дотсент Шарифзода Б.М. ва ходими пешбари илмии шуъбаи иқтисодиёти ҷаҳон ва муносибатҳои иқтисоди байналхалқӣ, н.и.и. Холбобоев Ф.С. иштирок намуданд. Дар рафти семинар Холбобоев Файзулло Самадович ба ҳайси намояндаи доимии  Тоҷикистон дар  ИДМ ва  Иттиҳодии иқтисодии Авруосиё (солҳои 2006-2015) ва собиқ Сафири  Фавқуллода ва  Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Украина ва Молдова дар солҳои 2015-2021 дар мавзуи «Тоҷикистон дар низоми ҳамкориҳои минтақавӣ: муносибатҳо бо Украина, Ҷумҳурии Молдова, ИДМ ва Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё» суханронӣ намуданд. Семинари илмӣ таҳти мудирияти директори Институти омузиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ Ҳайдарзода Рустам ва директори Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ Бобозода Комилҷон  баргузор гашт.

Подробнее
ИШТИРОКИ ОЛИМОНИ ИНСТИТУТИ ИҚТИСОДИЁТ ВА ДЕМОГРАФИЯИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН ДАР ЧОРАБИНИҲОИ ИЛМИИ САТҲИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

ИШТИРОКИ ОЛИМОНИ ИНСТИТУТИ ИҚТИСОДИЁТ ВА ДЕМОГРАФИЯИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН ДАР ЧОРАБИНИҲОИ ИЛМИИ САТҲИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Бахшида ба 35-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон гардидани солҳои 2025-2030 конференсияи илмӣ-амалии байналмилалии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон таҳти унвони «ТАШКИЛИ МУОМИЛОТИ ПУЛӢ ДАР ШАРОИТИ ГУЗАРИШ БА ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ» баргузор гардид, ки дар кори ҷаласаи пленарии конференсия маърузаи сарходими илмии шуъбаи бозорҳои молиявӣ ва идоракунии лоиҳаҳои сармоягузорӣ, д.и.и., профессор Раҳимзода Шариф дар мавзӯи “Рақамикунонии ҳисобдорӣ ва истифодаи зеҳни сунъӣ – омили таъмини шаффофият дар фаъолияти бонкҳо” дар сатҳи баланди илмӣ ироа гардид.

Подробнее
ИШТИРОКИ ОЛИМОНИ ИНСТИТУТИ ИҚТИСОДИЁТ ВА ДЕМОГРАФИЯИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН ДАР ЧОРАБИНИҲОИ ИЛМӢ.

ИШТИРОКИ ОЛИМОНИ ИНСТИТУТИ ИҚТИСОДИЁТ ВА ДЕМОГРАФИЯИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН ДАР ЧОРАБИНИҲОИ ИЛМӢ.

Бахшида ба 35-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи якуми байналмилалии илмӣ-амалӣ оид ба идоракунии рушд бо тамаркуз ба мониторинг ва арзёбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Мусоидат ба банақшагирии стратегӣ, мониторинг ва арзёбӣ, инчунин ҳамкорӣ барои рушди устувор дар Тоҷикистон» баргузор гардид, ки дар сессияи 1-уми он – «Таҷрибаи мониторинг ва арзёбӣ: вазъ ва дурнамо» маърузаи ходими пешбари илмии шуъбаи назарияи иқтисод ва таҳқиқоти институтсионалӣ, н.и.и. Ҷӯразода Т.Ҷ. дар мавзӯи «Сабақҳои омӯхташудаи рушди низоми миллии мониторинг ва арзёбӣ» пешниҳод гардид. Ҳадаф аз ин чорабинӣ дар мустаҳкам намудани иқтидор ва малакаҳои касбии мутахассисони мониторинг аз минтақаҳои Тоҷикистон дар истифодаи Роҳнамо оид ба таҳия, мониторинг, арзёбӣ ва заминаҳои он иборат мебошад.

Подробнее

ҲЕҶ КАС ВА ҲЕҶ ЧИЗ ФАРОМӮШ НАМЕШАВАД!

