
Бо сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон механизмҳои дастгирии рушди иҷтимоию иқтисодии минтақаҳои кишвар инкишоф меёбанд
Шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ сатҳи муҳими татбиқи ислоҳоти иқтисодӣ, саҳмгузор ва натиҷагирандаи рушди кишвар мебошад. Дар сатҳи минтақавӣ на танҳо мушкилоту интизориҳои мардум бештар аён мегардад, балки самаранокии истифодаи имконияту иқтидорҳо беҳтар метавонад таъмин шавад. Дар натиҷа омили минтақавии рушди кишвар муҳаррики муҳими ташкили шароити мусоид ба инкишофи қувваҳои истеҳсолкунанда, сатҳи баландтари зиндагонӣ мебошад. Бо сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон воситаву имкониятҳои мавҷуда ба хотири пешрафти минтақаҳои кишвар равона шуда истодаст, то ки барои шаҳрвандони мо шароити ҳарчи беҳтари кору фаъолият ва зиндагии арзанда муҳайё карда шавад. Дар натиҷа, танҳо дар тайи даҳ соли охир маҷмӯи маҳсулоти минтақавии кишвар аз 43,7 миллиард сомонӣ дар соли 2015 то ба 162,7 миллиард сомонӣ дар соли 2025 афзуд, ки ба 92 дарсади маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар баробар мебошад. Бунёд гардидани биноҳои хуштарҳу замонавӣ, роҳу пулҳои ҷавобгӯ ба талаботи муосир, иншоотҳои истеҳсоливу иҷтимоӣ ва тиҷоративу хизматрасонӣ боиси беҳтар шудани шароити зиндагиву фаъолияти сокинони шаҳру ноҳияҳои кишвар мегардад. Бояд қайд намуд, ки дар сафарҳои корӣ Президенти кишвар ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, ки ҳар сол якчанд маротиба сурат мегиранд, ба вазъи иқтисодиву иҷтимоӣ, рӯзгору фаъолияти сокинони минтақахои мамлакат, инчунин бо ҷараёни татбиқи барномаҳои давлатӣ, иҷрои фармону амрҳои Президент, қарорҳои Ҳукумат, дастуру супоришҳои додашуда ва бо корҳои ободониву созандагӣ аз наздик шинос мешаванд. Бо сарварии Президент Ҳукумати кишвар барои ҳарчи зудтар бартараф намудани мушкилотҳои ҷойдошта, аз он ҷумла оқибати офатҳои табиӣ, тадбирҳои заруриро амалӣ мешаванд. Дар навбати аввал манзилҳои зисти аҳолӣ ва иншооти харобгардида, аз ҷумла роҳу пулҳо, мактабу муассисаҳои тиббӣ ва хатҳои интиқоли барқ аз нав сохта ва барқарор шуданд. Дар заминаи дастуру супоришҳои Президенти кишвар барои ноил шудан ба ҳадафҳои стратегии кишвар ва таъмини рушди устувори минтақаҳо барномаҳои миёнамуҳлати рушди иҷтимоию иқтисодӣ дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои кишвар таҳия ва қабул гардиданд. Амалӣ гардидани барномаҳои мазкур дар шароити ташаккули модели нави рушди иқтисод, пеш аз ҳама, ба баланд бардоштани нақш ва саҳми минтақаҳо, инчунин ба истифодаи самараноки захираҳои маҳаллӣ вобаста аст. Бояд қайд намуд, ки баҳри амалӣ гардонидани ҳадаф ва афзалиятҳои дар доираи барномаҳои рушди шаҳру ноҳияҳои кишвар қабулгардида таваҷҷуҳ доимо баланд аст. Пояи ягонаи ҳуқуқии ташаккули Барномаҳои рушди иҷтимоӣ – иқтисодии шаҳру ноҳияҳои кишвар (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатӣ» (бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 майи соли 2022, № 724 қабул гардидааст), «Тартиби мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 июни соли 2026, № 405 тасдиқ шудаст)) имконият медиҳад, ки шакли ягона (бо назардошти сохтори ягонаи барномаҳо дар сатҳи маҳал) таъмин гардад. Албатта, барномаҳои рушди минтақаҳои кишвар таҷассумгар ва нуқтаи муҳими саъю кӯшишҳо дар самтҳои афзалиятнок арзёбӣ гардида, масъалаҳои муҳимро, аз қабили таъмини дараҷаи мақбули амнияти энергетикӣ ва озуқаворӣ, рушди имкониятҳои коммуникатсионии кишвар ва таъмини суботи иҷтимоиро дар бар мегиранд. Дар ин раванд, масъалаи бунёди муассисаҳои томактабӣ, мактабҳои нав ва синфхонаҳои иловагӣ, инчунин ташкили ҷойҳои нави корӣ самти асосии фаъолияти ҳар як сохтору мақомоти давлатӣ, алалхусус роҳбарони мақомоти маҳаллии ҳокимияти иҷроия мебошад ва ба ин мақсад тамоми имконияту воситаҳо, аз ҷумла тавассути таҳким бахшидани ҳамкорӣ бо бахши хусусӣ, яъне имкониятҳои соҳибкорону сармоягузорон васеъ истифода карда мешаванд. Дар натиҷа - дар минтақаҳои кишвар бунёди мактабу бунгоҳҳои тиббӣ, корхонаҳои хурд, ҷалби занону ҷавонон ба истеҳсолот, ривоҷи ҳунарҳои мардумӣ ба назар мерасад. Илова бар ин, дар минтақаҳои кишвар бунёди минтақаҳои саноатӣ, инкишофи минтақаҳои озоди иқтисодӣ, технопаркҳо ҳамчун муҳаррикони муҳими рушд таъмин шудаст. Кӯшишҳо ба он равона шуда истоданд, ки ба ташаккул ва устуворгардонии ин неру диққат баланд нигоҳ дошта шавад. Дар сатҳи минтақаҳои кишвар вазифагузориҳо доир ба татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор (ҲРУ), ки Рӯзномаи ҷаҳонӣ оид ба рушди устувор аст, таъмин мегардад. Ҳамзамон, бояд қайд намуд, ки чунин ҳамгироии Рӯзномаи ҷаҳонии 2030 ба раванди идоракунии шаҳру ноҳияҳои кишвар имкон медиҳад, ки иқтидорҳо дар самти татбиқи қарорҳои инноватсионӣ таҳким ёбанд. Дар назар аст, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои кишвар дар татбиқи ҲРУ тавассути қабули қарорҳои мутобиқ ба эҳтиёҷоти ҷомеаи маҳаллӣ ва афзалиятҳои рушди минтақаҳо нақши муҳим мебозанд. Бо ташаббуси Президенти кишвар муколамаи давлат ва бахши хусусӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо дар сатҳи миллӣ, балки дар сатҳи минтақавӣ низ рушду тавсеа ёфта, айни замон дар назди раисони ВМКБ, вилоятҳои Хатлон ва Суғд шӯроҳои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ таъсис дода шудаанд. Ин имконият медиҳад, ки дастаҷамъии фаъолият дар сатҳи марказу минтақа ба хотири афзун намудани имкониятҳои ҷалби сармояҳо таъмин гардад. Ва минтақаҳо бевосита дар ташаккули механизмҳои дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ иштирок менамоянд. Ҳамзамон, бояд қайд намуд, ки амалӣ намудани механизми аз сатҳи ҷумҳуриявӣ ба сатҳи минтақаҳо интиқол додани қисми зиёди ваколатҳо, ки махсусан, ба равандҳои иҷтимоӣ таваҷҷуҳи хоса дода мешавад, ба назар мерасад. Дар натиҷа, маблағгузории соҳаҳои барои рушди инсонӣ муҳим, мисли тандурустӣ ва маориф, дар ҳаҷми зиёд (қариб 80%) аз ҳисоби буҷети маҳалҳо анҷом дода мешавад. Дар давоми танҳо 10 соли охир хароҷотҳои буҷетҳои маҳаллӣ ба соҳаи маорифу тандурустӣ аз 1 миллиард сомонӣ то ба 13 миллиард сомонӣ расонида шуданд. Ҳамасола барои пӯшонидани хароҷоти буҷети маҳалҳои ноҳияҳои дурдасти кӯхистон, аз буҷети ҷумҳуриявӣ маблағҳои мақсаднок (субвенсия) ҷудо карда мешаванд. Дар баробари дастгирии молиявии буҷетҳои маҳаллӣ таваҷҷуҳ ба такмили механизмҳои зиёд намудани даромадҳои дохилии шаҳру ноҳияҳо, диққати зиёд дода мешавад. Раисони шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда шуданд, ки бо дарназардошти имкониятҳои мавҷуда якҷо бо роҳбарони сохтору мақомоти дахлдор ҷиҳати пайдо намудани сарчашмаҳои нави даромад ва иҷрои пурраву сифатноки буҷети давлатӣ доим тадбирҳои зарурӣ андешанд. Таъмини мутавозинии рушди минтақаҳо, бахусус дар соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, афзоиши ҳаҷми сармояи мустақими хориҷӣ ва маблағгузории буҷетӣ, инчунин баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисодии минтақаҳо ҳадафҳои муҳим дар давраи миёнамуҳлат ҳисобида мешаванд. Албатта, нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар раванди ташкил ва таъмини рушди иҷтимоию иқтисодии минтақахои кишвар хеле муҳим ва бориз аст. Маҳз чунин фаъолияти пурсамару дурандешона имкон медиҳад,ки минбаъд низ суботи рушд бо ноилшавӣ ба қуллаҳои нав дар минтақаҳои кишвар таъмин гардад. Муминова Фарида Маҳмудовна, номзади илмҳои иқтисодӣ, мудири шӯъбаи иқтисодиёти рақамӣ ва инноватсияи Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Муфассалтар





