Конференсияи илмӣ-байналмилаллӣ

22 октябри соли 2020 магистрантон, аспирантон докторантони PhD ва олимони ҷавони Институти иқтисодиет ва демографияи АМИТ дар Конференсияи илмӣ-байналмилаллӣ дар мавзӯи «Нақши олимони ҷавон дар рушди илм, иннватсия ва технологияҳо», ки бо ташаббуси Шӯрои олимони ҷавони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баргузор гардид, иштирок намудаанд. Бо маърӯзаҳои илмӣ магистранти курси 2-ми ихтисоси «Идораи давлатӣ» – Абдуллоева Ҷ., докторанти PhD – Абдуллаев Ф., аспирантони курси 3-м – Азимов Б. ва Бердыева Ш., олимони ҷавон – н.и.и., х.п.и., Шералиев А.А., х.х.и., Саидов Ф.К. баромад кардаанд.

20201022_114143

Шурои олимон

Рузи 25 сентябри соли 2020 дар Институти иктисодиёт ва демографияи АМИТ ҷаласаи навбатии Шурои олимон баргузор гардид.

Рӯзномаи ҷаласаи Шурои олимон аз масъалахои зерин иборат буд.

  1. Ҳисобот дар бораи натиҷаҳои фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ ва илмӣ-ташкилии ИИваД АМИТ дар нуҳ моҳи соли 2020
  2. Дар бораи тасдиқ намудани Кумитаи тадорукотӣ ҷиҳати ташкил ва гузаронидани конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Консепсияи инноватсионии рушди иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон: асосҳои назариявӣ, муаммоҳо ва самтҳои амалисозии он»
  3. Оид ба фаъолияти Шурои диссертатсионии 6D.КОА-021-и назди Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ
  4. Оид ба даровардани тағйирот ба ҳайати Шурои олимони Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ
  5. Масъалаҳои ҷорӣ

5.1. Дар бораи ба нашр тавсия намудани монографияи ходими пешбари илмии шуъбаи таҳқиқоти назариявӣ, таърихи иқтисод ва афкори иқтисодӣ, д.и.и. – Назирӣ Гулбаҳор Назир «Таърихи пайдоиш ва рушди мануфактураи  капиталистӣ дар Осиёи миёна».

IMG_20200925_100520 IMG_20200925_100533

Меморандум

14 сентябри соли 2020 дар доираи иҷрои Нақшаи ҳамкориҳои дуҷониба байни Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Маркази тадқиқотҳои иқтисодӣ ва ислоҳоти назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон доир ба ҳамкориҳои илмӣ Ёддошти тафоҳум (Меморандум) ба имзо расонида шуд.

20200914_153534

IMG-20200917-WA0000

20200914_152540

конференсияи илмию амалии байналмилалӣ

14 сентябри соли 2020 дар толори маҷлисгоҳи Китобхонаи миллии Тоҷикистон конференсияи илмию амалии байналмилалӣ дар мавзӯи «Саҳми Сарварони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар таҳкими дӯстӣ, некӯҳамсоягӣ ва боварӣ, бозкушоии саҳифаҳои нави муносибатҳои шарики стратегии тоҷикон ва ӯзбекон» баргузор гардид. Дар ҷаласаи пленарии конференсияи мазкур директори Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, д.и.и., профессор Ш.Раҳимзода баромад намуданд.

Ҳамзамон, дар кори конференсияи мазкур дар сексияи 2 (панели) «Ҳолат ва дурнамои робитаҳои иқтисодӣ» ходимони илмии Институт – д.и.и., профессор Мирсаидов А.Б., узви вобастаи АМИТ, д.и.и., профессор Исломов С.И., д.и.и., профессор Бобоев О., д.и.и., профессор Рауфӣ А., д.и.и., дотсент Каримова М.Т., д.и.и. Хоналиев Н., д.и.и. Садриддинов С. ва н.и.и. Шарипов Б.М. иштирок ва баромад намуданд.

общий общий1

 

МИЗИ МУДАВВАР

08 сентябри соли 2020 дар толори Шурои олимони Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ мизи мудаввар дар мавзӯи: «Истиқлолияти Тоҷикистон – дастовардҳои илмии иқтисодӣ» баргузор гардид, ки дар кори он ба ҳайси маърӯзачӣ ходими илмии шуъбаи таҳқиқотҳои назариявӣ, таърихи иқтисод ва афкори иқтисодӣ Боймуродов А.С. баромад намуданд. Дар охир директори Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ, д.и.и., профессор Шариф Раҳимзода мудирони шуъба ва бахшҳо ва дар симои онҳо тамоми ходимони илмии Институтро бо 29-умин солгарди ҷашни Истиқлолияти давлатӣ табрик намуда, ба онҳо рӯзгори босафо ва хуррамию осоиштагӣ таманно намуд.

IMG_20200908_10215020200908_100416

МУЛОҚОТИ КОРШИНОСОНИ КМИР ОИД БА ИНТИХОБОТ ДАР АМИТ

Дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон санаи (28.08.20) мулоқоти кории мутахассисону коршиносон аз Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кормандони илми АМИТ баргузор шуд.

3.67

Сухани ифтитоҳиро президенти АМИТ, академик Фарҳод Раҳимӣ бо чанд сухане аз муҳиммият, омодагӣ ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи интихобот ҳусни оғоз бахшида, ба муаррифии гузоришгарон пардохтанд.

3.68

3.69

Ҳамин тавр, коршиносони КМИР ҶТ, мудири кафедраи факултети ҳуқуқшиносии ДМТ- Қурбонов Қурбон ва номзади илми ҳуқуқи ДМТ- Қодиров Ҷӯрабек, ҳамчунин узви КМИР ҶТ, академик Юсуфзода Носирҷон Салимӣ дар мавриди ҷанбаҳои гуногуни интихобот суҳбатҳо намуданд.
Ҷаласаи мазкур бо саволҳои кормандони академия ва ҷавобҳои коршиносони интихобот ба анҷом расид.

ҶАШНИ АКАДЕМИК ОСИМӢ

Рузи 25 августи соли 2020 дар толори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Мизгирди байналмилалии илмии «Илм, олим ва ҷомеа: дирӯз ва имрӯз», бахшида ба 100-умин соли зодрӯзи аъзо-корреспонденти Академияи илмҳои СССР, академики Академияи илмҳои РСС Тоҷикистон, Президенти Академияи илмҳои РСС Тоҷикистон (1965-1988), раиси Комиссияи омӯзиши тамаддуни Осиёи Марказии ЮНЕСКО, асосгузор, раиси анҷумани тоҷикон ва форсигӯёни ҷаҳон «Пайванд» (1990-1996), барандаи Ҷоизаи байналмилалии ба номи Ҷавоҳирлол Неру, ходими намоёни давлатӣ ва ҷамъиятӣ Муҳаммад Осимӣ (1920-1996) баргузор гардид.

3.66

Дар ҳамоиш аъзои пайваста ва вобастаи АМИТ (Талбак Назаров, Мамадшо Илолов, Мусо Диноршоев, Собит Неъматуллоев, Юсуфшо Яъқубов, Улмас Мирсаидов, Кароматулло Олимов, Акбар Турсони Набипур, Абдусаттор Саидов, Муҳиба Якубова, Ҳайдаршо Пирумшоев, Мирзо Муллоаҳмадов, Муҳаммад Абдураҳмон…), директорон ва муовинони онҳо, ходимони илмии муассисаҳои илмӣ, олимон аз кишварҳои дуру наздик (аз тариқи онлайн) ширкат намуданд.
Сухани пешкушоди Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ академик Осимиро чун яке аз бузургтарин шахсиятҳои илму сиёсат ва фарҳангу тамаддуни асри гузашта муаррифӣ кард.
Нигоҳи нави таърихию, татбиқӣ, илмӣ ба фаъолияти омӯзишӣ (маориф), идорӣ-роҳбарӣ ва иҷтимоии академик Муҳаммад Осимӣ; зеҳнияти созандагӣ, омӯзгорӣ, роҳбар – вазири ояндабину мудаббир (ташкили низоми муназзами мактабу маорифи касбӣ, устод-бунёдгузори аввалин донишгоҳи техникӣ (таҳияи замина, дарёфти нерӯҳои илмию техникии донишгоҳ), коргузори хирадманиши давлатӣ-ҳизбӣ (котиби КМ ПК Тоҷикистон), ходими намоёни давлатию ҷамъиятӣ, файласуф, шарқшинос, таърихдон, физик ва назари таърихию концептуалӣ-илмӣ ба фаъолияти академик Муҳаммад Осимӣ ва дигар паҳлӯҳои фаъолияти Муҳаммад Осимӣ дар суханронии президенти АМИТ бозкушоӣ шуд.
Дар ҳамоиш масоили зерин мавриди баррасӣ ва муҳокимаву мунозираи олимон қарор гирифт:

