Рушди устувори иқтисод ҳамчун омили таҳкими Ваҳдати миллӣ
«Имрӯз аз файзу баракати истиқлолияту соҳибихтиёрӣ ва ваҳдати миллӣ мардуми мо дар шоҳроҳи рушди устувори боэътимоди комил ба имрӯзу фардои Ватани азизамон қадам мезанад».
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Ваҳдати миллӣ шароити асосиро фароҳам меорад, ки бидуни он рушди устувори иқтисодӣ ғайриимкон аст, зеро ки:
• муттаҳидӣ шиддати иҷтимоиро коҳиш намуда, ба ташаккули нақшаю стратегияҳо барои ояндаи устувору фарогир мусоидат менамояд (аз он ҷумла, майли соҳибкорону сармоягузорон дар таҳияи лоиҳаҳои дарозмуддат бо такя ба субот ва қоидаҳои равшани фаъолият, афзун мегардад);
• фазои ягонагӣ ба таъмини тамаркузи захираҳо барои рушд саҳм мегузорад (аз он ҷумла, ташаббус ва талошҳои дастаҷамъӣ доир ба саноатикунонии босуръат, рақамикунонӣ, рушди инфрасохтор (энергетика, нақлиёт) ва дастгирии тиҷорати хурду миёна амалӣ мегарданд);
• дастаҷамъӣ дар атрофи ҳадафи ягона – беҳтар гардонидани сатҳу сифати зиндагии мардум, ривоҷи ҳамкориҳои созанда байни макомоти давлатии идоракунӣ, соҳибкорон, ҷомеаи илмӣ ва шаҳрвандиро таъмин мегардонад (аз он ҷумла, баҳамгироии талошҳо, бунёди муколама, ёфтани созишҳо ва тақсими самараноки нақшҳо ва захираҳо мусоидат менамояд);
• сатҳи умумии эътимоднокӣ ва масъулиятнокӣ доир ба ояндаи рушд бар пояи адолат (дастрасии баробар ба имкониятҳо, маориф ва нигоҳубини тиббӣ) ташаккул меёбад (аз он ҷумла, ба рушди сармояи инсонӣ чун асоси иқтисоди инноватсионӣ ва рақобатпазир такон мебахшад).
Дар натиҷа инкишофи кишвар торафт бештар бо тамоюлҳои рушди устувор пайваст буда, сатҳи зиндагонии мардум меафзояд.
Дар бисту панҷ соли охир сатҳи миёнасолонаи рушди маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) 7,7%-ро ташкил намуд. Муваффақ гардидани суботи макроиқтисодӣ имконият дод, ки коҳиши сатҳи камбизоатии аҳолӣ – аз 81 дарсади соли 1999 то 19 дарсад дар соли 2025 ва таварруми пул аз 26,3 дарсад то 3,5 дарсад, афзоиши даромадҳои аҳолӣ ва маблағгузории буҷетии соҳаҳои иҷтимоӣ, амалан таъмин гардад.
Агар дар соли 2000 ММД ба сари аҳолӣ 158 долларро ташкил дода бошад, пас дар соли 2025 қариб ба 1642,2 доллар расид, яъне беш аз 10 маротиба зиёд гардид. Бояд қайд намуд, ки суръатҳои миёнасолонаи рушди ММД ба сари аҳолӣ нисбати суръатҳои афзоиши аҳолӣ зиёда аз 2 - 3 маротиба баландтар аст, ки далели баландтар шудани сатҳи зиндагонӣ мебошад.
Дар назар аст, ки то соли 2030 суръатҳои рушди ММД на камтар аз 8% солона таъмин мегардад. Ин имконият медиҳад, ки ММД ба сари аҳолӣ дар давоми солҳои 2026-2030 на камтар аз 1,5 зиёд гардад. Вобаста ба ин, мақсад гузошта шудаст - кишварамон ба гурӯҳи давлатҳои миёнадаромад дохил шавад, фақри шадид пурра бартараф карда шуда, сатҳи камбизоатӣ то 10 дарсад коҳиш ёбад, ҳиссаи табақаи миёна бошад то 50 дарсади аҳолӣ зиёд шавад. Чунин вазифагузориҳо бо назардошти афзоиши аҳолӣ, зудтағйирёбии вазъ дар бозорҳои ҷаҳон, тағйирёбии иқлим ба ягонагию дастаҷамъии фаъолияти ниҳоду мақомотҳои гуногун, соҳибкорону сармоягузорон такя мекунанд.
