ҶАШНИ АКАДЕМИК ОСИМӢ

Рузи 25 августи соли 2020 дар толори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Мизгирди байналмилалии илмии «Илм, олим ва ҷомеа: дирӯз ва имрӯз», бахшида ба 100-умин соли зодрӯзи аъзо-корреспонденти Академияи илмҳои СССР, академики Академияи илмҳои РСС Тоҷикистон, Президенти Академияи илмҳои РСС Тоҷикистон (1965-1988), раиси Комиссияи омӯзиши тамаддуни Осиёи Марказии ЮНЕСКО, асосгузор, раиси анҷумани тоҷикон ва форсигӯёни ҷаҳон «Пайванд» (1990-1996), барандаи Ҷоизаи байналмилалии ба номи Ҷавоҳирлол Неру, ходими намоёни давлатӣ ва ҷамъиятӣ Муҳаммад Осимӣ (1920-1996) баргузор гардид.

3.66

Дар ҳамоиш аъзои пайваста ва вобастаи АМИТ (Талбак Назаров, Мамадшо Илолов, Мусо Диноршоев, Собит Неъматуллоев, Юсуфшо Яъқубов, Улмас Мирсаидов, Кароматулло Олимов, Акбар Турсони Набипур, Абдусаттор Саидов, Муҳиба Якубова, Ҳайдаршо Пирумшоев, Мирзо Муллоаҳмадов, Муҳаммад Абдураҳмон…), директорон ва муовинони онҳо, ходимони илмии муассисаҳои илмӣ, олимон аз кишварҳои дуру наздик (аз тариқи онлайн) ширкат намуданд.
Сухани пешкушоди Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ академик Осимиро чун яке аз бузургтарин шахсиятҳои илму сиёсат ва фарҳангу тамаддуни асри гузашта муаррифӣ кард.
Нигоҳи нави таърихию, татбиқӣ, илмӣ ба фаъолияти омӯзишӣ (маориф), идорӣ-роҳбарӣ ва иҷтимоии академик Муҳаммад Осимӣ; зеҳнияти созандагӣ, омӯзгорӣ, роҳбар – вазири ояндабину мудаббир (ташкили низоми муназзами мактабу маорифи касбӣ, устод-бунёдгузори аввалин донишгоҳи техникӣ (таҳияи замина, дарёфти нерӯҳои илмию техникии донишгоҳ), коргузори хирадманиши давлатӣ-ҳизбӣ (котиби КМ ПК Тоҷикистон), ходими намоёни давлатию ҷамъиятӣ, файласуф, шарқшинос, таърихдон, физик ва назари таърихию концептуалӣ-илмӣ ба фаъолияти академик Муҳаммад Осимӣ ва дигар паҳлӯҳои фаъолияти Муҳаммад Осимӣ дар суханронии президенти АМИТ бозкушоӣ шуд.
Дар ҳамоиш масоили зерин мавриди баррасӣ ва муҳокимаву мунозираи олимон қарор гирифт:

3.64

Академик Муҳаммад Осимӣ – сарвари илми академии кишвар, Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (1965-1988): ташаккулу чирашудани Муҳаммад Осимӣ – чун сарвари ояндабину таъсиргузор ба илму фарҳанг, усул ва консепсияи усулан бунёдии М. Осимӣ дар тарбияи кадрҳои илмию идории муназзами илм, низому тарбияи нерӯҳои илмӣ (бунёди институтҳои нави табиатшиносӣ, ҷамъиятшиносӣ, Академия ва илми академӣ (ба маркази бузургу эътирофшудаи ақлию таҳқиқӣ дар кишвар ва бурун аз он, илми академӣ – бунёдӣ дар замони Осимӣ), М. Осимӣ муассису баргузоргари форумҳои байналмилалии илмӣ доир ба таъриху фарҳанг (симпозиумҳои назми форсӣ, кушониён, ҷашнвораҳои Амир Хусрав, Ҳофизи Шерозӣ, Айнӣ, Абуалии Сино, Борбад, Камоли Хуҷандӣ, Мирсайид Алии Ҳамадонӣ ва ғ.), тарҳрезии академии таърихи халқи тоҷик (поягузори ғояи таърихи этникии тоҷикон) ва ду китоби энциклопедию академии доир ба Тоҷикистон, асосгузору нашри Энциклопедияи миллии (8 ҷилд) тоҷик, шинохту омӯзиши фарҳанги ориёӣ ва ҷойгоҳи он дар тамаддуни башарӣ, вижагии генезис ва худшиносии миллати тоҷик аз нигоҳу бардошти М. Осимӣ; Бобоҷон Гафуров, Мирзо Турсунзода ва Муҳаммад Осимӣ, ягонагию якпорчагӣ, худшиносии миллат, эҳёи маниш ва хотираи таърихӣ, зиёиёни ватанӣ, ватану ватанмандӣ, тавзеҳ ва дифференциацияи нави пажӯҳишӣ дар иртибот ба сохтори идории давлату давлатдорӣ, фарҳангсолорӣ, ҳунарманишӣ, хирад ва хирадманишӣ, дониш ва донишварӣ, фаҳмиши мақоми зиёӣ дар ҷомеа, (дар фаъолияти илмию ҷамъиятии М. Осимӣ), ҷашну маросимҳои тақвимии тоҷикон, тамаддуни муосири Ғарб ва муколамаи фарҳангсозии Ғарбу Шарқ аз нигоҳи М. Осимӣ, ЮНЕСКО ва М. Осимӣ (ба сифати раиси Комиссияи омӯзиши тамаддуни Осиёи Марказӣ (1977 -1996), нашри 7 ҷилдаи Тамаддуни Осиёи Марказӣ; тавсифи илмию таърихии собиқ Директори генералии ЮНЕСКО Федерико Майор: “ имрӯз ҷаҳон ба Муҳаммад Осимӣ барин чеҳраҳои ақлию созанда ниёз дорад”, П. Александров : ”Муҳаммад Сайфиддинович – аз хирадмандтарин президентҳои академияҳои ҷумҳуриҳои советист” ва амсоли ин.

3.65

Академик Муҳаммад Осимӣ – бунёдгузори Анҷумани тоҷикон ва форсигӯёни ҷаҳон «Пайванд», тавсифи генезиси таърихию илмӣ, ҳадафмандӣ аз бунёд, пиёда намудани ғояи ягонагию якпорчагии тоҷикон, армону ёди таърихӣ, фарҳангсолорӣ, нақши созандаи тоҷикон дар рӯи саҳнаи ҷаҳонӣ омадани иттиҳоди форсигӯён, бунёди маркази ансамблеяи ҷаҳонии тоҷикону форсигӯён (дар Душанбе), фурӯ нишонидани низоъҳои сиёсию қавмӣ, ифротигароии динию мазҳабӣ, тоҷикон пештозу мубаллиғи иттиҳоди форсигӯёни ҷаҳон, саҳми академик Муҳаммад Осимӣ дар тарғиби раҳовардҳои таърихию фарҳангии тоҷикону форсигӯён (ҷашну оинҳо) ва ғ.