
СИЛСИЛАИ ЧОРАБИНИҲО БАХШИДА БА 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН: СЕМИНАРИ ИЛМӢ НАЗАРИЯВИИ ДОИМОАМАЛКУНАНДА ДАР ИНСТИТУТИ ИҚТИСОДИЁТ ВА ДЕМОГРАФИЯИ АМИТ
Имрӯз 2-октябри соли 2026, дар асоси нақшаи баргузории чорабиниҳои илмӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Шурои олимони Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон семинари илмӣ-назариявии доимоамалкунанда баргузор гардид. Дар доираи семинар, ходими пешбари илмии шуъбаи таҳқиқоти демографӣ ва рушди нерӯи инсонӣ, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Қодиров Шодибег дар мавзӯи «Рушди илми демография дар Тоҷикистон» маърӯза намуданд. Таҳқиқоти равандҳои демографӣ аз ҷумлаи масъалаҳои муҳими илмӣ буда, омӯзиши он барои дарки равандҳои демографӣ, хусусиятҳои тағйирёбии шумора ва таркиби аҳолӣ, ҳаракати табиию механикии аҳолӣ ва дигар омилҳои ба рушди демографӣ таъсиррасон аҳаммияти назаррас дорад. Зимни ироа намудани маърӯза ба масъалаҳои ташаккул ва марҳилаҳои рушди илми демография дар Тоҷикистон, таҳаввулоти самтҳои таҳқиқоти демографӣ, афкори демографии мутаффакирони форсу тоҷик ва рушди илми демография дар замони истиқлолияти давлатӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд. Маърӯзачӣ ба алоқамандии зичи тадқиқоти демографӣ ва илмҳои иқтисодӣ ишора намуда, равандҳои демографиро инъикоси равандҳои иҷтимоию иқтисодии ҷомеа маънидод намуд. Ў ҳамчунин рушди илми демографияро дар Тоҷикистон ҷузъи ҷудонопазири сиёсати давлатии демографӣ баён намуда, таъкид намуд, ки дар таҳқиқоти ҷомеашиносӣ ба назар нагирифтани равандҳои демографӣ, метавонад боиси нодуруст баҳо додан ба сиёсати давлат ва равандҳои иҷтимоию иқтисодӣ шавад. Чунин семинари илмӣ-назариявӣ барои табодули афкор, муҳокимаи масъалаҳои мубрами демографӣ, пешниҳоди андешаҳои илмӣ ва таҳкими ҳамкории байни муҳаққиқон заминаи мусоид фароҳам оварда, ба густариши таҳқиқоти илмӣ дар самти демография ва рушди нерӯи инсонӣ мусоидат менамояд. Аз ин лиҳоз, баргузории чунин ҳамоишҳои илмӣ яке аз роҳи муҳими рушди фазои илмӣ, баланд бардоштани сатҳи таҳқиқоти соҳавӣ ва пайванди донишҳои назариявӣ бо масъалаҳои мубрами ҷомеа ба ҳисоб меравад.
Муфассалтар
