Онлайн-конференсия

Рӯзи 27 ноябри соли 2020 дар толори Шӯрои олимони Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо назардошти қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 феврали соли 2020 №156 «Дар бораи Нақшаи баргузории чорабиниҳои илмӣ ва илмию техникӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020» онлайн-конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ дар мавзӯи «Консепсияи инноватсионии рушди иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон: асосҳои назариявӣ, муаммоҳо ва самтҳои амалисозии он» баргузор гардид.

DSC_0014

Дар оғози кори конференсия директори Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Шариф Рахимзода бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуданд. Ҳамзамон, дар кори онлайн – конференсия ноиби Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ – д.и.с., профессор Муҳаммад Абдураҳмон Наврӯз, вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон – д.и.и., Кабир Шералӣ, муовини аввали вазири рушди иқтисод ва савдои  Ҷумҳурии Тоҷикистон – н.и.и. дотсент Ашурбой Солеҳзода, академики АМИТ – Қаюмов Н.Қ.,узви вобастаи АМИТ- д.и.и., профессор Саидмуродов Л.Ҳ. ва дигар шахсони даъватшуда иштирок ва баромад намуданд.

 DSC_0027

DSC_0037

 

Конференсияи илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Роҳҳои таъмини рушди инноватсионии КАС-и Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Рӯзи 25 ноябри соли 2020 дар толори Шӯрои олимони Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон конференсияи илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Роҳҳои таъмини рушди инноватсионии КАС-и Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид. Дар оғози кори конференсия директори Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Шариф Рахимзода бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуданд.

IMG_20201125_100306

Ҳамзамон, дар кори конференсияи мазкур директори Институти иқтисодиёти кишоварзӣ ва таҳлили системавии АИКТ – д.и.и., профессор, академики АИКТ Пиризода Ҷ.С. академики АМИТ – Қаюмов Н.Қ., узви вобастаи АМИТ – д.и.и., профессор Саидмуродов Л.Ҳ., узви вобастаи АМИТ – д.и.и., профессор Исломов С.И., мудири шуъбаи технологияи инноватсионӣ, проблемаи об, гидроэнергетика ва экологияи АМИТ – д.и.и., профессор Пулодов Я.Э., мудири шуъбаи озмоишгоҳи генетика, селексия ва тухмипарварии ИБФ ва ГР АМИТ – д.и.к., профессор Партоев Қ., профессори ДСРТ – Ашуров И.А., профессори кафедраи географияи ДОДТ ба номи С.Айнӣ – Муҳаббатов Х., дотсенти Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон – Ҳомидов А., профессори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шотемур ва дигар шахсони даъватшуда иштирок ва баромад намуданд.

Маросими ифтитоҳи маркази таълимӣ дар ИИД АМИТ

Санаи 20-уми ноябри соли 2020 дар чаҳорчӯбаи татбиқи лоиҳаи «Таҳкими омори демографӣ дар Тоҷикистон», ки аз ҷониби Ҳукумати Федератсияи Россия маблағгузорӣ карда мешавад, Хазинаи Нуфуси СММ (UNFPA) дар Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Маркази мукаммали таълимиро таъсис дод, ки бо таҷҳизоти компютерии дорои барномаҳои муосир, чун (Eviews ва Stata) таъмин мебошад.

IMG_2171

IMG_2199

Дар маросими ифтитоҳи Маркази таълимӣ Сафири Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Игор Семенович Лякин-Фролов, ноиби Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ, д.и.с., профессор Муҳаммад Абдураҳмон Наврӯз, Директори Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, д.и.и., профессор Шариф Раҳимзода, Директори кишварии UNFPA, ҷаноби Ю.Ю. (тариқи онлайн), Роҳбари дафтари UNFPA дар Тоҷикистон Наргис Раҳимова, инчунин, кормандони ташкилотҳои дар боло зикршуда ва намояндагони ВАО ширкат варзиданд. Маркази нави таълимӣ дорои таҷҳизоти муосир, аз ҷумла, 16 адад компютер, 2 адад принтер, системаи видеоконфронс, тахтаи интерактивӣ, проектор, инчунин, кондитсионер ва мизу курсиҳои корӣ мебошад. Илова бар ин, UNFPA 16 литсензияи таъминоти барномавии STATA ва 16 литсензияи таъминоти барномавии Eviews-ро ба даст овард.