Ин рӯзро ба хотири арҷгузорӣ ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва заҳматкашони ақибгоҳ, яке аз санаҳои муҳими таърихӣ - Рӯзи ғалаба бар фашизм медонанд ва ин санаро тантанавор ҷашн мегиранд. Ин рӯз чун хотираи он родмандони шуҷоатманди халқу Ватан, ки баҳри зиндагии осуда ва хуррами имрӯзаи мо дар набардҳои хунин ҷангида буданд, дар ёди мо нақш бастааст. Ин санаи муҳим дар таърихи давлатдории навини Тоҷикистони соҳибистиқлол буда, 9 май чун Рӯзи Ғалабaи халқҳо дар Ҷанги Бузурги Ватани (1941-1945) боифтихор ҷашн гирифта мешавад. Ин рӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иди расмии давлатӣ эътироф гардида, дар қаламрави кишвар, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо чорабиниҳои гуногун баргузор мегардад. Таърих гувоҳ аст, ки аз Тоҷикистон беш аз 300 ҳазор нафар шаҳрвандон ба ҷанг сафарбар гардида, дар майдони муҳориба зиёда аз 90 ҳазор нафари онҳо ҳалок ва беш аз 60 ҳазор нафар маҷруҳ гардида буданд. Дар остонаи ҷашн ҳафтаи «Поси хотир», дидорҳо бо куҳансарбозони ҷанг баргузор мешуданд, ки барои тарбияи насли наврас нигаронида шуда буданд. Имрӯз дар Тоҷикистон шумораи иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ хеле кам ҳаёт ба сар мебаранд. Бояд гуфт, ки пирӯзӣ бар фашизм ба ивази ҷони даҳҳо миллион нафар сарбозону афсарон, аз ҷумла, фарзандони Тоҷикистон, аҳолии осоиштаи дар минтақаҳои таҳти амалиёти ҷангӣ ва ақибгоҳ қарордошта, маъюб шудани миллионҳо нафари дигар ва гуруснагиву маҳрумиятҳои гӯшношунид ба даст омадааст. Хушбахтона, дар замони соҳибистиқлолӣ таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари ятимону маъюбон ва оилаҳои камбизоату бесаробон пирони рӯзгордида ва иштирокчиёни ҷангу меҳнат низ таҳти меҳрубонӣ ва нигоҳубини арзанда қарор доранд. Сарвари давлат ба ин масъала таваҷҷуҳи зиёд доранд ва дар бисёр баромадҳои худ таъкид менамоянд, ки таъмини онҳо бо шароити мусоиди зиндагӣ вазифаи ҷонии ҳар як роҳбар, шахсони фаъол, соҳибкорон ва афроди ҳимматбаланд мебошад. Яъне ҷанговарон, собиқадорони мо то имрӯз дар ёду хотирҳо боқӣ монданд. Хотиррасон менамоем, ки фард чӣ гунае принсипҳои ахлоқӣ дошта бошад, дар ҳар сурат, дар ҳар гуна шароит ба хизмати Ватан-Модар содиқ бояд бимонад. Ба муносибати Рӯзи пирӯзӣ дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон якчанд кӯча, майдонҳо ва боғҳо ба шарофати Рӯзи Ғалаба ва қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватанӣ номгузорӣ шудаанд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон то ҳанӯз барои оилаҳои собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва собиқадороне, ки хушбахтона, то имрӯз арзи ҳастӣ доранд, ғамхорӣ карда истодааст. Имрӯз шалқҳои даври Шӯравӣ зимни таҷлили бошукуҳи Рӯзи Ғалаба ба инсоният нишон медиҳад, ки танҳо бо муттаҳидӣ ва дӯстӣ сайёраро аз ҳар гуна даҳшату хунрезӣ ва қувваҳои ифротӣ эмин доштан имконпазир аст. Рӯзи Ғалабаи Иттиҳоди Шӯравӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ санаи хеле муҳимест, ки ба мо наздик аст. Аз ин рӯ, ба насли наврасамон ёд додан лозим меояд, ки қадршиносӣ ба Ватан вазифаи муқаддас мебошад. Ватан то ман сазовори ту бошам, Бароят то шавам арзанда фарзанд. Равам бо роҳи мардони накуят, Бигирам аз хирадмандони ту панд. Мутаассифона, ҳар сол бо дард мушоҳида мекунем, ки сафи собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ кам шуда истодаанд. Вале бояд дар хотир дошт, ки оид ба корнамоиҳои каҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватанӣ бо ҷавонон натанҳо дар арафаи ҷашн, балки дар тамоми даврае, ки раванди таълиму тарбия давом дорад, муҳокима намоем. Таҷлили ҳамасолаи Рӯзи Ғалаба ба аҳли башар бори дигар собит месозад, ки мустаҳкам намудани дӯстиву ҳамкорӣ ва робитаҳои неку созандаи халқу давлатҳои гуногун омили асосии таъмин намудани сулҳу субот, рушди давлату халқҳои ҷаҳон ва рӯзгори орому осудаи мардуми олам буда, инсоният танҳо бо саъйю талоши муштарак метавонад бар зидди ҳама гуна неруҳои бадхоҳ истодагарӣ намояд. Бинобар ин, сазовор ҷашн гирифтани Рӯзи Ғалаба барои аз байн бурдани хурофоту бегонапарастӣ, ҷаҳолату нодонӣ замина гузошта, барои тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ, меҳанпарастӣ, худшиносӣ ва ҳифзу дарки самараҳои истиқлолият омили муҳим мебошад. Баҳри ҳифзу пойдорӣ, якпорчагӣ, сулҳу ваҳдат ва суботи кишвар фаъолияти худро мо - олимони ҷавон, бояд ба роҳ монем, баҳри рушду инкишоф ва муаррифии ин сарзамин дар арсаи байналмилалӣ талош варзем. Рӯзи Ғалаба муборак бошад! Ходими пешбари илмии шуъбаи таҳқиқоти инфрасохторӣ, н.и.и. Шералиев Абдувоҳид Абдуҳамидович

