Ба ёдбуди академик Раҳимов Рашид Каримович

Без названия (1)

(04.05.1932-13.07.2020)

 

Имрӯз ҷомеаи илмии Тоҷикистон ва махсусан, бахши илми иқтисод талафи бузург дод. Яке аз олимони намоён ва шахсияти маъруфи соҳаи илми иқтисодиёти ҷумҳурӣ, Арбоби шоистаи илму техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино, доктори илми иқтисодӣ, профессор, узви пайвастаи АМИТ, ки дар илми иқтисодӣ ва тарбияи мутахассисон – иқтисоддонҳои ҷумҳурӣ саҳми муносиб гузоштааст, устод Рашид Раҳимов аз дунё гузашт.
Раҳимов Рашид Каримович 4-уми майи 1932 дар шаҳри Хуҷанд чашм ба олам кушодааст. Соли 1946, ба шуъбаи ҳисоби бухгалтерии Техникуми коопертивии Хуҷанд ва пас аз хатми он (соли 1949) ба Донишкадаи кооперативии шаҳри Маскав ба номи Г.В. Плеханови дохил шуда, соли 1953 Донишгоҳи мазкурро бо баҳои аъло хатм намуд.
Соли 1954 Рашид Раҳимов ба аспирантураи АИ ҶТ дохил шуда, зери роҳбарии профессорон Е. Н. Давидов ва А. Д. Емелянов дар мавзӯи «Ҳосилнокии меҳнат дар саноати пахтатозакунии Ҷумҳурии Тоҷикистон» рисолаи номзадии хешро ҳимоя намуд.
Соли 1964 Пажӯҳишгоҳи иқтисодиёти Академияи улуми ҷумҳурӣ ташкил карда шуд, ки Рашид Раҳимов (аввалин) сарвари он таъйин гардид. Ӯро метавон кошифи ин соҳаи назарияи иқтисоди ватанӣ номид. Рашид Раҳимов соли 1968 рисолаи докториро дар мавзӯи «Самаранокии фондҳои асосии саноати Осиёи Миёна» ҳимоя кардааст. Соли 1973 узви вобастаи АИ ва соли 1987 академик интихоб гардидааст.
Солҳои 90-ум дар Тоҷикистон тағйиротҳои бузург ба вуқӯъ пайвастанд. Таҳқиқоти нисбатан мукаммали академик Рашид Раҳимов маҳз ҳамин масъалаҳои нозук ва муҳими солҳои 1990-2010-ро инъикос мекунад. Дар таълифоти академик Рашид Раҳимов – «Мнение специалиста, основанное на неправильном понимании макро и микро экономики», «К вопросу о финансовых рычагах развития экономики Таджикистана», «Факторы производства: вопросы развития и уровень использования», «Оид ба проблемаҳои рушди иқтисодиёт дар давраи гузариш ба муносибатҳои бозорӣ», «Пешравиҳои сохтории соҳаи иқтисодиёт ва баҳодиҳӣ ба афзуншавии он», «Баъзе масъалаҳои амнияти иқтисодиёти Тоҷикистон» ҳамаҷониба инъикос шудаанд. Бар замми ин, дастури таълимии олим «Назарияи иқтисодӣ» (дар ҳаҷми 303 саҳ), маҳсули заҳмати ӯст, ки барои донишҷӯёни мактабҳои олии ҷумҳурӣ китоби судбахшест.
Давоми солҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таълифоти илмии ӯ дар 5 монография ва 65 мақолаҳо дарҷ гардидааст.
Дар тӯли зиёда аз шаст соли фаъолияти илмии худ академик Р. Раҳимов чун иқтисоддони болаёқат хешро нишон дода, даҳҳо аспирантҳо аз маслиҳати беғарази Рашид Раҳимов баҳравар гардида, 20 нафар номзад ва 6 нафар докторон дар шоҳроҳи илм пайроҳаи хешро пайдо намудаанд.
Академик Рашид Раҳимовро ҳамчун олими иқтисоддон ва фарди донишманд, ки дар ҳар масъала афкори саҳеҳи худро гуфта метавонист, шинохта ва эътироф намудаанд. Хидматҳои шоёни олими собитқадами ҷабҳаи иқтисоди ҷумҳурӣ аз тарафи ҳукумат ва ҷамъият қадр гардидааст. Ӯ бо ордени «Нишони фахрӣ», медали «Барои меҳнати шоён. Ба муносибати 100-солагии В. И. Ленин», Ифтихорномаҳои Раёсати Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон мушарраф гардидааст. Ҳамчунин, унвони ифтихории Арбоби шоистаи илму техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро соли 1994 барояш муносиб дидаанд. Бо Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1987) мукофотонида шудааст. Боиси таваҷҷӯҳ аст, ки шогирдони намоёни олим анъанаҳои наҷиби ӯро дар масъалаҳои иқтисодӣ идома дода, ба шукӯҳи илми устодашон, ба китобҳо, рисолаҳо, мақолаҳои ӯ эътибору эътимод мебахшанд.
Академик Рашид Раҳимов дар илми иқтисод мактаби хоси худро соҳиб аст, дастовардҳои илмии худро тариқи гузоришҳои илмӣ дар маҷлису машварат, семинару конфронсҳо, симпозиуму конференсияҳои бошукӯҳи илмии ҷумҳуриявӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ саховатмандона дастраси донишмандони дохиливу хориҷӣ гардонида, дар интишор ва таблиғу ташвиқи илми иқтисоди ватанӣ ҳиссагузорӣ намудааст.
Зери сарварии устод чандин нафарон рисолаҳои номзадӣ ва доктории худро бомувафақият ҳимоя намуданд.
Солҳои охир академик Рашид Раҳимов дар Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба ҳайси сарходими илмӣ ва мудири шуъбаи назарияи иқтисодӣ таъриҳи иқтисод ва афкори иқтисодӣ фаъолият мекард.
Хотираи неки устоди ғамхор, дӯст ва ҳамкасби меҳрубон ҳамеша дар хотири шогирдон ва ҳамкасбон боқӣ хоҳад монд.