IMG_2201

IMG_2214

Ҳамчун қадамҳои минбаъда, UNFPA барои таҳкими иқтидори таҳлилии шарикони миллӣ барномаҳои самараноки омориро барои беҳтар намудани пешгӯиҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва демографӣ, воситаҳои моделсозӣ, коркарди маълумот, визуализатсияи омор ва ҳисоботи автоматӣ татбиқ менамояд. Дониши бадастомада барои таҳлил ва пешгӯии маълумот дар сатҳҳои миллӣ ва минтақавӣ барои гузаронидани тадқиқот/пурсишҳо истифода шуда, баҳри таҳияи сиёсати миллӣ дар асоси таҳлилҳо мусоидат мекунад.

IMG_2234

IMG_2272

Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

16 ноябри соли 2020 дар толори Шӯрои олимон бо иштироки тамоми шуъба ва бахшҳои илмии Институт ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба таҷлили «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» доир гардид. Директори Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ, д.и.и., профессор Шариф Раҳимзода ҳозиринро бо Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, нақши муҳими Сарвари давлатро дар бунёди Тоҷикистони соҳибистиқлол ва ташаккулёбии сиёсати дохилию хориҷии кишвар, ҷанги бародаркушӣ ва нигоҳ доштани сулҳу суботи имрӯза дар тамоми минтақа қайд намуд. Сипас, дар ҷаласа Боймуродов А.С. – ходими илмии бахши таърихи афкори иқтисодӣ дар мавзӯи «Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими давлатдории навини тоҷикон» презентатсия (рӯйнамо) намуданд. Ҳамзамон, аз рӯи масъалаи мазкур узви вобастаи АМИТ, д.и.и., профессор Исломов С.И. ва узви вобастаи АМИТ, д.и.и., профессор Саидмуродов Л.Ҳ. баромад намуданд.

IMG_20201116_100333

IMG_20201116_102616

Шурои олимон

Рӯзи 05 ноябри соли 2020 дар Институти иктисодиёт ва демографияи АМИТ ҷаласаи навбатии Шурои олимон баргузор гардид.

Рӯзномаи ҷаласаи Шурои олимон аз масъалахои зерин иборат буд.

  1. Доир ба интизоми меҳнат ва иштироки кормандон дар корҳои ҷамъиятиву сиёсӣ
  2. Натиҷаҳои санҷиши дохилии аспирантони бахши рӯзона ва ғоибонаи Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ ва омодагии онҳо ба аттестатсияи назди Президенти АМИТ
  3. Оид ба даровардани тағйирот ба ҳайати Шурои олимони Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ
  4. Масъалаҳои ҷорӣ

4.1. Дар бораи ба нашр тавсия намудани монографияи илмии шуъбаи таҳқиқоти иқтисодиёти воқеӣ «Промышленность Таджикистана в годы государственной независимости»

4.2. Дар бораи ба нашр тавсия намудани монографияи илмии сарходими илмии шуъбаи таҳқиқоти институтсионалӣ ва иқтисодиёти бахши иҷтимои, д.и.и., профессор Мирсаидов А.Б «Инкишофи матритсаи институтсионалии Тоҷикистон» (ҷанбаҳои иқтисоди сиёсӣ)

4.3. Дар бораи ба нашр тавсия намудани монографияи илмии бахши рушди инсони шуъбаи демография «Сармояи инсонии Тоҷикистони муосир»

4.4. Дар бораи ба нашр тавсия намудани монографияи илмии бахши муҳоҷирати шуъбаи демография «Миграционные процессы Республики Таджикистан в условиях глобализации»

4.5. Тасдиқи мавзӯъҳои рисолаҳои илмии магистрантон ва докторантон

4.6. Пешниҳоди хатмкунандаи докторантураи (PhD)-и Институти иктисодиёт ва демографияи АМИТ Манучеҳри Давлаталӣ барои дарёфти «Ҷоизаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон барои олимони ҷавон».

Маросими савгандёдкунии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Тамошои дастаҷамъонаи маросими савгандёдкунии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби ходимони илмии Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон.

