ИЭД НАНТ
Меню

Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Институти иқтисодиёт ва демография

Иқтисодиёт — асос ва кафолати мавҷудияти ҷомеа

30+

Докторов наук

32

Кандидатов наук

2000+

Публикаций

129+

Монографий

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

МАФҲУМИ ИСТИҚЛОЛИЯТ АЗ ДИДГОҲИ ОЛИМИ ҶАВОН

Юсуфзода Шодоб Хӯҷамқул ходими илмии шӯъбаи тадқиқоти демографӣ ва рушди нерӯи инсонии Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ

Бинои нави Институти иктисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Хабарҳо

ҚАДРДОНИИ ХИЗМАТҲО ДАР РУШДИ НИЗОМИ БОНКӢ

ҚАДРДОНИИ ХИЗМАТҲО ДАР РУШДИ НИЗОМИ БОНКӢ

Шарифзода Бахром Маҳмуд, мудири Шуъбаи бозори молиявӣ ва идоракунии лоиҳаҳои сармоягузорӣ, доктори илмҳои иқтисодӣ, дотсент низ бо нишони «АЪЛОЧИИ НИЗОМИ БОНКӢ» сарфароз гардид. Ин қадрдонӣ таҷассумгари саҳми бисёрсолаи ӯ дар фаъолияти бонкӣ, рушди маблағгузории соҳибкорӣ ва таҳқиқи масъалаҳои молиявию қарзӣ мебошад. Фаъолияти ӯ дар низоми бонкӣ соли 1995 аз филиали ҶСК «Агроинвестбонк» дар шаҳри Конибодом оғоз ёфта, солҳои 2005–2018 дар саридораи бонк вазифаҳои масъули роҳбариро дар самтҳои қарздиҳии корхонаҳои хурду миёна, банақшагирӣ ва таҳлил, ҳамкории байналмилалӣ ва омӯзиши кормандон ба уҳда дошт. Шарифзода Бахром Маҳмуд даҳ сол узви Шӯрои директорони Ассотсиатсияи ташкилотҳои қарзии хурд буда, дар «Агроинвестбонк» ҳамоҳангсозии ду лоиҳаи Бонки аврупоии таҷдид ва рушд – ТМСЕФ ва ТАФФ-ро анҷом додааст. Ин лоиҳаҳо ба маблағгузории соҳибкории хурду миёна, корхонаҳои хурди кишоварзӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ равона шуда буданд. Пайванди таҷрибаи амалии бонкдорӣ бо фаъолияти илмӣ хусусияти муҳими роҳи касбии ӯст. Таҳқиқоти ӯ рушди бозори молиявӣ, фаъолияти бонкӣ, маблағгузории хурди соҳибкорӣ, сармоягузорӣ ва идоракунии лоиҳаҳои сармоягузориро фаро мегиранд.

Муфассалтар
ШАРИФ РАҲИМЗОДА - «АЪЛОЧИИ НИЗОМИ БОНКӢ»

ШАРИФ РАҲИМЗОДА - «АЪЛОЧИИ НИЗОМИ БОНКӢ»

30 сентябри соли равон дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалии бонкӣ - 2026 таҳти унвони «Бахши молиявӣ дар давраи инноватсияҳои рақамӣ» баргузор гардид. Сарфароз гардидани сарходими илмии шуъбаи бозорҳои молиявӣ ва идоракунии лоиҳаҳои сармоягузорӣ, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Шариф Раҳимзода бо нишони «АЪЛОЧИИ НИЗОМИ БОНКӢ» ифтихори олимону муҳаққиқони Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мебошад. Мавриди зикр аст, ки Шариф Раҳимзода ҳамчун шахси варзидаи соҳаи молия ва бонкдорӣ ба ҳайси Раиси Бонки миллии Тоҷикистон, Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомотҳои давлатӣ фаъолият намуда, дар рушди низоми бонкии кишвар, алалхусус бахши маблағгузории хурд саҳми назаррас дорад. Аҳли ҷомеаи Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ ба доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Шариф Раҳимзода барои сазовор гардидан ба унвони соҳавии «Аълочии низоми бонкӣ» таҳният намуда, дар корҳои пуршарафи илмӣ ҷиҳати рушду нумуи илми тоҷик муваффақиятҳо таманно доранд.

