Ба маълумоти муаллифон

Дар нашрияи илмии Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Иқтисодиёти Тоҷикистон» мақолаҳои илмӣ оиди масъалаҳои мубрами иқтисодиёти муосири Тоҷикистон, тараққиёти иҷтимоӣ-демографӣ ва низоми иқтисодиёти ҷаҳон чоп карда мешаванд. Маводҳои илмии чопшаванда натиҷаҳои корҳои илмӣ-таҳқиқотии Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ташкилотҳои соҳавиро инъикос менамоянд.

Ҳайати таҳририяи нашрияи илмӣ аз муаллифоне, ки мақолаҳои худро ба ҳайати таҳририя равон месозанд хоҳиш менамояд, ки қоидаҳои дар зер овардашударо ҳатман риоя намоянд:

  1. Ҳаҷми мақола на зиёда аз 10 саҳифаи матни компютерӣ бошад, бо дарназардошти ҷадвалҳо, рӯйхати адабиёт, расмҳо ва хулосаи мантҳои мақола ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ.
  2. Мақола бо Microsoft Word Office навишта шуда, ҳамчунин бо чопи мақола дар 2 нусха файлҳои дахлдор супорида мешаванд (барои ҳар як мақола дар диски алоҳида ё дискета). Дастнавис бояд дар компютер бо фосилаи 1,5 (ҳаҷми шрифт – 14 кегл), дар варақи сафеди шакли А4 (197х210 мм) чоп карда шавад. Матн бояд 28-30 сатр ва 60-64 аломатро дар сатр ишғол намояд, аз тарафи чапи майдон бояд на кам аз 25 мм гузошта шавад. Ҳар як варақи дастнавис бояд рақамгузорӣ карда шавад.
  3. Расмҳо, графикҳо ва аксҳо дар матни дастнавис дароварда нашуда, балки дар алоҳидагӣ ҳамроҳ карда мешаванд ва дар варақи сафед бояд бо намуди чопи компютерӣ дар принтери лазерии ҳаҷми на кам аз 5х6 см ва на зиёд аз 15х18 см иҷро карда шаванд. Барои нашр танҳо ороишоти (иллюстратсия) сиёҳу сафед қабул карда мешаванд. Такрори ҷадвалҳо ва расмҳо дар як матн роҳ дода намешавад.
  4. Ҷадвалҳо бо тартиби ишораи онҳо дар матн бо рақамҳои арабӣ рақамгузорӣ карда мешаванд. Номи ҷадвал бояд як сатр поён аз рақами он ояд.
  5. Дар болои кунҷи рости саҳифаи аввали дастнавис соҳаи илм нишон дода шуда, ки дар он мақола ҷойгир мегардад, як сатр поён дар кунҷи чапи саҳифа УДК (ББК) нишон дода мешавад, баъдан дар маркази сатри оянда – инитсиалҳо ва фамилияи муаллиф (ҳо), дар зери он сарлавҳаи мақола навишта мешаванд. Байни сарлавҳа ва матн номи муассиса, ки дар он мақолаи пешниҳодгардида иҷро шудааст. Сипас, хулоса ба забони русӣ оварда мешавад. Баъд аз хулоса дар сатри алоҳида калимаҳои калидӣ номбар мешаванд. Ба мақола хулоса бо забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ, калимаҳои калидӣ бо забони англисӣ ва суроғаи электронӣ барои мухбирон замима мегардад. Ба дастнавис бояд суроғаи электронӣ, рақами телефон, фамилия, ном, номи падар ва унвонҳои илмии муаллиф (ҳо) илова карда шаванд.
  6. Ихтисороти калимаҳо ва номҳо роҳ дода намешаванд.
  7. Формулаҳо ва аломатҳо бояд дар компютер чоп карда шаванд. Аз ишораҳои калону вазнин мебояд канора ҷуст.
  8. Истинод ба адабиёти иқтибосовардашуда дар қавсҳои кунҷакӣ оварда мешаванд, масалан: [1], [1,3-5]. Рӯйхати адабиёт бо номгӯи умумӣ (бо сарлавҳаи «Адабиёт») бо тартиби дар матн ишорагардида оварда мешаванд ва ба тарзи зайл ташкил карда мешавад:

Барои китобҳо: насаб ва инитсиалҳои муаллифон, номи пурраи китоб, суроғаи чоп, нашрия, соли чоп, ҷилд ва барориш, шумораи умумии саҳифаҳо.

Барои нашрияҳои даврӣ: насаб ва инитсиалҳои муаллифон, номи нашриёт, соли нашрия, ҷилд, рақам, саҳифаҳои аввал ва охирини мақола:

Пеш аз ҷойи нашрия  – тире, байни ҷойи нашрия ва нашриёт – ду нуқта, пеш аз соли нашр – вергул, пеш аз номи маҷалла  тире гузошта мешавад. Истинод ба корҳои чоп нагардида роҳ дода намешавад.

  1. Дастнависҳое, ки ба ҳайати таҳририя пешниҳод мешаванд бояд самти муассиса ва хулосаи экспертӣ оиди имконияти чопро дошта бошанд. Дар сурати иҷрои корҳо дар як чанд муассиса хулосаи экспертӣ аз ҳар як муассиса пешниҳод карда мешавад. Ба мақола бояд тақризи тасдиқшудаи мутахассис илова карда шавад.
  2. Ҳайати таҳририя ҳуқуқ дорад ба дастнависҳо ихтисорот ва тағйиротҳои таҳрирӣ ворид созад. Мақолаҳоро ба нигаҳдорӣ тавсия диҳад. Дар сурати баргардонидани дастнавис ба муаллиф барои такмил санаи пешниҳод охирин рӯзи қабулгардидаи матн аз ҷониби ҳайати таҳририя мебошад, дастнависҳое, ки ба талаботҳои мазкур ҷавобгӯ набошанд, аз ҷониби ҳайати таҳририя қабул карда намешаванд.
  3. Дар сурати рад кардани мақола барои таҳрир ба муаллиф як нусхаи дастнавис баргардонида мешавад ва ҳайати таҳририя дар ихтиёр дорад, ки оиди сабабҳои рад намудани мақола мубоҳиса накунад.

Матни дастнависи ирсолшуда охирин буда, бояд бодиққат тайёр ва бе ислоҳ санҷида шуда, аз ҷониби муаллиф (он) имзо карда шавад. Мақолаи коллективӣ бояд имзои ҳар як муаллифро дошта бошад.

Суроғаи ҳайати таҳририя: Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи Айнӣ 44, утоқи 208 тел.: 2216750, 900097577, E-mail: ied@mail.tj