Шарҳи мухтасари мақолаҳои илмӣ

(Намуна)

РУШДИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН: ҶАНБАИ АМАЛӢ

Дар мақола кӯшиши таҳлили масъалаҳои баландбардории суръати рушди иқтисодиёт дар шароити бӯҳрони пострансформатсионӣ дар Тоҷикистон карда шудааст. Диққати махсус ба баҳодиҳии омилҳои сармоягузорӣ ва дигар омилҳои истеҳсолӣ дода мешаванд. Ҳамчунин масъалаҳои нарх ва нархгузорӣ, ташаккулёбии самараноки механизмҳои молиявӣ-қарзӣ ва пулии рушди иқтисодӣ дида мешаванд.

Калимаҳои калидӣ: рушди иқтисодӣ, сармоягузорӣ, сиёсати иҷтимоӣ, бекорӣ, камбағалӣ, нарх ва нархгузорӣ.

Дар масъалаи маънидоди категорияҳои рушди иқтисодӣ ва тараққиёти иқтисодӣ

Дар мақола мафҳумҳои «рушди иқтисодӣ» ва «тараққиёти иқтисодӣ» дар асоси таҳлили сарчашмаҳои мухталифи адабиёти дастрас дида мешаванд.

Калимаҳои калидӣ: рушди иқтисодӣ, тараққиёти иқтисодӣ, ҳаҷми иқтидори истеҳсолӣ, ҳаҷми воқеии истеҳсолӣ, шакли экстенсивӣ ва интенсивии тараққиёти иқтисодӣ.