ИЭД НАНТ
Меню

Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Институти иқтисодиёт ва демография

Иқтисодиёт — асос ва кафолати мавҷудияти ҷомеа

30+

Докторов наук

32

Кандидатов наук

2000+

Публикаций

129+

Монографий

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Бинои нави Институти иктисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Хабарҳо

Истиқлоли давлатӣ музаффарияти таърихист.

Истиқлоли давлатӣ музаффарияти таърихист.

Истиқлоли давлатӣ шароит фароҳам овард, ки таҳқиқи илмии дастовардҳои моддиву маънавӣ, мероси фарҳангӣ ва таърихиии куҳанбунёди тоҷикон вусъати бесобиқа пайдо карда, миллати тоҷик дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун миллати тамаддунсозу фарҳангсолор, эҷодкору илмпарвар ва шаҳрсозу шаҳрнишин муаррифӣ гардад. Эмомалӣ Раҳмон Дар давраи 35-соли Истиқлолият Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сабаби ислоҳоти соҳаҳои гуногун ба дастовардҳои беназир мушарраф гардид, ки соҳаи таҳсилот ҳам аз ҷумлаи онҳост. Рушди соҳаи таҳсилот омили асосии баланд гардидани сатҳи маърифату маънавиёти аҳолӣ ва рушди ҷомеа мебошад. Ниҳон нест, ки баъд аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шуравӣ дар Тоҷикистон дар натиҷаи бархӯрдҳои сиёсӣ ва муқовимати мусаллаҳона тамоми рукнҳои ҳокимияти давлатӣ фалаҷ шуданд ва ҳамаи соҳаҳо, хосатан, соҳаи таҳсилот дучори буҳрони шадид гардид. Аксарияти мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ қариб, ки аз фаъолият бозмонда, 120 ҳазор толибилмон таҳсилро тарк намуданд. Бахусус, нарасидани кадрҳои миллии сатҳи муосири ҷаҳонӣ ва аз кишвар рафтани мутахассисони варзидаи соҳаҳои мухталиф сабабгори таназзули корҳои идораи давлат ва коҳиши самараи сохторҳои ҷомеа гардид. Танҳо дар соли 1992 аз ҷумҳурӣ зиёда аз 100 ҳазор нафар мутахассис фирор кард, ки дар байни онҳо омӯзгорону устодони беҳтарини мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ буданд. Буҳрони иқтисодӣ ва нобасомониҳои рӯзгор ҳайати кадрҳои омӯзгориро миқдоран ва сифатан заиф гардонд. Аз рӯзҳои аввали фаъолияти худ ба ҳайси Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбари навинтихобшуда Эмомалӣ Раҳмон мактабу маорифро асоси пешрафти иқтисодиёт ва маънавиёти миллат эълон карданд. Дар соҳаи таҳсилот марҳилаи нав оғоз гардида, барқарорсозӣ ва рушди он ба сатҳи сиёсати давлатӣ расонда шуд. Аз муҳайё намудани заминаҳои ҳуқуқӣ ифтитоҳ карда, то маблағгузорӣ ва истифодаи воситаҳои самараноки баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, ҳифзи саломатии кӯдакону наврасон, шароити зист ва таълиму тарбияи кӯдакони ятиму бепарастор таҳти назорати ғамхории доимии Президент ва Ҳукумати Тоҷикистон қарор гирифт. Дар мулоқот бо кормандони соҳаи таҳсилоти кишвар (22 декабри соли 2005) сарвари давлат дар бобати афзалияти соҳаи маориф ва мақоми он чунин иброз намуд: «Бояд дар назар дошт, ки муносибати ҷиддӣ ба соҳаи маориф, дар сатҳи сиёсати давлатӣ ба миён гузоштан ва ҳалли проблемаҳои ҷойдошта аҳамияти бузурги сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маърифативу фарҳангӣ дорад. Маориф дар фаҳмиши васеъ ва имрӯза яке аз проблемаҳои ҳаётӣ ва глобалии асри ХХ1 мебошад ва ҳар яки моро водор месозад, ки ба он бо таваҷҷуҳи хос ва масъулияти баланд муносибат намоем. Чунки инкишофи ҷомеа, тараққиёти устувори иқтисодӣ, таъмини амнияти милливу давлатӣ ва умуман, ноил шудан ба сатҳи ҷаҳонии соҳаи иқтисод, техника, технология ва илму фарҳанг, қабл аз ҳама, ба рушди босуботи соҳаи таҳсилот, ташкили раванди бонизом ва босифати таҳсилоти шаҳрвандони Тоҷикистон вобаста мебошад». Маҳз бо ташаббус ва дастгирии бевоситаи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон 27-уми декабри соли 1993 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ҳамчун аввалин санади меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф таҳия ва қабул карда шуд. Вобаста ба пешрафти иқтисодӣ ва талаботи давру замон ба қонуни номбурда якчанд маротиба тағйиру иловаҳо