Панҷшанбе, Ноябр 28, 2024

Баррасии ҳисоботи солона дар Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Пшб, 11/28/2024 - 14:02

   Санаи 28 - уми ноябри соли 2024 дар толори Шурои олимони Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ натиҷаҳои бунёдиву амалии татқиқоти илмии Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ ва самараҳои иқтисодиву иҷтимоии онҳо мавриди баррасиву муҳокима қарор гирифтанд. Дар баррасии ҳисоботи солона  ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, раиси Шуъбаи илмҳои ҷамъиятшиносӣ, д.и.ф., профессор Саломиён Муҳаммаддовуд Қаюм иштирок ва сухани ифтитоҳӣ намудаанд.