3.64

Академик Муҳаммад Осимӣ – сарвари илми академии кишвар, Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (1965-1988): ташаккулу чирашудани Муҳаммад Осимӣ – чун сарвари ояндабину таъсиргузор ба илму фарҳанг, усул ва консепсияи усулан бунёдии М. Осимӣ дар тарбияи кадрҳои илмию идории муназзами илм, низому тарбияи нерӯҳои илмӣ (бунёди институтҳои нави табиатшиносӣ, ҷамъиятшиносӣ, Академия ва илми академӣ (ба маркази бузургу эътирофшудаи ақлию таҳқиқӣ дар кишвар ва бурун аз он, илми академӣ – бунёдӣ дар замони Осимӣ), М. Осимӣ муассису баргузоргари форумҳои байналмилалии илмӣ доир ба таъриху фарҳанг (симпозиумҳои назми форсӣ, кушониён, ҷашнвораҳои Амир Хусрав, Ҳофизи Шерозӣ, Айнӣ, Абуалии Сино, Борбад, Камоли Хуҷандӣ, Мирсайид Алии Ҳамадонӣ ва ғ.), тарҳрезии академии таърихи халқи тоҷик (поягузори ғояи таърихи этникии тоҷикон) ва ду китоби энциклопедию академии доир ба Тоҷикистон, асосгузору нашри Энциклопедияи миллии (8 ҷилд) тоҷик, шинохту омӯзиши фарҳанги ориёӣ ва ҷойгоҳи он дар тамаддуни башарӣ, вижагии генезис ва худшиносии миллати тоҷик аз нигоҳу бардошти М. Осимӣ; Бобоҷон Гафуров, Мирзо Турсунзода ва Муҳаммад Осимӣ, ягонагию якпорчагӣ, худшиносии миллат, эҳёи маниш ва хотираи таърихӣ, зиёиёни ватанӣ, ватану ватанмандӣ, тавзеҳ ва дифференциацияи нави пажӯҳишӣ дар иртибот ба сохтори идории давлату давлатдорӣ, фарҳангсолорӣ, ҳунарманишӣ, хирад ва хирадманишӣ, дониш ва донишварӣ, фаҳмиши мақоми зиёӣ дар ҷомеа, (дар фаъолияти илмию ҷамъиятии М. Осимӣ), ҷашну маросимҳои тақвимии тоҷикон, тамаддуни муосири Ғарб ва муколамаи фарҳангсозии Ғарбу Шарқ аз нигоҳи М. Осимӣ, ЮНЕСКО ва М. Осимӣ (ба сифати раиси Комиссияи омӯзиши тамаддуни Осиёи Марказӣ (1977 -1996), нашри 7 ҷилдаи Тамаддуни Осиёи Марказӣ; тавсифи илмию таърихии собиқ Директори генералии ЮНЕСКО Федерико Майор: “ имрӯз ҷаҳон ба Муҳаммад Осимӣ барин чеҳраҳои ақлию созанда ниёз дорад”, П. Александров : ”Муҳаммад Сайфиддинович – аз хирадмандтарин президентҳои академияҳои ҷумҳуриҳои советист” ва амсоли ин.

3.65

Академик Муҳаммад Осимӣ – бунёдгузори Анҷумани тоҷикон ва форсигӯёни ҷаҳон «Пайванд», тавсифи генезиси таърихию илмӣ, ҳадафмандӣ аз бунёд, пиёда намудани ғояи ягонагию якпорчагии тоҷикон, армону ёди таърихӣ, фарҳангсолорӣ, нақши созандаи тоҷикон дар рӯи саҳнаи ҷаҳонӣ омадани иттиҳоди форсигӯён, бунёди маркази ансамблеяи ҷаҳонии тоҷикону форсигӯён (дар Душанбе), фурӯ нишонидани низоъҳои сиёсию қавмӣ, ифротигароии динию мазҳабӣ, тоҷикон пештозу мубаллиғи иттиҳоди форсигӯёни ҷаҳон, саҳми академик Муҳаммад Осимӣ дар тарғиби раҳовардҳои таърихию фарҳангии тоҷикону форсигӯён (ҷашну оинҳо) ва ғ.

Ҷаласаи Консорсиуми марказҳои таҳлилии иқтисодии СҲШ

Рӯзҳои 20-21 августи соли 2020 ҷаласаи Консорсиуми марказҳои таҳлилии иқтисодии Созмони ҳамкории Шанхай бо иштироки намояндагони кишварҳои аъзо ва шарикони он – Ҳиндустон, Россия, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон, Узбекистон, Тоҷикистон ва Котиби генералии СҲШ тариқи видео-онлайн баргузор гардид, ки дар кори он аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон ходимони илмии Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон – Шариф Раҳимзода, Бабаджанов Рустам Мирзоевич ва Каримова Мавзуна Темуровна иштирок ва баромад намуданд.

IMG_20200820_121345

IMG_20200820_121357

скриншот экрана ШОС

 

12 августи соли 2020 дар толори Шӯрои олимони Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Конференсияи ғайринавбатии ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Навоварон»-и Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ баргузор гардид. Дар кори конференсияи мазкур Курбонова Ширин – муовини раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Хирадмандон»-и АМИТ ва Шариф Раҳимзода – раиси Ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Навоварон»-и ИИваД АМИТ иштирок намуданд.