Подробнее

МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚИИ ШАҲРВАНДОН ЗАМИНАИ НИЗОМИ УСТУВОРИ РАФТОРИ ҲУҚУҚӢ.

Таърихи начандон зиёди даврони соҳибистиқлолӣ собит менамояд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ва гузариш аз як сохт ба сохти дигари идоракунӣ масъалаи ташаккул ва баланд бардоштани фарҳангу маърифати ҳуқуқии шаҳрвандонро бо дарназардошти сохти нави идоракунии давлатӣ ҳадафи асосӣ ва вазифаи аввалиндараҷаи сиёсати ҳуқуқии худ қарор додааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид кардаанд, ки ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳем. Қишрҳои гуногуни ҷомеа, хусусан, олимону донишмандон бояд ташаббуси сулҳпарваронаи Сарвари давлатро пеша гирифта, дар роҳи татбиқи амалӣ ва шарҳу тавзеҳи илмии он талошҳои беандоза менамоянд. Имрӯз бо назардошти ҷаҳонишавӣ ва ба миён омадани муносибатҳои нави ҷамъиятӣ, масъалаи баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ муҳим гардида, он метавонад ба рушди Љумњурии Тоҷикистон ҳамчун давлати ҳуқуқбунёд ба сифати омили мусоидаткунанда баромад намояд. Зеро мавҷудияти сатҳи баланди маърифати ҳуқуқӣ заминаи бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, иҷтимоӣ ва ягона мебошад, ки дар он натанҳо ба арзишҳои ҳуқуқӣ, балки ба арзишҳои ахлоқӣ эҳтиром гузошта мешавад. Маърифати ҳуқуқӣ раванди иттилоотоникунонии ҳуқуқӣ доир ба қоидаҳои умумии ҳатмии рафтор (меъёр)-и муқаррарнамудаи қонунгузорӣ фаҳмида мешавад, ки мақсади он ба баланд бардоштани шуурнокии субъектони муносибатҳои ҷамъиятӣ, амалишавӣ ва риояи қонунҳо, инчунин, пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар тамоми соҳаҳо равона шудааст. Омӯзиши санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ собит менамояд, ки маҳз аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2024 ҳамчун «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон гардида буд, ки мақсад аз он баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғиби арзишҳои демократӣ, тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром нисбат ба он буд. Соли 2024 чун «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон гардидан аз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 28-уми декабри соли 2023 асос гардида, ҳадафҳои ин сол қаблан чунин муайян гардида буданд:  Баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии субъектҳои муносибатҳои ҷамъиятӣ;  Тарғиби арзишҳои демократӣ;  Мустаҳкам намудани институти ҳуқуқи инсон ва муносибати эҳтиромона бо он;  Боз ҳам баланд бардоштани мақоми қонун;  Тарбияи субъектҳои муносибатҳои ҷамъиятӣ дар руҳияи эҳтиром нисбат ба қонун ва бартараф намудани инкори он;  Таъмини волоияти қонун;  Ташаккул додани низоми устувори рафтори ҳуқуқӣ;  Оштинопазирӣ нисбат ба ҳама гуна ҳуқуқвайронкунӣ ва ногузир будани масъулияти ҳуқуқӣ;  Ҳамоҳангсозии фаъолияти тамоми субъектҳои тарғиб ва ташвиқи ҳуқуқӣ;  Ташкил намудани механизми самараноки ҳамкории давлат ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии субъектҳои муносибатҳои ҷамъиятӣ. Анҷом додани тадбирҳои зикргардида арзиши олӣ будани инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯро таъмин намуда, ба эҳтиром ва риояи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаҳо, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, тақвияти рағбати шаҳрвандон ба донишҳои соҳањои гуногун, васеъ намудани дастрасии шаҳрвандон ба иттилооти ҳуқуқӣ, паст гардидани сатҳи ҳуқуқвайронкунӣ мусоидат хоҳад кард. Мо шаҳрвандони Љумњурии Тоҷикистон бояд ин иқдомњои Сарвари давлатро якдилона дастгирӣ намуда, баҳри баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии худ ва фарзандон, инчунин аҳли ҷомеа сайъю кўшиш намоем. Зеро мақсади асосии ин иқдом, пеш аз ҳама, ба шаҳрвандон ва ҳар як фарди ҷомеа омӯхтан ва дарки ҳуқуқҳои худ ва эҳтирому риояи ҳуқуқҳои дигарон мебошад. Тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ў чун арзиши олӣ арзёбӣ гардида, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд. Шукрона