Рӯзи Ваҳдати миллӣ

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 31-солагии истиқлоли давлатӣ

Ношир: WWW.IED.TJ Санаи интишор: Пшб, 09/08/2022 - 11:30

Ҳамватанони азиз!

Истиқлоли давлатии Тоҷикистон – рӯйдоди таърихие, ки дар ҳаёти миллати куҳанбунёди тоҷик гардиши кулливу сарнавиштсозро ба вуҷуд овард ва мардуми мо ба шарофати ин падидаи зиндагисоз тақдири ояндаи давлату миллати худро ба дасти хеш гирифтанд, 31-сола шуд.

Ба ифтихори ин ҷашни муқаддас ва бузург тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон ва кулли ҳамватанони бурунмарзиамонро сидқан табрик мегӯям.

Тоҷикӣ

Мизи мудаввар

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Сшб, 09/20/2022 - 17:24

Рӯзи 20 сентябри соли 2022 дар толори Шурои олимони Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзӯи «Диверсификатсияи содироти кишвар: масъалаҳо ва дурнамо» баргузор гардид, ки дар кори он ходимони илмии шуъбаи моделсозӣ ва дурнамогирии равандҳои иҷтимоӣ-иқтисодии Институт – мудири шуъба, н.и.и. Муминова Ф.М., Юнусзода Х.Қ. – н.и.и., Ғоибназаров Ғ. – н.и.и., Ишматова Д.А., Зунунӣ Н.А. ва дигарон иштирок ва баромад намуданд.

Тоҷикӣ

ҲАМЛАИ ТАҶОВУЗКОРОНАИ ҚИРҒИЗИСТОН. Роҳбарияти бемасъулияти кишвари ҳамсоя ба хотири беҳбуди молӣ давлату мардумашро ба бозии хатарнок кашид

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Дшб, 09/19/2022 - 18:10

ДУШАНБЕ, 19.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикон аз қадимулайём миллати сулҳдӯст ва меҳмоннавоз буданд. Онҳо боре ҳам бо ягон ҳамсояашон наҷангидаанд, зеро ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузаронида, медонанд, ки ҷанг чӣ қадар ғаму андӯҳ ба бор меорад. Мутаассифона, ҳамсояи қирғизи мо аз ин истифода бурда, ба мардуми осоиштаи тоҷик доимо ҳуҷум мекунад. Онҳо хонаҳои тоҷикон, мактабу масҷид ва иншоотро вайрону кӯдакон, занон ва пиронсолонро мекушанд. Субҳи 14 сентябр, соати 7:15 бе ягон сабаб, бе огоҳӣ низомиёни қирғиз ба сарҳадбонону мардуми осоиштаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамлаи мусаллаҳона карданд.

Тоҷикӣ

Форуми шашуми рушди Марказҳои таҳлилии CAREC

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Пшб, 09/15/2022 - 17:51

Рўзҳои 15-16 сентябри соли 2022 дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон Форуми шашуми рушди Марказҳои таҳлилии CAREC дар мавзўи «Тағйир додани динамикаи афзоиш барои иқтисоди фарогир ва устувор» баргузор гардид, ки дар кори он мудири шуъбаи таҳқиқоти муқоисавии иқтисодӣ, узви вобастаи АМИТ, д.и.и., профессор Саидмуродзода Л.Ҳ. ва мудири шуъбаи таҳқиқоти институтсионалӣ, н.и.и., дотсент Бабаджанов Р.М. иштирок ва суханронӣ намуданд.

Тоҷикӣ

Мизи мудаввар

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Сшб, 09/13/2022 - 17:04

Рӯзи 13 сентябри соли 2022 дар толори Шурои олимони Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзӯи «Инфраструктураи истеҳсолӣ ҳамчун омили рушди иқтисодиёти индустриалӣ-аграрии Тоҷикистон» баргузор гардид, ки дар кори он ходимони илмии шуъбаи таҳқиқоти инфрасохтории Институт – мудири шуъба, д.и.и., профессор Рауфӣ А., с.и., д.и.и., профессор Бобоев О., н.и.и. Махкамов Б.Б., н.и.и. Шералиев А.А. ва дигарон иштирок ва баромад намуданд.

Тоҷикӣ

Саҳифаҳо

Обуна ба Диҳиши саҳифаи асосӣ