Мизи мудаввар

Рӯзи 04 декабри соли 2020 дар толори Шӯрои олимони Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзӯи «Ҳолат ва дурнамои рушди иҷтимоию иқтисоди вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид. Дар оғози кори конференсия директори Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Шариф Рахимзода бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуданд.

DSC_0022

Ҳамзамон, дар кори мизи мудаввари мазкур муовини раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Риозода Нуралӣ, Исомиддинзода Солор Аловиддин – сардори Раёсати банақшагирӣ ва арзёбии барномаҳои рушди маҳал, Зоиров Акмал Аҳмадҷонович – муовини сардори Раёсати банақшагирӣ ва арзёбии барномаҳои рушди маҳал ва дигар шахсони даъватшудаи Кумита иштирок ва баромад намуданд.