Онлайн-конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ

Санаи 28 майи соли 2021 дар Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар доираи татбиқи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 марти соли 2021 №88 «Дар бораи Нақшаи баргузории чорабиниҳои илмӣ ва илмию техникӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021» бо тариқи онлайн конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Арзёбии заминаҳои иқтисодӣ ва илмӣ-техникии рушд ва ҷойгиркунии қувваҳои истеҳсолкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.

Дар оғози кори конференсия директори Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Шариф Рахимзода бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуданд.

Дар кори конференсияи мазкур намояндагони масъули вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомотҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва баромад намуданд.

DSC_0001

Тибқи рӯзнома иштирокчиёни онлайн-конференсия масъалаҳои зеринро мавриди баррасӣ ва арзёбӣ қарор доданд:

– равишҳои муосир ҷиҳати таҳияи нақшаи миллии рушд ва ҷойгиркунии қувваҳои истеҳсолкунанда;

– принсипҳо, омилҳо ва шароитҳои рушд ва ҷойгиркунии саноат дар мамлакат;

– роҳҳои рушди оқилона ва ҷойгиркунии захираҳои замин ва об, КАС ва инфрасохтори оби Тоҷикистон;

– хусусиятҳои рушд ва ҷойгиркунии нақлиёт дар Тоҷикистон, ташаккул ва рушди долонҳои байналмилалӣ;

– тағйироти сохторӣ дар сармоягузорӣ ба фондҳои асосӣ ва сармояи молиявии ба инноватсия нигаронидашуда – ҳамчун омилҳои рушди қувваҳои истеҳсолкунандаи мамлакат;

– таҳкими низоми институтсионалии бозори меҳнат; арзёбии заминаҳои таҳияи равишҳо оид ба моделсозии амнияти иқтисодӣ;

– такмили механизмҳои институтсионалии рушди туризм ва нақши он дар рушди минтақаҳои  мамлакат;

–  таъсири робитаҳои берунии иқтисодӣ ба рушд ва ҷойгиркунии қувваҳои истеҳсолкунанда; омилҳои демографӣ;

– нақши муҳоҷират дар таъмини рушди иқтисодии минтақаҳои ҷумҳурӣ ва ғайра.

DSC_0006

Маърӯзаи «Вазъи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои моҳҳои январ-апрели соли 2021 нашр гардид.

ДУШАНБЕ, 26.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Маърӯзаи «Вазъи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои моҳҳои январ-апрели соли 2021 аз чоп баромад.
Тибқи иттилои Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар шумораи навбатии нашрияи ҳармоҳаи Агентӣ оид ба соҳаҳои муҳимтарини истеҳсолот, нақлиёт, алоқа, робитаҳои иқтисодии хориҷӣ, бозори истеъмолӣ, нарх, молия, бозори меҳнат, сатҳи зиндагии аҳолӣ ва ғайраҳо маълумоти васеъ пешниҳод карда шудааст.
Дар маърӯзаи мазкур маҷмӯи иттилооти таъҷилӣ оид ба вазъи иҷтимоию иқтисодии мамлакат, субъектҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, соҳаҳою бахшҳои иқтисодӣ барои моҳи охири ҳисобот ва аз аввали сол гирд оварда шудааст.
Дар нишондиҳандаҳои асосии иҷтимоию иқтисодӣ динамика аз рӯи моҳҳои соли равон ва гузашта оварда мешавад. Агентии омор гузоришро дар асоси маълумотҳои пешниҳоднамудаи вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия менамояд.

aprel

Идомаи мақола

Ғояҳои асил ҷовидонанд: ҷомеа ва шаклгирии
мафкураи ҷавонон

«Фалсафаи ҳаёт ин аст, ки ояндаи ҷомеа, идораи давлату миллат, ҳифз кардан ва афзун намудани музаффариятҳои Истиқлолият ба дасти ҷавонон мегузарад. Ҳамин аст, ки дар ҷаҳони пуртазоди муосир мубориза барои мафкураи ҷавонон торафт пурзӯр мегардад».

Эмомалӣ Раҳмон

4. Решаҳои иҷтимоии шаклгирии мафкура

Коҳиш ёфтани сатҳи мафкуравии аъзоёни ҷомеа, бахусус, чавонон, ба вуқӯъ омадани ихтилофоти мафкуравӣ ва нерӯгирии бархе аз равияҳои ақидавӣ, решаи иҷтимоӣ дорад. Чуноне маълум аст, Тоҷикистон нисбат ба дигар давлатҳои ИДМ, давраи гузариши солҳои 90-умро хеле харобовару шадиттар аз сар гузаронид, ҷанги шаҳрвандӣ иқтисодиёт ва маҷрои ҳаёти иҷтимоии мардумро фалаҷ карда буд. Нуфузи бекорон ва аз ин лиҳоз, теъдоди муҳочирати меҳнатӣ сол аз сол афзуд. Аслан як ду нафари аъзоёни ҳар як оилаҳои тоҷик, барои пайдо кардани даромад ва таъмини ҳаётгузаронии оилаҳои худ дар сохтмону хоҷагиҳои ёрирасони Федератсияи Русия ва Қазоқистон ба кор мераванд. Беш аз 50 фоизи муҳоҷирони меҳнатиро ҷавнони то синни 35 сола ташкил медиҳад. Дар кишвар ҳарчанд ҷои кор ҳаст, аммо музди миёнаи моҳонаи номиналӣ соли 2010 дар иқтисодиёти кишвар 80 доллар буд, ки баробар қариб ба 10 фоиз маоши миёнаи номиналии моҳонаи коргарони Федератсияи Русияро ташкил медиҳад. Имрӯз мегуем, ки сатҳи камбизооатӣ аз 80% ба 45% поён фаромадааст. Ҳамин 45 фоизи нуфузи камбизоатон, дар мавриди берун аз назар мондан, метавонад чун захираи афзудани ҷараёнҳо ва ё равияҳои мазҳабӣ гарданд. Охир, мегӯянд, “гурусна бо шер панҷа мезанад”, яъне камбизоатро бо пул ба «ҷасорат» даъват кардан осон аст. Ҳоло он, ки ин равияҳо барои шомил намудани ин тоифаи ҷомеа ба сафи худ маблағхои муайянеро дареғ намедоранд, зеро барои рушди онҳо аз хориҷи кишвар маблағгузориҳои кофӣ ворид мешавад. Илова бар ин, ҳарчанд нуфузи камбизоатон кам шуда бошад ҳам, аммо афзудани камбизоатии нисбӣ, яъне паст будани дараҷаи болоравии даромади онҳо, сатҳи зиндагии онҳо аз дараҷаи болоравии даромаду сатҳи зиндагии нуфузи ками қишри дороёни ҷомеа ва ё афзудани фарқияти хеле калони даромади дороён ва камбизооату миёнаҳолон, ки аксаран чун рӯ задани нобаробарии иқтисодиву иҷтимоӣ арзёби мегардад, ба чашм мерасад. Ин ҷо, омилу сарчашмаи мавҷуд будани тафриқаи калони даромадҳои оилаҳоро, аслан иқтисоди пинҳонӣ ва ё ғайрирасмӣ, амалҳои коррупсионӣ боис гаштааст. Ҳарчанд ин фаъолиятҳо ноаён аст, аммо худи аъзоёни ҷомеа дар гардиши он қарор гирифтаанд, бархӯрд доранд ва дар сӯҳбатҳо ошкоро ҳам оид ба ин падидаҳои номатлуб ҳарф ҳам мезананд: бархе аз ноумедӣ онҳоро гуё чун меъёри имрӯзаи ҷомеа арзёбӣ мекунанд, ки ин коҳиши мафкуравӣ барои ворид гаштани мафкураҳои бегона фазои мусоид месозад. Ҳамин тарик, ин равияҳои мазҳабиву тундрав далелҳои иҷтимоӣ-иқтисодиро чун олоти тарғиботӣ ва шомил гаштани ҷавонон ба сафи худ истифода мебаранд. Аён аст, ки охирҳои солҳои 90-ум, маҳз дар натиҷаи муборизаи беамони давлат зидди авбошону роҳзанони силоҳбадаст, гурӯҳи ҷинояткорони муташаккил ва дигар ҳодисоти зӯроварӣ, оромиву суботи ҷомеа пойдору устувор гашт: мардум метавонад шабу рӯз куҷое хоҳанд гашту гузор намоянд, оромона чорабинию маросимҳо гузаронанд, осуда хобанд ва ғ. Пас, давлат қодир аст, падидаҳои бавуқӯъоии иқтисоди пинҳонӣ ва коррупсиониро бечуну чаро аз байн барад ва чи тавре, ки ба чашм мерасад, фаолияти давлат дар ин самт низ, устувор гашта истодааст.
Барои бартараф кардани таъсири манфии решаҳои иҷтимоии шаклгирии мафкура ва эчоди меъёрҳои солими иҷтимоӣ зарур аст, ки корҳои зеринро дар кулли ниҳоду ҷузъҳои иқтисодиву иҷтимоии ҷомеа ба иҷро расонем:
Якум. Муҳимтарин омил дар роҳи шаклгирии мафкураи устувор – ин рӯҳияи баланди миллӣ ва давлатдорӣ мебошад. Вақте, ки ҷавонони тоҷик аз ғояву ифтихори миллӣ саршор ҳастанд, дарк менамоянд, ки ҷомеае, ки онҳо зиндагӣ доранд дар марҳилаи бунёдсоз қарор дорад, заҳматҳои шабонарӯзии онҳо барои рушди минбаъда ва фараҳи оянда равон шудааст ва ифтихор доранд, ки ин вазифаи таърихӣ ба дӯши онҳост. Чунин руҳияву иродаи бузург мафкураи ононро аз ҳар гуна ақоиди бегона (берун аз доираи арзишҳои миллӣ) лаппиш дода наметавонад. Охир, чуноне, ки таҷрибаҳои ҷаҳонӣ шаҳодат медиҳанд он миллатҳое, ки имрӯз соҳиби давлати мутараққӣ шудаанд, заминаҳои онро маҳз дар давраи гузариш таҳрезӣ карда буданд, беш аз 80 фоизи даромади худро на барои истеъмол, балки барои саромоягузорӣ дар бунёди иншоотҳои бузург сафарбар карда буданд ва оид ба ояндаи наслҳои худ андеша мекарданд. Дар ин ҷода мисолҳои таърихии давраи гузаришу тақдирсози кишварҳои мутараққии имрӯзаи ҷаҳонро бояд чун заминаи шаклгирии ғоя метавон мисол овард: ислоҳот ва давраи гузариши Ҷопон, Чин, Олмон, Франсия ва ғ. Масалан, нависанда ва файласуфи франсавӣ Франсуа Волтер дар давраҳои таърихии миллатсозии кишвараш чунин таъкид дошт: «Муҳаббат ба Ватан ҳеч гоҳ чашми маро ба дастовардҳои хориҷиён намебандад. Баръакс, ҳарчанд Ватанамро бештар дӯст дорам, ҳамон андоза кӯшиш менамоям, ки кишварамро бо бозёфтҳо аз сарчашмаҳои дигар ғанӣ гардонам». Худо кунад, ки дар ҷавҳари ҳастии ҳар як ҷавони кишварамон низ тафаккури устувори пур аз олудаи ғояву ифтихори миллӣ нерӯ гирад. Бинобар он, ҷуръат намуд, ки ин ғояи асилро бо таҳлилҳои воқеии ҳаётӣ ва эътимодбахш бар мафкураи ҳар як фарди тоҷик гудозем ва аз ин хотир, ин кор бояд дар ҷавхари фаъолияти мафкуравии зиёиён, бузургсолон ва ҷавонон карор гирад.
Дуюм. Коргоҳҳои мухталиф новобаста аз шакли моликияташ хонаи дуюми коргарон, такягоҳ ва сарчашмаи ҳаётгузаронии онҳо мебошад. Маҳз ин ҷо, иттилоот зуд паҳну кабул мешавад ва дар майдони мубодилот қарор мегирад. Оростани маҳфилхои мунтазами баландбардории сатҳи сиёсиву-фарҳангӣ ҷомеаи кормандон қобилияти вокеъбинонаро дар қабулу коркарди иттилоот нерӯ бахшида, шаффояти ҳар гуна иттилоотро таъмин месозад. Шаффофияти фаъолияти корхона, бахусус, фаъолияти молиявии он, чуноне дар боло ишора кардем, пеш аз ҳама барои кормандони худи коргоҳҳо бошад. Зеро агар корманд аз вазъи воқеии фаъолияти корхонааш бохабар бошад, пас, чун узви корхона ҳам ба муваффақият ва ҳам бо нокомии корхона изҳори ҳамраъйӣ менамояд. Дар ин раванд мафкура ва савқҳои иҷтимоӣ (аз савқҳои биологӣ, эгоистӣ ҷудо мешавад), санъати ҳамзистӣ ва дар иттиҳод фаъолият бурдан, ки зербинои меъёрҳои ратсионалии ҷомеа мебошанд, ташаккул меёбад. Муҳимаш дар он аст, ки коргар бояд дар идоракунии корхона (аслҳои худидоракунӣ) иштирок дошта бошад, овоз дошта бошад. Маҳз дар ҳамин раванд коргарон ба субъекти фаъоли иҷтимоӣ (ки аз сифатҳои роботӣ ва ё фармудакорӣ ҷудо мешавад) табдил меёбанд. Аз тарафи дигар, роҳбар бояд аз лиқоб ва ё симои “ноаён”-и худ берун ояд, манфиатҳои аҳли меҳнати корхона ва ё ташкилотро аз манфиати шахсии худ боло гузорад, дӯсту ғамхори кормандони худ гардад: аз вазъи оилавии кормандон, ҳаёти иҷтимоии онҳо огаҳ бошад, ёрдами молиявию маънавӣ расонанд, дар ғаму шодии онҳо шарик бошад ва ғ. Ташаккули чунин фазои солим дар сатҳи ниҳодҳои микроииқтисодӣ, дилгармӣ ва эътимоди кормандонро нисбат ба низоми иқтисодӣ-иҷтимоии ҷомеа комил менамояд ва ҳамин тариқ ононро аз лағшиши мафкуравӣ эмин медорад.
Сеюм. Бояд таъкид намуд, ки ҷараёнҳои бунёдгароиву мазҳабгароӣ сифати фаромиллӣ гирифтааст, бинобар он, онҳо шабакаҳои васеи ҷаҳонии худро дар кишварҳои ИДМ таъсис ҳам додаанд. Азбаски аксари ҷавонони мо берун аз кишвар дар муҳочирати меҳнатӣ мебошанд (асосан дар Русия ва Казоқистон), аз ҳамин хотир онҳо низ, аз таъсири ин равияҳо берун намемонанд. Аммо, аз сӯҳбатҳову тадқиқотҳои иҷтимоӣ аён мегардад, ки ҳисси ватандориву миллатдӯстӣ, ҳуввияти миллӣ, ғурури ватандорӣ ва диёрсозии онҳо болотар аст, нисбат ба бошандагони ватанӣ. Зеро, дурӣ аз Ватан, арзиши муҳаббат ба меҳан, авлоду пайвандон ва ниёгонро дучанд менамояд. Ана ҳамин афзалияти равонӣ онҳоро водор месозад, ки рафтору амалҳои худро вобаста ба шаклгирии мафкуравии пайвандони худ, ки дар дохили кишвар қарор доранд, муаяйн намоянд. Бинобар он, ташкили марказ ва ё ассосиатсияи муҳоҷирон, соҳибкорони тоҷикони бурунмарзӣ дар ҳар як маҳалҳо зарурати замони имрӯз мебошад. Дар ин марказҳо бо туфайли ташкили шӯрову ҷаласаҳо, интернет-мулоқотҳо онҳо метавонанд аз вазъи ватани худ воқеан бархӯрдор гарданд ва ҳамин тариқ, дар мафкураи худ ғояҳои ваҳдати миллиро, ки омили суботу инкишофи ҷомаи мо гаштааст, парваранд.

