ШАРИФ РАҲИМЗОДА: «МОРО САНОАТ МУТАРАҚҚӢ МЕКУНАД»

«ҶУМҲУРИЯТ» (16.02.2021)

фото 1234

Бо вуҷуди дастрасӣ ба чанд намуди ваксина алайҳи COVID – 19 ва оғози эмгузаронии оммавӣ дар як қатор кишварҳои ҷаҳон, ҳанӯз пешгӯиҳо оид ба дурнамои вазъ хушҳолкунанда нестанд. Коршиносону муҳаққиқон ҳадс мезананд, ки таҳдиди эҳтимолии коронавирус дар соли 2021 ҳанӯз ҳам  боқӣ монда, барои ҷомеаи ҷаҳон соли мураккаб хоҳад буд.

Дар пасманзари мубориза бар зидди COVID – 19 иқтисоди осебдидаи ҷаҳониро чӣ пайомадҳо интизор аст? Онро баъди азимтарин буҳрон чӣ гуна метавон барқарор сохт ва дар радифи соири кишварҳои ҷаҳон Тоҷикистони азизи мо ба хотири ҳифзи солимии ҷомеа, рафъи мушкилоти бамиёномада ва таъмини рушди минбаъдаи иқтисоди миллӣ аз кадом шеваю фишангҳо истифода хоҳад кард?

Дар иртибот ба ин, мо бо директори Пажӯҳишгоҳи иқтисод ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илми иқтисод Шариф Раҳимзода суҳбат оростем, ки паҳлуҳои гуногуни ин масъалаи рақами яки ҷаҳон матраҳ шуданд.

КӢ ҚОФИЛАСОЛОРИ БАРҚАРОРШАВӢ МЕГАРДАД?

– Пандемияи коронавирус ба инсоният чунон зарбаи ҷонкоҳ зад, ки дар сад соли охир бесобиқа аст: беш аз 105 миллион нафар сироят ёфта, қариб 2,3 миллион нафар фавтид. Хисороти иқтисоди ҷаҳонӣ аз 12 триллион доллари ИМА гузашт. Хушбахтона, чанд рӯз пеш дар дунё бори аввал теъдоди эмгирифтаҳо аз сироятшудагон боло рафта, қариб 110 миллион нафарро ташкил доду алъон ба зиёда 175 миллион расид. Албатта, чунин гардиш нахустпайки фароҳам омадани шароит барои барқароршавии иқтисоди ҷаҳонист. Вале, душвор аст бовар кардан. Зеро ҷамъбасти соли гузашта нишон дод, ки коронавирус, беш аз ҳама, ба истеҳсолоти кишварҳои абарқудрат зарбаи муҳлик задааст. Аз ҷумла, маҷмӯи маҳсулоти дохилии ИМА порсол 3,5 дарсад коҳиш ёфт, ки аз давраи Ҷанги дуюми ҷаҳон чунин уфт рӯй надода буд. Иқтисоди Британияи Кабир, Олмон, Франсия, Италия ва дигар мамлакатҳои пешрафта низ бори аввал поён рафт. Аз миёни абарқудратҳо танҳо Чин, ки паҳншавии коронавирусро боз дошт, солро мусбат (афзоиши ММД 3,6 дарсад) ҷамъбаст кард. Дар пасманзари пандемияи коронавирус ва таназзули саросарӣ шояд маҳз Чин барои кулли давлатҳо қофиласолори раванди барқароршавии иқтисодӣ гардад? Ин боз аз он ҷиҳат низ муҳим аст, ки бемории ҷаҳонӣ маҳз дар қаламрави он пайдо шуда буд. Чунин таҳаввулот ё ҳолати бамиёномадаро Шумо чӣ гуна тавзеҳ медиҳед?

– Иқтисоди Чин дар ҷаҳон баъди ИМА тавонотарин ба ҳисоб меравад. Солҳои охир, иқисодиёти чинӣ назар ба амрикоӣ 2 – 3 маротиба, яъне дар сатҳи 6 – 7 дарсад, босуръаттар рушд мекунад. Бо вуҷуди хуруҷи коронавирус, соли вазнини гузашта низ пешрафти устувори он таъмин гардид, ҳарчанд на дар сатҳи пешина. Барои дарки дараҷаи қудрати он, биёед, муборизааш бо коронавирусро ба ёд орем. Зеро он ягона давлати дунё шуд, ки дар се моҳ COVID – 19-ро шикаст дод. 31 декабр Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Созмони ҷаҳонии тандурустӣ аз пайдоиши вируси номаълуме иттилоъ дод, ки ангезандаи бемории илтиҳоби шуш аст. Баъдан, он SARS-CoV-2 ном гирифт. То 1 марти соли 2020 дар мамлакат ба он, аллакай, 80 ҳазор нафар мубтало буд. Бинобар чунин паҳншавии босуръат, коршиносон яқин карданд, ки дар кӯтоҳтарин муддат он аз ним миллион мегузарад. Лекин, то 18 март ягон ҳодисаи сирояти дохилӣ рӯй надод. 29 март расман эълон гардид, ки дар кишвар сироятёбӣ боздошта шуд ва ҳодисаҳои нав воридотиянд. Яъне, ҳамагӣ дар се моҳ, тавассути карантин, Ҳукумати Чин тавонист, ки мубталошавии оммавӣ  ба COVID – 19-ро хотима бахшад.

– Тибқи охирин маълумоти расмӣ, то имрӯз шумораи мубталоён дар ин мамлакат қариб ба 90 ҳазор нафар расида, беш аз 4700 нафар фавтидааст. Аммо дар ИМА, ки чор маротиба камтар аҳолӣ дорад, теъдоди сироятёфтагон беш аз 28 миллион ва фавтидагон қариб 500 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

– Яъне, ба эътидол омадани вазъият барои чиниҳо заминаи мусоиде шуд, ки минбаъд таваҷҷуҳи асосӣ ба барқарорсозии иқтисод равона гардад ва чуноне ҷамъбасти сол нишон дод, дар ин самт низ корашон бобарор омад. Солҳои охир Чин ба муҳаррики пешбарандаи иқтисодиёти ҷаҳонӣ мубаддал шудааст. Чин ҳам неру ва ҳам имконияти зарурӣ дорад, ки барои кулли кишварҳо муҳаррики барқарорсозии иқтисод гардад.