Муфассалтар
АЗ ҒОЯҲОИ ИЛМӢ ТО ДАСТОВАРДҲОИ ВОҚЕӢ:  ВОХӮРӢ БО МАГИСТРАНТОН ВА ДОКТОРАНТОН (PhD)

АЗ ҒОЯҲОИ ИЛМӢ ТО ДАСТОВАРДҲОИ ВОҚЕӢ: ВОХӮРӢ БО МАГИСТРАНТОН ВА ДОКТОРАНТОН (PhD)

Имрӯз, дар толори Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ дар доираи Нақшаи чорабиниҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон оид ба иҷрои вазифаҳои дар Маҷлиси умумии солонаи АМИТ гузошта шуда, ҷиҳати баланд бардоштани мазмуну муҳтавои мақолаҳои илмии дар маҷаллаҳои тақризшаванда чопшаванда, ноил шудан ба навгониҳои илмӣ, самаранокии ташхиси илмӣ тавассути барномаҳои махсус, сари вақт иҷро намудани кори илмӣ-таҳқиқотӣ, иштироки фаъол дар кори маҳфил ва семинарҳои илмӣ, ҳамзамон, дар доираи амалӣ намудани “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 марҳилаи дуюм, солҳои 2026-2030” бо мақсади пешгирии омилҳои хусусияти коррупсионӣ дошта, вохӯрии судманд бо магистрантон, докторантон (PhD) ва унвонҷӯён таҳти унвони «Аз ғояҳои илмӣ то дастовардҳои воқеӣ» баргузор гардид. Вохӯрӣ бо иштироки директори Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, д.и.и. Бобозода Комил Олимҷон сурат гирифта, зимни оғози чорабинӣ ёдрас гардид, ки маҳз сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки имрӯз ҷавонон дар ҷодаи илм қадамҳои устувор ниҳода истодаанд. Дар баробари ин, қайд гардид, ки Пешвои миллат дар ҳама паёмҳояшон аз хатарҳои коррупсия, ки ба рушди устувори давлат ва дастовардҳои илмӣ монеъро эҷод менамояд, ба таври ҷиддӣ истода мегузаранд. Дар ин замина, бандҳои Нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати амалишавии “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи соли то 2030 марҳилаи дуюми он солҳои 2026-2030” ба самъи ҳамагон расонида шуд. Сипас, дар рафти вохӯрӣ вазъи корҳои илмӣ-таҳқиқотии магистрантон, докторантон (PhD) ва унвонҷӯён натиҷабардорӣ гардида, оид ба дуруст ба роҳ мондани ҷараёни корҳои илмию таҳқиқотӣ, сари вақт дифоъ намудани рисолаҳои илмӣ, инчунин, нашри мақолаҳои илмӣ ва илмӣ-оммавӣ, иштироки фаъол дар чорабиниҳои гуногуни илмии сатҳи байналмилаливу ҷумҳуриявӣ тавсияҳои муфид дода шуданд. Таъкид гардид, ки фаъолияти магистрантон, докторантон (PhD) ва унвонҷӯён бояд аз ҷониби роҳбаронӣ илмӣ, шуъбаҳо ва роҳбарият таҳти назорати ҷиддӣ қарор гирифта, пайваста муваффақиятҳои илмӣ натиҷагирӣ карда шаванд. Вобаста ба масъалаҳои гузошташуда, шахсони масъули ин самт дастуру супоришҳои мушаххас гирифтанд.

