ҲАМЛАИ ТАҶОВУЗКОРОНАИ ҚИРҒИЗИСТОН. Роҳбарияти бемасъулияти кишвари ҳамсоя ба хотири беҳбуди молӣ давлату мардумашро ба бозии хатарнок кашид

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Дшб, 09/19/2022 - 18:10

ДУШАНБЕ, 19.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикон аз қадимулайём миллати сулҳдӯст ва меҳмоннавоз буданд. Онҳо боре ҳам бо ягон ҳамсояашон наҷангидаанд, зеро ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузаронида, медонанд, ки ҷанг чӣ қадар ғаму андӯҳ ба бор меорад. Мутаассифона, ҳамсояи қирғизи мо аз ин истифода бурда, ба мардуми осоиштаи тоҷик доимо ҳуҷум мекунад. Онҳо хонаҳои тоҷикон, мактабу масҷид ва иншоотро вайрону кӯдакон, занон ва пиронсолонро мекушанд. Субҳи 14 сентябр, соати 7:15 бе ягон сабаб, бе огоҳӣ низомиёни қирғиз ба сарҳадбонону мардуми осоиштаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамлаи мусаллаҳона карданд.

Тавре коршиноси ВАО Сангин Гулов зикр кард, низомиёни қирғиз созишномаҳои бадастомада ва анъанаҳои неки ҳамсоягиро вайрон намуда, ба сарҳадбонону мардуми осоишта дар минтақаи сарҳадӣ ҳамлаи ноҷавонмардона карданд.

«Мутаассифона, чунин ҳодиса бори аввал нест, ки дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон рух медиҳад. Ҳамсояи аҳдшикани қирғиз гумон кард, ки тоҷикон барои ҳимояи Ватани худ истодагарӣ карда наметавонанд. Бояд хотиррасон намоем, ки дар лаҳзаҳои тақдирсоз гузаштагони мо, чун Спитамен, Муқаннаъ, Темурмалик, Восеъ ва дигарон ҷони худро дареғ надоштанд, то шаъну шараф ва марзу буми Ватани хешро ҳифз кунанд. Мо аҷдоди номбардори ин қаҳрамонони диловар ҳастем. Роҳбарияту Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мардуми сулҳдӯсти мо суботу оромиро азиз медонанд ва кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки анъанаҳои неки ҳамсоягиро риоя намоянд, барои сулҳи на танҳо кишвари мо, балки тамоми минтақа масъулият эҳсос мекунанд. Роҳбарони бемасъулияти Қирғизистон ба хотири беҳбуди молии худ имрӯз давлату мардумашро ба бозии хатарнок кашида истодааст. Онҳо фикр мекунанд, ки тавассути фитнаҳои қаллобонаи худ дар марз таваҷҷуҳи мардумро аз аъмоли ношоистаашон дур мекунанд. Аммо амалашон нодуруст аст. Тавре дар урфият мегӯянд, «бо думи шер бозӣ намекунанд». Таърих барои роҳбарияти Қирғизистон дарси ибрат нашудааст», — иброз дошт Сангин Гулов.

Ба андешаи мусоҳиб, дар ин лаҳзаҳои ҳассос ҳар тоҷику тоҷикистонӣ ва ҳамагон бояд сар аз як гиребон бароварда, бораи ҳифзи Ватан муттаҳид гардем. Ҷанговарони мо бояд бо силоҳ ва рӯзноманигоронамон бо сухан ва қалами буррои худ ба ҳифзи сарҳади Ватан бархезанд.

«Ҳар сухани мо дар баробари тири ҷанговарони диловари мо бояд душманони нохалафи қирғизамонро торумор кунад. Хабару далелҳои расида гувоҳи онанд, ки пагоҳии барвақт, вақте ки кӯдакон ҳанӯз дар хоби ноз буданд, низомиёни давлати ҳамсоя хиёнаткорона ба сарҳади мо ҳуҷум кардаанд. Имрӯз моро ба аввалин шуда, сар кардани ҷанг айбдор карданианд. Макру фиреби онҳо ҳадду канор надорад. Пас аз ҳамлаи хоинонаи худ онҳо ба ҷомеаи ҷаҳонӣ маълумоти бардурӯғ расонида истодаанд. Бо итминони комил гуфта метавонам, ки иғвои навбатии роҳбарияти Қирғизистон бо истеъфои нангину шармандаворашон анҷом хоҳад ёфт. Аллакай имрӯз норозигии мардуми қирғиз аз сиёсати Садир Жапаров ва Қамчибек Ташиев ба авҷи худ расидааст. Шикасти ҷангандозони қирғиз ва таҳрикдиҳандагони ин иғвоангезӣ ногузир аст»,- афзуд коршинос Сангин Гулов.

АКС: АМИТ «Ховар»

Тоҷикӣ

Меню: