Онлайн-конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон: тағйироти сохтории иқтисодиёти миллӣ»

Санаи 19 июни соли 2020 дар Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар доираи татбиқи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 феврали соли 2020 №156 «Дар бораи Нақшаи баргузории чорабиниҳои илмӣ ва илмию техникӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020» бо тариқи онлайн конференсияи илмӣ- амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон: тағйироти сохтории иқтисодиёти миллӣ» баргузор гардид.

Дар оғози кори конференсия ноиби Президенти АМИТ, узви вобастаи АМИТ, Муҳаммад Абдураҳмон Наврӯз ва директори Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Шариф Рахимзода бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуданд.

Дар кори конференсияи мазкур намояндагони масъули вазоратҳои саноат ва технологияҳои нав, рушди иқтисод ва савдо, нақлиёт, кишоварзӣ ва дигар мақомотҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва баромад намуданд.

Тибқи рӯзнома иштирокчиёни онлайн-конференсия масъалаҳои зеринро мавриди баррасӣ ва арзёбӣ қарор доданд:

– масъалаҳои назариявӣ–методологии рушди инноватсиониву индустриалии иқтисодиёти Тоҷикистон;

– рушди саноат ва тағйироти сохтори иқтисодиёти миллӣ, инкишоф ва мустаҳкам шудани алоқаҳои байнисоҳавӣ ва раванди босуботу сифатии такрористеҳсоли ҷамъиятӣ;

– меъёрҳои арзёбии рушди индустриалии мамлакат ва нақши саноатикунонии босураът дар ташаккул ва рушди тамаддуни индустриалии  кишвар:

– ташаккули инфрасохтори инвеститсиониву инноватсионӣ ва институтсионалии  соҳаҳои саноати мамлакат;

– сиёсати саноатикунонии мамлакат, афзалиятҳо дар самти таъмини истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ва тамоюли содиротӣ дошта;

– арзёбии ҳолат, муаммоҳои рушди соҳаҳои саноати коркарду истихроҷи мамлакат ва дурнамои рушди онҳо;

– арзёбии ҳолат ва муаммоҳои ҷалби  сармоягузорӣ дар бахши саонатии кишвар ва ғ.

20200619_101509

20200619_101612

IMG_20200619_115451