IMG_20201030_101015

IMG_20201030_101039

IMG_20201030_101100

Гузаронидани ҳашари умумӣ (шанбегӣ)

Бо мақсади таъмини тозагии гирду атрофи бинои Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон санаи 29-уми октябри соли 2020 дар Институт ҳашари умумӣ (шанбегӣ) доир гардид, ки дар он тамоми кормандони Институт иштирок намуданд.

 20201029_085142

20201029_084159

ҶАЛАСАИ УМУМӢ

Рӯзи 28.10.2020 дар толори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҷаласаи умумӣ барпо шуд.

Бинобар ҳамроҳшавии Академияи соҳавии самти тандурустӣ ва тиб ба АМИТ аз якуми январи соли 2021 шуъбаи илмҳои биология ва тиб барҳам хӯрда, дар заминаи он ду шуъбаи нав таъсис мешаванд:

Аввал, шуъбаи илмҳои биология ва сониян, шуъбаи илмҳои тиб ва фармасевтӣ аз таърихи 1-уми январи соли 2021 ба фаъолият шуруъ хоҳанд кард. Ҳамчунин, ноиби президент дар бахши тиб бо раъйдиҳии аъзои Академияи миллии илмҳо интихоб мегардад.

Дар ҷаласа байни олимон баҳсҳои густурда ба вуқуъ пайвастанд. Ба истиснои академик Меъроҷов ҳама ба ҷонибдорӣ аз тағйироти зикршуда овоз доданд.

Бояд мутазаккир шуд, ки илмҳои тиб аз зумраи донишҳои амалӣ маҳсуб мешавад ва низоми илмҳои клиникиро ташкил медиҳад. Бинобар ин, назорати илмии ҳамаи муассисоти илмии самти тиб аз таърихи 1-уми январи соли 2021 ба дӯши АМИТ вогузошта мешавад.

3.98

3.99

КОНСТИТУТСИЯ – САНАДИ ОЛИИ СИЁСИВУ ҲУҚУҚӢ

Бисту шаш сол муқаддам дар кишвари мо тавассути раъйпурсии умумихалқӣ аввалин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол қабул гардид ва мо ин рӯзи воқеан таърихиро ҳар сол бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил менамоем. Конститутсия – қонуни асосии давлат буда, сохти давлат ва рушди минбаъдаи ҷомеаро муайян ва танзим менамояд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни як баромадашон чунин гуфта буданд: “Конститутсияи кишвар, ки таҷассумгари орзуву ормони озодандешӣ ва ғояҳои ҷовидонаи мардуми мо мебошад, барои пойдории ҳокимияти конститутсионӣ, таҳкими рукнҳои давлатдорӣ, ноил гардидан ба пешравиҳои азими сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ, ба вуҷуд овардани асосҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва муҳайё намудани фазои мусоид барои ташаккули озодонаи ҳар фард заминаи мустаҳкам ва боэътимоди ҳуқуқӣ гузошт”.

Маврид ба зикр аст, ки бузургӣ ва аҳамияти ин санади муҳими таърихӣ, қабл аз ҳама, дар он ифода меёбад, ки он бори нахуст аз ҷониби худи халқ ва барои халқ бо роҳи ифодаи озодонаи майлу иродаи шаҳрвандони мамлакат қабул карда шудааст. Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки чун санади сарнавиштсози миллат маънидод мешавад, кишвари моро ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, ягона ва дунявӣ ба оламиён муаррифӣ менамояд. Маҳз бо шарофати қабули ин санади олии сиёсиву ҳуқуқӣ дар Тоҷикистони маҳбуб маҷмӯи рӯйдодҳои тоза дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ оғоз гардиданд. Бинобар ин онро ба қатори воқеиятҳои таърихие шомил кардан мумкин аст, ки дар таърихи миллат ва давлатдории миллии мо нақши махсус дорад.

Ҳамзамон қабули Конститутсия шаҳодати бунёди давлати тоҷикон, асоси ҳуқуқии он, ягонагии ҳокимияти давлатӣ, баробарҳуқуқии тамоми халқу миллатҳои Тоҷикистонро ба арсаи ҷаҳонӣ эълон менамояд.

Конститутсияи даврони соҳибистиқлол баҳри миллату давлати тоҷикон саҳифаи тозае ва заминаи ҳуқуқии устуворе боз намуд. Он давраи нави ташаккули давлати соҳибихтиёри Тоҷикистон, моҳият ва шаклу мазмуни фаъолияти давлат, ҳолати ҳуқуқии инсон ва шаҳрванд, сохти марзию маъмурии Тоҷикистон, низом, тарзи ташкилёбӣ ва фаъолияти мақомоти давлатии ҷумҳурӣ ва ташкили мақомоти худидораи маҳаллиро инъикос мекунад. Конститутсия низоми давлатдорӣ, сиёсати дохилию хориҷӣ, сиёсати иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва фарҳангии кишварро баръало инъикос мекунад.

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз медоранд: “Сохтори давлатии мо дар Конститутсияи кишвар муайян гардидааст, ки барои қабули он аксарияти аҳолӣ овоз доданд. Мо дар асл ҷонибдори бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ҳастем, ки дар он ҳар як ҳамватани мо худро озод, хушбахт ва арзанда эҳсос менамояд”.

Конститутсия – сарчашмаи соҳибистиқлолии миллат ва пойдории давлати миллӣ маҳсуб мегардад. Он ҳамчун муҳимтарин омили таъмини истиқлоли миллӣ ва якпорчагии кишвар, тағйирнопазир будани шакли идораи ҷумҳурӣ, тамомияти арзӣ моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ, ягонагӣ ва иҷтимоии давлатро кафолат дода, халқи Тоҷикистонро сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эътироф намуд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дастоварди миллӣ буда, нахустин қонуни асосии давлати соҳибистиқлоли тоҷикон маҳсуб меёбад. Маҳаки асосии онро асосҳои сохтори конститутсионӣ ва ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ташкил додаанд. Ин санади олии сиёсиву ҳуқуқӣ барои таҳкими истиқлолияти давлатӣ, эъмори ҷомеаи ҳуқуқбунёду демократӣ ва ривоҷи муносибатҳои нави иқтисодӣ заминаҳои ҳуқуқиро фароҳам овард.

Дар банди аввали моддаи 1-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин омадааст: “Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад”. Ин модда муҳимтарин хусусиятҳои ҳуқуқиву давлатӣ, принсипу усулҳои бунёди давлатдории Тоҷикистони муосирро ифода менамояд ва моҳияти воқеии асосҳои сохтори конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бар мегирад.

Соҳибихтиёрии давлат маънои онро ифода месозад, ки Тоҷикистон самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии худро муайян намуда, чун субъекти мустақили ҳуқуқи байналмилалӣ баромад мекунад. Дар ин росто, муҳаққиқони илмҳои сиёсӣ ду навъи соҳибихтиёриро муайян кардааст. Яке соҳибихтиёрии давлат ва дигаре соҳибихтиёрии миллӣ аст. Соҳибихтиёрии давлат дар волоияти ҳокимияти давлатӣ ва истиқлоли ӯ дар муносибатҳои беруна ифода меёбад. Соҳибихтиёрии миллӣ бошад, ифодакунандаи ҳокимияти комили миллат, озодии сиёсӣ ва имконияти мусоид барои ҳаёти шаҳрвандон аст.

Демократӣ будани Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам яке аз шаклҳои сохтори сиёсӣ аст. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дар назардошти хусусиятҳои таҷрибаи таърихии анъанаҳои сиёсии давлатдории миллӣ ва дар амал татбиқ намудани принсипи либералӣ-демократии афзалияти ҳуқуқи инсон пояҳои давлати демократии худро устувор мекунад. Ба маънии дигар, пешрафти ҷомеаи мо бо роҳи демократӣ идома дорад, ки дар ин раванд миёни гурӯҳҳои гуногуни иҷтимоӣ ҳамраъйӣ ба вуҷуд меояд ва қувваҳои муттаҳидкунанда афзалият пайдо мекунанд. Ҳаёти ҷамъиятӣ дар кишвари мо дар асоси равияҳои мухталифи сиёсӣ ва мафкуравӣ инкишоф меёбад. Мафкураи ягон ҳизб, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва динӣ ба ҳайси мафкураи давлатӣ эътироф намешаванд.

