Тарзи тақриз кардани мақола

«Иқтисодиёти Тоҷикистон»

  1. Нашрия ҷамъоварии тақризҳоро оид ба дастнависҳои пешниҳодшуда ташкил менамояд. Барои нашр танҳо мақолаҳое роҳ дода мешаванд, ки аз ҷониби экспертҳои мустақил тавсия дода шудаанд.
  2. Барои гузаронидани тақризнависӣ ва санҷиши корҳо ба сифати муқарриз ва эксперт ҳам аъзои ҳайати таҳририя ва ҳам олимону мутахассисони баландихтисос, ки дорои донишҳои амиқи касбӣ ва таҷрибаи кор дар самти аниқи илмӣ мебошанд ва чун қоида докторони илм, профессорҳое, ба аъзои ҳайати таҳририяи маҷалла шомил нестанд, ҷалб карда мешаванд. Муаллиф ё ҳаммуаллифи кори тақризшаванда муқарриз буда наметавонад.
  3. Нашрия маълумотро вобаста ба дастнавис (аз он ҷумла, маълумот дар бораи гирифтани он, мундариҷа, ҷараёни тақриздиҳӣ, мулоҳизаи танқидии муқарризон ва қарори қатъӣ) ба ҳеҷ кас, ҷуз муаллифон ва муқарризон ошкор намекунад. Ба муқарризон иҷозаи гирифтани нусхаи дастнавис барои эҳтиёҷоти худ дода намешавад ва додани қисме аз дастнавис барои тақриздиҳӣ ба дигар шахс бе иҷозати таҳририя манъ аст. Муқарризон, ҳамчунин ходимони таҳририя ҳуқуқ надоранд, ки маълумоти мазмуни корро то рӯзи чопи он барои мақсадҳои худ истифода баранд. Дастнависҳо моликияти хусусии муаллифон буда, ба маълумоте дахл доранд, ки ошкоркунии онҳо махфист.
  4. Талабот ба мундариҷаи тақриз.
    • Тақриз бояд таҳлили маҳоратноки маводи дастнавис, баҳодиҳии объективию далелнок ва тавсияи асоснок дошта бошад.
    • Дар тақриз диққати махсусро дар равшаннамоии масъалаҳои зайл бояд равона сохт:

– таҳлили умумии сатҳи илмӣ, истилоҳотӣ, сохти дастнавис, муҳимияти мавзӯъ;

– баҳодиҳии тайёрии дастнавис ба чоп дар хусуси забон ва услуб, мувофиқат ба талаботҳои муқарраршуда оиди ташкилнамоии маводҳои дастнавис;

– баёни илмӣ, мувофиқати усулҳо, методикаҳо, тавсияҳо ва натиҷаҳои таҳқиқотии муаллиф бо муваффақиятҳои муосири илмӣ ва таҷрибавӣ;

– дастрасии ҳаҷми дастнавис дар маҷмӯъ ва қисмҳои алоҳидаи он (матн, ҷадвалҳо, маводҳои ороишӣ, истинодҳои библиографӣ). Мувофиқи мақсад ҷойгир намудани ҷадвалҳо ва маводҳои ороишӣ дар мақола ва мувофиқати онҳо бо матни пешниҳодшаванда.

– мавқеи кори тақризшаванда дар байни дигар мавзӯъҳои ба ин монанд чопшуда: навигариҳои он ё аз онҳо чӣ фарқ дорад, оё кори дигар муаллифонро ё корҳои қаблан чопшудаи муаллифи мазкурро (дар маҷмӯъ ё қисман) такрор намекунад;

– носаҳеҳӣ ва хатогиҳои аз ҷониби муаллиф содиршуда.

4.3. Муқарриз оиди такмилдиҳии дастнавис ба муаллиф ва нашрия бояд тавсия диҳад. Қайдҳо ва дархостҳои муқарриз холисона ва ҷиддӣ буда бояд барои баландбардории сатҳи илмӣ ва методии дастнавис равона шаванд.