 СУХАН АЗ «ФЕНОМЕНИ ТОҶИКӢ»

– Шумо аз «феномени чинӣ» гуфтед. Дар идома месазад аз «феномени тоҷикӣ» низ гуфта бошем. Ба ду далел. Аввалан, чуноне аз ахбори расмӣ бармеояд, аз ибтидои сол то имрӯз дар Тоҷикистон ҳодисаҳои нави сирояти коронавирус сабт нашудаанд. Ба ибораи дигар, ҳашт моҳ кифоят кард, то ки дар натиҷаи тадбирҳои муассири саривақтӣ паҳншавии ин бемории маргзо хотима ёбад. Сониян, ҷамъбасти сол бо вуҷуди нигарониҳо хуб омад: ММД 4,5 дарсад афзуд. Барои муқоиса, дар Ӯзбекистон он ҳамагӣ 1,6 дарсад боло рафт, дар Қирғизистон бошад, буҳрон ба дараҷае шадид буд, ки истеҳсолот 8,6 дарсад коҳиш ёфт. Дар манзари ин арқом оё метавон гуфт, ки зарбаи коронавирус ба иқтисоди миллии мо сахт таъсир нарасонд ва ё муқовимати мо ба он муваффақтар буд?

– Мо ба иқтисоди ҷаҳонӣ хеле кам пайванд дорем. Маҳз  ҳамин  пайвастагию  вобастагии камтар оқибати пандемияи коронавирусро бароямон то буҳрони ҷиддӣ нарасонд. Илова ба он, тадбирҳои дар доираи Фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба дастгирии мардум ва субъектҳои хоҷагидорӣ андешидашуда, имкон доданд, ки таъсири манфии он коҳиш ёфта, рушди маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 4,5 дарсад таъмин шавад.

Чин бошад, ба истеҳсолоти ҷаҳонӣ пайванди ниҳоят қавӣ дорад, бо тамоми дунё додугирифт мекунад, ширкатҳои фаромиллияш дар пешрафтатарин кишварҳо муваффақона фаъолият доранд. Дар омади гап, кишварҳои абарқудрат аз пандемия истифода ҳам бурданд.

Дар давраи буҳрони коронавирусӣ, ки вазъияташонро ниҳоят муташанниҷ сохт, нисбати он маҳдудиятҳо роҳандозӣ карда, Чинро чун сарчашмаи паҳншавии коронавирус гунаҳгор сохтанд ва ин моҷаро то ҳол идома дорад. Ба ин восита, ба иқтисоди он таъсир расонданд. Лекин чун мардуми Чин заҳматкашу боинтизоманд, Ҳукумат бо дастгирии шаҳрвандон дар муддати  кӯтоҳ, бо роҳандозии карантини қатъӣ, хуруҷи коронавирусро пахш карду аз пайи эъмори иқтисодаш шуд ва ҷамъбасти сол нишон дод, ки дар ин самт ҳам муваффақ гашт.

– Пас, метавон гуфт, ки сипари мо омилҳои дохилӣ ва тадбирҳои саривақтӣ буданд? Аз ҷумла, ба соҳаи тандурустӣ барои хариди доруворӣ, таҷҳизот, бунёди беморхонаҳои муваққатӣ ва дастгирии кормандони тиб аз Буҷети давлатӣ иловатан 1,6 миллиард сомонӣ равона гардид.

– Бечунучаро, пандемияи коронавирус ба иқтисоди Тоҷикистон низ бетаъсир намонд. Лекин на ба он дараҷае, ки иддае аз коршиносони ғафлатзада ҳангома мекарданд. Агар ёдатон бошад, баробари сабти аввалин ҳолати гирифторшавӣ дар Тоҷикистон, садоҳое баланд шуданд, ки бинобар заифии низоми тандурустӣ, имконияти маҳдуди профилактиву табобатӣ ва техникӣ садҳо ҳазор мубталои вируси нав ва даҳҳо ҳазор қурбон мешаванд. Метарсонданд, ки иқтисоди миллӣ ба чунин зарба тоб нахоҳад овард. Бо исрор мегуфтанд, ки Ҳукумат барои пешгирӣ аз ин беморӣ  бояд, ҳатман, карантини саросарӣ ҷорӣ созад.

Ҷамъбасти соли ниҳоят вазнини 2020 бебунёдии тарсафканиҳо ва пешгӯиҳои муғризонаро нишон дод. Ҳангоме ки соли гузашта дар аксари давлатҳои дунё истеҳсолот ҷиддан коҳиш ёфт, маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон 4,5 дарсад афзуд. Бояд таъкид кард, ки дар чунин вазъияти мураккаб на танҳо уфти иқтисоди миллӣ пешгирӣ шуд, балки бо суръати нисбатан камтар ҳам бошад, пешрафти он таъмин гардид. Ва ин, пеш аз ҳама, аз ҳисоби соҳаҳои бунёдӣ – саноат ва кишоварзӣ ба даст омад.

БЕШ АЗ 5 МИЛЛИАРДРО ЭМ БОЯД КАРД

– Чуноне дар ҷараёни суҳбат зикр шуд, аллакай, дар кишварҳои дунё теъдоди эмшудагон аз 175 миллион нафар гузашт. Бино ба изҳороти СҶТ, 70 дарсади аҳолии сайёра бояд эм карда шавад. Шояд аз ҳамин хотир ағлаби коршиносон ҳушдор медиҳанд, ки ваксинакунӣ анҷоми коронавирус нест. Ҳамчунин, ба зуд барқарор шудани иқтисоди буҳронзада умед бастан нашояд. Ба пиндори Шумо, барқароршавии иқтисодҳои миллӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, кай ҷиддан шурӯъ мешавад?

