«Рӯзи Модар»

05 марти соли 2021 дар толори Шӯрои олимон бо иштироки тамоми бонувони Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба таҷлили «Рӯзи Модар» доир гардид. Директори Институт, д.и.и., профессор Шариф Раҳимзода кулли занону бонувони Институтро бахшида ба «Рӯзи модар» табрик гуфта, зикр намуд, ки эҳтирому арҷгузорӣ ва шинохти қадру манзалати Модар вазифаи инсонии ҳар як фарди худогоҳ буда, маҳз ҷозибаи ҷонбахши Модар, меҳру самимияти гарм ва ѓамхории пайвастаи модарон ва хоҳарони мо зиндагиро нуру зиёи хоса мебахшад.
Дар ҳақиқат, Модар азизтарин вуҷуди рӯи замин ва нафаси гарму дилнавози ӯ ибтидои ҳастист. Зан – Модар сарчашмаи ҷовидонаи сидқу вафо, рамзи зебоӣ ва накӯӣ, нахустин мураббӣ ва муаллими насли инсонӣ мебошад, зеро сиришти ин мавҷуди муқаддас иборат аз меҳри ростину садоқати фитрист.
Таъкид гардид, ки имрӯз аз 117 нафар кормандони Институт 36,7 фоизро, яъне 43 нафарашонро занону духтарон ташкил медиҳанд. Ҳузури фаъоли занон дар Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон низ мояи ифтихор аст.

DSC_0017

Зан модари ман, модари ту, модари ом аст,
Зан шарбати ҳар маъракаву косаи ҷом аст.
Бе зан чӣ бувад, зиндагиву зист дар олам,
Зан ҳусни замин, ҳусни само, ҳусни замон аст.

Ҳаёт бо зан ширину гуворо ва дунё рангину пурҷилост. Зан офарандаи ҳаёту мамот ва зиндагист, зеро бе зан ҳаёт маъно надорад. Қаҳрамони Тоҷикистон, шоири халқии Тоҷикистон, устод Мирзо Турсунзода дар байтҳои зер фармудаанд:

Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо,
Норасида бодае дар ҷом мемондем мо…
Оташи зан буд, ки мо сӯхтему сохтем,
Варна чун санги сари аҳром мемондем мо.