ворид карда шуд ва соли 2013 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» бо таҳрири нав қабул гардид. Ин қонун барои таҳияи лоиҳаи қонунҳои дигар ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар бахши маориф роҳ кушода, барои равнақи минбаъдаи соҳа заминаи боэътимод фароҳам овард. Баъдан Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олӣ ва таҳсилоти баъд аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ», Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Консепсияи миллии маълумот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Стандартҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва олии касбӣ, «Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм ва технология», «Барномаи компютеркунонии мактабҳои миёнаи таҳсилоти умумӣ», «Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои омӯзгорӣ» ва асноди дигари меъёриву ҳуқуқӣ саривақт таҳия ва қабул карда шуданд. Дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ низоми нави кредитии таҳсилот (НКТ), системаи холдиҳӣ – рейтингӣ (СХР) ва дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ низоми муносибати салоҳиятнокӣ ба таълим ба роҳ монда шуд. Ҳамаи ин санадҳо ва иқдомҳои давлатӣ ба рушди соҳаи таҳсилот, беҳтар шудани сифати таълим ва тарбия, самаранокии таҳсилот, азхудкунии дониш ва малака мусоидат менамояд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз солҳои аввали ба даст овардани истиқлолият сиёсати ба амал баровардани ислоҳоти соҳаи таҳсилотро пеш гирифт, ки ин ба афзудани шумораи муассисаҳои таълимӣ, баланд бардоштани сатҳ ва сифати дониши муҳассилин, тайёр намудани мутахассисони баландихтисоси дар бозори меҳнат рақобатпазир, воридшавӣ ба фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳонӣ, бунёди заминаи мустаҳками маориф дар ҷумҳурӣ нигаронида шудааст. Дар замони истиқлолият маблағгузории соҳаи таҳсилот садҳо маротиба зиёд карда шуд. Боиси ифтихор ва шукргузорист, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати хирадбунёди хеш ба соҳаи таҳсилот ҳамчун соҳаи пешбару тақдирсози миллат афзалият бахшидаанд. Дар қатори чандин тағйиру навгониҳо дар соҳаи таҳсилот, таъсис ёфтани Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 2014) воқеаи муҳим буда, марказ тавонист дар самти ба таври шаффоф ва одилона баргузор намудани имтиҳоноти дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ ва олии касбии ҷумҳурӣ саҳми босазо гузорад. Мавриди тазаккур аст, ки муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди кишвар мақоми хоса дошта, дорои неруи бузурги зеҳнӣ ва пояи моддиву техникӣ аст. Маврид ба таъкид аст, ки таҳсилоти олии касбӣ дар солҳои соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ инкишоф ёфт. Солҳои 1992-1993 қисми зиёди донишкадаҳо ба донишгоҳҳо табдил дода шуданд. Дар соли хониши 1991-1992 дар ҷумҳурӣ 13 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ бо 69000-нафар донишҷӯ фаъолият мекард. Айни замон, дар ҷумҳурӣ 48 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ фаъолият мекунад, ки дар ин муассисаҳо 226000-нафар донишҷӯ бо таҳсил фаро гирифта шудаанд. Дар давраи соҳибистиқлолии кишвари азизамон бо мақсади ҷалби ҷавонон ба фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ ва таҳкими иқтидори илмии кишвар, шабакаи муассисаҳои илмӣ ва таҳқиқотӣ низ густариш ёфтаанд. Аз ҷумла, муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, аз қабили Институти иқтисодиёт ва демография ва марказҳои дигари илмӣ бо корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ машғул гардида, дар ҳалли масъалаҳои муҳими илмӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, демографии кишвар саҳми арзанда мегузоранд. Ин раванд аз он шаҳодат медиҳад, ки имрӯз илм ва соҳаи таҳсилот ба соҳаи умедбахш ва неруи созандаву пешбарандаи рушди устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил ёфтааст. Гулчеҳраи Ёдгор - ходими калони илмии шуъбаи назарияи иқтисод ва таҳқиқоти инстутсионалӣ