– Имрӯз аҳолии дунё тақрибан 7,6 миллиардро ташкил медиҳад. 70 дарсадаш 5,3 миллиард нафар мешавад, ки барои эмкунии ин шумора камаш ду сол зарур аст. Ҳатто ширкатҳои фаромиллии дорусозӣ қудрат надоранд, ки дар муддати кӯтоҳ чунин талаботро қонеъ созанд. Дигар ҷиҳати масъала. Чуноне шоҳид шудем, пандемияи коронавирус соири кишварҳоро ба марзбандӣ, карантини саросарӣ, узлатнишинии тӯлонии шаҳрвандон ва аз фаъолият боздоштани як қатор корхонаҳо маҷбур намуд ва на як бору ду бор. Яъне, низоми муқаррарии ҳаёт ва истеҳсолот, ҳамкорӣ, додугирифт, ҳамлу нақл, хизматрасонӣ халали ҷиддӣ дид. Ва онро дар муддати ним сол ё ҳатто як сол аз нав ба ифоқа овардан имкон надорад. Ман ҷонибдори он иқтисоддонону коршиносони ватанию хориҷиям, ки нимаи дуюми соли 2022-ро оғози барқароршавии иқтисоди ҷаҳонӣ мешуморанд. Иқтисоди миллии мо бошад, бо сабабҳои дар боло зикршуда, дар ҳолати беҳтар қарор дорад.

ШУМО ДРОНЧАРХБОЛ ФАРМУДА БУДЕД? 

– Дар ниҳояти суҳбатамон, муҳтарам Шариф Раҳимзода, як ҷиҳати мусбати пандемияро зикр кардан мехоҳам. Он раванди гузариш ба технологияи рақамӣ бо густариши минбаъдаи савдои электронӣ, суръатбахшии роҳандозии тибби телевизионӣ, видеоконфронсҳо, кору таълими фосилавӣ ва технологияи молиявиро тезонд. Дар Тоҷикистон таҳияи барномаҳои мушаххас аз рӯи Консепсияи иқтисоди рақамӣ, ки соле пеш пазируфта шуд, оғоз ёфтааст. Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таъсиси Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Тоҷикистон супориш доданд, ки ин тадбири ниҳоят муҳим бояд раванди рақамисозиро такони ҷиддӣ бахшад.

– Иқтисоди рақамӣ иқтисоди электронӣ, интернетӣ аст. Яъне ҷараёнест, ки воситаҳои муосиртарини электронӣ барои иҷрои кору амалу хизматрасониҳо корбаст мешаванд. Бубинед, яке аз сабабҳои асосии коррупсия рӯ ба рӯ шудани корафтодаву кориҷрокунанда аст. Ва вақте кори зарурӣ тавассути интернет сурат мегирад, ӯ аз имкони талабу гирифтани пора маҳрум мегардад. Яъне, фазои рақамӣ ҷиҳати аз байн бурдани коррупсия нақши муҳим мебозад.

Мисоли дигар. Соли 1920, яъне қарне қабл, дар ИМА 80 дарсади корҳо дастӣ анҷом дода мешуданд. Соли гузашта бошад, 80 дарсади корҳоро хизматрасониҳо ташкил доданд. Яъне, тавассути технологияи муосир кори вазнини дастӣ аз байн меравад. Ба ибораи дигар, ба ҷои даст ақл, ба ҷои одам робот кор мекунад. Ҳоло «хонаҳои боақл» пайдо шудаанд, ки дар онҳо ҳама кор тавассути барномаҳои компютерӣ, роботҳо ва дигар таҷҳизоти худкор иҷро мешаванд: парвариши гул, рӯбучини хона, дар вақти муайян фурӯзон кардани чароғҳо ва ғайра. Шумо аз ҷои кор истода тавассути интернет ё телефон ин ҳамаро мефармоед ва назорат мебаред.

Хоҳу нохоҳ мо низ бо ин роҳ бояд равем,  зеро  дар тамоми дунё фазои рақамӣ – марҳилаи сифатан нави рушди тамаддуни инсонӣ ташаккул меёбад. Дар шароити ҷаҳонишавӣ он кишваре метавонад, дар ин кор муваффақ бошад, ки аз ин низоми нав қафо намонад. Дар кишвари мо низ дар ин самт корҳои муайян баҷо оварда мешаванд. Корманди муҳосибот имрӯз метавонад ба идораи андоз нарафта, ҳисоботро тавассути интернет ирсол кунад. Мизоҷи бонк аз ҷои кораш тавассути интернет маблағро мепардозад, суратҳисобашро хабар мегирад, телефони мобилӣ воситаи қулайи пардохти ҳар гуна хизматрасониҳо шудааст. Ин ҳама ҳаракат ба самти иқтисоди рақамист. Консепсияе, ки зикр намудед, ин сиёсати давлатии иқтисоди рақамист, ки дар асоси он барномаҳои мушаххас роҳандозӣ мешаванд. Мутаассифона, мо алҳол ҷиҳати хариду корбасти таҷҳизоти зарурӣ маблағҳои зарурӣ надорем.

Оянда фазои рақамии кишварамон чӣ гуна хоҳад шуд, бо як мисоли дар назари аввал аз мавзӯъ дур таъкид карданиям. Солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ман мушовири калони Роҳбари давлат будам ва бо дӯстон аз ҷои кор то маҳаллаи Зарафшон пиёда рафта меомадем, чунки дар он давраи вазнин нақлиёт набуд. Рафту ягон мошин пайдо мешуд, ЗИЛ-е буд, ки дар он муҳаррики тракторро шинондаанд. Имрӯз дар Душанбе ончунон мошин бисёр шудааст, ки гӯё аз одам бештар бошад. Агар ба сатҳи рушди илму техникаи ҷаҳонӣ боз ягон омили ғайричашмдошт таъсир нарасонад, пас аз 5 – 10 сол на танҳо дар кӯчаҳои Душанбе ба ҷои мошинҳои имрӯза электромобилҳои бесарнишин, дрон-такси, дрон-чархболҳо пайдо мешаванд, ки мову шуморо аз хона ё ҷои кор ба ҷои дилхоҳамон мебаранд. Барои Тоҷикистони пешрафта ва мардуми шарифаш ин як амри воқеъ хоҳад буд.

 

Шариф Раҳимзода, директори Институти иқтисодиёт ва демография: «Ҷавонону наврасон бе омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, риёзӣ ва дақиқ наметавонанд муҳаррики рушди босуръати давлат дар тамаддуни саноатӣ бошанд»

ДУШАНБЕ, 15.02.2021 /АМИТ«Ховар»/.