Муфассалтар
ҶАЛАСАИ ШУРОИ ОЛИМОН

ҶАЛАСАИ ШУРОИ ОЛИМОН

Санаи 25-уми сентябри соли 2026 дар Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ ҷаласаи Шурои олимон баргузор гардид. Рӯзномаи ҷаласаи Шурои олимон аз масъалаҳои зерин иборат буд: 1. Ҳисобот дар бораи натиҷаҳои фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ ва илмӣ-ташкилии ИИваД дар нуҳмоҳаи соли 2026 2. Дар бораи тасдиқ намудани Кумитаи тадорукотӣ ҷиҳати ташкил ва гузаронидани конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзуи «Дурнамои рушди инноватсионии соҳаҳои саноат барои давраи то соли 2040» 3. Дар бораи ба нашр тавсия намудани монографияҳои илмии шуъбаҳо 4. Дар бораи ба нашр тавсия намудани монографияи илмии д.и.и., профессор Мирсаидов А. Б. дар мавзуи «Институциональное обеспечение индустриального развития регионов Республики Таджикистан» 5. Тасдиқи мавзуъҳои унвонҷӯёни соли аввали таҳсил дар Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ аз рӯйи ихтисос 6. Тасдиқи мавзуъҳои унвонҷӯён-докторантони Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ аз рӯйи ихтисос 7. Масъалаҳои ҷорӣ