Идома дорад…

Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ

Идомаи мақола

Ғояҳои асил ҷовидонанд: ҷомеа ва шаклгирии

мафкураи ҷавонон

«Фалсафаи ҳаёт ин аст, ки ояндаи ҷомеа, идораи давлату миллат, ҳифз кардан ва афзун намудани музаффариятҳои Истиқлолият ба дасти ҷавонон мегузарад. Ҳамин аст, ки дар ҷаҳони пуртазоди муосир мубориза барои мафкураи ҷавонон торафт пурзӯр мегардад».

Эмомалӣ Раҳмон

 3.Решаҳои гносеологии шаклгирии мафкура

Решаи гносеологӣ – маҳдудияти қобилияти қабули донишу иттилот ва коркарди фитрии он ва ё маҳрум будан аз қобилияти баҳодиҳии воқеъбинонаи ҳодисот мебошад. Сатҳи пасти захираҳои донишӣ-иттилоотии ҷавонон, қобилияти таҳлили танқидӣ надоштан ва ё ҳазм карда натавонистани иттиллооту донишҳое, ки онҳо аз ҷомеа мегиранд, ба пойдории мафкуравиашон табар мезанад. Ин ҳолат имкон медиҳад, ки равияҳои гуногун онҳоро зуд ба олами ғоявии худашон ҷалб намоянд.

Масалан, равияи салафия, ки бархе аз ҷавонон ба он шомил шудаанд. Салафия аслан дар заминаи мазҳаби суннӣ пайдо шудааст. Азбаски мардуми кишварамон асосан ба ин мазҳаб шомил ҳастанд, муҳити ландшафтӣ барои пайдоиши ҷанини ақоиди салафӣ ва густариши минбаъдаи он ҷой дорад. Салафиҳо мегӯянд, ки пайдоиши мазҳабҳо, бахусус, ҷудо шудани ҷараёнҳои шиаву исмоилия дар олами ислом, ҷаҳони исломро тақсим кардаанд, ваҳдати мусулмононро шикастаанд. Аз ин рӯ даъват доранд, ки ягонагии ислом, ваҳдати олами исломӣ ва ҷаҳонишавии онро таъмин намуда, мазҳаби сунниро ба асли ҳокимиаш баргардонд ва ғ. Барои иҷрои ин кор, тарғиби ғоявии худро, чун эҳёи дарки ислом ба он мазмуне, ки Пайғамбари ислом ва саҳобаҳояашон дарк мекарданд, пеша кардаанд. Аммо  зери ин даъватхо ғаразҳои сиёсии онҳо нуҳуфта аст: чуноне, ки илми равоншиносӣ таъкид мекунад, дар зери амалу рафтор ва кирдори азҳобҳову равияҳо ғояҳо ва амалҳои зершуури муаяйнкунанда аст. Аз тарафи дигар, ин даъватро, агар дар мизони ҷаҳони пурошӯбу зудтағйирёбандаи муосир, муқовимати кишварҳои Ғарбу Шарқ ҷой диҳем, пас на ваҳдат, балки боз низоъҳои мазҳабиро ангезида, ҷахони ноороми исломро боз ҳам нооромтар мегардонад. Дар кишварҳои Ғарб ин равияро равияи «традиционализм», «фундаментализм», яъне ба маънои «бунёдгароӣ»тавсиф медиҳанд.

Бархе аз ҷавонони тоҷик, ки мафкураи лағшон доранду аз мазҳаби худ бо тариқи шунидаҳояшон (эмперикӣ) на бо дониши комили динӣ, итиллоъ доранд, зуд шомили он мегарданд. Ва ин даъватҳоро бархе аз онҳо бидуни таҳлили тазодҳои замони муосир ва зарурати арзишҳои фарҳангии миллати тоҷик, пойдории давлати навини тоҷикон, дар маркази фаъолияти мафкуравиашон ҷой медиҳанд. Таъкид намудан ба маврид аст, ки ходимони барҷастаи динии он кишварҳое, ки ҳамзамон, ватани равияи салафия ҳам ба ҳисоб мераванд, мавқеъгирии дини мубини исломро дар замони имрӯз воқеъбинона арзёбӣ мекунанд. Масалан, Шайх Аҳмади Кафтар – ходими динии Сурия чунин фармуда буд: «Фақеҳои шинохтаву уламои забардаст бояд дар якҷоягӣ тадқиқоти ҷиддӣ баранд, то ин, ки монеаҳое, ки ба сулҳу сафо дар миёни пайравони дину мазҳабҳои гуногун халал мерасонанд, аз байн бардошта шаванд. Ин бошад, танҳо бо роҳи  муколамма, барпо намудани вохӯриҳои байналмилалӣ муяссар мешавад. Охир аз ҳама асосиаш ин, ки тамоми мо ба худои ягона саҷда мекунем».

Барои ғанӣ гардонидани сатҳи мафкуравӣ ва паҳнои донишӣ-итилоотии ҷавонон, нерӯ бахшидан ба қобилияти фитрии онҳо дар коркарду иттилоот, бардошти хулоса ва қабули қарорҳо ба мо лозим аст, ки фаъолияти мафкуравиро дар самтҳои зерин ҷоннок намоем.

