Ҳимояи диссертатсия

28 феврали соли 2020, соати 15:00 дар Шӯрои диссертатсионии 6D.KOA-021 назди Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳимояи диссертатсияи Хоҷаев Диловар Хайриддинович дар мавзӯи «Ташаккули низоми идораи бехатарии энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои дарёфти дараҷаи номзади илмҳои иқтисодӣ аз рӯи ихтисоси 05.13.10 – Идоракунӣ дар низоми иҷтимоӣ ва иқтисодӣ баргузор гардид.