КОРКАРДҲОИ ИЛМИИ ОЛИМОНИ ТОҶИК ДАР МУБОРИЗА БО КОРОНАВИРУСИ COVID-19

Таҳти ҳамин мавзуъ имрӯз (10.06.2020) дар толори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон семинари корӣ баргузор шуд, ки дар он ғайри олимон боз масъулини вазорату идораҳо ва дорусозону дорушиносон ширкат намуданд. Ҳамчунин, дар ҳамоиши мазкур муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Исматуллозода ва Вазири саноат ва технологияҳои нав Файзуллозода Заробиддин Қудрат иштирок доштанд.

Ҳамоишро президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ ифтитоҳ намуда, қайд кард, ки истеҳсоли маҳлулҳои безараргардонии пандемия ва бемориҳои сироятӣ чун маҳлули гипохлориди натрийи тиббӣ, оби нуқра, дастгоҳи нафаскашии сунъии ёрирасон ва ғайра аз зумраи иқдомҳоест, ки олимони тоҷик онро дар мубориза бо коронавирус роҳандозӣ намуданд. Дар як шабонарӯз ҳадди ақал 10 тонна маҳлули гипохлориди натрий истеҳсол мешавад. Дар мавриди дастгоҳи нафаскашии сунъӣ ҳаминро бояд тазаккур диҳем, ки бо татбиқи дизайн ва каме ороишҳои зоҳирӣ ин маводро метавонем содир кунем.

11062020

Пандемияи нав зуҳуроти тибиист ва илоҷи онро фақат дар табиат бояд ҷуст.Аз 5000 рустаниҳои шифобахш танҳо 132 адади он хусусияти фармокологӣ дошта, имкон дорад аз онҳо маводи доруворӣ таҳия гардад. Бо дарназардошти мавриди коркарди истеҳсолӣ қарор гирифтани рустаниҳои шифобахш Фарҳод Раҳимӣ пешниҳод намуд, ки саноати дорусозӣ роҳандозӣ карда шавад.

Роҳбари Академияи миллии илмҳо ҷиҳати баррасии Қонун дар бораи маводи доруворӣ ва фаъолияти фарматсевтӣ таваққуф карда, зикр намуд, ки Қонуни мазкур ба боздид ниёз дорад. Ҳамчунин, номбурда таклиф пеш овард, ки дар макотиби мутавассит тадриси фанни “Тарзи ҳаёти солим” ҷорӣ карда шавад.

Академик Мироҷов Ғ.Қ., номзади илмҳои кимиё Имомиён Равшан, сарходими илмӣ Ҷамшедов Ҷамшед ва дигарон дар мунозираҳои таҳқиқӣ иштирок карданд.

Бархе аз шаҳрвандони кишвар бо истифода аз маълумоти тиббии Бӯалӣ Сино, Закариёи Розӣ ва дигар абармардони илми пизишкии асримиёнагӣ тибқи китобҳои Ҳомидҷон Зоҳидов бо номи “Канзи шифо”, “Таърихи тибби қадим” барои хеш дармонҳо омода сохта, масалан, барои рафъ намудани дарди ҷойҳои зарбхӯрда бинобар маълумоти пешиниён кирми лойхӯракро истеъмол мекунанд. Аз ҳамин хотир, ҷорӣ гардидани коркарди рустаниҳои шифобахш ва пайдо кардани саноати дорусозӣ яке аз самтҳое мебошад, ки иқтисоди кишварро метавонад барои тараққӣ ва рушд оварад.

Пандемияи нав зуҳуроти тибиист ва илоҷи онро фақат дар табиат бояд ҷуст.