АРЗИШҲОИ ҶАҲОНИИ АШЪОРИ ТУРСУНЗОДА

Рузи 04 майи соли 2021 дар маҷлисгоҳи АМИТ бахшида ба 110 – солагии устоди сухан, Шоири халқӣ ва яке аз шаш нафар Қаҳрамонони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ – назариявӣ баргузор шуд. Ҳамоишро президенти АМИТ, академик Фарҳод Раҳимӣ ифтитоҳ намуда, зимни суханронӣ қайд кард, ки рисолати устод Турсунзода имрӯз низ ба омӯзиши мукаммал ниёз дошта, ормонҳояш ҷовидонӣ мебошанд.

5.12

       Сипас, муҳаққиқони самти адабиёт ва матншиносӣ (директори Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ Боймурод Шарифзода, ректори Донишкадаи фарҳанг ва санъат Муҳриддин Низомов, раиси Иттифоқи нависандагон Низом Қосим, узви вобастаи АМИТ Мирзо Муллоаҳмад, доктори илмҳои филология Аскар Ҳаким, профессорон Абдунабӣ Сатторзода, Шаҳбоз Кабиров ва дигарон) паҳлӯҳои гуногуни осори шоири халқиро баррасӣ намуда, бо якдигар музокираҳои илмиро барпо намуданд.

Ҷоиз ба тазаккур аст, ки Мирзо Турсунзода бо ҳуруфи арабиасос шеър менавиштааст ва дастхати устод хеле зебост. Осорхонаи устод дар ҳамоиши мазкур на танҳо дастхатҳо, балки сарулибос, мизу курсӣ ва дигар мавод, ки Турсунзода дар давоми зиндагӣ бо онҳо кор мекард, намоиш дода, ҳамоишро боз ҳам гуворотар намуданд.

5.11

        Самти мукотибаҳо бо шоирону адибони Шӯравӣ чун Брагинский, Тихонов ва ғайра, ки дар осорхонаи ихтисосии шоири маҳбуб маҳфузанд, ҳанӯз ҳам ба таври мукаммал омӯхта нашудаанд. Сабаби кам таваҷҷуҳ кардан ба осори Турсунзода барҳамхӯрии низомси Шӯравӣ буд, чунки баъзеҳо гумон доштанд, ки Турсунзода мубаллиғи дӯстии халқҳост, аммо алҳол собит гардид, ки Турсунзода дар зебоии баён ва ормонҳо назир надорад. Шеъри Турсунзода пас аз маргаш ва махсусан пас аз нестшавии низоми сиёсии Шӯроҳо аҳамияи худро гум накард ва ниёзи ҷомеа айни замон ба осораш тавлид ёфт. Гӯё Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ ин мисраҳоро дар ҳаққи ӯ сурудааст:

Ай басо шоир, ки пас аз марг зод,

Чашми худ барбасту чашми мо гушод…