Дар маҷмӯъ, ба солҳои 2026-2030 фаъолият ба ҳалли вазифаи аввалиндараҷа- ба амал овардани ҷаҳиши сифатнок дар сатҳҳои қувваҳои истеҳсолкунанда, ноил шудан ба суръати баланди рушди иқтисодӣ ва ҳамзамон диққат ба масъалаҳои таваррум, ҷойҳои корӣ ва даромади аҳолӣ равона хоҳад гардид. Чунин самтҳои фаъолият дар барномаҳои стратегии кишвар инъикоси худро ёфтааст.
Стратегияи рушди иқтисоди ҷумҳурӣ дар айни замон ба санадҳои барномавии асосӣ, ба мисли Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 (зинаи сеюм – Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026 – 2030) ва Барномаҳои рушди соҳаҳою минтақаҳои алоҳида асос ёфтааст, ки онҳо раванди рушди кишварро дар ояндаи миёнамуддат мутобиқи Ҳадафҳои рушди устувор мураттаб менамоянд.
Буҷети давлатӣ, сиёсати буҷетии ҷумҳурӣ яке аз масъалаҳои асосии солҳои 2026-2030 буда, бо интизориҳои баландтар намудани фаъолнокии соҳибкорӣ ва рушди сармояи инсонӣ пайваст карда шудааст. Барои баланд бардоштани самаранокии фаъолияти низоми буҷетӣ ва системаи идоракунии давлатӣ Стратегияи идоракунии молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030 мавриди амал қарор дорад, ки барои беҳтар намудани интизоми муттафиқи молиявӣ (барои нигоҳ доштани устувории молияи давлатӣ), тақсими самараноки захираҳо (барои таъмини натиҷаноки маблағгузории афзалиятҳои стратегӣ), хизматрасонии самаранок (барои бо хароҷоти кам расондани хизматҳои босифати давлатӣ) нигаронида шудааст.
Раванди татбиқи банақшагирии миёнамуҳлати буҷавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2007 марҳала ба марҳала оғоз гардид.
Дар ин гуна шароит вазифаи таъмин намудани суботи молиявии давлат хеле муҳим мешавад. Нақшаҳою пешгӯиҳои оянда бо таъмини ҳалли вазифаи мувофиқати ҳаҷми буҷети давлатӣ ба миқёси вазифаҳои ҳалталаби иҷтимоию иқтисодии мамлакат вобаста мебошанд. Дар ин раванд, сиёсати андозӣ ба ҳалли се вазифаи муҳим: таъмини давлат бо захираҳои молиявӣ, танзими иқтисодиёт ва ҳалли вазифаҳои иҷтимоӣ чун механизми ягона равона мегардад.
Дар соҳаи пулию қарзӣ сиёсати давлатӣ ба паст кардани сатҳи таваррум, афзун шудани ҳаҷми сармояи бонкҳо ва маблағҳои амонатӣ, тадриҷан баланд намудани ҳиссаи пардохтҳои ғайринақдӣ дар иқтисодиёт, таъмини шаффофият дар фаъолияти бонкӣ, такмили хизматрасонии бонкӣ равона карда шудааст.
Дар бисту панҷ соли охир (2000–2025) шумораи бонкҳо ва ташкилотҳои маблағгузории хурд аз 17 ба 69 расидааст. Дар ин муддат дороиҳои ташкилотҳои қарзӣ ба андозаи қариб 127 маротиба афзуд. Дороиҳои низоми бонкӣ нисбат ба ММД аз 18,5 дарсади соли 2000 то ба 33,5 дарсад дар соли 2025 зиёд гардиданд. Дар солҳои охир Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026 мавриди амал қарор дорад. Дар назар аст, ки дар самти такмили низоми бонкӣ вазифаҳои - таъмини устувории низоми бонкӣ ва тавсеаи фарогирии молиявӣ, тақвияти низоми пардохт, бахусус ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ, муътадилии сатҳи таваррум, кам кардани пули нақди берун аз низоми бонкӣ ва афзоиши ҳаҷми қарзҳои дастрас ҳалли худро меёбанд.
Тағйиротҳои сохторӣ дар иқтисодиёти кишвар бо мустаҳкам намудани инкишофи соҳаҳои воқеии иқтисодиёт пайваст аст. Рушди соҳаҳои саноатию кишоварзӣ таъмин шуда истодааст. Дар давоми бисту панҷ соли охир ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ (бо назардошти рушди воқеӣ) 9 маротиба, кишоварзӣ - 6 маротиба афзуд.
