ИЭД НАНТ
Меню

Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Институти иқтисодиёт ва демография

Иқтисодиёт — асос ва кафолати мавҷудияти ҷомеа

30+

Докторов наук

32

Кандидатов наук

2000+

Публикаций

129+

Монографий

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

МАФҲУМИ ИСТИҚЛОЛИЯТ АЗ ДИДГОҲИ ОЛИМИ ҶАВОН

Юсуфзода Шодоб Хӯҷамқул ходими илмии шӯъбаи тадқиқоти демографӣ ва рушди нерӯи инсонии Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ

Бинои нави Институти иктисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Хабарҳо

Таҳкими фаъолияти Шурои диссертатсионии 6D.КОА-109-и назди Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ

Таҳкими фаъолияти Шурои диссертатсионии 6D.КОА-109-и назди Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ

Санаи 20.10.2026 дар Шурои диссертатсионии 6D.КОА-109-и назди Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ ҳимояи рисолаи илмии Аюбҷони Саломудин дар мавзуи «Таъмини иттилоотии идоракунии амнияти бахши аграрии икдисодиёт (дар мисоли вилояти Суғд)» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои иқтисодӣ аз руйи ихтисоси 08.00.06 - Иқтисодиёт ва идоракунӣ тибқи самтҳои фаъолият (08.00.06.01 - Амнияти иқтисодӣ) баргузор гардид. Ҷиҳати устувор намудани пояи илми иқтисодӣ ва таҳкими фаъолияти Шурои диссертатсионии 6D.КОА-109-и назди Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ роҳбарияти муассиса дастгирии ҳамешагӣ менамояд.

Муфассалтар
ТАҲЛИЛ ВА НАТИҶАГИРИИ ЛОИҲАИ ИЛМӢ-ТАҲҚИҚОТӢ

ТАҲЛИЛ ВА НАТИҶАГИРИИ ЛОИҲАИ ИЛМӢ-ТАҲҚИҚОТӢ

Имрӯз, мутобиқи дастури Раёсати АМИТ аз 01.10.2026 ва қарори Раёсати Шурои ҳамоҳангсозии корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ аз 2 ноябри соли 2020, №3 натиҷаи лоиҳаи илмӣ-таҳқиқотӣ дар мавзуи «Муаммоҳо ва дурнамои рушди равандҳои муҳоҷирати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити муосир» зери роҳбарии д.и.и. Бобозода А. мавриди баррасӣ қарор гирифт. Лоиҳаи мазкур дар шуъбаи таҳқиқоти демографӣ ва рушди неруи инсонии Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ татбиқ гардида, муҳлати иҷрои он солҳои 2025-2029-ро дар бар мегирад. Ҳисобот оид ба таҳлилу натиҷагирии лоиҳаи илмӣ-таҳқиқотӣ барои солҳои 2025-2026 аз ҷониби роҳбари лоиҳа Бобозода А. пешниҳод карда шуд, ки дар он мақсаду вазифаҳои лоиҳа, мутобиқати лоиҳа ба самтҳои афзалиятноки соҳаи илм, натиҷаҳои асосии лоиҳа дар самти таҳқиқоти бунёдӣ, аҳаммияти амалии лоиҳа, маводҳои чопшуда оид ба мавзуъи лоиҳа, саҳми лоиҳа дар омода кардани кадрҳои илмӣ ва натиҷаҳои интизорӣ баъди иҷрои лоиҳаи илмӣ-таҳқиқотӣ, ба аъзои Комиссияи баҳодиҳии рафти иҷрои лоиҳаҳои илмӣ ва илмию таҳқиқотии Шурои ҳамоҳангсозии корҳои илмию таҳқиқотӣ манзур гардид. Дар фарҷоми ҷаласа, роҳбари лоиҳа Бобозода А. ба саволҳои ҳозирин посух дода, нақшаҳои минбаъдаи корҳои илмӣ-таҳқиқотиро мушаххас баён намуд.