3.56

3.57

БА МУНОСИБАТИ 100-СОЛАГИИ ЗОДРӮЗИ АКАДЕМИК М.С.ОСИМӢ ДОНИШМАНДИ ВАТАНДӮСТУ ИНСОНПАРВАР

Солҳо мегузаранд танҳо хотираҳост, ки мемонанд. Ман бисёр вақт тасмим мегирифтам, ки дар бораи шахсияте, ки бароям хело ҳам азиз буд, чизе нависам. Аммо барои ба даст қалам гирифтан ҷуръат намекардам, чунки ҳаросе ҳам доштам. Ман чӣ гуфта метавонам? Оё ман метавонам, ки дар бораи як шахсияти бузург ҳарфе бизанам? Аз уҳдаи он мебароям ё на? Билохир қарор додам, ки  андешаву хотироти чандеро аз Устод ба  рӯйи қоғаз биёрам. Хотиротро дар бораи чунин шахсиятҳо фарпомуш сохтан мушкил аст. Панду андарзи падарона ва муносибати бузурги инсонии ӯ ҳеҷ гоҳ аз хотирам фаромӯш намешавд.

Усдод Муҳаммад Осимӣ барои ҳар як фарди тоҷик ошно буд. Ӯро дар ҳама нуқоти кишвар ва хориҷи он мешинохтанд. Ҳангоми дар мактаби миёна таҳсил намуданам Устод аз минтақаи мо чанд маротиб депутати Шӯрои Олӣ буд. Дар яке аз вохӯриҳояш ман бори аввал суханронияшро шунидам. Суханронии орому форами ӯ барои ман таъсири амиқе гузошта буд. Орзу мекардам, ки боре ҳам бошад бо чунин инсони бузург ҳамсуҳбат бошам. Солҳо гузаштанд ва ман барои кор ба Институти шарқшиносӣ омадам. Дар ҳамон давра Устод вазифаи директории Институти шарқшиносиро низ адо мекард.   Чун Устод гирифтории зиёд дар Академияи илмҳо доштанд ва танҳо дар маҷлисҳо иштирок мекарданд,  барои ман аз наздик муошират кардан имкон нашуд ва он вақт ҳам ман ҷуръат намекардам, ман нав қадам ба ин даргоҳи муқаддаси илм гузошта будам.

Баъд аз сафари Афғонистон ман дар дастгоҳи идории Призидиуми Акадимияи илмҳо ба ҳайси сармутахасиси шуъбаии ташкили илм ба кор шуруъ кардам. Орзуи деринаи ман ҷомаи амал пӯшид. Акнун ман ҳар лаҳза бо Устод имкони суҳбат кардан ва иҷро намудани ин ё он супоришашро доштам. Солҳои 1988-1989 бо дастуру супориши Академияи илмҳои Иттиҳоди Шӯравӣ гурӯҳи калони бештар аз 45 нафар унвонҷӯён аз Ҷумҳурии Афғонистон  барои таҳсил дар аспирантураи АИ фиристонда шуда буд, ки маблағи он пурра аз ҷониби АИ Шӯравӣ пардохт карда мешуд. Устод Муҳаммад Осимӣ назорати рафти иҷро ва таъмини маҳали буду боши онҳоро бар зимаи ман гузошта буданд. Нахуст хоҳиш намуда буданд, ки писарам (бештари вақт манро писарам ё писарам Сайидхуҷаҷон гуфта муроҷиат мекарданд) кӯшиш кун, ки меҳмонҳо мушкилоте надошта бошанд. Чи мушкилие, ки набошад ба Ҳабибулло Муродович (Саидмуродов Ҳ.М. саркотиби илмии АИ) муроҷиат кун. Росташ устод Ҳабибулло Муродович низ мисли Устод Осимӣ шахсияти барҷастае буданд, ки дар инсоният, хоксорӣ ва донишу малака беназир буданд.

Ҳангоми ҷашн гирифтани Борбади Марвазӣ устод кӯшиш карданд, ки аз тамоми гӯшаю канори дунё намояндагони бурҷастаи форсизабононро, хусусан тоҷикоро ҷамъ биёранд. Ин нахустин иқдоме буд, ки баъд аз солиёни дароз тоҷикони Точикистон бо ҳамзабонони бурунмарзии хеш дар иртибот бошанд ва ҳамичунон дар ҳамин замина зарурати таъсиси ҷаъияти «Пайванд» низ ба миён омад. М. Осимӣ дар баробари Президенти Академияи илмҳо буданаш раисии ҷамъияти «Пайванд»-ро низ ба уҳда доштанд.

Соли 1991 пурра ба ҷамъият гузашта барои газаронидани Фаруми аввали тоҷикони ҷаҳон даст ба кор шуданд. Устод пеш аз рафтанаш аз сохтори АИ ба ман гуфтанд, ки писарам оё ҳамроҳи ман намеравӣ? Ман ҳамин саволро интизор будам ва гуфтам, ки Устод ман омодаам, ки ҳамроҳи Шумо ба ҷаъияти «Пайванд» ба кор равам.