Муфассалтар
“Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда” таҷассумгари мақоми Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ

“Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда” таҷассумгари мақоми Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ

Боиси ифтихор ва сарбаландии кишварамон аст, ки санаи 25-уми июни соли 2026 пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати қабули қатъномаи “Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда” (солҳои 2027-2036) аз ҷониби аъзоёни СММ якдилона қабул гардид. Муаррифии санаде, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод гардидааст, ба минбаре барои баррасии механизмҳои амалии татбиқи Даҳсола табдил ёфт. Аз ҷумла, дар он садоқат ба ҳадафҳо ва принсипҳои Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид, инчунин муқаррароти Эъломия ва Барномаи амал дар соҳаи фарҳанги сулҳ таъкид гардид. Дар қатънома ба густариши иштироки наврасон ва ҷавонон дар ҳаёти ҷамъиятӣ, рушди ҳамкории байналмилалӣ ва татбиқи ташаббусҳое, ки ба таҳкими эътимоди мутақобила, ҳамбастагии иҷтимоӣ ва шарикӣ равона шудаанд, таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардидааст. Ин санаи таърихӣ бори дигар мақоми Ватани маҳбубамонро дар арсаи байналмилалӣ таҷассум намуд. Якояки мо бояд дарк намоем, ки расидан ба ин мақому дараҷа ва эътирофи ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ бевосита ба шарофати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки бо натиҷаи чандинсолаи худ исботи худро ёфтааст, сарчашма мегирад. Бе муболиға ба хуллосае омадан мумкин аст, ки имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тӯли 35 сол, пас аз Истиқлолияти давлатӣ ба даст овардан, ба як кишвари рӯ ба рушд табдил ёфт. Боиси хушнудии ҳар як фарзанди миллату Ватан аст, ки ин сиёсати пешгирифтаи ҳукумати кишвар дар баробари ҳаллу фасли масъалаҳои муҳими дохилӣ, боз дар зиндагии сиёсии хориҷи дуру наздик ҳам ҳиссаи босазои сулҳофари худро гузошта истодааст. Ба хуллосае метавон омад, ки мо бо муттаҳид будан дар зери сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, якдилона барои боз ҳам парафшонтар гардидани парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ камари ҳиммат бубаста бошем ва барои ояндаи дурахшони Ватани маҳбубамон – Тоҷикистон ба тамоми малакаю таҷрибае, ки дорем, талош намоем. Кабирова М. – ходими хурди илмии шуъбаи иқтисоди ҷаҳон ва муносибатҳои иқтисодии байналхалқии Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ

Муфассалтар
Иштирок дар Вохӯрии ғайрирасмии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон

Иштирок дар Вохӯрии ғайрирасмии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон

Иштирок ва суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрии ғайрирасмии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон дар шаҳри Чолпон-Отаи Ҷумҳурии Қирғизистон.

Муфассалтар
ШАРИФ РАҲИМЗОДА «ПРОФЕССОРИ ФАХРӢ»-И ҶУМҲУРИИ ҚИРҒИЗИСТОН

ШАРИФ РАҲИМЗОДА «ПРОФЕССОРИ ФАХРӢ»-И ҶУМҲУРИИ ҚИРҒИЗИСТОН

Таҷлили 35-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳқими истиқлолият, арҷгузорӣ ба сулҳу субот, эҳтироми бузург ба ваҳдати миллӣ, иродаи сулҳҷӯёна ва сиёсати оқилонаву сулҳпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтихори аввалиндараҷаи олимону муҳаққиқон мебошад. Ҷиҳати густариши ҳамкориҳои илмӣ бо муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии хориҷи кишвар, олим-иқтисодчии машҳури соҳаи молия ва бонкдорӣ, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, сарходими илмии шуъбаи бозорҳои молиявӣ ва идоракунии лоиҳаҳои сармоягузории Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Шариф Раҳимзода тибқи қарори Шурои олимони Институти иқтисодиёт ва молияи Ҷумҳурии Қирғизистон аз 11.05.2026, №09 бо унвони «ПРОФЕССОРИ ФАХРӢ» сарфароз гардонида шуд, ки барои муҳаққиқону олимони муассисаи мо як шарафи бузург аст.