Ҳоло кӯшишҳо дар таъмини суръати баландтари рушди соҳаҳои коркарди саноат бо такя ба ҳамгироии истеҳсолии иқтидорҳои истеҳсолии саноат ва кишоварзӣ таъмин шуда истодааст. Барои ин маҷмӯи чорабиниҳо – аз ҳалли мушкилоти таъминоти устувор бо қувваи барқ, вориди таҷҳизот ва бештар истифода намудани иқтидорҳои мавҷуда, ташкили низоми доимоамалкунандаи такмили ихтисосмандии мутахассисони соҳавӣ то такмили низоми таҳлил ва ояндабинии инкишофи бозори дохилӣ ва талаботи иқтисоди ҷаҳон ба маҳсулоти ватанӣ амалӣ шуда истоданд.
Ҳадаф ва натиҷаи асосии ҳамаи барномаҳои ҷумҳурӣ - баланд намудани сатҳи зиндагонии аҳолии кишвар аст. Дастгирии иҷтимоии аҳолӣ аз ҷониби давлат бо кӯшиши таъмини самараноки фаъолият дар ин самт ташкил карда шудааст. Ҳамаи чорабиниҳое, ки то ҳол дар мавриди ислоҳоти иқтисодӣ амалӣ шуда истодаанд, пеш аз ҳама ба иҷтимоиёт нигаронида шудаанд. Дар назар аст, ки дар оянда низ бо роҳи таъмин кардани рушди устувори иқтисодӣ ва имкониятҳои молиявии кишвар вазъи соҳаҳои иҷтимоӣ беҳтар мегардад.
То соли 2030 афзоиши шумораи захираҳои меҳнатӣ на камтар аз 700 ҳаз. нафар пешбинӣ мешавад. Ҳар сол ба бозори меҳнат ба ҳисоби миёна 120 ҳаз. нафар қувваи корӣ ворид мегардад. Коҳиши сарбории демографӣ ва афзоиши шумораи аҳолии синну соли қобили меҳнат метавонад пешбарандаи инкишофи иқтисод гардад. Дар ин раванд неруи меҳнатии нисбатан баландихтисос бояд таъмин карда шавад.
Ниҳоят дар маҷмӯъ инкишофи ҳозира ва ояндаи ҷумҳурӣ аз масъулият ва фаъолияти ҳамаи мақомотҳо, ҳамоҳангсозии фаъолияти онҳо вобаста аст. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати мутобиқ намудани низоми идоракунии давлатӣ ба принсипҳои демократӣ ва талаботи иқтисоди бозаргонӣ чорабиниҳои муайян анҷом дода истодааст. Стратегияи ислоҳоти идоракунии системаи давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул ва амалӣ гашт, таҳлилу шарҳҳои функсионалӣ, таҷдиди сохтории Ҳукумат гузаронида шуданд, Консепсияи такмили сохтори идоракунии давлатии Тоҷикистон қабул гардид. Бо мақсади таъмини ҳамкорӣ дар масъалаҳои рушди миллӣ дар асоси шарикияти шохаҳои ҳокимияти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрванди Шурои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамояд. Ҳадафи асосии марҳилаи ояндаи ислоҳот- бо таҳкими низоми идоракунии давлатӣ, амалӣ гардидани дастрасӣ ба хизматрасониҳои давлатии рақамӣ, таъминоти идораи давлатӣ бо мутахассисони сатҳи баланди касбӣ (аз он ҷумла, технократҳо) ва баланд бардоштани ҷолибияти хизмати давлатӣ пайваст аст.
Ҳамин тариқ, Ваҳдати миллӣ заминаю шароитҳои муҳим барои рушди иқтисодӣ - иҷтимоӣ тайёр намуд, ба таъмини инкишофи устувори иқтисод, ҷиҳати ба таври назаррас паст намудани сатҳи камбизоатӣ ва тавлиди синфи миёна ҳамчун қувваи асосии таъмини рушди дарозмуддат саҳми назаррас расонид. Ҳамзамон, иҷрои нақшаҳои созанда дар оянда низ дар назар аст, ки ба фаъолияти дастаҷамъӣ, муттаҳидсозии саъю талошҳо дар самти пайвастагии ҷанбаҳои гуногуни таъмини субот ва устувории иқтисодӣ бояд такя намоянд. Дар ин раванд масъулият ва салоҳияти ҳар як корманд, аз он ҷумла кормандони бахши илму таҳқиқот, хеле муҳим аст.
Муминова Ф. - н.и.и., мудири шуъбаи иқтисоди рақамӣ ва инноватсионӣ, Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ
Муфассалтар