шеф

Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 26 январи соли 2021 ироа шуд, дар ҷомеа  такони ҷиддӣ ба миён овард. Аз ҷониби Президенти мамлакат «вазоратҳои молия, маориф ва илм, Академияи миллии илмҳо ва вазорату кумитаҳое, ки дар сохторашон муассисаҳои таълимӣ доранд, вазифадор карда шуданд, ки якҷо бо роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоҷиҳати таҷҳизонидани кабинетҳои фанҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ тадбирҳои фаврӣ андешида, аз натиҷаи корҳо ба Ҳукумати мамлакат гузориш диҳанд. Илова ба ин, ба хотири боз ҳам бештар ба омӯзиши илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ ҷалб кардани наврасону ҷавонон, олимону муҳаққиқон ва устодону омӯзгорон ҳамасола озмуни ҷумҳуриявӣ зери унвони «Илм – фурӯғи маърифат» гузаронида шавад».

Ин дастури Пешвои миллатро кулли мардуми кишвар, бахусус зиёиён, олимону муҳаққиқон хуб  пазируфтанд. Зеро ҳамзистӣ дар ҷомеаи имрӯза талаб менамояд, ки сатҳи дониши наврасону ҷавонони мо ба стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯй бошад. Ҷавонону наврасон бидуни аз худ намудани донишҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ наметавонанд муҳаррики ташаккулу рушди босуръати кишвари худ дар тамаддуни индустриалӣ бошанд. Таърихи кишварҳои индустриалӣ шаҳодат медиҳад, ки густариш, сатҳ ва ё зинаҳои камолоти ҷомеаи инсонӣ, рушди устувори ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии он вобаста ба болоравии сатҳи фарҳангӣ ва тамаддуни индустриалӣ суръат мегирад.

Чунин изҳор намуд бардоштҳои хешро аз Паёми навбатии Пешвои миллат директори Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Шариф РАҲИМЗОДА ба хабарнигори АМИТ “Ховар”. 

Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, дар Паёми соли гузашта Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои 2020-2040-ро Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ дар соҳаи илму маориф эълон  намуда  буданд ва ҷиҳати татбиқи ин ташаббус аз ҷониби Ҳукумати мамлакат нақшаи чорабиниҳо таҳия ва тасдиқ гардид. Ҳадафи ин ташаббуси Пешвои миллат  ташаккул ва пойдор намудани заминаи зарурӣ барои рушди ҷомеа дар давраи  тамаддуни техникиву технологӣ мебошад.

Пешрафти ҷомеа хосияти динамикӣ дошта, тағйироти таркибии он ба рушди тамаддуни  моддӣ, техникӣ  ва технологӣ  алоқаманд мебошад. Бинобар ин, неруҳои истеҳсолкунандаи ҷомеа чун асоси пешрафти ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ пазируфта шудаанд. Маҳз тамаддуни моддӣ сараввал ба объекти муносибатҳову созишҳои иқтисодӣ мубаддал гардида,  манфиатҳои ҷомеаро рӯи кор меорад.

Пойдорӣ ва густариши тамаддуни  техникиву технологӣ ба сатҳи паҳноии конгитивии (захираи итилоотӣ-донишии) ҳар фарди ҷомеа пайвастагӣ дорад. Кашфиёти воқеии ин на кашфи «заминҳои нав», балки имконияти нигоҳу диди нав, густаришу сайқалёбии хиёбони андешаи фардҳои ҷомеа мебошад. Миёни фардҳои ҷомеа, бахусус, чунин фардҳо ва ё ҷавононе, ки иқтидори мафкуравиашон хеле баланд аст, нақши гиреҳкушоро мебозанд. Маҷрои инноватсионӣ маҳз ба онҳо алоқамандӣ дорад. Ин аст, ки дар баробари гузаронидани озмунҳо дар самти рушди фанҳои гуманитарӣ ва бозёфти истеъдодҳои нав зарурати бозёфти чунин истеъдодҳо дар байни дорандагони дониш аз фанҳои дақиқ, риёзӣ ва табиӣ ба миён омадааст,-менависад олими иқтисодшиноси мамлакат.

«Озмунҳои қаблӣ, аз ҷумла «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» ва «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» як нуктаи бисёр муҳимро собит намуданд: дар байни наврасону ҷавонони мо истеъдодҳои нодир ба воя расида истодаанд, ки мо бояд онҳоро ҳамаҷониба дастгириву ҳавасманд гардонем. Умедворам, ки дар озмуни навбатӣ истеъдодҳои наврасу ҷавон донишу маҳорати хешро санҷида, дар оянда барои пешрафти илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ нақши арзишманд мегузоранд».

Аз ҷумла, ҷавонон ва насли нави ҷомеа дар муносибат  ба муҳит ва навгониву кашфиёт бештар завқ дошта, онҳоро зуд дарку эҳсос мекунанд. Ҳарчанд фаъолияти онҳо зоҳиран ва ё дар назар аз дигарон фарқ намекунад, дар асл андешаронии онҳо вобаста ба таъсири технологияҳои иттилоотӣ дигар аст. Маҳз бо шарофати онҳо тоифаи нав ва ё табақаи созандагони ҷомеа, ки ба муносибатҳои бовиҷдонона дар зиндагиву муҳит афзалият медиҳанд, ташаккул меёбад.

Ҳоло ҷавонони мо аз рӯи вазифаҳои дар назди худ гузошта ва  сифати амалу фаъолият ба ду гурӯҳ ҷудо мешаванд: онҳое, ки мунтазам ба омӯзишу пажӯҳиш машғуланд ва онҳое, ки нақши ташкилотчигиву созандагиро иҷро мекунанд. Маҳз дар асоси ҳамкориву робитаи устувори ин гурӯҳҳо  ҷомеа густаришу инкишоф ёфта,  тамаддунҳои нав ба майдон меоянд. «Бинобар ин, зарур аст, ки ташкил ва баргузории ин чорабинӣ (озмуни навбатии ҷумҳуриявӣ зери унвони «Илм – фурӯғи маърифат») дар сатҳи бисёр баланд ба роҳ монда, маблағи барои ҷоизаҳо пешбинигардида зиёд карда шавад». Дар ин росто  иқтидору сатҳи фитратии ташкилотчиёни ин озмун – роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти миёнаву касбӣ, мақомоти маҳалии давлатӣ ва ғайраҳо низ нақши калидӣ дорад.

