Шӯрои олимон

Рузи 22 феврали соли 2019 дар Институти иктисодиёт ва демографияи АИ ҶТ Шӯрои олимон баргузор гардид.
Рӯзномаи ҷаласаи Шӯрои олимон аз масъалахои зерин иборат буд.
1. Дар бораи тасдиқ намудани роҳбарони семинарҳои илмӣ-назариявии доимоамалкунандаи ИИД ва нақшаҳои кории он барои соли 2019:
– «Асосҳои назариявӣ ва методологии рушди инноватсионии иқтисодиёти миллӣ»;
– «Масъалаҳои бозтавлиди аҳолӣ дар шароити иқтисодиёти инноватсионӣ».
2. Ҳисоботи илмии бахши омори иқтисодӣ ва усулҳои инструменталии таҳқиқоти шуъбаи таҳқиқотҳои назариявӣ, таърихи иқтисод ва афкори иқтисодӣ.
3. Ҳисоботи илмии бахши иқтисодиёти саноати шуъбаи таҳқиқоти иқтисодиёти воқеӣ.
4. Масъалаҳои ҷорӣ.
4.1. Дастури Сарвазири ҶТ аз 04 февлаи соли 2019 №740(22.8) «Дар бораи ҷаласаи корӣ оид ба гузариш ба системаи ҳисобҳои миллии семоҳа»;
4.2. Мактуби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди ҲЧТ «Оид ба эълон намудани озмуни дарёфти Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон дар соли 2019»;
4.3. Ҷадвали вохӯрии роҳбарияти АИ ҶТ бо кормандони муассисаҳои илмии зертобеи Академияи илмҳо;
4.4. Амри Президенти АИ ҶТ аз 13.02.2019 ва Фармоиши директори ИИваД аз 14.02.2019 «Дар бораи гузаронидани Олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ барои дарёфти ҷоизаи АИ ҶТ»;
4.5. Қарори Раёсати АИ ҶТ дар бораи лоиҳаҳои «Консепсияи саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Консепсияи рушди иқтисодиёти рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 18 феврали соли 2019.