October 2022

Конференсияи илмӣ-амалӣ

Submitted by IED.TJ on Tuesday, October 18, 2022 - 2:24pm

Санаи 18-уми октябри соли 2022 дар маҷлисгоҳи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи XVI - уми таърихии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид. Чорабинии мазкурро ноиби президенти АМИТ, доктори илмҳои сиёсӣ, узви вобастаи АМИТ Муҳаммад Абдураҳмон ифтитоҳ намуда, нақши ин руйдодро дар таърихи навини тоҷикон хеле соҳибаҳамият баррасӣ кард. Олимони ҷомеашинос аз қабили Убайдулло Насрулло, Қосимшо Искандаров, Неъматов А. ва дигарон маърӯза намуда, зимни баррасии мавзӯъ хотираҳои хешро ба ҳозирин бозгӯ карданд.

Tajik

Маҷлиси тантанавӣ

Submitted by IED.TJ on Monday, October 31, 2022 - 10:33am

Санаи 31 октябри соли 2022 дар толори Шӯрои олимони Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ бо иштироки тамоми кормандони шуъбаҳои илмии Институт зери унвони «Моҳияти нақши Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташаккули заминаҳои рушди иқтисоди миллӣ» маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид. Ҷаласаи тантанавии мазкурро директори Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ, д.и.и., профессор Шариф Раҳимзода ифтитоҳ намуда, зикр намуданд, ки Ичлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои аҳамияти таърихӣ мебошад.

Tajik