«Нуктаву хулосаҳое, ки аз Паёми Пешвои муаззами миллат ба Маҷлиси Олии кишвар бармеоянд, бори дигар собит месозанд, ки густариши тамаддуни моддиву техникӣ, пеш аз ҳама, аз фаъолияти пурсамари онҳое, ки мунтаззам ба омӯзишу пажӯҳиши илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиатшиносӣ машғуланд,  вобаста аст. Ин ҷо мо, ҷавонон – зиёиёни ҷомеаи навинро,  ки поя ва ё элитаи он ба ҳисоб мераванд, дар назар дорем. Моро зарур аст, ки имрӯзҳо бо мақсади таъмини рушди сармояи инсонӣ  корҳои зиёдеро ба анҷом расонем. Дарвоқеъ, имрӯзҳо норасоии мутахассисон дар иншооти бузургу инноватсионии кишвар ҳис карда мешавад. Ин аст, ки дар майдони баҳсу талошҳои элитаи сиёсии кишвар дарки зарурати тайёр кардани мутахассисони баландпоя, муҳимияти истифодаи омили ташаббусу эҷодкории фардӣ ва сифати сармояи инсонӣ дар рушди тамаддуни техникӣ ва индустриалӣ эҳсос мешавад.

Зиёиёни ҷомеа, ки мунтазам ба омӯзишу тадқиқоти илмӣ, бахусус, дар бахшҳои техникиву технологӣ шуғл доранд, зери таваҷҷуҳи хосса ва дастгирии давлат қарор доранд. Дар мамлакат на танҳо низоми ниҳодҳо марбут ба ҳифзи амволи зеҳнӣ таҳияву коркард шудаанд, балки заминаҳои қонунии мусоиди тадбиқи андешаҳои илмӣ ва роҳ ёфтани онҳо дар раванди истеҳсолот, умуман фаъолияти иктисодӣ фароҳам оварда шудаанд»,- тазаккур дод Шариф Раҳимзода.

Гурӯҳи дигари ҷомеа, ки нақши ташкилотчигӣ ва бунёдкориро иҷро мекунанд, бо  таҳсилот, бозомӯзӣ ва баландбардории ихтисос алоқамандии зич дорад. Дарвоқеъ, маҳз таҳсилот дар рӯҳияи эҷодкориву созандагӣ, ки «такомули шуури техникӣ ва иқтисодии ҷомеа»-ро суръат мебахшад, тақозои низоми бозорӣ ва ҷомеаи индустриалӣ мебошад. Инкишофи иқтисодиёти муосир ва тезутунд шудани рақобатҳои иқтисодии дохилӣ ва байналмиллалӣ, вазъиятеро эҷод кардааст, ки муваффақиятҳои техникиву технологӣ, тавлидиву тиҷоратиро ҳамон иттиҳодияҳо ва ё корхонаҳо касб мекунанд, ки агар рақобатпазир бошанд.

Дар ин раванд табиист, ки сатҳи баланди касбии роҳбарон ва менеҷерон,  омезиши триада — дониш, собиқаи касбию муоширати солим ба ҳайати кормандон ва мавриди амал қарор гирифтани онҳо чун омили муҳими рушди фарҳанги техникиву тамаддуни индустриалӣ хидмат мекунад. Зимнан бояд таъкид кард, ки сурати идеалии роҳбар чунин аст: дигаронро гӯш кардан, лоиҳаҳои навро бо самимият пазируфтан, ба вазифаҳои мураккаб даст задан, тамоми олоту воситаҳоро барои ноил шудан ба ҳадафҳо истифода бурдан ва ғ. Муоширати наздику дӯстона бо кормандон эътимоди онҳоро ба роҳбарият ва зарурати таъмини рушди корхона устувор карда, ба амалӣ гаштани иқдомҳои инноватсионӣ суръат мебахшад. Ин шаҳодати он аст, ки  дониши мушаххас ва дониши махсуси техникиву технологӣ дар муқаддимаи фаъолият қарор дорад.

Дар баробари ин новобаста ба он ки илмҳои иқтисодӣ ба гурӯҳи   илмҳои ҷомеашиносӣ   дохил мешаванд, дар асл асоси онҳоро илмҳои риёзӣ ва дақиқ ташкил медиҳанд. Олоти таҳлили равандҳои иқтисодӣ усулҳои математикӣ ва барномарезиҳои компютерианд. Чуноне ки  аз суханронӣ  ва таҳлилҳои фарогири Пешвои муаззами миллат бармояд, ҷаҳони муосир ва ҷаҳонишавии иқтисодиёт  якчанд хусусиятҳо дорад, ки мустақиман ба масъалаҳои таҳсилоту ташаккули фарҳанги техникӣ алоқамандӣ доранд.

Дар ин робита ҳамсуҳбати мо ба ин ақида аст, ки “рушди хеле босуръат ва зудтағйирёбандаи талаботи ҷомеа ва  техникаву технологияҳо (фарҳангҳои нави техникиву технологӣ) ба афзудани сатҳи номуайяниҳо ва дигаргуншавии сифатии равандҳои иҷтимоӣ-иқтисодии ҷомеа сабаб гардидааст. Дар ин раванд, қобилияти фавран мутобиқ шудан ба равандҳои зудтағйирёбанда ва дараҷаи чандирии рафтор ва аксуламалҳои инсон ба сифати муҳими он ва умуман ниҳодҳои иҷтимоӣ-иқтисодии ҷомеа табдил ёфтааст. Ин қобилият, бечунучаро аз сатҳи дониш ва васеии хиёбони андешаҳои  мутахассисони ҷавонон — созандагони фарҳанги техникиву технологӣ ва ҳамин тариқ, тамаддуни индустриалӣ  бармеояд”.

Дар ҷаҳони муосир маблағгузорӣ ба сармоя инсонӣ пайваста зиёд шуда, дар радифи фаъолияти аввалияи давлатҳо қарор гирифтааст. Бояд таъкид намуд, ки барои ғанӣ гардонидани  қобилияти мутахассисону соҳибкорон чун омили асосии рушди тамаддуни индустриалӣ ташкили бозомӯзӣ ва баланд бардоштани сатҳи таҳсилоти баъдидипломӣ аҳамияти хоса дорад.