Муфассалтар
ДАСТОВАРДҲОИ НАВБАТИИ ОЛИМОНИ ИНСТИТУТ ДАР ОЗМУНҲО

ДАСТОВАРДҲОИ НАВБАТИИ ОЛИМОНИ ИНСТИТУТ ДАР ОЗМУНҲО

Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Ассотсиатсияи бонкҳои Тоҷикистон маросими супоридани «Ҷоизаи рушди бонкдорӣ-2026» ба ғолибони озмун аз рӯйи якчанд номинатсияҳо баргузор гардид. Лозим ба ёдоварист, ки озмуни соҳавӣ бо мақсади рушди бонкдории рақамӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионии бонкӣ ташкил гардида буд. Олимону муҳаққиқони Институти иқтисодиёт ва демография – сарходими илмӣ, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Шариф Раҳимзода ва мудири шуъбаи бозори молиявӣ ва идоракунии лоиҳаҳои сармоягузорӣ, доктори илмҳои иқтисодӣ, дотсент Баҳром Шарифзода барои саҳми арзанда дар омодасозии кадрҳои соҳаи бонкдорӣ, таҳияи маводҳои таълимӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионии низоми бонкӣ бо «Сипоснома»-и Ассотсиатсияи бонкҳои Тоҷикистон аз рӯйи номинатсияи «Беҳтарин омӯзгор дар соҳаи бонкдории рақамӣ» қадршиносӣ гардиданд.

Муфассалтар
СИЛСИЛАИ ЧОРАБИНИҲО БАХШИДА БА 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН: СЕМИНАРИ ИЛМӢ НАЗАРИЯВИИ ДОИМОАМАЛКУНАНДА ДАР ИНСТИТУТИ ИҚТИСОДИЁТ ВА ДЕМОГРАФИЯИ АМИТ

СИЛСИЛАИ ЧОРАБИНИҲО БАХШИДА БА 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН: СЕМИНАРИ ИЛМӢ НАЗАРИЯВИИ ДОИМОАМАЛКУНАНДА ДАР ИНСТИТУТИ ИҚТИСОДИЁТ ВА ДЕМОГРАФИЯИ АМИТ

Имрӯз 2-октябри соли 2026, дар асоси нақшаи баргузории чорабиниҳои илмӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Шурои олимони Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон семинари илмӣ-назариявии доимоамалкунанда баргузор гардид. Дар доираи семинар, ходими пешбари илмии шуъбаи таҳқиқоти демографӣ ва рушди нерӯи инсонӣ, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Қодиров Шодибег дар мавзӯи «Рушди илми демография дар Тоҷикистон» маърӯза намуданд. Таҳқиқоти равандҳои демографӣ аз ҷумлаи масъалаҳои муҳими илмӣ буда, омӯзиши он барои дарки равандҳои демографӣ, хусусиятҳои тағйирёбии шумора ва таркиби аҳолӣ, ҳаракати табиию механикии аҳолӣ ва дигар омилҳои ба рушди демографӣ таъсиррасон аҳаммияти назаррас дорад. Зимни ироа намудани маърӯза ба масъалаҳои ташаккул ва марҳилаҳои рушди илми демография дар Тоҷикистон, таҳаввулоти самтҳои таҳқиқоти демографӣ, афкори демографии мутаффакирони форсу тоҷик ва рушди илми демография дар замони истиқлолияти давлатӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд. Маърӯзачӣ ба алоқамандии зичи тадқиқоти демографӣ ва илмҳои иқтисодӣ ишора намуда, равандҳои демографиро инъикоси равандҳои иҷтимоию иқтисодии ҷомеа маънидод намуд. Ў ҳамчунин рушди илми демографияро дар Тоҷикистон ҷузъи ҷудонопазири сиёсати давлатии демографӣ баён намуда, таъкид намуд, ки дар таҳқиқоти ҷомеашиносӣ ба назар нагирифтани равандҳои демографӣ, метавонад боиси нодуруст баҳо додан ба сиёсати давлат ва равандҳои иҷтимоию иқтисодӣ шавад. Чунин семинари илмӣ-назариявӣ барои табодули афкор, муҳокимаи масъалаҳои мубрами демографӣ, пешниҳоди андешаҳои илмӣ ва таҳкими ҳамкории байни муҳаққиқон заминаи мусоид фароҳам оварда, ба густариши таҳқиқоти илмӣ дар самти демография ва рушди нерӯи инсонӣ мусоидат менамояд. Аз ин лиҳоз, баргузории чунин ҳамоишҳои илмӣ яке аз роҳи муҳими рушди фазои илмӣ, баланд бардоштани сатҳи таҳқиқоти соҳавӣ ва пайванди донишҳои назариявӣ бо масъалаҳои мубрами ҷомеа ба ҳисоб меравад.