Муфассалтар
САЙЁҲӢ ҲАМЧУН МЕҲВАРИ РУШДИ СТРАТЕГИИ ИҚТИСОДИЁТ

САЙЁҲӢ ҲАМЧУН МЕҲВАРИ РУШДИ СТРАТЕГИИ ИҚТИСОДИЁТ

Сайёҳӣ - захираи нави рушди иқтисодӣ Дар шароити тағйирёбии сохтори иқтисоди ҷаҳонӣ ва афзоиши рақобат барои ҷалби сармоя, технология ва захираҳои инсонӣ кишварҳо бештар ба соҳаҳое такя мекунанд, ки метавонанд ҳамзамон даромад, шуғл, сармоягузорӣ ва рушди минтақавиро таъмин намоянд. Барои Тоҷикистон яке аз чунин соҳаҳо сайёҳӣ мебошад. Дар солҳои охир сайёҳӣ дар сиёсати иқтисодию иҷтимоии кишвар ҷойгоҳи бештар касб намуда, ба яке аз самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди миллӣ табдил ёфтааст. Таваҷҷуҳи пайвастаи роҳбарияти давлат ба рушди соҳа, ташаккули инфрасохтори муосир, беҳтар намудани муҳити соҳибкорӣ, рушди роҳҳои нақлиётӣ, муаррифии имкониятҳои туристии кишвар ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ барои васеъ намудани заминаҳои рушди сайёҳӣ мусоидат кардааст. Қадами муҳим дар ин самт қабули Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 мебошад. Ҳуҷҷати мазкур барои соҳа нишондиҳандаҳои мушаххаси дарозмуддат пешбинӣ менамояд. Аз ҷумла, то соли 2030 саҳми сайёҳӣ дар ММД ба 8 фоиз ва ҳиссаи шуғл дар соҳа ба 10 фоиз расонида шудан ҳамчун нишондиҳандаҳои мақсаднок муайян шудаанд. Ин ҳадафҳо аҳамияти сайёҳиро аз доираи як бахши хизматрасонӣ берун бурда, онро ба як ҷузъи сиёсати диверсификатсияи иқтисоди миллӣ табдил медиҳанд. Бо таваҷҷуҳ ва дастгирии пайвастаи Пешвои миллат рушди ҳаматарафаи инфрасохтори сайёҳӣ, беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ, ҷалби сармоягузориҳои дохилию хориҷӣ, инчунин густариши намудҳои ҷолиби сайёҳӣ, аз ҷумла сайёҳии кӯҳӣ, экологӣ, табобатию солимгардонӣ ва таърихию фарҳангӣ ба роҳ монда шуд. Ин раванд ба баланд бардоштани рақобатпазирии маҳсулоти сайёҳии кишвар мусоидат намуда, ба таъмини рушди устувори иқтисоди миллӣ заминаи ниҳоят мустаҳкам гузошт. Афзоиши мунтазами даромад аз ин соҳа ва густариши имкониятҳои он, дар навбати худ, ҷолибияти сармоягузории бахши сайёҳиро ба таври назаррас афзун намуд. Татбиқи механизмҳои дастгирии давлатӣ, аз ҷумла озод намудани ширкатҳои нави сайёҳӣ аз пардохти андоз аз фоида дар 5 соли аввали фаъолият, озод кардани воридоти таҷҳизот ва маводи сохтмонӣ барои бунёди объектҳои сайёҳӣ аз андоз аз арзиши иловашуда (ААИ) ва боҷҳои гумрукӣ ва кам кардани 50 фоизаи боҷҳои гумрукӣ барои воридоти автомашинаҳои нави мусофирбарии сайёҳӣ ба фаъол гардидани бахши хусусӣ такони ҷиддӣ бахшид. Дар натиҷа, шумораи ширкатҳои сайёҳии литсензиядор дар кишвар аз 300 адад гузашта, шабакаи субъектҳои хизматрасониро дар тамоми минтақаҳои кишвар фаро гирифт. Омили дигари калидии ҷолибияти сайёҳии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ содагардонии низоми воридот ва маъмурикунонии раводид мебошад. Гузариш ба платформаи онлайнии дарёфти раводид ба шаҳрвандони беш аз 120 кишвар имкон дод, ки бе муроҷиат ба консулгариҳо раводидро тавассути шабакаи Интернет дастрас намоянд. Тоҷикистон барои шаҳрвандони беш аз 60 кишвари ҷаҳон низоми бераводиди якҷониба (то 30 рӯз)-ро ҷорӣ намуд, ки ин иқдом рақобатпазирии кишварро дар бозори сайёҳии Осиёи Марказӣ ба таври назаррас афзун намуд. Эҷоди портали ягонаи сайёҳии миллии Тоҷикистон ва татбиқи барномаҳои мобилӣ барои пайгирии масирҳои сайёҳӣ ба рақамикунонии пурраи хизматрасониҳо мусоидат менамояд. Маҳз дар шароити болоравии талабот ба хизматрасониҳои сайёҳӣ ва беҳтар гардидани нишондиҳандаҳои макроиқтисодии соҳа, ҳаҷми сармоягузории мустақими хориҷӣ ба бахши сайёҳӣ дар соли 2025 ба 49,9 миллион доллари ИМА расид, ки нисбат ба соли гузашта 25 фоиз афзоиш ёфтааст. Ин тамоюли мусбат аз болоравии бесобиқаи эътимоди сармоягузорони хориҷӣ ва дохилӣ ба дурнамои рушди сайёҳии кишвар ва фароҳам овардани муҳити мусоиду эътимодбахши