МЕРОСИ ХАТТИИ ҲАР МИЛЛАТЕ ГАНҶЕ БАРОИ ОМӮХТАН АСТ…

Рузи 23 октябри соли 2020, соати 09:00 дар толори Маркази мероси хаттии назди Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи “Масъалаҳои муҳимми ҳифзу таҳқиқи мероси хаттии Тоҷикистон” баргузор мегардад.
Дар ин ҳамоиши илмӣ масъалаҳои асосии нигаҳдорӣ ва таҳқиқи мероси хаттӣ, вазъи ҷамъоварӣ, мушкилот ва муаммои матншиносии осори Абулмаъонӣ Бедил ва авзоъ ва аҳволи баргардонии матнҳои гуногун аз қабили насх, шикаста ва ғайраҳо, баррасии илмии осори Ганҷинаи дастхатҳои ба номи А.М. Мирзоев ва нақши миниатуриё дар ороиши дастхатҳои нодир мавриди таҳқиқу баррасии олимони матншинос қарор мегирад.
Бояд мутазаккир шуд, ки дар Ганҷинаи дастнависҳои шарқии ба номи А.М. Мирзоев бештар аз 5882 ҷилд нусхаи хаттӣ ва 6400 ҷилд китоби чопи сангӣ бо дарназардошти ҳукми дастнавис буданшон маҳфузанд ва то кунун фақат 3500 нусхаи он тавсифи илмӣ шуда, дар 10 ҷилд феҳрист бо забони русӣ интишор ёфтаанд.
Мероси гаронбаҳои хаттии илмиву адабие, ки дар марказҳои нигаҳдорӣ ва омӯзиши мероси хаттӣ ҳифз мешаванд, ғолибан бо хатти шикаста ё худ элементҳои хатти шикастадор навишта шудаанд. Масалан, матни осори хаттии марбут ба Мирзо Абдулқодири Бедил маъруф ба Абулмаъонӣ чандин маротиб таҳия ва нашр шудааст, аммо бештари матни бо хатти шикаста навишта шудаву ҳанӯз ҳам аз ҷониби олимони бедилшинос таҳқиқи дуруст наёфтааст ва то имрӯз матни илмии интиқодии мероси Бедили Деҳлавӣ сурат нагирифтааст.Ҳанӯз ҳам нусхаҳои хаттии дастнависҳо ба таври қонеъкунанда омӯхта нашуда, боиси нигаронии ҳаводорону муҳаққиқони мероси хаттӣ мебошанд, чунки дастнависҳои маҳфузбуда аҳамияти бағоят бузурги илмӣ дошта, нақши муассир дар густариши ҳувияти фарҳангии миллати мо доранд.
Авзои имрӯзаи дастнависҳоро ба инобат гирифта, масъулини Маркази мероси хаттии назди раёсати АМИТ пешниҳодҳои зайлро зарур медонад ба саъми ҳаводорони мутуни дастнавис бирасонад:
Мусоидат намудан ба ҷамъоварӣ ва нусхабардории мероси хаттии ниёгон, ва барои роҳандозӣ шудани ин ҳадаф фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати таҷҳизонидани онҳо бо лавозимоти техникӣ;
Безаргардонии дастхатҳо, тармим ва ҷилдсозии онҳо;
Ҷилавгирӣ аз сиркату ғалаткориҳо дар мавриди таҳия ва нашри дастнависҳо;
Таъсис додани нашрияи чандинзабона таҳти унвони “Хатти ниёгон”…
Ҳамаи онҳое, ки нисбат ба сарнавишти дастхатҳои маҳфузмонда бетараф нестанд, метавонанд дар ҳамоиши илмии мазкур ширкат бинмоянд… фақат бо риояи фосилаи иҷтимоӣ ва дигар дастурҳое, ки Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ҷиҳати ҷилавгирӣ аз паҳншавии COVID – 19 дар миён гузоштааст…

Конференсияи илмӣ-байналмилаллӣ

22 октябри соли 2020 магистрантон, аспирантон докторантони PhD ва олимони ҷавони Институти иқтисодиет ва демографияи АМИТ дар Конференсияи илмӣ-байналмилаллӣ дар мавзӯи «Нақши олимони ҷавон дар рушди илм, иннватсия ва технологияҳо», ки бо ташаббуси Шӯрои олимони ҷавони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баргузор гардид, иштирок намудаанд. Бо маърӯзаҳои илмӣ магистранти курси 2-ми ихтисоси «Идораи давлатӣ» – Абдуллоева Ҷ., докторанти PhD – Абдуллаев Ф., аспирантони курси 3-м – Азимов Б. ва Бердыева Ш., олимони ҷавон – н.и.и., х.п.и., Шералиев А.А., х.х.и., Саидов Ф.К. баромад кардаанд.

20201022_114143