Наврӯзи

Рӯзи 30 марти соли 2019 ходимони илмии Институт дар ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ, ки дар истироҳатгоҳи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ дар дараи Ромит шуда гузашт иштирок намуданд. Дар чорабинии мазкур аз тарафи бонувони Институт бо истифода аз анъанаҳои миллӣ ва мардумӣ дастархони  идона бо номи “ҳафт син” ва “ҳафт шин” ороста шуд. Инчунин, дар чорабинии мазкур қисмати фарҳангӣ низ гузаронида шуд. Кормандони Институт инчунин, дар чорабиниҳои варзишӣ аз қабили гуштин ва футбол, ки аз тарафи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд иштироки фаъолона намуданд.

20190330_102138

20190330_111540_1

20190330_134615