Ҳамчун давлати ҳуқуқбунёд зикр шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон боз ҳам ба Конститутсия тобеъ будани ҳама гуна фаъолияти мақомоти давлатиро дорад. Волоияти қонун, риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, таҷзияи ҳокимият, масъулияти давлат ва шахсият нишонаҳои асосии давлати ҳуқуқбунёд мебошанд. Бояд гуфт, ки мустақиман амал намудани меъёрҳои Конститутсия, афзалияти ҳуқуқу озодиҳои инсон, мутобиқи принсипи таҷзияи ҳокимият амал намудани мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ҷузъи таркибии низоми ҳуқуқии ҷумҳурӣ эътироф шудани санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ аз нишонаҳои муҳими давлати ҳуқуқбунёд дониста мешаванд.

Дунявӣ будани Ҷумҳурии Тоҷикистон хусусияти хоси сохтори давлатдории кишвари моро муайян сохтааст. Давлати дунявӣ чунин давлатест, ки дар он ҳеҷ як дину мазҳаб ҳатмӣ ва ё афзалиятнок дониста намешавад. Дар Тоҷикистон тибқи Конститутсия ягон дин ба ҳайси дини давлатӣ шинохта нашудааст ва ҳама дину мазҳабҳо ҳуқуқи мавҷудияти баробар доранд. Мутобиқи Конститутсия дин аз давлат ҷудо буда, ҳамчун ҷузъи ҷудонопазири фарҳанги мардумӣ мустақиман амал менамояд. Конститутсия ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандонро барои эътиқоди динӣ ва фаъолияти динӣ маҳдуд намесозад. Дунявӣ будани давлат ин манъи дахолати иттиҳодияҳои динӣ ба фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идеологияи сиёсати давлат аст. Аммо ин маънои онро надорад, ки давлат бо ташкилотҳои динӣ умуман ҳамкорӣ намекунад. Ҳамкорӣ дар самти риояи меъёрҳои Конститутсия ва таъмини амнияти миллӣ, таҳкими фарҳанг ва арзишҳои миллӣ дар пояи талаботи сиёсати давр густурда мебошад, вале фаъолияти иттиҳодияҳои нажодпарасту миллатгаро ва иртиҷоиро қатъиян манъ мекунад.

Давлати ягона будани Ҷумҳурии Тоҷикистон ифодагари низоми воҳиди ҳуқуқию судӣ, иҷроия ва мақоми олии намояндагӣ доштан аст, яъне ҳама фаъолият дар ҷомеа умумӣ маҳсуб мегардад. Як Конститутсия, як низоми қонунгузорӣ ва шаҳрвандии ягона мавҷуд аст. Низоми ягонаи пул, сиёсати ягонаи қарз ва андоз ҷорист. Қисмҳои таркибии давлати ягона, яъне вилояту шаҳру ноҳияҳо соҳибихтиёр буда наметавонанд. Дигар хусусияти давлати ягона он аст, ки қувваҳои мусаллаҳи ягона дорад ва он аз ҷониби мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ идора мешавад. Конститутсия қонунест, ки ваҳдати сиёсии халқро шаклбандӣ, суботи сиёсӣ ва тартибу низомро дар давлат таъмин мекунад.

Бояд гуфт, ки ин санади сарнавиштсози таърихӣ манфиатҳои олии миллат ва давлати соҳибистиқлоламонро инъикос намуда, ба омили муҳимтарини кафолати устувории ҳаёти сиёсии ҷомеа мубаддал гардид. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати яке аз беҳтарин конститутсияҳо дар тамаддуни ҷаҳони муосир шинохта шудааст. Он дар низоми санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ эътибори олии ҳуқуқӣ дорад. Дар он инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ ба сифати арзиши олӣ эътироф ва халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эълон гардидааст.

Гузашта аз ин, Конститутсия, аз як тараф, барои рушди давлати демократӣ ва таъсиси низоми самарабахши ҳокимияти давлатӣ заминаи ҳуқуқӣ гузошта бошад, аз ҷониби дигар, барои сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дар саросари кишвар шароити мусоид фароҳам овард. Бо иродаи озодонаи мардуми сарбаланди кишвар қабул гардидани Конститутсия баёнгари фарҳанги волои сиёсии миллати куҳанбунёди тоҷик мебошад.

Гузашти солҳо ҳар қадар моро аз қабули ин ҳуҷҷати тақдирсоз дур мебарад, дурустии интихоби роҳи бунёди давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ҳамон қадар возеҳу аён мегардад. Натиҷаи ҳамин дастовардҳои конститутсионист, ки имрӯз дар мамлакат сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ пойдор мебошад ва халқи Тоҷикистон бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба ободиву созандагии сарзамини соҳибистиқлоли худ машғул аст.

Юсуфов Ғайрат, омӯзгори фанни сиёсатшиносии ДДХ

МЕРОСИ ХАТТИИ ҲАР МИЛЛАТЕ ГАНҶЕ БАРОИ ОМӮХТАН АСТ…

Рузи 23 октябри соли 2020, соати 09:00 дар толори Маркази мероси хаттии назди Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи “Масъалаҳои муҳимми ҳифзу таҳқиқи мероси хаттии Тоҷикистон” баргузор мегардад.
Дар ин ҳамоиши илмӣ масъалаҳои асосии нигаҳдорӣ ва таҳқиқи мероси хаттӣ, вазъи ҷамъоварӣ, мушкилот ва муаммои матншиносии осори Абулмаъонӣ Бедил ва авзоъ ва аҳволи баргардонии матнҳои гуногун аз қабили насх, шикаста ва ғайраҳо, баррасии илмии осори Ганҷинаи дастхатҳои ба номи А.М. Мирзоев ва нақши миниатуриё дар ороиши дастхатҳои нодир мавриди таҳқиқу баррасии олимони матншинос қарор мегирад.
Бояд мутазаккир шуд, ки дар Ганҷинаи дастнависҳои шарқии ба номи А.М. Мирзоев бештар аз 5882 ҷилд нусхаи хаттӣ ва 6400 ҷилд китоби чопи сангӣ бо дарназардошти ҳукми дастнавис буданшон маҳфузанд ва то кунун фақат 3500 нусхаи он тавсифи илмӣ шуда, дар 10 ҷилд феҳрист бо забони русӣ интишор ёфтаанд.
Мероси гаронбаҳои хаттии илмиву адабие, ки дар марказҳои нигаҳдорӣ ва омӯзиши мероси хаттӣ ҳифз мешаванд, ғолибан бо хатти шикаста ё худ элементҳои хатти шикастадор навишта шудаанд. Масалан, матни осори хаттии марбут ба Мирзо Абдулқодири Бедил маъруф ба Абулмаъонӣ чандин маротиб таҳия ва нашр шудааст, аммо бештари матни бо хатти шикаста навишта шудаву ҳанӯз ҳам аз ҷониби олимони бедилшинос таҳқиқи дуруст наёфтааст ва то имрӯз матни илмии интиқодии мероси Бедили Деҳлавӣ сурат нагирифтааст.Ҳанӯз ҳам нусхаҳои хаттии дастнависҳо ба таври қонеъкунанда омӯхта нашуда, боиси нигаронии ҳаводорону муҳаққиқони мероси хаттӣ мебошанд, чунки дастнависҳои маҳфузбуда аҳамияти бағоят бузурги илмӣ дошта, нақши муассир дар густариши ҳувияти фарҳангии миллати мо доранд.
Авзои имрӯзаи дастнависҳоро ба инобат гирифта, масъулини Маркази мероси хаттии назди раёсати АМИТ пешниҳодҳои зайлро зарур медонад ба саъми ҳаводорони мутуни дастнавис бирасонад:
Мусоидат намудан ба ҷамъоварӣ ва нусхабардории мероси хаттии ниёгон, ва барои роҳандозӣ шудани ин ҳадаф фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати таҷҳизонидани онҳо бо лавозимоти техникӣ;
Безаргардонии дастхатҳо, тармим ва ҷилдсозии онҳо;
Ҷилавгирӣ аз сиркату ғалаткориҳо дар мавриди таҳия ва нашри дастнависҳо;
Таъсис додани нашрияи чандинзабона таҳти унвони “Хатти ниёгон”…
Ҳамаи онҳое, ки нисбат ба сарнавишти дастхатҳои маҳфузмонда бетараф нестанд, метавонанд дар ҳамоиши илмии мазкур ширкат бинмоянд… фақат бо риояи фосилаи иҷтимоӣ ва дигар дастурҳое, ки Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ҷиҳати ҷилавгирӣ аз паҳншавии COVID – 19 дар миён гузоштааст…