Якум, дар аксари маҳалҳо, ҷамоати шаҳраку деҳот, шаҳру ноҳияҳо ташкили маҳфил, семинарҳо ва ё клуби зеҳнӣ-ғоявиро барои ҷавонон бо донишу иттилооти тозатарин роҳанандозӣ намоем. Зеро, дар ҷаҳони зудтағйирёбандаи имрӯз, иттилооте, ки умри як ва ё дусола дорад, комилан кӯҳна шудаанд, завқи ниёзи ҷавононро бошад, навгониҳои тару тозаи кишвар ва ҷаҳони муосир, дурнамои натиҷаҳои судманди эҷодҳои имрӯз барои фардо, ки субъекти асосии давраи ояндаи худи онҳо мебошанд, қонеъ мегардонад. Фаъолияти ин маҳфилҳои (клубҳои) зеҳнӣ, бояд дар зери идора ва ё назорати мақомоти дахлдори расмӣ (бо тасдиқи нақшаҳои он) ва зери роҳбаладии захирахои зеҳнӣ, зиёиёни намоёни маҳалҳо сурат гирифта, моҳе на кам аз ду маротиба фаъолият баранд, ба мақсад мувофиқ аст. Бояд дар назар дошт, ки шавқмандӣ ва майли озодонаи шунавандагони он дар ин мафҳилҳо аз баҳсу муколамаҳои зиндаву нишонрас роҷеъ ба афкору ақидаҳои мухталифи ҷомеа, моҳияту сабабҳои пайдоиш ва оқибатҳои тадбиқи он, намоиши фиттаҳо аз натиҷаву оқибатҳои амалигардии ғояхо вобаста аст. Охир, талаботи ботинии инсон, бахусус, ҷавонон, барои донишандӯзӣ ҳаст ва вазифаи бузургсолон ангезиш додан дар руҷӯи ин талабот, яъне шиносонидани «Ман»-и аслии онон мебошад. Барои таъмини ин кор бояд, ҳар як шунаванда, аъзои маҳфил маърӯзаву сухан дошта бошад, ақидаҳои худро озодона баррасӣ намояд, яъне субъекти фаъоли иҷтимоӣ бошад. Барои ташкили ин кор, маркази ҷавонон, китобхона, кохи фарҳанг, театр, мактабҳо ва дигар муассисаҳои фарҳангию таълимиро, дар омезиши чорабиниҳои фарҳангӣ-фароғатӣ, метавон истифода бурд.

Дуюм. Чуноне, ки таърихи давлатсозиҳои ду-се қарни гузашта шаҳодат медиҳанд, паҳн шудани ғояву донишҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии пешбар дар миёни мардум ва ҷавонон аслан, бо туфайли фаъолияти шабакавии ҳизбҳои бонуфуз сурат мегирифт. Ин ҷо албатта аъзоёни ҳизб дар баланд бардоштани хазинаи иттилоотӣ-донишии худ ҷуръат мекарданд, маводҳои барномавии худро пайваста бо омӯзиши вазъи сиёсӣ-иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеа таҳрир мекарданд ва дар ҳалли муаммоҳои ҷомеа кӯмак менамуданд.

Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон чун сернуфузтарин ҳизб ташкилотҳои худро дар тамоми маҳалхо доранд, шомилгардии ҷавонон пайваста бо шиносоӣ ба мазмуну мӯҳтавои барномаи ин ҳизб сурат гирифта истодааст ва аз ин лиҳоз, ҷавоншавии ҳизб (афзунгардии аъзоёни он аз ҳисоби ҷавонон) аён аст. Замони муосиро, ки онро ҷаҳони иттилоотӣ низ меноманд, фаъолияти рангину сифатӣ, баррасии фаврии хулосаҳои коркарди иттилооти беканорро тақозо дорад: зеро ҷавонон бо тариқи сомонаҳо аллакай аз ҳар гуна иттилоот бохабаранд, аммо аксари онҳо дар коркарди иттилоотҳо ва хулосбарорӣ тангназаранд. Аз ин лиҳоз, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз фаъолияти анъанавию якранг (ки ҷавонон чандон намепазиранд) рӯ ба фаъолияти мафкуравии нишонрас ва чандирӣ овардааст. Масалан, беш аз 70 фоизи аҳолӣ дар деҳот зиндагӣ менамояд ва аслан ташаккули мафкуравии ҷавонон дар оилаҳо ва ё хонаводаҳои деҳот сурат мегирад. Деҳот, ҳарчанд бо шабакаҳои коммуникатсионии муосир таъмин шудаанд, аммо чун ба дараҷаи аҳолии шаҳр нерӯи коркарду гудохти иттилоотро надоранд. Бинобар он, дар он ҷо муҳити паҳншавӣ ва ҷоннокгардии равияҳои мухталифи мафкуравӣ, ки қонунгузории кишвар манъ кардааст, мавҷуд ҳам мебошад. Ҳизб кори худро, чун дигар ҳизбҳои ҷаҳонӣ, маҳз дар маҳалҳои деҳот ва дар он маҳалҳои аҳолинишин, ки рақобати мафкуравӣ нисбатан шадидтар аст, бо тарзу услубе, ки самараи нишонрас дорад, роҳандозӣ карда истодааст. Воқеан ҳам, ташкилу баргузории мунтазами мафҳилҳои мафкуравӣ, ки дар он мазмуну мӯҳтавои ғоявии барномаи ҳизб, (ки вай ҳамзамон, барномаи давлатӣ ҳам мебошад), сатҳи амалигардӣ ва дурнамои он, мавриди таҳлил қарор мегирад, ҳамин тарик, ҷойҳои холигӣ ва ё вакуми иттилотӣ ва мафкуравиро пурра менамояд. Бояд таъкид намуд, ки дар майдони баҳсу талошҳои мафкуравӣ, тарзу услуби менеҷмент ва маркетинги сиёсиро бояд моҳирона истифода бурд. Охир бештари ҷараёнҳои мазҳабӣ бо истифода аз таҷрибаи болшевикон шабакаҳо ва клубҳои мафкуравии худро дар маҳалхо дар миёни қишрҳои мухталифи ҷомеа пинҳонӣ ташкил менамоянд ва фаъолони онҳо бо садоқати том асарҳо, ҳуҷҷатхои барномавӣ ва ғоявии сарварони худро паҳн ҳам менамоянд.