Муфассалтар
ҚАДРДОНИИ ХИЗМАТҲО ДАР РУШДИ НИЗОМИ БОНКӢ

ҚАДРДОНИИ ХИЗМАТҲО ДАР РУШДИ НИЗОМИ БОНКӢ

Шарифзода Бахром Маҳмуд, мудири Шуъбаи бозори молиявӣ ва идоракунии лоиҳаҳои сармоягузорӣ, доктори илмҳои иқтисодӣ, дотсент низ бо нишони «АЪЛОЧИИ НИЗОМИ БОНКӢ» сарфароз гардид. Ин қадрдонӣ таҷассумгари саҳми бисёрсолаи ӯ дар фаъолияти бонкӣ, рушди маблағгузории соҳибкорӣ ва таҳқиқи масъалаҳои молиявию қарзӣ мебошад. Фаъолияти ӯ дар низоми бонкӣ соли 1995 аз филиали ҶСК «Агроинвестбонк» дар шаҳри Конибодом оғоз ёфта, солҳои 2005–2018 дар саридораи бонк вазифаҳои масъули роҳбариро дар самтҳои қарздиҳии корхонаҳои хурду миёна, банақшагирӣ ва таҳлил, ҳамкории байналмилалӣ ва омӯзиши кормандон ба уҳда дошт. Шарифзода Бахром Маҳмуд даҳ сол узви Шӯрои директорони Ассотсиатсияи ташкилотҳои қарзии хурд буда, дар «Агроинвестбонк» ҳамоҳангсозии ду лоиҳаи Бонки аврупоии таҷдид ва рушд – ТМСЕФ ва ТАФФ-ро анҷом додааст. Ин лоиҳаҳо ба маблағгузории соҳибкории хурду миёна, корхонаҳои хурди кишоварзӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ равона шуда буданд. Пайванди таҷрибаи амалии бонкдорӣ бо фаъолияти илмӣ хусусияти муҳими роҳи касбии ӯст. Таҳқиқоти ӯ рушди бозори молиявӣ, фаъолияти бонкӣ, маблағгузории хурди соҳибкорӣ, сармоягузорӣ ва идоракунии лоиҳаҳои сармоягузориро фаро мегиранд.

Муфассалтар
ШАРИФ РАҲИМЗОДА - «АЪЛОЧИИ НИЗОМИ БОНКӢ»

ШАРИФ РАҲИМЗОДА - «АЪЛОЧИИ НИЗОМИ БОНКӢ»

30 сентябри соли равон дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалии бонкӣ - 2026 таҳти унвони «Бахши молиявӣ дар давраи инноватсияҳои рақамӣ» баргузор гардид. Сарфароз гардидани сарходими илмии шуъбаи бозорҳои молиявӣ ва идоракунии лоиҳаҳои сармоягузорӣ, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Шариф Раҳимзода бо нишони «АЪЛОЧИИ НИЗОМИ БОНКӢ» ифтихори олимону муҳаққиқони Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мебошад. Мавриди зикр аст, ки Шариф Раҳимзода ҳамчун шахси варзидаи соҳаи молия ва бонкдорӣ ба ҳайси Раиси Бонки миллии Тоҷикистон, Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомотҳои давлатӣ фаъолият намуда, дар рушди низоми бонкии кишвар, алалхусус бахши маблағгузории хурд саҳми назаррас дорад. Аҳли ҷомеаи Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ ба доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Шариф Раҳимзода барои сазовор гардидан ба унвони соҳавии «Аълочии низоми бонкӣ» таҳният намуда, дар корҳои пуршарафи илмӣ ҷиҳати рушду нумуи илми тоҷик муваффақиятҳо таманно доранд.

Муфассалтар

Таълим

Омода кардани насли навини олимони иқтисод ва демографҳо

Магистратура

Таълим дар 3 ихтисос. Қариб 39 магистрантҳо омӯзиш мегузаранд.

Аспирантура / PhD

Шӯъбаи омода кардани кадрҳои илмии баландихтисос.

Шӯрои диссертационӣ

Шӯрои КОА-109 оид ба ҳимояи рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ.

Фаълияти илмӣ

Бештар аз 2000 корҳои илмӣ дар 10 соли охир

Монографияҳо ва китобҳо

Беш аз 129 монография ва китобҳои илмӣ оид ба иқтисод ва демография нашр шудааст.

Маҷаллаи илмӣ

Нашрияи даврии таълимотӣ бо архиви электронӣ ва нашрияҳои баррасишаванда.

Конференсия

Семинарҳои илмӣ мунтазам, мизҳои мудаввар ва конфронсҳои байналмилалӣ.

Аснод ва маҳзани маълумот

Барои тамос

Суроға

734063 Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи Айнӣ 267.

Телефон

(+992 37) 225-80-80

Email

info@ied.tj