Шӯрои олимон

28 сентябри соли 2018
Рузи 28 сентябри соли 2018 дар Институти иктисодиёт ва демографияи АИ ҶТ Шӯрои олимон баргузор гардид.
Рӯзномаи ҷаласаи Шӯрои олимон аз масъалахои зерин иборат буд.
1. Дар бораи протоколи ҷаласаи Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарони муассисаҳои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 августи соли 2018.
2. Ҳисобот дар бораи натиҷаҳои фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ ва илмӣ-ташкилии ИИД дар семоҳаи сеюми соли 2018.
3. Ҳисоботи бахши омори иқтисодӣ ва усулҳои инструменталии таҳқиқот оид ба пешниҳоди варианти мукаммалгардонидашудаи Модели эконометрикии стандартҳои ҳадди аққал (Revised Minimum Standard Model – Extended (RMSM-X)).
4. Масъалаҳои ҷорӣ.
4.1. Дар бораи ба нашр тавсия намудани монографияи илмии шуъбаи таҳқиқоти иқтисодиёти воқеӣ – «Экономический и научно–технический потенциал инновационного развития Республики Таджикистан: современное состояние, проблемы и перспективы развития».
4.2. Дар бораи лоиҳаи «Таҳқиқоти нақши диаспораҳо ва муҳоҷирон дар сармоягузории рушди устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон».