Чорабинии идона бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз

Санаи 26-уми марти соли 2021 дар Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон чорабинии идона бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз баргузор гардид. Чорабинии мазкурро директори Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ, д.и.и., профессор Шариф Раҳимзода ҳусни оғоз бахшида, қайд намуданд, ки Наврӯз, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шарофати истиқлолияти давлатӣ бо тамоми ғановату рангорангии он эҳё гардидааст, ҳоло ба ҷашни милливу давлатии мо – тоҷикон ва рамзи худшиносиву ифтихори миллӣ, ваҳдату ҳамдилии мардум ва пайванди наслҳо табдил ёфтааст. Дар чорабинии мазкур аз тарафи бонувони Институт бо истифода аз анъанаҳои миллӣ ва мардумӣ дастархони идона бо номи ҳафт сину ҳафт шин ороста шуд. Инчунин, дар чорабинии мазкур қисмати фарҳангӣ низ гузаронида шуд.

DSC_0094
DSC_0114

Шурои олимон

Рӯзи 26-уми марти соли 2021 дар Институти иктисодиёт ва демографияи АМИТ ҷаласаи навбатии Шурои олимон баргузор гардид.

Рӯзномаи ҷаласаи Шурои олимон аз масъалаҳои зерин иборат буд.
1. Ҳисобот дар бораи натиҷаҳои фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ ва илмӣ-ташкилии Институт дар семоҳаи якуми соли 2020
2. Дар бораи тасдиқи санаи баргузорӣ ва нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи илми тоҷик
3. Дар бораи тасдиқ намудани Кумитаи тадорукотӣ ҷиҳати ташкил ва гузаронидани конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Арзёбии заминаҳои иқтисодӣ ва илмӣ-техникии рушд ва ҷойгиркунии қувваҳои истеҳсолкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон»
4. Ба ҳайси муассисаи тақриздиҳанда интихоб шудани Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ
5. Масъалаҳои ҷорӣ

DSC_0033