4.4. Дар қисми охири тақриз хулосаҳои асоснок дар бораи дастнавис ва тавсияи возеҳ оиди мувофиқи мақсад будани нашри он дар маҷалла бояд мавҷуд бошад.

4.5. Дар сурати баҳогузории манфии дастнавис муқарриз бояд хулосаҳои худро асоснок намояд.

  1. Бе тақриздиҳӣ дар маҷалла мақолаҳои аъзоёни академияҳои илми давлатии Тоҷикистон (академикҳо ва аъзоёни вобаста), аъзоёни ҳайати таҳририя, ҳамчунин мақолаҳо бо пешниҳоди хаттии аъзоёни Академияҳои илми давлатии Тоҷикистон чоп карда мешаванд.
  2. Мӯҳлати тақриздиҳӣ дар ҳолатҳои алоҳида аз ҷониби котиби нашрия бо супориши сармуҳаррир бо назардошти муҳайё намудани шароит барои чопи фаврии мақолаҳо (лекин на зиёда аз 2 ҳафта аз рӯзи воридшавии дастнавис ба таҳрир) муайян карда мешавад.
  3. Тартиби маълумотдиҳии муаллифон дар бораи натиҷаҳои тақриздиҳӣ.

7.1. Баъд аз гирифтани тақризи мусбӣ котиби масъули нашрия ба муаллифон дар бораи иҷозаи чопи мақола бо нишондоди мӯҳлати чоп ахборот медиҳад. Нусхаи тақриз бо маҷалла, ки дар он мақола чоп шудааст, ба муаллиф ирсол карда мешавад.

7.2. Дар сурати гирифтани тақризи манфӣ котиби масъули нашрия ба муаллиф нусхаи тақризро бо замимаи такмили мақола дар мувофиқа бо қайдҳои муқарриз ё бо далел (қисман ё пурра) рад намудани онҳо ирсол менамояд.

7.3. Тақризнависӣ хислати пӯшида дорад, тақриз ба муаллифи мақола бе имзо ва нишондоди насаб, мансаб, ҷойи кори муқарриз пешниҳод карда мешавад.

  1. Тақризҳо бо дархости тавсияи экспертҳо ба КОА (ВАК) пешниҳод карда мешаванд.
  2. Мақолаҳои аз сари нав такмилшудаи муаллиф такроран барои тақризнависӣ ирсол карда мешаванд.
  3. Қарор дар бораи мувофиқи мақсад будани мақола баъд аз тақризнависӣ аз ҷониби сармуҳаррир қабул карда мешавад, аммо дар сурати зарурият – аз ҷониби ҳайати таҳририя дар маҷмӯъ.
  4. Ба чоп роҳ дода намешаванд:

а) мақолаҳое, ки бо тарзи лозима ташкил нашуда, муаллифонашон аз такмили техникии мақола даст мекашанд;

б) мақолаҳое, ки муаллифонашон ба танқидҳои асосноки муқарриз, иҷроиш ва раднамоии онҳо беэътиноӣ менамоянд.

Дар маҷлиси шӯрои нашрия муҳокима гардида, маъқул дониста шудааст (протокол №2 аз соли 2015)

Тартиби

нигоҳдории тақризҳои дастнавис, ки таҳрири маҷаллаи «Иқтичодиёти Тоҷикистон» ворид шудаанд.

  1. Ҳамаи дастнависҳое, ки ба маҷаллаи «Иқтисодиёти Тоҷикистон» ворид шудаанд, ҳатман тақризнависӣ карда мешаванд.
  2. Нусхаи аслии тақризҳо дар нашрияи «Тоҷикистон ва дунёи муосир» дар мӯҳлати то панҷ сол нигоҳ дошта мешаванд. Аз он ҷумла, бо дархост ба мақомотҳои салоҳиятдор пешниҳод карда мешавад.