сармоягузорӣ шаҳодат медиҳад. Гузашта аз ин, афзоиши ҷараёни сармоягузорӣ ба бунёди меҳмонхонаҳо ва маҷмааҳои муосири сайёҳӣ, беҳсозии инфрасохтори нақлиётиву логистикӣ, рақамикунонии хизматрасониҳо ва диверсификатсияи маҳсулоти сайёҳӣ такони ҷиддӣ бахшид. Ин иқдомҳо имкон медиҳанд, ки на танҳо теъдоди сайёҳони хориҷӣ ва ҳаҷми даромади соҳа боз ҳам зиёд гардад, балки ҷойҳои нави корӣ таъсис ёфта, сатҳи фарҳанги хизматрасонӣ ва некӯаҳволии аҳолӣ дар минтақаҳои сайёҳии кишвар пайваста баланд бардошта шавад. Тадбирҳои пайваста ва пайгиронаи Роҳбарияти Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба он равона гардидаанд, ки барои сармоягузорони ватанию хориҷӣ фазои мусоиди сармоягузорӣ, барои бахши хусусӣ имтиёзҳои муассири андозу гумрукӣ ва барои рушди инфрасохтори сайёҳӣ шароити муосир фароҳам оварда шавад. Татбиқи механизмҳои дастгирии давлатӣ, аз ҷумла озод намудани воридоти таҷҳизоту мавод барои бунёди инфрасохтори сайёҳӣ аз пардохтҳои гумрукӣ ва андоз аз арзиши иловашуда, ба фаъол гардидани бахши хусусӣ такони ҷиддӣ бахшид. Пайравӣ аз сиёсати фарогири стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар партави дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ мегардад, имкон медиҳад, ки кишвар дар доираи «Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» мавқеи худро ҳамчун яке аз самтҳои рақобатпазири сайёҳии минтақаи Осиёи Марказӣ таҳким бахшад. Бо дарназардошти иқтидори бузурги соҳа ва имкониятҳои мавҷуда, ҳадафҳои стратегӣ нишон медиҳанд, ки дар дурнамо ба 8% нишондиҳандаи Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ (ММД) ва ба 10% фарогирии шуғли аҳолӣ расонидани саҳми соҳаи сайёҳӣ ҳадафи комилан воқеӣ ва иҷрошаванда мебошад. Илова бар ин, истифодаи оқилона ва ҳифзи бекамукости беш аз 3000 ёдгории таърихию фарҳангӣ ва ҳудудҳои махсус муҳофизатшавандаи табиӣ (ки беш аз 22% ҳудуди кишварро ташкил медиҳанд) ҳамчун принсипи асосии рушди устувори сайёҳӣ барои наслҳои имрӯзу оянда таъмин карда мешавад. Ҳамин тариқ, таҳлили самтҳои стратегии рушди соҳа нишон медиҳад, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сайёҳӣ аз як бахши одди хизматрасонӣ ба муҳаррики калидии рушди устувори иҷтимоию иқтисодӣ табдил ёфтааст. Эълон гардидани «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» (2019-2021), татбиқи низоми раводиди электронии e-Visa ва режими бераводид барои шаҳрвандони беш аз 60 кишвари ҷаҳон, афзоиши шумораи ширкатҳои сайёҳӣ ва муаррифии бренди миллии сайёҳӣ дар арсаи байналмилалӣ заминаҳои устуворро ҷиҳати бартараф намудани мушкилоти мавҷуда ва ноил шудан ба ҳадафҳои Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 фароҳам овардаанд. Истифодаи оқилона ва ҳифзи бекамукости беш аз 3000 ёдгории таърихию фарҳангӣ ва ҳудудҳои махсус муҳофизатшавандаи табиӣ (ки беш аз 22% ҳудуди кишварро ташкил медиҳанд) ҳамчун принсипи асосии рушди устувори сайёҳӣ барои наслҳои имрӯзу оянда таъмин карда мешавад. Тоҷикистон барои рушди шаклҳои гуногуни сайёҳӣ имкониятҳои назаррас дорад. Кӯҳҳои баланд, пиряхҳо, кӯлҳо, манзараҳои табиӣ, минтақаҳои дорои иқлими гуногун, ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ва анъанаҳои ғании мардумӣ метавонанд асоси ташаккули маҳсулоти рақобатпазири туристиро ташкил диҳанд. Аз ин нуқтаи назар, рушди сайёҳии кӯҳӣ ва экологӣ, сайёҳии фарҳангиву таърихӣ, табобатию солимгардонӣ, аграрӣ ва этнографӣ бояд ҳамчун бахшҳои ба ҳам алоқаманди як бозори ягона баррасӣ шаванд. Масъалаи асосӣ дар ин ҷо танҳо мавҷудияти захираҳои туристӣ нест. Тоҷикистон бояд ин захираҳоро ба маҳсулоти мукаммали туристӣ табдил диҳад. Масири ҷолиби сайёҳӣ бояд бо нақлиёт, роҳбалад, ҷойи будубош, ғизо, алоқа, хизматрасонии тиббӣ, амният ва имконияти пардохти рақамӣ пайваст бошад. Аҳамияти дигари стратегии сайёҳӣ дар он аст, ки он