Сеюм. Дар мавриде, ки дар ҷомеа ғояҳои берун аз доираи арзишҳои миллӣ, ваҳдати миллӣ, (ифротгароӣ, низоъангезӣ ва ғ.) бо тариқи пинҳонӣ ворид мегардаду тарғибу ташвиқ мешавад, бинобар он, дар мубориза бар зидди ин падидаҳо иттиҳоду ҳамдастии созмонҳои мухталифи ҷамъиятӣ зарур аст. Воқеан ҳам, иттиҳоду ҳамраъйии созмонҳо, ҳизбҳои сиёсӣ, ки фаъолияти худро дар густариши ғояҳои ваҳдати миллӣ, эҷоди ҷомеаи дунявӣ ва шаҳрвандию демократӣ роҳандозӣ намудаанд, чун тамсилаи ягонагӣ ва нерӯи бузург дар тарбияи ҷавонон мақоми созанда дорад.  Ин ҷо нақши бузурги Шӯрои ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистонро, ки конфронсҳои мунтазам амалкунандаро ташкил менамояд, бояд таъкид кард. Дар доираи боз ҳам ҷоннок намудани  фаъолияти мафкуравии ин созмон ва шомил кардани ҷавонони боистеъдод ба он (дар тамоми гушаву канори кишвар), метавон шаклгирии мафкуравии ҷомеаро, ки дар он арзишхои волои дунявӣ, меъёрҳои солими иҷтимоӣ ҷойгоҳи устувор пайдо мекунаду ба тарзи зиндагӣ ва одати ҳамарӯзаи фаъолияти онҳо табдил хоҳад ёфт, таъмин намуд.

Чорум. Ҷамъияти «Дониш» аслан ҳадафи паҳн кардани иттилову донишро дорад. Бояд таъкид намуд, ки ҷомеа, пеш аз ҳама – ин низоми паҳнгардии донишу иттилоот аст. Густариши ин низом, бахусус, имрӯз аз ҳар вақта ҳам, боз ҳам ҷиддитар аст: зеро, чи тавре, ки дар боло ишора намудем, ҷаҳоне, ки мо имрӯз дар он зиндагӣ дорем, ҷаҳони иттилотӣ-индустриалӣ ном гирифтааст. Ин ҷамъият низ, бояд кори худро дар шаклу мазмуни нав, пеш аз ҳама, дар минтақаву ноҳияҳо, ки дар он сатҳи  итиилоотиаш нисбатан заиф асту ақоиди мазҳабӣ ва ё ғояҳои берун аз андешаи миллӣ бартарӣ гирифтааст, ба роҳ монад. Албатта, ин ҷо масаъалаи маблағгузорӣ муаммо аст. Аммо, маблағеро, ки барои ин кор дареғ медорем, шояд дар акси кор, сарфи маблағҳои калонро минбаъд талаб намояд ва ё маблағи начандон калонро барои паҳн кардани донишҳо агар имрӯз сарф кунем, шояд минбаъд чун самараи сармояи иҷтимоӣ барои ҷомеа маблағҳои азимро низ тавлид кунад: бедоршавии ифтихори миллӣ сармояи ҷомеаро аз дигар самтҳо ба самти сохтмон, таҷдиду тармими мактабҳо, иншоотҳои таъиноти иҷтимоӣ, роҳҳо ва ғ. роҳандозӣ мекунад.

Панҷум. Дар миёни васоити ахбори омма нақши телевизион ва радио хеле бузург аст. Бинобар  маҳдудияти вақт дар  мутоилаи рӯзномаҳо (хонандагони рӯзномахо ҳам чандон зиёд ҳам намебошанд) мардум бештар телевизион тамошо карда, радио гӯш мекунанд. Аз тарафи дигар, ҷавонон имрӯз аз хондани асарҳои бадеӣ каме дур шудаанд ва аз ҳамин сабаб қаҳрамонҳои мафкуравии худро ва ё тимсоли пайравии  худро дар тафаккури худ имконият надоранд, пайдо кунанд. Барномаҳои рангини телевизионӣ, таҳия ва баррассии намоишномаҳои театрӣ, телесериалҳое, ки ихтилофи ғояхоро инъикос менамояду ва ниҳоят фатҳи ғояи солим ва ашёгардии онро (дар ҳаёти воқеӣ аслан мушоҳида мешавад) нишон медиҳад, тақозои замон аст. Доир ба иҷрои ин кор муаяйн кардани супоришҳои давлатӣ низ ба мақсад мувофиқ аст. Чуноне, ки филми «Ҳасани аробакаш», ки тазоди мафкураи наву кӯҳан ва таҳаввулоти ҷомеаи нави он замонро нишон медод, барои ҷавонон таъсири мусбӣ дошт. Барои ин кор, иқтидори эҷодии кишвар кифоя аст: шукр, ки нависандагони намоён, ҳунармандони боистеъдоди театрӣ дорем. Яъне, намоишҳое, ки воқеияти зиндагии моро нишон медиҳаду қаҳрамонҳои он маҳз бо туфайли ғояҳои солим фатҳи зиндагӣ доранд, шаклбандии мафкуравии ҷавононро ба афкори комил сурат бахшида, меъёрҳои иҷтимоии солимро дар таркиби маҷмӯи одатҳову рафтори ҷавонон устувор менамояд.

Шашум. Аксари ҷавонон бо иттилооти сомонаҳо сару кор доранд ва ин раванди табиист: онҳо пайваста бо рушди технологияи иттилоотии мутараққии муосир қадам мезананд. Аммо масъала дар он аст, ки онҳо ин иттилоотҳоро чи тавр қабул менамоянд!? Аз тарафи дигар, онҳо бахусус, иттилоотҳои ҳангомаҷӯй ва ё ғаразнокро бештар  меҷӯянд. Мутаассифона, дар аксари иттилоотҳои низоъангезе, ки нисбати ҷомеаи мо пахш мегардад, ҷавонон зуд бовар мекунанд, яъне онҳо таҳлили танқидӣ надоранд. Зеро, ки гузориши ҷавобии асоснок аз тарафи мақомотҳо, маъсулон, созмонҳо ва зиёиёни кишвар фавран пайдо намешавад. Ин ҷо беэътиноии ҷомеа, зиёиён низ ба назар мерасад. Ҳамин гуна рафтор нисбати бархе аз мақолаҳои рӯзномаҳои мухталиф низ ҷой дорад. Маҳз бетарафӣ, хомӯшӣ ва мавчуд набудани ҳассосият ба иттилоҳои ҳангомаангезу асоси воқеӣ надошта, ба онҳо (иттилоотҳо) симои ҳақиқӣ медихад, яъне ҷавоб, ки нест, пас вай рост аст….. Шаффофияти иттилоот оид ба фаъолияти кулли сохторҳои давлатӣ, созмону ҳизбҳо, сиёсатмадорон, омили муҳими баланд бардоштани эътимоди ҷомеа мебошад. Яъне раҳоӣ аз шубҳа ин устуворгардии мафкураи солим ва сипас, болоравии эътимод ба низоми ҷомеа, ки вай зиндагӣ дорад. Дар баъзе сомонаҳо ахбороти ҳануз се сол қаблӣ ҷой дораду халос, иттилооти навин зуд ҷой намегирад. Гумон мекунам, ки сомонаи махсусе бо унвони «Дунёи ҷавонон»дар интернет ҷой дошта бошад ва дар он таҳлили фаврии иттилооти навин пахш гардад, шоядба мақсад мувофик аст. Умуман, барои таҳлили фаврии иттилооти нав, хулосабандӣ ва пахши он бояд дар назди мақомоте, ки бо фаъолияти мафкуравӣ сарукор доранд, бояд гурӯҳи (корпуси) пуриқтидори зеҳнӣ, ки қобилияти баланди таҳлилӣ, қалам ва сухани бурро доранд, пурсамар фаъолият намояд.