аз он мекунем, ки мо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 ҳама якдилона дар раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлолро қабул кардем ва дар он иброз намудем: «Мо халқи Тоҷикистон, қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон буда, худро дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда масъул ва вазифадор дониста, таъмини соҳибихтиёрии давлати худ ва рушду камоли онро дарк намуда, озодӣ ва ҳуқуқи шахсро муқаддас шумурда, баробарҳуқуқӣ ва дўстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф карда, бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ қарор дода, ҳамин Конститутсияро қабул ва эълон менамоем». Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади тақдирсозу муътабар қабул гардидааст ва тўли солњо мешавад, ки мавриди амал қарор дошта, ба халқи Тоҷикистон асосҳои адолати ҳуқуқиро пешбинӣ мекунад. Боиси сарфарозӣ ва ифтихор аст, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори беҳтарин конститутсияҳо дар ҷаҳон пазируфта шуда, аз се як ҳиссаи он пурра ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд бахшида шудааст ва давлат ба он кафолат медиҳад. Мо тамоми шаҳрвандони Љумњурии Тоҷикистон баробарҳуқуқ буда, аз ҷиҳати шаъну шараф ва ҳуқуқҳо баробар ба дунё меоем, соҳиби ақлу виҷдон ҳастем ва бояд бо якдигар муносибати бародарона дошта бошем. Ҷиҳати расидан ба мақсаду маромҳои олӣ баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқии ҷомеа аз ҳар як фарди ҷумҳурӣ тақозо менамояд, ки Конститутсия ва дигар қонунҳоро хонад ва омўзад, зеро эҳтиром ва риояи ҳуқуқи инсон қисми ҷудонашавандаи зиндагӣ, фаъолият ва рафтори ҳар як узви ҷомеа мебошад. Ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии худ ва огоҳӣ доштан аз ҳуқуқҳои худ мо бояд аз қонунҳое, ки ҳуқуқҳои моро ба танзим медароранд, огоҳӣ дошта бошем. Масалан, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳамагуна шаклҳои табъиз», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ», Илова бар ин мо бояд донем, ки мутобиқи моддаи 43-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст. Мо шаҳрвандони Љумњурии Тоҷикистони азиз бояд шукрона аз он кунем, ки давлати соҳибистиқлолу ҳуқуқбунёд ва демократӣ дорем. Ќайд намудан зарур аст, ки 12 декабри соли 2025 Маҷмааи Умумии Созмони Миллали Муттаҳид дар доираи Иҷлосияи 80-уми худ лоиҳаи қатъномаро таҳти унвони «Соли 207 чун Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ», ки бо ибтикори Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид, қабул намуд. Бо назардошти амалисозии муваффақонаи «Соли маърифати ҳуқуқӣ» дар Тоҷикистон дар соли 2024, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, зимни суханронӣ дар мубоҳисаҳои Иҷлосияи 80-уми Маҷмааи Умумии СММ пешниҳод намуданд, ки ин ташаббус ба сатҳи байналмилалӣ бароварда шуда, соли 2027 ҳамчун «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ» эълон гардад. Бо ироаи ин пешниҳод, Роҳбари давлат аҳамияти умумиҷаҳонии маърифати ҳуқуқиро ҳамчун пояи асосии адолат, мудирияти муассир ва сулҳи пойдор таъкид намуданд. Ин ташаббус дар амалисозии пурраи ҳуқуқи инсон ва таҳкими волоияти қонун дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ саҳми назаррас хоҳад гузошт. Аз ин рӯ, маърифати ҳуқуқӣ василаи ба шаҳрвандон нишон додани ҳуқуқҳои онҳо ва тавсифи имкониятҳои воқеии зуҳури қобилияти худ дар ҳаёти ҷомеаву давлат дар заминаи эҳтироми ҳуқуқу озодӣ ва шаъну шарафи дигарон баромад мекунад. Дар маҷмуъ ибрози ин андешаҳоро ҳамчун шаҳрванд баҳри тарҳрезии муносиби чорабиниҳо ва ҳарчи самарабахшу муфид роҳандозӣ намудани онҳо дар ин соли таҷлилии маърифати ҳуқуқӣ барои аз байн бурдани хурофоту бегонапарастӣ, ҷаҳолату нодонӣ замина гузошта, барои тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ, меҳанпарастӣ, худшиносӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ нақши назаррас мегузорад. Ходими пешбари илмии шуъбаи таҳқиқоти инфрасохторӣ, н.и.и. Шералиев Абдувоҳид Абдуҳамидович.

