Шурои олимон

Рузи 25 сентябри соли 2020 дар Институти иктисодиёт ва демографияи АМИТ ҷаласаи навбатии Шурои олимон баргузор гардид.

Рӯзномаи ҷаласаи Шурои олимон аз масъалахои зерин иборат буд.

  1. Ҳисобот дар бораи натиҷаҳои фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ ва илмӣ-ташкилии ИИваД АМИТ дар нуҳ моҳи соли 2020
  2. Дар бораи тасдиқ намудани Кумитаи тадорукотӣ ҷиҳати ташкил ва гузаронидани конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Консепсияи инноватсионии рушди иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон: асосҳои назариявӣ, муаммоҳо ва самтҳои амалисозии он»
  3. Оид ба фаъолияти Шурои диссертатсионии 6D.КОА-021-и назди Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ
  4. Оид ба даровардани тағйирот ба ҳайати Шурои олимони Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ
  5. Масъалаҳои ҷорӣ

5.1. Дар бораи ба нашр тавсия намудани монографияи ходими пешбари илмии шуъбаи таҳқиқоти назариявӣ, таърихи иқтисод ва афкори иқтисодӣ, д.и.и. – Назирӣ Гулбаҳор Назир «Таърихи пайдоиш ва рушди мануфактураи  капиталистӣ дар Осиёи миёна».

IMG_20200925_100520 IMG_20200925_100533

Меморандум

14 сентябри соли 2020 дар доираи иҷрои Нақшаи ҳамкориҳои дуҷониба байни Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Маркази тадқиқотҳои иқтисодӣ ва ислоҳоти назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон доир ба ҳамкориҳои илмӣ Ёддошти тафоҳум (Меморандум) ба имзо расонида шуд.

20200914_153534

IMG-20200917-WA0000

20200914_152540

конференсияи илмию амалии байналмилалӣ

14 сентябри соли 2020 дар толори маҷлисгоҳи Китобхонаи миллии Тоҷикистон конференсияи илмию амалии байналмилалӣ дар мавзӯи «Саҳми Сарварони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар таҳкими дӯстӣ, некӯҳамсоягӣ ва боварӣ, бозкушоии саҳифаҳои нави муносибатҳои шарики стратегии тоҷикон ва ӯзбекон» баргузор гардид. Дар ҷаласаи пленарии конференсияи мазкур директори Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, д.и.и., профессор Ш.Раҳимзода баромад намуданд.

Ҳамзамон, дар кори конференсияи мазкур дар сексияи 2 (панели) «Ҳолат ва дурнамои робитаҳои иқтисодӣ» ходимони илмии Институт – д.и.и., профессор Мирсаидов А.Б., узви вобастаи АМИТ, д.и.и., профессор Исломов С.И., д.и.и., профессор Бобоев О., д.и.и., профессор Рауфӣ А., д.и.и., дотсент Каримова М.Т., д.и.и. Хоналиев Н., д.и.и. Садриддинов С. ва н.и.и. Шарипов Б.М. иштирок ва баромад намуданд.

общий общий1

 

МИЗИ МУДАВВАР

08 сентябри соли 2020 дар толори Шурои олимони Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ мизи мудаввар дар мавзӯи: «Истиқлолияти Тоҷикистон – дастовардҳои илмии иқтисодӣ» баргузор гардид, ки дар кори он ба ҳайси маърӯзачӣ ходими илмии шуъбаи таҳқиқотҳои назариявӣ, таърихи иқтисод ва афкори иқтисодӣ Боймуродов А.С. баромад намуданд. Дар охир директори Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ, д.и.и., профессор Шариф Раҳимзода мудирони шуъба ва бахшҳо ва дар симои онҳо тамоми ходимони илмии Институтро бо 29-умин солгарди ҷашни Истиқлолияти давлатӣ табрик намуда, ба онҳо рӯзгори босафо ва хуррамию осоиштагӣ таманно намуд.

IMG_20200908_10215020200908_100416