                                            Идома дорад…

                                 Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ

АРЗИШҲОИ ҶАҲОНИИ АШЪОРИ ТУРСУНЗОДА

Рузи 04 майи соли 2021 дар маҷлисгоҳи АМИТ бахшида ба 110 – солагии устоди сухан, Шоири халқӣ ва яке аз шаш нафар Қаҳрамонони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ – назариявӣ баргузор шуд. Ҳамоишро президенти АМИТ, академик Фарҳод Раҳимӣ ифтитоҳ намуда, зимни суханронӣ қайд кард, ки рисолати устод Турсунзода имрӯз низ ба омӯзиши мукаммал ниёз дошта, ормонҳояш ҷовидонӣ мебошанд.

5.12

       Сипас, муҳаққиқони самти адабиёт ва матншиносӣ (директори Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ Боймурод Шарифзода, ректори Донишкадаи фарҳанг ва санъат Муҳриддин Низомов, раиси Иттифоқи нависандагон Низом Қосим, узви вобастаи АМИТ Мирзо Муллоаҳмад, доктори илмҳои филология Аскар Ҳаким, профессорон Абдунабӣ Сатторзода, Шаҳбоз Кабиров ва дигарон) паҳлӯҳои гуногуни осори шоири халқиро баррасӣ намуда, бо якдигар музокираҳои илмиро барпо намуданд.

Ҷоиз ба тазаккур аст, ки Мирзо Турсунзода бо ҳуруфи арабиасос шеър менавиштааст ва дастхати устод хеле зебост. Осорхонаи устод дар ҳамоиши мазкур на танҳо дастхатҳо, балки сарулибос, мизу курсӣ ва дигар мавод, ки Турсунзода дар давоми зиндагӣ бо онҳо кор мекард, намоиш дода, ҳамоишро боз ҳам гуворотар намуданд.

5.11

        Самти мукотибаҳо бо шоирону адибони Шӯравӣ чун Брагинский, Тихонов ва ғайра, ки дар осорхонаи ихтисосии шоири маҳбуб маҳфузанд, ҳанӯз ҳам ба таври мукаммал омӯхта нашудаанд. Сабаби кам таваҷҷуҳ кардан ба осори Турсунзода барҳамхӯрии низомси Шӯравӣ буд, чунки баъзеҳо гумон доштанд, ки Турсунзода мубаллиғи дӯстии халқҳост, аммо алҳол собит гардид, ки Турсунзода дар зебоии баён ва ормонҳо назир надорад. Шеъри Турсунзода пас аз маргаш ва махсусан пас аз нестшавии низоми сиёсии Шӯроҳо аҳамияи худро гум накард ва ниёзи ҷомеа айни замон ба осораш тавлид ёфт. Гӯё Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ ин мисраҳоро дар ҳаққи ӯ сурудааст:

Ай басо шоир, ки пас аз марг зод,

Чашми худ барбасту чашми мо гушод…

Ғояҳои асил ҷовидонанд: ҷомеа ва шаклгирии

мафкураи ҷавонон

«Фалсафаи ҳаёт ин аст, ки ояндаи ҷомеа, идораи давлату миллат, ҳифз кардан ва афзун намудани музаффариятҳои Истиқлолият ба дасти ҷавонон мегузарад. Ҳамин аст, ки дар ҷаҳони пуртазоди муосир мубориза барои мафкураи ҷавонон торафт пурзӯр мегардад».

Эмомалӣ Раҳмон

1.Давраи гузариш ва тазоди мафкуравӣ

Тоҷикистони азизи мо чун дигар кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил дар давраи гузариш қарор дорад, аниқтараш марҳалаи трансформатсионӣ ва ё шаклгирии ҷадидро аз сар гузаронида истодааст. Дар ин раванд, кулли ҷабҳаҳои ҷомеа – иқтисодиёт, сиёсат, фарҳанг ва мафкураи ҷомеа дар маҷрои  шаклгирии нав, ки ҳанӯз комил нагаштааст, қарор дорад. Маълум аст, ки маҳз инсон, одамон созандаи тамаддунҳо ва ҷомеаҳои навин мебошанд. Воқеан ҳам, инсоният дар тӯли таърихи худ, тамаддунҳои бешумори оламгирро (масалан, тамаддуни ориёӣ) эҷод намудааст, аммо афсӯс, ки қисме аз онҳоро дар занҷири устувори меросгирии иҷтимоӣ ҷой дода натавонистааст.  Чаро, ки аксаран бо туфайли афзалгирии мафкураи ғаразпечи тоифаҳои алоҳидаи ҷомеаи инсонӣ, тамаддунҳо ба гирдоби таназзул рӯ ба рӯ гаштаанд ва имконияти аз насл ба насл интиқол намудани арзишҳо ва меъёрҳои солими эҷоднамудаи аҷдодонро аз даст додаанд. Чунин шикасташавии занҷири меросиро қавми тоҷик дар қарни гузашта, гумон мекунем, ки боз ҳам шадидтар аз сар гузаронидааст. Масалан, ҷараёни пурошӯби он замон, бо ном “пролеткулт”, қариб буд, ки арзишҳои  фарҳангии моро дар як ҷазираи ноаёни уқъёнуси таърих ҳавола диҳад. Баррасии инкишоф аз нигоҳи танқиди сохту давраи гузашта ва ё танқиди пешвоёни қаблии коммунстон аз тарафи роҳбарони нав чун ҳукми анъана буд. Ин меъёри нусхабаста солҳои 90-ум, ки собиқ ҷумҳуриҳои Шӯравӣ соҳибистиқлол шуданд, боз эҳё шуд, бархе сиёсатмадорони ин кишварҳо, бидуни мафкураи кофӣ доир ба ҷомеаи навине, ки бояд минбаъд шакл гирад, (ҳоло онро насохта) фақат бо танқиди сохту афкори шӯравӣ овора буданд. Ҳамин рӯҳия ҳоло ҳам арзи ҳастӣ дорад. Дар рӯзнома ва дигар васоити ахбор баъзан, дар мавриди таҳлили коргоҳ ва ё сохторҳои давлатӣ давраи роҳбарии нав ва кӯҳнаро қиёс менамоянд, ки  аксаран ҷомаи танқидӣ ҳам дорад. Ин раванд метавонад боиси бархӯрди манфиатҳо, низо ва ё ихтилофи мафкураи гурӯҳи одамон дар ҷомеа гардад. Ба андешаи мо, ин меъёри нусхабаста бояд аз мафкура берун равад, то ин ки занҷири пайвандгари имрӯзу фардо нашиканад. Чи тавре, ки нависандаи бузурги доғистонӣ Расул Ғамзатов гуфта буд: «агар мо ба гузаштаи худ аз туфангча тир холӣ кунем, оянда ба мо аз туп тир холӣ хоҳад кард». Аслан ғояҳои солим, арзишҳои баланди инсонӣ ҷовидон мебошанд, одам мефавтад, аммо онҳо намирандаанд. Масалан, он ғояҳо барои мардуми Шарқ бо тариқи васияти (чун гени иҷтимоӣ) волидайн, устодон ва пешвоёни миллат ба фарзандону шогирдон ва мардум интиқол мешуд, амалӣ мегардид ва ё идома меёфт. Охир, ин занҷири иҷтимоиро ниёгони мо моҳирона эҷод карда буданд, акнун мо бояд онро дар сатҳи баланд эҳё намоем ва дар маркази амалҳои иҷтимоӣ ва рафтору одатҳои худ ҷой диҳем.