Арафаи гузаронидани форуми аввали тоҷикон ба солҳои нооромии кишвар рост омада буд. Чун чандин моҳ пештар меҳмонҳо аз хориҷи кишвар даъват шуда буданд ва эшон омодагии сафар доштан имкони таъхири Форм набуд. Баъди солҳои зиёди зиндаҷудоӣ ҳамзабонони мо муштоқи дидори тоҷикону Тоҷикистон  буданд, чунки хамзабонони мо дар кишварҳои мухталифи дунё пароканда зидагӣ доштанд. Чароғи дили ҳамаи онҳо танҳо кишвари мо-Тоҷикистони азиз буд ва онро ҳамчун хонаи умед ҳар як ҳамзабони мо эҳсос мекарданд ва ғоибона дӯсташ медоштанд.

Бештари онҳо дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ аз Тоҷикистон танҳо устодро мешинохтанд ва як идаашон бо ӯ мукотиба низ доштанд. Ин буд, ки гузаронидани Форуми аввали тоҷиконро ба таъхир андохтан ғайри имкон буд. Дар маҷлисҳои тадорукӣ пайваста Устод таъкид мекарданд, ки меҳононро бо тамоми суннатҳо меҳмондории тоҷикӣ бояд қабул кунем. Хар як нафари аъзои кумитаи ташкилӣ вазифаи мушаххаси худро дошт вазифаи худро иҷро мекард.

Дафтари идораи “Пайванд” дар ошёнаи 12-уми Кумитаи омори Тоҷикистон ҷойгир буд. Як қисм меҳмононе, ки барвақтар омада буданд, ҳатман ба зиёрати Устод Осимӣ меомаданд. Ба хотирам ҳаст, ки меҳмонони аз Покистону Афғонистон ба болкуни идора баромада ҳамроҳи Устод Осимӣ шаҳрро тамошо мекарданд. Он солҳо дар маркази шаҳр ягона бинои баландошёна ҳамон бинои Кумитаи омор буду халос. Яке аз меҳмонони афғонистонӣ шаҳри Душанберо аз боло  тамошо карда гуфт, ки Душанбе чӣ қадар шаҳри сабзу зебост. Устод ҳам мисли меҳмонон ғарқаи тамошои Душанбе буданд, беихтиёр гуфтанд, Илоҳо дар байни ин шаҳри зебо ҳеҷ гоҳ таркише рух надиҳад. Ман ба хиради миллатам мутмаинам. Меҳмонон бо як овоз омин гуфтанд. Гарчи аз он айём солҳо гузашта бошанд ҳам, ин дуо доимо дар гуши ман садо медиҳад ва шукронаи онро мекунам, ки бузургон дар як замони ниҳоят ноорому муташанниҷ барои тоҷикон чунин дуои нек карда буданд ва ягона маркази муқаддаси тоҷикони дунё-шаҳри зебои Душанбе эмин монд. Равонашон шод бод. Эй кош Устод ин зебогиву ободии ин шаҳри дӯстдоштаашро ҳоло ба чашми сар медиданд.

Вазифаи сардори ситоди тадорукотии Форуми аввали тоҷикон  бар дӯши ман буд ва ман шабу рӯз дар меҳмонхонаи “Тоҷикистон” дар стоди тадорукот будам. (Дафтари стоди тадорукотӣ дар ошёнаи сеюми меҳмонхона ҷойгир буд ва тамоми васоили алоқаи зарурӣ дар он ҷо насб карда шуда буд). Ин буд, ки аъзоёни стод шабу рӯз бештари дар он ҷо буданд ва меҳмонони Форумро пазироӣ мекарданд. Устод ҳар замон аз тариқи телефони “сотка” кори моро пайгирӣ намуда тавсияҳои  иловагӣ медоданд.   Бештари меҳмонони даъватшуда аз кишварҳои хориҷӣ омада буданд.

Танҳо барои меҳмононе, ки аз дохили кишвар даъват шуда буданд, мушкилот пеш омада буд. Дар ҳамин замина мехостам, ки як лаҳзаеро аз одаму одамгари Устод Осимӣ нақл кунам. Шодравон Одина Ҳошим яке аз меҳмонҳои фахрие маҳсуб буданд, ки ба Форум даъват шуда буд. Нооромиҳои дохилӣ боиси он гардид, ки як қисми онҳо омада натавонистанд. Роҳҳо, ағбаҳо баста буд. Дар ҳар манотиқе гурӯҳҳои силоҳбадаст барои худ минтақае ихтисос дода буданд. Касеро намегузоштанд, ки минтақаи эшонро убур кунад. Устод Одина Ҳошимро дар ағбаи «Шаршар» аз мошин фароварда маҷбур сохтанд, ки пиёда Душанбе равад ва як дипломате, ки баъзе анҷомҳояш дар дохилаш буданд гирифта пора-пора карда партофта буданд. Устод Одина Ҳошим ду рӯз пиёда ба Душанбе расиданд ва ба идораи «Пайванд» омаданд. Оби дидаш рехту гуфт, ки ба як мушкилот омада расидам. Устод Осимӣ таскинаш доданд ва ба ман гуфтанд, ки писарам аввал устодро ба мағозаа бареду сару либос барояш бигиред ва баъдан дар меҳмонхонаи «Тоҷикистон» бурда барояш  утоқи люкс интихоб кунед, фардо суҳбат мекунем. Ин ҳолат ду –се рӯз пеш аз саршавии Форм буд. Ман гуфтаи устодро иҷро кардам. Дилаш ба ҳама месӯхт ва доим ҳамин мисраро такроран мегуфтанд, ки «Тоҷики гарданкаши сафдаршикан…» ва боз аз мо мепурсиданд, ки ба ин миллат чӣ шуда бошад?   Муҳаммад Осимӣ ҳачун тоҷики асил дар ҳама ҷо баромад мекарданд ва дар суҳбатҳояш ҳам бештар дар бораи миллату таъриху тамаддуни он ҳарф мезаданд.

Соли 1992 буд, ҳар рӯз ҳабарҳои зиёд мерасид, ки фалониро куштаанд, барои ҳар як шахсе ки маргашро мешунид тамоми рӯз ғусса мехӯрданд. Одате доштанд, ки ҳаррӯз то соати 12 танҳо оби ҷушидагӣ менӯшиданд ва танҳо соати 12 чойи сабз. Рӯзаш ба хотирам намондааст, як марди фидоии тоҷик– Амриддин  Баҳриддинов (равонаш шод бод)  ба наздаш омада хабари марги кадом касеро расонданд. Устод хело зиёд мутаасир шуданд. Он рӯз то соати 12 дар утоқи кориаш танҳо як нуқтаро хомӯшона нигоҳ кард ва тибқи одати ҳаррӯзааш об нанӯшид ва хоҳиши бо касе суҳбат кардан ҳам надошт. Бисёр парешон шуда буд. Мо кормандон аз ин ҳолати равонии Устод каме нигарон шуда будем. Бо машварати Нуриддин (равонаш шод бод) соати 12 ман чой дам карда ба назди Устод даровардам. Чойро кашида ба Устод дароз кардам ва хоҳиш кардам, ки устод як пиёла чой нӯшанд. Устод Осимӣ ба андозае ғарқи ғаму дард буданд, ки дромадану чой кашидани манро пай набурданд. Беист аз оина ба берун нигоҳ мекарданд. Ба ман нигоҳ карда дами сарде кашиданд ва бо чашмони маҳзунаш, ки ашк дар онҳо ҳалқа зада буд, ба ман нигариста гуфтанд: Писарам ба ин миллат чи шуда бошад? Чаро тоҷик тоҷикро мекушад?  Ин мусибат то кай давом мекарда бошад? Ин дар ҳамон даврае буд, ки ҳукумати навтаъсиси Тоҷикистон бо раҳбарии Эмомалӣ Раҳмон ҳаматарафа мекушиданд, ки аз қатлу ғорат ҷилавгирӣ карда шавад. Писарам агар бадин минвол давом кунад навбати мо низ мерасад. Ман гуфтам, ки Устод шамол аз даҳонат барад, Шумо барои ҳама азизед. Сарашро ба аломати инкор ҷунбонда гуфтанд, ки имрӯз гурӯҳҳое пайдо шудаанд, ки ба ҳама кор қодиранд ва муқаддасоте надоранд ё душманони миллати моянд, ки оромии кишвари моро намехоҳанд ва имрӯз ҳам ба назари ман онҳо ҳаматарафа амал мекунанд.