Бо дахли ин нукта ҳамсуҳбати мо пешниҳод менамояд, ки «таъсиси мактабҳои соҳибкории саноатӣ, бозомӯзии мутахассисони самтҳои техникиву технологӣ дар шароити рушди босуъати илму технология зарурати замони муосир мебошад. Бояд таъкид намуд, ки талабот ба дониш дар синни 30-35 ҷиддитар мешавад. Маҳз ташкили муассисаҳои бозомӯзиву баландбардории ихтисосҳои техникиву технологӣ, мунтазамияти таҳсил ва қонеъгардонии талабот ба донишҳои нав рушди ҷомеаро дар шароити нав таъмин менамояд. Диплом  ва ё дараҷаҳои илмиро метавон як маротиба гирифт, аммо пай дар пай  аз худ кардани донишҳои тахассусии воқеӣ хеле муҳим аст. Зарур аст, ки дар муассисаҳои таҳсилотии баъдидипломӣ  барномаҳои кӯтоҳмуддат, ки дар онҳо такрори омӯзиши донишҳои қаблан гирифташуда ҷой надорад ва аз нигоҳи сарфаи вақт ва мутобиқ ба талаботи фаврии донишомӯзон мебошанд, таҳия гарданд».

Дар мамлакат тамоюли омӯзиши фардӣ (индивидуалӣ), яъне завқи фардии на ба интихоби муассисаҳои таҳсилоти касбӣ асосёфта, балки ба барномаҳои таснифшуда, ки ба ниёзи фардӣ мутобиқанд, ба чашм мерасад. Дар баробари ин,  таҳияву коркарди барномаи ягонаи  мушаххас, ки ба талаботи ҳар фарди ҷомеа ҷавобгӯй бошад,  мавқеи  худро дорад.

Бинобар ин, дар пояи ташкили ниҳоди «устоду шогирд» дар муасисаҳои таҳсилоти касбӣ, бахусус таҳсилоти олии касбӣ  устодони бонуфуз, олимони соҳибмактаб бояд дар асоси мониторинги завқу талаботи донишҷӯён барномаҳои фардии таҳсилоти касбиро дар ҳамоҳангӣ бо барномаҳои  таҳсилотии амалкунанда ташкил  намоянд, то тавонем дар ин замина талаботи донишҷӯёни хоҳишманди таҳсилоти фардиро қонеъ намоем.

«Зарур аст, ки нуфузи самтҳои амалии таҳсилот  боло бардошта шавад. Дар ин ҷода ташкили филиалҳои кафедраҳо дар субъектҳои хоҷагидорӣ ва иҷрои рисолаҳои илмӣ дар асоси маводи корхонаҳои мушаххас талаботи замони муосир мебошад. Дар навбати худ чунин амал сабаби он мегардад, ки таъкидҳои пай дар пайи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба вусъат бахшидани омезиши илму истҳсолот ҷомаи амал пӯшанд.

Ҳамин тариқ, Паёми Пешвои муаззами миллат ҳамчун муҳаррики  рушди ҷомеа ва ё барномаи нави стратегӣ наврасону ҷавонони имрӯзаро ба омӯзиши фанҳои дақиқ, риёзӣ ва табиӣ сафарбар намуда, олимону пажуҳишгаронро  вазифадор менамояд, ки дар ин раванд саҳми арзанда дошта бошанд»,-изҳор намуд дар хатми суҳбат директори Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Шариф Раҳимзода.

 

Шурои олимон

Рӯзи 29 январи соли 2021 дар Институти иктисодиёт ва демографияи АМИТ ҷаласаи навбатии Шурои олимон баргузор гардид.

Рӯзномаи ҷаласаи Шурои олимон аз масъалаҳои зерин иборат буд.

IMG_20210202_100048_1

  1. Дар бораи тасдиқ намудани Нақшаи чорабиниҳои илмии Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ оид ба тарғиб ва иҷрои бандҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат – муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2021
  2. Дар бораи тасдиқ намудани Барномаи корҳои илмӣ-таҳқиқотии шуъбаҳо ва ходимони илмии Институт барои соли 2021
  3. Оид ба рафти иҷрои Нақшаи чорабиниҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва илмӣ-ташкилии Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ барои сазовор ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
  4. Оид ба тасдиқ намудани мавзӯи илмӣ-таҳқиқотӣ ва роҳнамои илмии магистрантҳо, докторантон (PhD) ва унвонҷӯёни соли якуми таҳсил
  5. Оид ба ҷамъбасти мавзӯи илмӣ-таҳқиқотӣ барои солҳои 2016-2020 «Масъалаҳои иқтисодӣ – демографии оила ва ташаккулёбии сармояи инсонӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ» (рақами бақайдгирӣ №0116ТJ00517 аз 9.03.2016)
  6. Оид ба ҷамъбасти ҳисоботи илмӣ-таҳқиқотии давраи солҳои 2016-2020 ва ҳисоботи панҷсолаи илмии Институт
  7. Масъалаҳои ҷорӣ

IMG_20210202_100411_1

7.1.Озмун барои дарёфти Ҷоизаҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба номи олимони барҷаста дар соҳаи илму техника дар соли 2021 (шуъбаи илмҳои ҷамъиятшиносӣ ва гуманитарӣ – ба номи академик М.С.Осимӣ)