метавонад рушди иқтисодиро аз пойтахт ва марказҳои бузурги шаҳрӣ ба минтақаҳо интиқол диҳад. Рушди сайёҳии деҳот метавонад барои хоҷагиҳои кишоварзӣ, ҳунармандон, соҳибкорони хурд, занон ва ҷавонон манбаи нави даромад фароҳам оварад. Меҳмонхонаҳои хонагӣ, агротуризм, фурӯши маҳсулоти маҳаллӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва хизматрасониҳои роҳбаладӣ метавонанд дар ташаккули иқтисоди маҳаллӣ саҳми бештар гузоранд. Аз ин лиҳоз, сиёсати сайёҳӣ бояд бо сиёсати рушди минтақаҳо, кишоварзӣ, ҳунармандӣ, фарҳанг, нақлиёт ва рушди соҳибкории хурду миёна бештар ҳамоҳанг карда шавад. Дар бозори ҷаҳонии сайёҳӣ рақобат на танҳо барои манзараҳои зебо, балки барои сифати таҷрибаи сайёҳ сурат мегирад. Аз ин рӯ, яке аз вазифаҳои муҳими марҳилаи нави рушди соҳа баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ мебошад. Ин раванд омодасозии кадрҳои касбӣ, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, рушди фарҳанги хизматрасонӣ, такмили малакаҳои роҳбаладон, менеҷерони меҳмонхонаҳо, кормандони тарабхонаҳо ва дигар субъектҳои хизматрасониро талаб менамояд. Дар баробари ин, зарур аст, ки нишондиҳандаҳои сифати хизматрасонӣ мунтазам арзёбӣ шуда, фикру мулоҳизаҳои сайёҳон ба низоми идоракунии соҳа ворид карда шаванд. Ҳамин тариқ, таҳлили ҳаматарафа ва амиқи самтҳои стратегии рушди соҳа нишон медиҳад, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сайёҳӣ аз як бахши одди хизматрасонӣ ба муҳаррики калидии рушди устувори иҷтимоию иқтисодӣ ва воситаи муҳими афзоиши даромади аҳоливу ҷалби сармояи хориҷӣ табдил ёфтааст. Сайёҳӣ барои Тоҷикистон танҳо соҳаи қабули меҳмонон нест. Он метавонад ба воситаи пайвасткунандаи сармоягузорӣ, соҳибкорӣ, шуғл, рушди минтақаҳо, фарҳанг, ҳунармандӣ, кишоварзӣ ва хизматрасониҳои муосир табдил ёбад. Силсилаи иқдомҳои созандаи Давлат ва Ҳукумати кишвар, аз ҷумла эълон гардидани «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» (2019-2021), татбиқи מוваффақияти низоми раводиди электронии e-Visa, ҷорӣ намудани режими бераводид барои шаҳрвандони беш аз 60 кишвари ҷаҳон, пешниҳоди имтиёзҳои бесобиқаи андозу гумрукӣ ба бахши хусусӣ ва муаррифии мақсадноки бренди миллии сайёҳӣ дар арсаи байналмилалӣ заминаи устувори институсионалӣ ва иқтисодиро фароҳам оварданд. Ин тадбирҳо на танҳо ба афзоиши мунтазами ҷараёни сайёҳон ва ҷолибияти сармоягузории соҳа такони ҷиддӣ бахшиданд, балки барои татбиқи муваффақонаи ҳадафҳои стратегии кишвар шароити мусоид эҷод намуданд. Ноил шудан ба ҳадафҳои баландмуддат, аз ҷумла ба 8% нишондиҳандаи Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ (ММД) ва ба 10% фарогирии шуғли аҳолӣ расонидани саҳми сайёҳӣ мавқеи Тоҷикистонро ҳамчун яке аз марказҳои рақобатпазиртарин ва ҷолиби сайёҳӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ таҳким мебахшад. Юсуф Раҳмон, номзади илмҳои иқтисодӣ Мудири шӯъбаи таҳқиқоти инфрасохтории Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Муфассалтар

Таълим

Омода кардани насли навини олимони иқтисод ва демографҳо

Магистратура

Таълим дар 3 ихтисос. Қариб 39 магистрантҳо омӯзиш мегузаранд.

Аспирантура / PhD

Шӯъбаи омода кардани кадрҳои илмии баландихтисос.

Шӯрои диссертационӣ

Шӯрои КОА-109 оид ба ҳимояи рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ.

Фаълияти илмӣ

Бештар аз 2000 корҳои илмӣ дар 10 соли охир

Монографияҳо ва китобҳо

Беш аз 129 монография ва китобҳои илмӣ оид ба иқтисод ва демография нашр шудааст.

Маҷаллаи илмӣ

Нашрияи даврии таълимотӣ бо архиви электронӣ ва нашрияҳои баррасишаванда.

Конференсия

Семинарҳои илмӣ мунтазам, мизҳои мудаввар ва конфронсҳои байналмилалӣ.

Аснод ва маҳзани маълумот

Барои тамос

Суроға

734063 Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи Айнӣ 267.

Телефон

(+992 37) 225-80-80

Email

info@ied.tj