Ман каме ҷуръат пайдо карда, забон хоида  ба Устод гуфтам, ки Устоди муҳтарам дар ҳамин бесарусомониҳои имрӯзаи Тоҷикистон то ҷое  хатогии Шумо низ ҳаст. Устод аз ҳарфи ман наранҷид ва оромона пурсид, ки пасарам чи хел хатогӣ? Гуфтам, ки Устоди азиз, Шумо қариб 20 сол мушовир ва машваратчии Котиби якуми КМ Партияи Коммунистии Тоҷикистон Ҷаббор Расулов будед, мебост, ки як маротиб дар мавзуи ассимилатсияи (омезиш) миллати тоҷик таваҷҷуҳ мекардед. Оё зарур буд, ки мактобҳои олӣ  айнан мисли якдигар дар Хуҷанду Душанбе сохта шавнд. Зарурат ба ин набуд. Аққалан факултаҳо бояд мухталиф мешуданд. Аз  манотиқи ҷанубӣ ба шимоли кишвар мерафтанд ва мехонданду оиладор мешуданд. Дар он ҷо мемонданду оила бунёд мекарданд. Ё аз навоҳии шимоли кишвар ба Душанбе бештар омада таҳсил мекарданд ва дар ин мантоқи ҷанубии кишвар мемонданд, оила бунёд мекарданд. Ин беҳтар буд. Солҳо мегузаштанд ба тадриҷ мардуми тоҷик ба ҳамдигар наздиктар мешуданд. Дар тамоми даврони шӯравӣ ҳамаи манотиқи Тоҷикистон аз ҳамдигар ҷудо буданд, моҳҳо алоқаи рафту омади наздик надоштанд. Албатта боиси он гардид, ки миллати тоҷик ташаккул наёфт ва дар шакли парокандагии қавмии асримиёнагӣ боқӣ монд. Ин ҳарфҳоро мегуфтаму ҳароси он доштам, ки Устод меранҷанд. Ба хотири тасдиқи андешаҳои густохонаам дар назди Устод, сиёсати хукуматдорони паштун дар Афғонистонро мисол оварда ба Устод Осимӣ гуфтам, ки Устоди азиз, ман таи чанд соле, ки дар Кобул будам, доимо аз тоҷикони муқимии Афғонистон мепурсидам, ки шумо тоҷикед? Онҳо ҷавоб медоданд, ки Оғо себ қавми мо тоҷик асту миллатамон паштун. Баҳс бо онҳо фоида надош. Паштунҳо тавонистанд, ки мафкураи мардуми тоҷикро тағйир диҳанд. Инро онҳо бо роҳи ассимилатсия кардани мардум ба роҳ монданд. Кабилаҳои паштунро ба манотиқи Шимол кӯчонида дар байни тоҷикон зуран сокин сохтанд. Солҳо нақши худро мегузоштанд ва муносибатҳои хешутаборӣ зиёд мешуд. Чун суҳбати ман бо устод рӯйи рост буд ва барои густохиям аз устод узри зиёд пурсидам. Тамоми суҳбатамро устод оромона гӯш карданд. Баъ аз каме таваққуф ба ман гуфтанд, ки писарам гапат дуруст аст мо хато кардем. Воқеан хатои бузург буд. Бисёр нозукиҳоро сарфи назар кардем. Писарам тақдири миллати тоҷик ҳамин будааст, лек боварӣ дорам, ки ояндааш хуб мешавад ва ин миллате, ки таъриху тамаддуни бузургтарин дорад ташаккул ва воҳид мешавад. Ин орзуи Устод имрӯз ба тадриҷ ҷомаи амал пӯшидаистодааст.

Устод Муҳаммад Осимӣ дар баробари Раиси «Анҷумани «Пайванд» буданаш Рисии бахши омӯзиши тамаддуни Осиёи марказиро дар дафтари ЮНЕСКО ба уҳда доштанд. Дар ҳамин давраи раисиаш ӯ барномаи нашри шашҷилдаи «Таърихи тамаддуни Осиёи Маказӣ»-ро рӯйи даст гирифт, ки ин асари безавол тамаддуни мадуми форсизабон, хусусан, тоҷиконро дар бар гирифта буд. Қисм ба қисм онро бо ҳамкории олимон дигари тоҷик таҳия намуда ба дафтари ЮНЕСКО ба Франсия фиристод. Доимо устод дар фикри нашри он буд. Устод Осимӣ мегуфтанд, ки ягона орзуи ман нашри  ҳамин китоб аст. Мехоҳам таъриху тамаддуни миллати тоҷикро ба ҷаҳониён ошно созам. Устод чандин бор таъкид карда буданд, ки шояд кори охиринам ҳамин бошад. Ин нашр барояш хело муҳим буд. То фиристодани охирин ҷилд талош карданд. Дар ёдам ҳаст, ки ҷилди аввали китобро аз тариқи пустаи DHL гирифтанд. Он дар лифофаи зард фиристонида шуда буд. Ҳангоми кушодани лифофа дидани китоб, ки муқоваи сабзи баланд дошт, аз чашмонаш ашк рехта гуфтанд, Худоро шукур ба орзуи деринаам расиданд. Ҳолату ҳаяҷон ва хурсандии шодравон Устод Осимиро тасвир кардан хело мушкил аст. Афсус, ки дидани нашрҳои ҷилдҳои охир барояш муяссар нагардид. Ин китоби пурарзиш дар шаш ҷилд дар Париж бо забони англисӣ ба нашр расид.

