Рӯзи 29 январи соли 2021 дар Институти иктисодиёт ва демографияи АМИТ ҷаласаи навбатии Шурои олимон баргузор гардид.
Рӯзномаи ҷаласаи Шурои олимон аз масъалаҳои зерин иборат буд.
- Дар бораи тасдиқ намудани Нақшаи чорабиниҳои илмии Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ оид ба тарғиб ва иҷрои бандҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат – муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2021
- Дар бораи тасдиқ намудани Барномаи корҳои илмӣ-таҳқиқотии шуъбаҳо ва ходимони илмии Институт барои соли 2021
- Оид ба рафти иҷрои Нақшаи чорабиниҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва илмӣ-ташкилии Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ барои сазовор ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Оид ба тасдиқ намудани мавзӯи илмӣ-таҳқиқотӣ ва роҳнамои илмии магистрантҳо, докторантон (PhD) ва унвонҷӯёни соли якуми таҳсил
- Оид ба ҷамъбасти мавзӯи илмӣ-таҳқиқотӣ барои солҳои 2016-2020 «Масъалаҳои иқтисодӣ – демографии оила ва ташаккулёбии сармояи инсонӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ» (рақами бақайдгирӣ №0116ТJ00517 аз 9.03.2016)
- Оид ба ҷамъбасти ҳисоботи илмӣ-таҳқиқотии давраи солҳои 2016-2020 ва ҳисоботи панҷсолаи илмии Институт
- Масъалаҳои ҷорӣ
7.1.Озмун барои дарёфти Ҷоизаҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба номи олимони барҷаста дар соҳаи илму техника дар соли 2021 (шуъбаи илмҳои ҷамъиятшиносӣ ва гуманитарӣ – ба номи академик М.С.Осимӣ)