Дар тафаккури ҳар як фард бояд моҳияти чунин маҷрои диалектикӣ ҷой гирифта бошад: ҳар як давр ва ё марҳила дар фазову вақти муаяйн арзи ҳастӣ мекунад, пайваста бо тазодҳои манфиву мусбӣ инкишоф меёбад, падидаи мусбии он давр метавонад минбаъд ба падидаи манфӣ табдил ёбад ва ё баръакс. Бояд дар хотир дошт, ки марҳилаи гузашта заминаест барои инкишоф дар оянда ва ниёз ба падидаҳои ҷадиди пешбаранда маҳз дар давраи гузашта пайдо мешавад. Вазифаи субъектҳои марҳилаи ҷадид – на ҷуиши  нуҳсону норасоии он давр, балки мусоидат барои инкишофи самтҳои ҷадид бошад. Ташкили иҷтимоии чунин раванд паҳноии тафаккури ҷавононро дар ин самт, ки онҳо аслан инъикосгари даврони гузаштаву имрӯз ва фардо мебошанд, устувор мегардонад.

2.Ҷавонон дар майдони муқовимати мафкуравӣ

 То имрӯз механизм ва ё рамзи генетикӣ, ки бо воситаи он интиқоли мустақими тамаддуни пешрафта (фарҳанг, анъана, эътиқод, вафодории оилавӣ ва ғайраҳо) таъмин гардад, вуҷуд надорад. Роҳи ягона – ин тарбияи ҷавонон, ғанӣ гардонидани мафкураи онҳо, дар ҷавҳари ҷавонон ҷой додани муҳаббат ба ватану миллат аст. Воқеан ҳам, неруи бузурги пешбарандаи ҷомеаи навини тоҷикон ҷавонон мебошанд ва шаклгирии ҷадиди ин ҷомеа бо афкори тозаву устувори онҳо алоқаманд аст. Барои тасдиқи ин таъкид овардани  мисоли зерини оморӣ кифоя мебошад: тибқи омори расмӣ соли 2020 дар Тоҷикистон захираҳои меҳнатии аз 20 то 34 сола беш аз 80 фоизи аҳолии аз нигоҳи иқтисодӣ фаъолро ташкил медиҳанд. Аз ин рӯ, бори дигар таъкид бояд кард, ки эъмору бунёдгари имрӯзаи кишвар маҳз ҷавонон мебошанд.

Тарҳгирии устувор, натиҷаҳои судманди шаклгирии ҷомеаи навин, пеш аз ҳама маҳсули таҳаввулоти мафкуравии гудохташуда ва дар мизони ақлу фитрати солим баркашидашудаи ҷавонон мебошад. Ин тамсилаи мафкурвӣ, ки  минбаъд тадриҷан амалӣ мегардад, дар ниҳояти кор меъёрҳои иҷтимоии солимро рӯи майдон меорад. Меъёрҳои иҷтимоии қаблии ҳоким, ки таҳти механизми бузурги мафкуравӣ дар давоми 70 соли даврони Шуравӣ ташаккулу пойдор гашта буданд, дар ин давраи гузариш, тадриҷан шикаста шуданд. Солҳои 90-уми асри гузашта бо истифода аз вакууми иттилоотӣ рақобати тезу тунди миёни мафкураҳои нусхабастаи кӯҳан, ҳизбҳои мухталиф, мазҳабиву динӣ ошкоро сурат гирифта мардуми кишварро ба вартаи ҷанги бародаркуш ҳавола дода буданд. Ниҳоят, пас аз оштиву ризояти миллӣ (соли 1997) ғояи ваҳдати миллӣ, дарки зарурати он барои миллат чун омили таъмини суботу пешрафти ҷомеа, танинандоз шуд. Воқеан ҳам тақдиру бақои миллати тоҷик, пойдории соҳибистиқлолии кишвар аз сатҳи амалигардии ғояи ваҳдати миллӣ ва ҳадафҳое, ки дар атрофи он мардуми кишвар муттаҳид шудааст, вобаста аст. Ва ин ғоя – бахусус, дар марҳилаи трансформатсия, шаклгирии ҷомеаи навини тоҷикон ҷавҳари ғояи миллиро ташкил медиҳад. Мутаассифона, новобаста аз он, ки мардуми кишвар, алалхусус ҷавонон арзишҳои ваҳдати миллиро дарк намудаанд ва онро ҳифз мекунанд, шаклгирии меъёрҳои нави ҷомеаи имрӯзаи мо ба сатҳи комил нарасидааст. Ҳанӯз меъёрҳову арзишҳои нави иҷтимоии солим (фаъолияти бошуурона дар доираи инсофу адолати иҷтимоӣ,  иқтисодӣ, риояи қоидаву қонунҳо ва тартиботи ҷомеа ва ғ.) устувор нагаштааст. Асосан меъёрҳое ҳокиманд, ки бо фаҳмишҳои бозорӣ омезиш ёфтаанд. Бинобар ин, муқовимат, муборизаҳои ошкору пинҳонии мафкуравӣ барои шаклгирии ин арзишҳо ҳанӯз ҳам идома дорад. Дар ин раванд, хатаровараш он аст, ки дар майдони баҳсу талошҳои мафкуравӣ ақидаҳое метавонанд ҳукмрон гарданд, ки решаи беруна доранд ва ё бо истилло “воридотӣ” мебошанд. Дар раванди ҷаҳонишавӣ чунин амалҳо метавонанд моро аз аслияти хеш дур андозанд ва оқибат боиси аз байн рафтани миллату забони тоҷикӣ гарданд. Агар ба сӯҳбати пешвоёни ин гурӯҳҳо диққат диҳед, барои онҳо миллату забони тоҷикӣ вуҷуд надорад.

Чуноне, ки аз расонаҳои ахбори омма, гузоришҳои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ иттило мегирем, гурӯҳҳои алоҳида бо мафкураҳои тундраву мазҳабӣ, ки аслан берун аз доираи арзишҳои миллӣ қарор доранд, ҷаҳд доранд то боз рӯи майдон омада ҷавононро бештар ба худ ҷалб намоянд. Масалан, амалҳои аъзоёни Ҳаракати исломӣ, ҳаракати “Даъват-ул таблиғ”, салафия ва ғайраҳоро, ки фаъолияташон дар кишвар қонунан манъ шудааст, пайгирӣ карда мешавад. Тибқи иттилои намояндаи Шӯрои уламои маркази исломии Тоҷикистон, шакли муосири ақидаи ваҳобия бо номи салафия (бозгашт ба сарчашмаҳои оғозии ислом) зуҳур кардааст, ки солҳои қаблӣ дар Тоҷикистон фаъол буд. Бинобар далели ихтилофаш миёни намозгузорон Додгоҳи олии кишвар 8 январи соли 2009 фаъолияти ин ҷараёнро манъ кардааст.

