Таҳқиқотҳо

Институти иқтисодиёт ва демографияи Академиям илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2011-2015 тадқиқотҳои илмиро тибқи мавзӯъҳои зерин, ки аз тарафи Шӯрои ҳамоҳангсози корҳои илмӣ-тадқиқотии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати рушди иқтисод ва савдо қабул шудааст, анҷом дод:

  1. Масъалаҳои назариявии модернизатсияи иқтисодиёти Тоҷикистон дар давраи гузариш (солҳои 2011-2015);
  2. Модернизатсияи соҳаҳои иқтисоди Тоҷикистон дар давраи гузариш (солҳои 2011-2015);
  3. Модернизатсияи муносибатҳои иқтисодии берунаи Тоҷикистон (солҳои 2011-2015);
  4. Масъалаҳои таваллудшавии (зоиш) аҳолӣ ва оилаи ҶТ (солҳои 2011 -2015);
  5. Масъалаҳои пиршавии аҳолӣ ва рушди инсонӣ дар ҶТ ( солҳои 2011-2015);
  6. Муҳоҷирати аҳолӣ  ва рушди устувори Тоҷикистон (солҳои 2010-2014).

Институти иқтисодиёт ва демография фаъолияти илмӣ-таҳқиқотии худро барои солҳои 2014-2019  дар доираи як мавзӯи илмӣ-таҳқиқотӣ идома дода, дар доираи ду мавзӯи нави илмӣ-таҳқиқотӣ барои солҳои 2016-2020 фаъолияти  навро  оғоз намуд, ки онро Шӯрои ҳамоҳангсози илмӣ-таҳқиқотии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ кардааст. Дар институт мавзӯъҳои илмӣ-таҳқиқотии зерин мавриди иҷро қарор доранд:

  1. Таҳияи консепсияи рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон (рақами бақайдгирӣ № 0116 ТДJ00516 аз 09.03.2016), роҳбари илмӣ, д.и.и., профессор Саидмуродов Л. Ҳ.
  2. Масъалаҳои иқтисодӣ – демографии оила ва ташаккулёбии сармояи инсонӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ (рақами бақайдгирӣ № 0116 ТJ00517 аз 09.03.2016), роҳбари илмӣ н.и.и., Субҳонов А.И.)
  3. Муҳоҷирати аҳолӣ ва рушди устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити ҷаҳонишавӣ (рақами бақайдгирӣ – №0115 TJ00416 аз 28.01.с.2015), роҳбари илмӣ – н.и.и., Бобоев А.А.

 

Дурнамои рушди тадқиқотҳои илмӣ:

  • муайян намудани самтҳои асосии тағйирёбӣ ва рушди минбаъдаи иқтисоди бозорӣ;
  • таҳлил ва муайян намудани марҳилаҳои пайвастшавии иқтисоди Тоҷикистон ба низоми иқтисоди ҷаҳонӣ;
  • таҳлили масъалаҳои рушд ва таҳким додани раванди пайвастгардӣ ва ҳамкорӣ дар давраи гузариши иқтисодиёти Тоҷикистон ва таъмини самаранокии иқтисодии пайвастгардӣ бо мамлакатҳои гуногуну гурӯҳҳо;
  • масъалаҳои ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи маблаггузорӣ ва сармоягузорон;
  • масъалаҳои ҳавасмандгардонии рушди соҳибкории хурд ва миёна;
  • ҳамкории ҳамаҷониба бо кафедраҳои дахлдори мактабҳои таҳсилоти олӣ ва институтҳои дигари тадқиқоти илмӣ-соҳавӣ оиди тадқиқотҳои масъалаҳои муҳими иқтисоди бозории Тоҷикистон;
  • таҳия ва сайқал додани назарияҳо, таҷриба ва сиёсати давлатӣ дар соҳаи идоракунии нуфуз;
  • омода ва тадқиқоти масъалаҳои ҳамкории дуҷониба дар соҳаи экология ва экологияи демографй;
  • таҳияи назарияи муҳоҷирати дохила ва беруна (иммигратсия ва эмигратсия), шаҳрсокиншавӣ ва ҷобаҷогузорӣ;
  • тадқиқоти масоили пиршавии аҳолӣ ва пешбини намудани шумораи аҳолӣ ва таркиби аҳолӣ, муайян намудани оқибатҳои гуногуни рушди демографӣ;
  • таҳияи Консепсияи давлатии сиёсати демографии оила;
  • тадқиқоти қонунияти шаҳрсокиншавӣ ва ҷобаҷогузории аҳолӣ дар шароити Тоҷикистон;
  • тадқиқоти ҷанбаҳои демографии никоҳ ва оила;
  • тадқиқоти  ҷанбаҳои экологии рушди демографӣ;
  • тадқиқоти вобастагии иқтисодиёт ва равандҳои демографии ҶТ;
  • тадқиқоти масъалаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ;
  • таҳияи кардани дурнамои теъдод ва ҳайати аҳолӣ дар давраҳои то соли 2050 ва натиҷаи тағйирёбии ҳайати аҳолии ҶТ.