Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии ТоҷикистонРӯзи Ваҳдати миллӣ

ПАЁМИ ШОДБОШИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ

Ношир: WWW.IED.TJ Санаи интишор: Ҷум, 11/24/2023 - 08:00
ПАЁМИ ШОДБОШИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ

Ҳамватанони азиз!

Ҳамаи шуморо ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ, ки рамзи муқаддаси соҳибдавлативу соҳибихтиёрӣ, ифодагари орзуву ормони миллӣ ва арзишҳои олии тамаддуни халқи тоҷик мебошад, самимона табрик мегӯям.

Парчами давлати навини тоҷикон зодаи даврони соҳибистиқлолӣ буда, аз нахустин рӯзҳои қабули он мардуми мо дар роҳи ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, сулҳу оромӣ ва бунёди давлатдории миллии худ қадамҳои устувор гузоштанд ва ба зиндагии осудаву ороми имрӯза расиданд.

Манбаъ: 
http://president.tj/node/31985

КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-АМАЛИИ ҶУМҲУРИЯВӢ ДАР МАВЗӮИ «ҲОЛАТИ МУОСИР ВА РУШДИ ҚУВВАҲОИ ИСТЕҲСОЛКУНАНДАИ СОҲАҲОИ САНОАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН»

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Сшб, 11/28/2023 - 14:07

Санаи 28 ноябри соли 2023 дар Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар доираи татбиқи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва дар асоси қарори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз 25 майи соли 2023 №71 «Дар бораи Нақшаи баргузории чорабиниҳои илмӣ ва илмию техникӣ дар АМИТ барои соли 2023» конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Ҳолати муосир ва рушди кувваҳои истеҳсолкунандаи соҳаҳои саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.

Тоҷикӣ

Ҳисоботи лоиҳаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Чшб, 11/22/2023 - 10:01

Санаи 22-юми ноябри соли 2023 дар толори бинои кафедраи фалсафаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон арзёбии рафти иҷрои лоиҳаҳои илмӣ ва илмию техникии Шӯрои ҳамоҳангсозии корҳои илмию таҳқиқотӣ барои солҳои 2020-2023 баргӯзор гардид. 

Тоҷикӣ

Конференсияи илмӣ-амалӣ

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Сшб, 11/21/2023 - 17:00

Рӯзи 21 ноябри соли 2023 дар толори Шурои олимони Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар мавзўи «Равандҳои муосири демографӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мушкилот ва дурнамо» конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид. Дар оғози кори конференсия директори Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Шариф Раҳимзода бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуданд. Сипас, тибқи барнома д.и.и., профессор Улмасов Р.У., д.и.и. Комилов А.К. ва ходимони илмии шуъбаи таҳқикоти демографии Институт – мудири шуъба, н.и.и.

Тоҷикӣ

Вохӯрии роҳбарияти Институти иқтисодиёт ва демография Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ҳайати 5-нафараи Институти сиёсат ва муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи Ланджоуи Ҷумҳурии Халқии Хитой

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Пшб, 11/16/2023 - 15:47

Санаи 16 ноябри соли 2023 вохӯрии роҳбарияти Институти иқтисодиёт ва демография Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ҳайати 5-нафараи Институти сиёсат ва муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи Ланджоуи Ҷумҳурии Халқии Хитой Цзяо Ичянг – профессори Институти сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои хориҷии Донишгоҳи Ланджоу, Динг Шучин – доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессори Донишгоҳи Ланджоу, Вей Цзиншен – доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсенти Институти сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои хориҷии Донишгоҳи Ланджоу, Чжан Юян – доктори имлҳои сиёсатшиносӣ, дотсенти Институти таҳқиқоти Осиёи Марказӣ ва Институти

Тоҷикӣ

Саҳифаҳо

Обуна ба Диҳиши саҳифаи асосӣ