Новобаста аз он, ки муборизаи мунтазами кормандони ҳифзи ҳуқуқ бар зидди гурӯҳҳои тундрав сурат мегирад, фаъолияти онҳо ҳанӯз ҳам пинҳонӣ идома дорад. Барои онҳо аслан ҷавонони дорои сатҳи пасти назари таҳлилӣ захираи фаъол ва нерӯсоз аст, бинобар ин “сайди” чунин ҷавонон барои ин ҳаракатхо ҳадафи асосӣ ба ҳисоб меравад. Сину соли миёнаи аъзоёни онҳо 24-25 сола аст. Бо як муборизаи мақомоти қудратӣ бар зидди ин равияҳо муаммо ҳал намешавад. Азбаски ин “ҷанги” ғоявӣ аст, дар ин майдони муҳориба муайян кардани тарафҳои мухолиф кори хеле мушкил аст. Бинобар ин, маҳз боло бурдани сатҳи муқовимати мардум бар зидди ин равияҳо, дастаҷамъӣ дар тарбияву тадриси ҷавонон дар руҳияи ғояҳои олии дунявӣ ва воқеияти динӣ метавонад таъсири манфии равияҳои бегонаро коҳиш диҳад. Барои ин, пеш аз ҳама зарур аст, ки сабабҳову омилҳои решагии шомилшавии ҷавонон ба равияҳои тундрави динӣ таҳқиқ карда шаванд. Бояд таъкид кард, ки шомил гаштани ҷавонон ба ин равияҳо дорои ду омил мебошад: якум, решаҳои гносеологӣ – коҳиши сатҳи назари воқеабинонаи ҷавонон ба қабули итилоот ва дувум омилҳои иҷтимоӣ – вазъи иқтисодӣ-иҷтимоӣ, костагии баъзе паҳлӯҳои муносибатҳои ҷомеа ба тарбия ва роҳнамоии ҷавонон.

                                            Идома дорад…

                                 Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ

 

Шурои олимон

Рӯзи 30-юми апрели соли 2021 дар Институти иктисодиёт ва демографияи АМИТ ҷаласаи навбатии Шурои олимон баргузор гардид.

Рӯзномаи ҷаласаи Шурои олимон аз масъалаҳои зерин иборат буд.
1. Рафти иҷрои нақшаҳои умумӣ ва инфиродии докторантҳо, унвонҷӯён, аспирантон ва магистрантон дар семоҳаи аввали соли 2021
2. Оид ба ҳолати тарғиби донишҳои илмӣ аз тарафаи кормандони илмии Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ
3. Ҳисобот дар бораи натиҷаҳои табъу нашри маҷаллаи «Иқтисодиёти Тоҷикистон» дар соли 2020
4. Тасдиқи мавзӯъҳои илмии унвонҷӯён ва магистрантон
5. Масъалаҳои ҷорӣ
5.1. Дар бораи ба нашр тавсия намудани монографияи илмии Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло дар мавзӯи «Рушди иқтидори кадрии низоми бонкдорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»
5.2. Дар бораи ба нашр тавсия намудани монографияи илмии котиби илмии ИИваД АМИТ, н.и.и. Ҷалилов Д.Р. «Вопросы управления социально-экономическим развитием горного региона»
5.3. Дар бораи ба нашр тавсия намудани монографияи илмии Саидмуродов Л.Х. ва Нажмиддинов М.А. «Система управления государственным имуществом в Республике Таджикистан: методы, инструменты, институты»
5.4. Пешниҳоди номзадии Саидмуродзод Ҷовид Ҷабборӣ – н.и.и., ходими пешбари илмии шуъбаи таҳқиқоти назариявӣ ва робитаҳои иқтисоди хориҷии ИИваД АМИТ барои дарёфти ҷоизаи ба номи «Исмоили Сомонӣ»-и Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

DSC_0015

DSC_0033.11

«Рӯзи илми тоҷик»

Тибқи банди 1-и Нақшаи чорабиниҳои илмии Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ аз 26 марти соли 2021 бахшида ба «Рӯзи илми тоҷик» санаи 16 апрели соли 2021 дар толори Шӯрои олимон семинари илмӣ доир ба мавзӯъҳои: «Аз таърихи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Ногузирии тезондани индустриализатсияи иқтисодиёти Тоҷикистон» баргузор гардид. Аз рӯи масъалаҳои мазкур рӯйнамои (презентатсия) сарходими илмии шуъбаи таҳқиқоти қувваҳои истеҳсолкунанда ва ҷойгиркунии онҳо, д.и.и. Хоналиев Назаралӣ ва мудири шуъбаи тадқиқоти инфрасохторӣ, д.и.и., профессор Рауфӣ Абдуқаффор шунида шуд. Ҳамзамон дар чорабинии мазкур тибқи Фармоиши директори Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ аз 15 апрели соли 2021 №16 як қатор ходимони илмии Институт бо «Ифтихорномаи фахрӣ»-и Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон қадрдонӣ карда шуданд.

DSC_0006

DSC_0048

Ҷаласаи ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Навоварон»

Санаи 16 апрели соли 2021 дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Навоварон»-и Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон доир ба ҷамъбасти ҳисоботи семоҳа ҷаласа баргузор гардид. Тибқи гузориши муовини раиси он ташкилоти мазкур дар давоми семоҳаи аввали соли 2021 беш 11 маротиба тавассути воситаҳои ахбори умум, барномаю намоишҳои радио ва телевизиони ҷумҳурӣ фаъолона баромад намуда, дар ин давра интишори 5 китоб ва 12 мақолаҳои илмӣ-оммавӣ, 5 конференсияи байналмилалӣ, 3 конференсияи сатҳи ҷумҳуриявӣ ва дигар пажӯҳишҳоро анҷом додааст. Ҳамзамон, дар ҷаласа вобаста ба мавзӯъҳои «Ҳадафҳои ИИваД АМИТ дар партави татбиқи дастуру супоришҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2021» ва «Наврӯз ва расму ойинҳои аҷдодии халқи тоҷик» рӯйнамо (презентатсия) карда шуд.

DSC_0020
DSC_0011
DSC_0014

Чорабинии идона бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз

Санаи 26-уми марти соли 2021 дар Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон чорабинии идона бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз баргузор гардид. Чорабинии мазкурро директори Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ, д.и.и., профессор Шариф Раҳимзода ҳусни оғоз бахшида, қайд намуданд, ки Наврӯз, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шарофати истиқлолияти давлатӣ бо тамоми ғановату рангорангии он эҳё гардидааст, ҳоло ба ҷашни милливу давлатии мо – тоҷикон ва рамзи худшиносиву ифтихори миллӣ, ваҳдату ҳамдилии мардум ва пайванди наслҳо табдил ёфтааст. Дар чорабинии мазкур аз тарафи бонувони Институт бо истифода аз анъанаҳои миллӣ ва мардумӣ дастархони идона бо номи ҳафт сину ҳафт шин ороста шуд. Инчунин, дар чорабинии мазкур қисмати фарҳангӣ низ гузаронида шуд.

DSC_0094
DSC_0114