Омӯзиш ва баррасии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ

28 январи соли 2021 дар Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таҳти роҳбарии директори Институт, д.и.и., профессор Шариф Раҳимзода ва бо иштироки кормандони ИИваД АМИТ ҷаласаи навбатӣ вобаста ба омӯзишу таҳлили Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», ки 26 январи соли 2021 ироа карда шуд, баргузор гардид.
Қайд гардид, ки дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, оид ба пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд.
Нуктаҳо аз Паёми Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба соҳаҳои иқтисоду саноати кишвар:
1. Пайомадҳои пандемия ба иқтисодиёти кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла, ба рушди иқтисоди миллӣ, буҷети давлатӣ, гардиши савдои хориҷӣ, қурби асъори миллӣ, инчунин, ба фаъолияти корхонаҳои саноативу муассисаҳои хизматрасонии мо низ таъсири манфии худро расонида истодаанд;
2. Иқтисодиёти кишвар дар соли 2020-ум 4,5 фоиз афзоиш ёфта, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 82,5 миллиард сомонӣ баробар гардид;
3. Дар ин сол мо ҷашнҳои 5500 – солагии Саразми бостонӣ ва 700 – солагии Камоли Хуҷандиро дар асоси қарори созмони бонуфузи байналмилалии ЮНЕСКО таҷлил кардем;
4. Иштироки фаъолонаи халқи азизамон соли гузашта дар ду чорабинии бисёр муҳимми сиёсӣ: интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
5. Нокифоя будани ҳаҷми қарздиҳӣ ба соҳаҳои иқтисоди миллӣ, низоми сусти идоракунии корпоративӣ, зиёд будани хавфҳои амалиётӣ ва қарзӣ, боқӣ мондани қарзҳои ғайрифаъол, кофӣ набудани ҷалби сармоя ба низоми бонкӣ ва таъсиси намояндагии бонкҳои хориҷӣ ҷиҳати беҳтар намудани маблағгузории корхонаҳои истеҳсолӣ аз ҷумлаи камбудиҳое мебошанд, ки бояд ҳарчи зудтар бартараф карда шаванд;
6. Беҳтар гардонидани фазои сармоягузориву соҳибкорӣ ва ҷалби сармояи мустақим барои таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодии мо ба ҳисоб меравад.

IMG_20210202_100045

7. Рушди технологияҳои рақамӣ шарти асосии рақобатнокии иқтисодӣ;
8. Бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷалби сармояи шаҳрвандон ба иқтисоди миллӣ пешниҳод менамоям, ки соли ҷорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар қонунигардонии маблағҳо ва дигар дороиҳо афв гузаронида шавад;
9. Барои аз байн бурдани ҳолатҳои санҷиши ғайриқонунӣ ё дахолат ба фаъолияти сармоягузорону соҳибкорон Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатиро зарур аст, ки якҷо бо вазорату идораҳои марбута дар муҳлати кӯтоҳтарин лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқии дахлдорро таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод созад;
10. Корҳо дар самти бунёди корхонаҳои металлургӣ, маъдантозакунӣ, истихроҷ ва то маҳсулоти ниҳоӣ коркард намудани металлҳои ранга ва қиматбаҳо, рушди саноати мошинсозӣ, нассоҷӣ, хӯрокворӣ ва дорусозӣ вусъат бахшида шаванд;
11. Ҳамасола шумораи донишҷӯён ва мутахассисоне, ки ба муассисаҳои таълимии хориҷи кишвар барои таҳсил ва такмили ихтисос фиристода мешаванд, ду баробар зиёд карда шавад;
12. Ба хотири боз ҳам бештар ба омӯзиши илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ ҷалб кардани наврасону чавонон, олимону муҳаққиқон ва устодону омӯзгорон ҳамасола озмуни ҷумҳуриявӣ зери унвони «Илм – фурӯғи маърифат» гузаронида шавад;
13. Бо мақсади дастгирии давлатӣ ва тақвияти вазъи иҷтимоии донишҷӯёну магистрҳо ва аспиранту докторантҳо пешниҳод менамоям, ки стипендияи онҳо аз 1–уми сентябри соли 2021 ба андозаи 30 фоиз зиёд карда шавад;
14. Олимонро зарур аст, ки корҳои илмиву таҳқиқотиро дар доираи самтҳое, ки Ҳукумати мамлакат муайян кардааст, вусъат бахшида, дар рушди иқтисоди миллии кишвар фаъолона саҳм гузоранд.

Тамошои дастаҷамъонаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

26-уми январи соли 2021 тамошои дастаҷамъонаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ аз ҷониби ходимони илмии Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баргузор гардид.

IMG_20210126_100321

IMG_20210126_100210_1

IMG_20210126_100825_1

ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИИ КИИ “ХИРАДМАНДОН”

Рузи 18.01.2021 дар маҷлисгоҳи АМИТ ҷаласаи солонаи КИИ “Хирадмандон” – и ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур баргузор гардид. Ҷаласа бо замзамаи Суруди миллӣ оғоз шуд. Раиси КИИ “Хирадмандон”, академик Фарҳод Раҳимӣ ҷиҳати фаъолияти сиёсии ин ниҳод дар соли 2020 ҳисоботи мушаххас пешниҳод намуда, зикр кард, ки яке аз муваффақиятҳои асосии ҳизб дар соли 2020 дастгирии 92 дар сади раъйдиҳандагон номзадии ҲХДТ – ро маҳсуб мешавад.

4.56

4.57

Дар ҷаласа намояндагони ҲХДТ иштирок намуда, ҷиҳати баррасии фаъолияти КИИ “Хирадмандон” дар соли 2020 табодули афкор намуданд.

4.59

Дар анҷоми ҷаласа ба фаъолтарин аъзо ифтихорномаҳо тақдим гардиданд.

ҶАЛАСАИ УМУМИИ СОЛОНА

Рӯзи 8-уми январи соли 2021, соати 09:00 дар толори раёсати АМИТ Маҷлиси умумии солонаи ин ниҳод барпо шуд. Дар ин ҷаласа аъзои пайваста ва вобастаи АМИТ, директорон ва ҷонишинони директорон, ходимони илмии муассисаҳои илмии зертобеъ ва масъулин аз вазорату идораҳои дахлдор иштирок намуданд.
Оид ба натиҷаҳои асосии фаъолияти илмӣ ва илмию ташкилии АМИТ дар соли 2020 ва вазифаҳо дар соли 2021 президенти АМИТ, академик Фарҳод Раҳимӣ маърӯза намуда, зимни суханронӣ таъкид кард, ки дар соли вазнини 2020 Академияи миллии илмҳо новобаста аз мушкилиҳои баамаломада вазифаҳои ба уҳдадоштаашро иҷро намуд.