Чандин сол ҳамроҳи устод кор кардам ва ман намедонистам, ки устод забони англисиро хуб медонад. Соли 1993 тақрибан моҳи март буд ва аз Амрико меҳмон доштем. Як оилаи амрикоӣ барои таъсиси идораи хайриявӣ ба Тоҷикистон омада буданд ва мушкилоти сабти иҷозаи иқомат дар Тоҷикистон доштанд. Ба назди устод танҳо як нафарашон омад, Девид Майкл Ловвет. Ман устодро пурсидам, ки устод ҳамроҳи меҳмон тарҷумон нест. Суҳбати Шуморо кӣ тарҷума мекунад? Устод табассуме карду гуфт боке нест. Меҳмонро ба утоқи ман даъват кун. Меҳмон дароман боз Устод аз ҷояш баланд шуда оромона бо лаҳни хело тозаи англисӣ меҳмонро пазироӣ намуда дар рӯбарӯяш нишасту ба суҳбат шуруъ намуд. Ӯ оромона бо забони англисӣ суҳбат мекард. Акнун ман дарк кардам, ки чаро дар хориҷи кишвар ӯро дар баробари шахсиятҳои машҳури форсзабон олимони амрикоиву фронса ва дигар кишаварҳо ҳам хуб мешинохтаанд. Устод забони англисиро хело хуб медонистанд ва дар атрофи  ҳар мавзӯе, ки набошад, бо забони англисӣ ҳарф зада метавонистанд.

Соли 1994 бо машварат ва кӯшиши Устод Осимӣ ва роҳбари Ожонсии рушди инкишофи Осиёи Марказӣ Девид Майкл Ловетт аввалин  симпозиуми Тоҷикистон ва ШМА дар Душанбе гузаронида шуд. Ба ҳама маълум аст, ки он солҳо дар кишвар нооромиҳои зиёд буданд. Гуруҳҳои силоҳбадаст дар ҳар гӯшаи кишвар даст ба қатлу ғорати мардум зада буданд. Новобаста ба ин Ҳукумати Тоҷикистон тамоми қувваи худро ба он сарф мекард, ки оромиро ба кишвар биёрад. Дар ҳайати меҳмонони аз Амрико омада нафароне буданд, ки танҳо барои мушоҳида омада буданд. Барои як идаи онҳо боиси тааҷҷуб буд, вақте диданд, ки дар Душанбе ва атрофи он оромӣ ҳукумфармо  аст. Ҳамаи мардум дар пайи кору бору зиндагии  худанд. Ҳатто ба чандин корхонаҳо рафтанд, хушбахтона ҳамон давра бештари онҳо фаъол буданд, хусусан вақте ки аз вилояти Суғд дидан намуданд онро бештар дарк карданд ва мутмаин гаштанд, ки Тоҷикистон рӯ ба беҳбудист. Яке аз меҳмонҳо дар як суҳбаташ гуфт, ки дар воситаҳои ахбори умуми Амрико тамоман дигар чиз мегӯянд ва менависанд. Маълум мешавад, ки ахбори онҳо нодуруст будааст. Мо дида истодааем, ки Тоҷикистон ором аст ва рӯз то рӯз ободтар хоҳад шуд. Дар байни амрикоиҳо сармоядорон низ буданд, агарчи онҳо сафари аввалини намояндагони амрикоӣ танҳо мушоҳида бошад ҳам, аз лиҳози дигар аҳамияти калони таблиғи ва сиёсӣ дошт. Нуқтаи назари онҳо  тамоман тағйир ёфта буд. Ҳангоми сафари вилояти Суғд доштанашон аз боғи бузурге, ки дар ноҳияи Ҷаббор Расулов буд дидан намуданд. Як нафари онҳо, вақте ки онҳоро бо меваҳои боғ зиёфат карданд,  гуфт, ки тамоми дунёро қариб гаштааст (воқеан шиносномаи он муйсафед бисёр калон буд ва қариб аз бист дона зиёд шиносномаҳо бо ҳам дӯхта шуда буданд, ки мӯҳри сарҳадоти тамоми кишварҳо дунё гузошта шуда буд), мевае бадин ширинӣ начашидааст. Афсус хурд, ки самолётҳои Амрикоӣ ба ин самт парвоз надоранд, вагарна танҳо меваи Тоҷикистонро ба Амрико мебурдам. Меҳмон афсуси бисёр хӯрданд.

Баъдан тибқи шартномаи дутарафа як гурӯ мутахасисони тоҷик ҳам ба ШМА фиристонда шуда буд. Ҳамаи ин амалҳои хайр бевосита бо ташаббӯси Устод Осимӣ сурат мегирифт.

Устод Осимӣ ҳар яки моро падарвор дӯст медоштанд. Доимо аз зидагӣ ва мушкилотамон мепурсиданд. Машварат медоданд. Ёдаш бахайр.

 

Зиндаву ҷовид монд, ҳар ки накуном зист,

К-аз ақибаш зикри хайр зинда кунад номро.

 

Сайидхоҷа Ализода,

ходими пешбари

Маркази мероси хаттии

НР  АМИТ