Муфассалтар
ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ТАҲКИМИ СУЛҲ – ТАҶАССУМИ СИЁСАТИ СУЛҲОФАРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР АРСАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ТАҲКИМИ СУЛҲ – ТАҶАССУМИ СИЁСАТИ СУЛҲОФАРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР АРСАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Қабул гардидани Қатъномаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба эълони Даҳсолаи таҳкими сулҳ ва бунёди эътимод барои наслҳои оянда дастоварди муҳими дипломатияи муосири Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Ин ташаббус, ки бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардид, бори дигар мавқеи Тоҷикистонро ҳамчун кишвари ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ тақвият бахшид. Дар ҷаҳони имрӯза, ки бо низоъҳои мусаллаҳона, таҳдидҳои терроризм, ифротгароӣ, тағйирёбии иқлим ва буҳронҳои иқтисодӣ рӯ ба рӯ аст, таҳкими сулҳ ва эътимоди байни давлатҳо аҳамияти бештар касб кардааст. Қабули Даҳсолаи таҳкими сулҳ аз ҷониби СММ ҷомеаи ҷаҳониро ба ҳамкории созанда, муколама ва пешгирии низоъҳо ҳидоят менамояд. Тоҷикистон, ки худ таҷрибаи талхи ҷанги шаҳрвандиро паси сар намуда, бо роҳи сулҳу ваҳдати миллӣ ба рушди устувор расид, имрӯз таҷрибаи худро барои таҳкими сулҳ дар сатҳи байналмилалӣ пешниҳод мекунад. Ин иқдом нишон медиҳад, ки сулҳ танҳо набудани ҷанг нест, балки заминаи асосии рушд, субот ва зиндагии шоистаи мардум мебошад. Даҳсолаи таҳкими сулҳ барои густариши фарҳанги сулҳпарварӣ, эҳтироми ҳуқуқи инсон, рушди ҳамкории байналмилалӣ ва тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи таҳаммулгароӣ имкониятҳои нав фароҳам меорад. Дар татбиқи ҳадафҳои он саҳми ҳар як давлат, созмон ва шаҳрванд муҳим мебошад. Қатънома ба ҳадафҳо ва принсипҳои Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид такя намуда, пеш аз ҳама иродаи «Наҷоти наслҳои оянда аз офати ҷанг»-ро дар меҳвари худ қарор медиҳад. Ҳамзамон, аҳамияти Эъломия ва Барномаи амал оид ба фарҳанги сулҳ ҳамчун санади муҳими байналмилалӣ барои тарғиби сулҳ, таҳаммулпазирӣ ва пешгирии хушунат таъкид шудааст. Ҳадафҳои «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» фарогири самтҳои муҳими рушди ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошанд. Аз ҷумла:  таҳкими сулҳу амнияти байналмилалӣ;  пешгирии низоъҳо тавассути муколама, дипломатия ва мусолиҳа;  рушди фарҳанги сулҳ, таҳаммулпазирӣ ва эҳтироми гуногунандешӣ;  густариши ҳамкории байналмилалӣ барои ҳалли мушкилоти глобалӣ;  ҷалби ҷавонон, занон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ба равандҳои сулҳофаринӣ;  таҳкими ҳамбастагии байни наслҳо;  ҳифзи манфиатҳои наслҳои оянда ҳангоми таҳияи сиёсати давлатӣ ва қабули қарорҳои байналмилалӣ;  мусоидат ба рушди устувор ва таъмини зиндагии осоишта барои ҳамаи мардум. Боиси ифтихор аст, ки Тоҷикистон имрӯз дар баробари ташаббусҳои байналмилалӣ оид ба масъалаҳои обу иқлим, инчунин, ҳамчун пешбарандаи рӯзномаи ҷаҳонии сулҳ низ эътироф гардидааст. Ин дастовард масъулияти моро барои ҳифзи сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва рушди устувори кишвар боз ҳам бештар менамояд. Сулҳ неъмати бебаҳост ва ҳифзи он вазифаи муқаддаси ҳар як фарди ҷомеа мебошад. Танҳо дар фазои сулҳу ҳамдигарфаҳмӣ метавон ояндаи дурахшон ва зиндагии шоистаро барои наслҳои имрӯзу фардо таъмин кард. Муовини директор оид ба корҳои илм ва таълим, н.и.и. Ҷалилзода Д.Р.