4.50

 Соли 2020 барои илми ватанӣ хотирмон буд. Пас аз вохӯрӣ бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи 18.03.2020 Академияи илмҳо унвони миллиро гирифт ва ин рӯйдод дар таърихи кишвар фаромӯшнашаванда мебошад.Дар соли 2020 олимони Академияи миллии илмҳо таҳқиқотро аз рӯйи 102 мавзуъ, аз ҷумла 60 мавзӯи илмӣ-таҳқиқотии бунёдӣ, 20 мавзӯи илмӣ-таҳқиқотии амалӣ ва 22 мавзӯи илмӣ-таҳқиқотии бунёдию амалӣ идома дода, натиҷаҳои назаррас ба даст оварданд.Аз рӯйи натиҷаҳои илмии бадастомада дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби кормандони муассисаҳои илмии АМИТ 2730 кори илмӣ, аз ҷумла 236 китобу монография, маҷмӯаҳои илмӣ, брошюра, тавсиянома, 2494 мақолаҳои илмӣ ва илмию оммавӣ, аз онҳо 1981 мақола дар маҷал-лаҳои илмии ҷумҳурӣ, 211 мақолаи илмӣ дар маҷаллаҳои кишварҳои ИДМ ва 117 мақола дар маҷаллаҳои давлатҳои хориҷи дур ба нашр расиданд.Дар соли 2020 аз тарафи олимони АМИТ 23 патенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 12 қарори мусбат оид ба додани патенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ихтироот ва 5 шаҳодатнома оид ба сабти давлатии захираи иттилоотӣ ба даст оварда шуд.Барои истифодаи амалӣ дар истеҳсолот беш аз 30 коркард ва таклифу тавсияҳои олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон пешниҳод гардидааст. Дар соли 2020 вобаста ба масъалаҳои муҳими илмӣ дар Академияи миллии илмҳо ҳамагӣ 66 чорабинии илмӣ, аз ҷумла, 3 симпозиуми байналмилалии илмӣ, 11 конференсияи илмии байналмилалӣ, 25 конференсияи ҷумҳуриявӣ, 2 сессияи илмӣ, 15 семинари ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, 3 мизи мудаввар, 2 машварати илмӣ, 2 мулоқот ва 2 курси омӯзишӣ омода ва баргузор карда шуданд.

4.51

Бо мақсади таъмини иҷрои банди 29 Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни боздид аз иншооти шаҳри Душанбе ва мулоқот бо кормандони соҳаи тандурустӣ 20 майи соли 2020 баён доштанд, бо қарори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷи-кистон аз 1 июни соли 2020, №59 дар назди АМИТ Шӯрои байниидоравӣ оид ба таҳияи системаи чорабиниҳои илмӣ барои аз байн бурдани бемории коронавирус СOVID-19 таъсис дода шуд, ки ба ҳайати он олимони соҳаи тиб, табибони вирусолог, бемориҳои сироятӣ, ҳамчунин кимиёдонҳо, биологҳо, дорушиносон, дорусозон ва технологҳо шоми-ланд. Ҷаласаҳои Шӯро ҳар ҳафта, рӯзи душанбе доир гардида, дар он пешниҳод ва тавсияҳои илмию методӣ оид ба бемории коронавирус СOVID-19 ва роҳҳои пешгирии он қабул ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур карда мешаванд.

IMG_3876

 Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо истифода аз имкониятҳои дохилӣ аз 28 феврали соли ҷорӣ ба истеҳсоли маводи гипохлорити натрий, ки дар ҳама давлатҳои дунё ҳамчун маводи маъмули антисептикӣ барои безараргардонии вирусҳо васеъ истифода бурда мешавад, шуруъ намуд ва илова бар ин бо усули электролиз истеҳсоли оби нуқра ба роҳ монда шудааст. Бояд зикр намуд, ки нанозарраҳои нуқра хусусияти зиддимикробӣ дошта, маводи хеле самараноки безараркунандаи вирусҳо ба шумор мераванд. Таъсири безараргардонии онҳо ба зиёда аз 650 намуди бактерияҳо исбот гардидааст. Илова ба ин, ионҳои нуқра масъунияти организмро баланд ва хавфи сироят ёфтан аз бемориҳои сирояткунандаро маҳдуд мегардонанд ва айни замон аз ҷониби Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон истеҳсоли оби нуқра ба сифати маводи зиддивирусӣ барои истифода бурдан дар ниқобҳои муҳофизатӣ пешниҳод карда мешавад. Олимони Академияи миллии илмҳо дар натиҷаи омӯзиши хосиятҳои шифобахшии растании камоли тоҷикон собит намуданд, ки шира ва решаи ин растаниро ҳамчун маводи фаъоли биологӣ барои қавӣ гардонидани масъунияти бадан истифода бурдан мумкин аст. Айни замон олимони Академияи миллии илмҳо дар ҳамкорӣ ба Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерология» як қатор иловаҳои фаъоли биологӣ, аз қабили «Камолид», «Камолин», «Мукофер» «Седармон», малҳамҳои «Проктоферуол», «Херболит» ва «Ҳербитол»-ро таҳия намудаанд, ки ба роҳ мондани истеҳсоли онҳо дар саноати дорусозии ватанӣ метавонад ҳамчун маводи воридотивазкунанда ҷои баъзе иловаҳои фаъоли биологиро, ки аз хориҷи кишвар ворид мешаванд, иваз намояд. Ҳамчунин аз растании явшон (ҷорубак) маводи фаъоли биологие дар шакли маҳлул ва қиём тайёр карда шудааст, ки хусусияти зиддибактериявӣ ва зиддивирусӣ дорад. Ихтирои дигари олимони Академияи миллии илмҳо дастгоҳи худсози нафасдиҳии сунъӣ мебошад. Ин дастгоҳ дар асоси тарҳи электронии таҳиянамудаи олимони соҳаи физика сохта шудааст ва дар беморхонаи клиникии шаҳрии ёрии таъҷилӣ аз озмоиш гузаштааст. Ба роҳ мондани истеҳсоли саноатии ин дастгоҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун дастгоҳи тиббии воридот-ивазкунанда имконпазир аст. Дар семинари машваратӣ аз олимон, мутахассисони ва ширкатҳои дорусозӣ даъват ба амал оварда шуд, ки неруи худро барои рушди саноати дорусозии ватанӣ равона намуда, ҳамкории муштараки судмандро ба роҳ монанд.

IMG_3877

Сипас, муҳокимаи маърӯза ва дар пояи он қарорҳои дахлдор қабул гардид.

Оид ба Нақшаи кории АМИТ барои соли 2021 академикҳои АМИТ ба мунозира пардохтанд ва аксар пешниҳодоти онҳо истиқбол шуд.Дар анҷом, барои олимоне, ки давоми соли 2020 дар рушди илм саҳми назаррас доштанд, мукофотҳои давлатӣ тақдим гардиданд.