Таҷлили Рӯзи Президент

16 ноябри соли 2021 дар толори Шӯрои олимон бо иштироки тамоми ходимони илмии Институт ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба таҷлили «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» доир гардид. Муовини директор оид ба корҳои илм ва таълим, д.и.и., профессор Мирсаидов А.Б. ҳозиринро бо Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, доир ба саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарорсозии сулҳ ва дастовардҳои назарраси даврони Истиқлолияти давлатӣ ва идораи президентӣ суханронӣ намуданд. Дар ҷамъомад инчунин, мудири шуъбаи тадқиқоти демографӣ, н.и.и. Субҳонов А.И. дар мавзӯи «Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими сиёсати демографии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва танзими давлатии равандҳои демографӣ» баромад намуданд.

Ҳамзамон, дар рафти чорабинӣ директори Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ, д.и.и., профессор Ш.Раҳимзода суханронӣ намуда, қайд намуданд, ки боиси ифтихору фараҳмандист, ки мардуми шарифи Тоҷикистон Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар рӯҳияи эҳтиром ба арзишҳои ватандорӣ ва садоқат ба сарвари худ таҷлил менамоянд. Таъкид гардид, ки маҳз нақши созандаи Пешвои миллатамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар собит сохт, ки идоракунии президентӣ нисбат ба дигар сохторҳои идоракунии давлатӣ самараноку афзалиятноктар мебошад. Хизматҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди давлат, барқарор намудани ҳокимияти сиёсиву истиқлолияти муосири давлатӣ, хомӯш намудани оташи ҷанги шаҳрвандӣ, рушди тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат ва ободию шукуфоии Ватани маҳбубамон бениҳоят бузург аст.