Муфассалтар
ТАШАББУСИ САРНАВИШТСОЗ ДАР РОҲИ ТАЪМИНИ СУЛҲИ ПОЙДОР ВА ҲАМБАСТАГИИ ҶАҲОНӢ

ТАШАББУСИ САРНАВИШТСОЗ ДАР РОҲИ ТАЪМИНИ СУЛҲИ ПОЙДОР ВА ҲАМБАСТАГИИ ҶАҲОНӢ

(Дар ҳошияи қабули қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда») Қабули қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» (2027–2036), ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод гардид, аз муҳимтарин рӯйдодҳои сиёсиву дипломатии соли 2026 ба ҳисоб меравад. Ин санади муҳими байналмилалӣ на танҳо идомаи мантиқии сиёсати сулҳҷӯёнаи Тоҷикистон аст, балки бори дигар нишон медиҳад, ки кишвари мо дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ, бахусус таҳкими сулҳ ва амнияти байналмилалӣ, нақши фаъол ва созанда дорад. Имрӯз миллионҳо нафар дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон аз оқибатҳои ҷанг, муҳоҷирати иҷборӣ, фақр ва ноамнӣ ранҷ мебаранд. Дар чунин вазъият ҷомеаи ҷаҳонӣ бештар аз ҳар вақти дигар ба ташаббусҳое ниёз дорад, ки арзишҳои сулҳ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамбастагии инсониро тақвият бахшанд. Тоҷикистон яке аз давлатҳоест, ки арзиши сулҳро на аз китобҳо, балки аз таҷрибаи талхи таърих омӯхтааст. Ҷанги шаҳрвандии солҳои навадум ба давлат ва миллат талафоти бузурги ҷонӣ ва иқтисодӣ расонид. Маҳз ҳамин таҷрибаи талх боис гардид, ки баъди барқарор шудани сулҳу ваҳдати миллӣ, Тоҷикистон сиёсати хориҷии худро бар пояи сулҳ, ҳамкорӣ, муколама ва эҳтироми ҳуқуқи байналмилалӣ роҳандозӣ намояд. Аз ҳамин лиҳоз, ташаббуси навбатии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид идомаи мантиқии ҳамин сиёсати сулҳофар мебошад. Қатъномаи қабулшуда солҳои 2027–2036-ро ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда эълон намуда, ҷомеаи ҷаҳониро ба ҳамкории васеъ барои таҳкими сулҳ, рушди фарҳанги муколама, пешгирии низоъҳо ва тарбияи насли сулҳпарвар даъват мекунад. Дар маркази ин ташаббус инсон, бахусус кӯдакон ва ҷавонон қарор доранд, зеро маҳз онҳо ояндаи ҷомеа ва ҷаҳонро месозанд. Тарбияи онҳо дар рӯҳияи сулҳдӯстӣ, таҳаммулпазирӣ ва эҳтироми арзишҳои инсонӣ метавонад барои пешгирии низоъҳои оянда заминаи устувор фароҳам оварад. Яке аз ҷанбаҳои муҳими ин қатънома он аст, ки сулҳ танҳо ҳамчун набудани ҷанг арзёбӣ намешавад. Сулҳи воқеӣ танҳо дар сурате пойдор мемонад, ки дар ҷомеа адолат, баробарӣ, муколама, эътимоди байни мардум ва имкониятҳои баробар барои рушди инсон таъмин бошанд. Аз ин рӯ, санади мазкур давлатҳоро ба таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ, мусолиҳа, ҳамбастагии байни наслҳо ва эҳтироми ҳуқуқу манфиатҳои ҳамаи қишрҳои ҷомеа даъват менамояд. Боиси ифтихори ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон аст, ки имрӯз кишвари мо ба яке аз пешоҳангони дипломатияи созанда дар арсаи байналмилалӣ табдил ёфтааст. Дар ду даҳсолаи охир Тоҷикистон як қатор ташаббусҳои ҷаҳонӣ, аз ҷумла дар самти масъалаҳои об, ҳифзи пиряхҳо, рушди устувор ва ҳоло таҳкими сулҳро пешниҳод намуда, тавонист дастгирии ҷомеаи байналмилалиро ба даст орад. Ин ҳама аз болоравии обрӯву нуфузи байналмилалии Тоҷикистон ва эътимоди давлатҳои ҷаҳон ба сиёсати хориҷии он шаҳодат медиҳад. Қобили таваҷҷуҳ аст, ки