Подробнее
Семинари илмии муштарак дар мавзуи «Мактаби дипломатияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон»

Семинари илмии муштарак дар мавзуи «Мактаби дипломатияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон»

06 майи 2026 дар Институти омузиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон силсиласеминарҳои илмии муштарак дар мавзуи «Мактаби дипломатияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон» идома ёфт. Дар семинари навбатии муштарак муовини директори Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ, н.и.и. Ҷалилзода Д.Р. ва сарходими илмии шуъбаи бозори молиявӣ ва идоракунии лоиҳаҳои сармоягузории Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ, д.и.и., профессор Шариф Раҳимзода иштирок намуданд. Дар рафти семинар Шариф Раҳимзода ба ҳайси собиқ сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Белгия ва Франсия, намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар созмонҳои аврупоӣ, Юнеско ва НАТО дар мавзуи «Ташаккул ва рушди муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо» суханронӣ намуданд.

Подробнее

Дар бораи Институт

Таълим

Омода кардани насли навини олимони иқтисод ва демографҳо

Магистратура

Таълим дар 3 ихтисос. Қариб 39 магистрантҳо омӯзиш мегузаранд.

Аспирантура / PhD

Шӯъбаи омода кардани кадрҳои илмии баландихтисос.

Шӯрои диссертационӣ

Шӯрои КОА-109 оид ба ҳимояи рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ.

Фаълияти илмӣ

Бештар аз 2000 корҳои илмӣ дар 10 соли охир

Монографияҳо ва китобҳо

Беш аз 129 монография ва китобҳои илмӣ оид ба иқтисод ва демография нашр шудааст.

Маҷаллаи илмӣ

Нашрияи даврии таълимотӣ бо архиви электронӣ ва нашрияҳои баррасишаванда.

Конференсия

Семинарҳои илмӣ мунтазам, мизҳои мудаввар ва конфронсҳои байналмилалӣ.

Аснод ва маҳзани маълумот

Барои тамос

Суроға

734024, ш. Душанбе, к. Мирзо Ризо 6А

Телефон

+992 (37) 221-67-50 +992 (37) 221-57-65

Email

info@ied.tj