қатъномаи мазкур инчунин таҷрибаи мусбати кишварҳои Осиёи Марказӣ, бахусус талошҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистонро дар роҳи ҳалли мусолиматомези масъалаҳои сарҳадӣ ва таҳкими ҳамкории минтақавӣ истиқбол намудааст. Ин далел нишон медиҳад, ки сулҳ ва ҳамдигарфаҳмӣ метавонанд ҳатто масъалаҳои бисёрсолаи мураккабро тавассути гуфтушунид ва иродаи сиёсӣ ҳал намоянд. Аҳамияти дигари ин санад дар он ифода меёбад, ки он тамоми сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид, ҳукуматҳо, созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дигар шарикони рушдро барои татбиқи ҳадафҳои Даҳсола муттаҳид месозад. Ин маънои онро дорад, ки таҳкими сулҳ танҳо вазифаи давлатҳо нест, балки рисолати муштараки тамоми инсоният мебошад. Ҳар як омӯзгор, олим, рӯзноманигор, зиёӣ, ҷавон ва фаъоли ҷомеа метавонад дар тарғиби фарҳанги сулҳ саҳми арзандаи худро гузорад. [02.07.2026 16:13] In God We Trust☝️: Барои Тоҷикистон ин қатънома танҳо як муваффақияти дипломатӣ нест, балки масъулияти нав низ мебошад. Татбиқи амалии ғояҳои сулҳ, таҳкими ваҳдати миллӣ, тарбияи насли ватандӯст, рушди маърифати сиёсӣ ва таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ бояд ҳамеша дар меҳвари сиёсати давлатӣ ва фаъолияти ҷомеа қарор дошта бошад. Зеро сулҳ неъмати бебаҳост ва ҳифзи он аз ҳар як шаҳрванди кишвар масъулияти баланд талаб мекунад. Дар маҷмӯъ, қабули қатъномаи «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» боз як саҳифаи дурахшони фаъолияти байналмилалии Тоҷикистон мебошад. Ин иқдоми таърихӣ бори дигар собит сохт, ки сиёсати сулҳҷӯёна ва ваҳдатофари Тоҷикистон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф ва пуштибонӣ мешавад. Дар ҷаҳоне, ки ҳар рӯз ба сулҳу субот бештар эҳтиёҷ дорад, чунин ташаббусҳо метавонанд ба таҳкими ҳамбастагии инсоният, пешгирии низоъҳо ва таъмини зиндагии шоиста барои наслҳои имрӯзу фардо мусоидат намоянд. Сулҳ арзишест, ки бе он ҳеҷ пешрафт, ҳеҷ рушд ва ҳеҷ ояндаи устувор вуҷуд дошта наметавонад. Аз ин рӯ, ташаббуси Тоҷикистон на танҳо дастоварди як давлат, балки саҳми арзишманд дар роҳи бунёди ҷаҳони осоишта, амн ва инсонмеҳвар барои тамоми башарият мебошад. Юсуфзода Шодоб Хӯҷамқул ходими илмии шуъбаи таҳқиқоти демографӣ ва рушди нерӯи инсонии Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ

Муфассалтар

Таълим

Омода кардани насли навини олимони иқтисод ва демографҳо

Магистратура

Таълим дар 3 ихтисос. Қариб 39 магистрантҳо омӯзиш мегузаранд.

Аспирантура / PhD

Шӯъбаи омода кардани кадрҳои илмии баландихтисос.

Шӯрои диссертационӣ

Шӯрои КОА-109 оид ба ҳимояи рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ.

Фаълияти илмӣ

Бештар аз 2000 корҳои илмӣ дар 10 соли охир

Монографияҳо ва китобҳо

Беш аз 129 монография ва китобҳои илмӣ оид ба иқтисод ва демография нашр шудааст.

Маҷаллаи илмӣ

Нашрияи даврии таълимотӣ бо архиви электронӣ ва нашрияҳои баррасишаванда.

Конференсия

Семинарҳои илмӣ мунтазам, мизҳои мудаввар ва конфронсҳои байналмилалӣ.

Аснод ва маҳзани маълумот

Барои тамос

Суроға

734024, ш. Душанбе, к. Мирзо Ризо 6А

Телефон

+992 (37) 221-67-50 +992 (37) 221-57-65

Email

info@ied.tj