Семинари илмӣ-назариявӣ

Тибқи банди 2-и Нақшаи чорабиниҳои илмии Институти иқтисодиёт ва демографияи АИ ҶТ аз 27 марти соли 2020 бахшида ба «Рӯзи илми тоҷик» 17 апрели соли 2020 дар толори Шӯрои олимон семинари илмӣ-назариявӣ доир ба мавзӯи: «Ҳолати рушди индустрияи соҳаҳои иҷтимоии бахши иқтисодиёт» баргузор гардид. Аз рӯи масъалаи мазкур маърӯзаи фишурдаи муовини директор оид ба корҳои илм ва таълим, д.и.и., профессор Мирсаидов А.Б. шунида шуд. Ҳамзамон дар чорабинии мазкур тибқи Фармоиши директори ИИваД АИ ҶТ аз 14 апрели соли 2020 №13 як қатор ходимони илмии Институт бо «Ифтихорномаи фахрӣ»-и Институти иқтисодиёт ва демографияи АИ ҶТ қадрдонӣ карда шуданд.

Рузи илм

ҶАЛАСАИ ТАНТАНАВИИ АКАДЕМИЯИ ИЛМҲОИ ҶТ БАХШИДА БА «РӮЗИ ИЛМ»

14 апрели соли 2020 дар толори Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба «Рӯзи илм» баргузор гардид. Дар охири ҷаласа Саидмуродов Лутфулло Ҳабибуллоевич – директори Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви вобастаи АИ ҶТ, д.и.и., профессор – барои меҳнати софдилона ва фаъолияти пурсамар дар рушди илми иқтисодии кишвар ва Норқулов Ҳамроқул Ҳоҷиевич – ходими пешбари илмии бахши муҳоҷирати шуъбаи демография, н.и.т. – барои гузаронидани тадқиқот дар самти пешгирии касалиҳои сирояткунанда дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзоёни оилаи онҳо ва ба муносибати рӯзи касбии олимон бо «Ифтихорнома»-и АИ ҶТ сарфароз гардонида шуданд.

Ҳимояи диссертатсия

03 апрели соли 2020, соати 15:00 дар Шӯрои диссертатсионии 6D.KOA-021 назди Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳимояи диссертатсияи Мирзоев Баҳодур Рустамович дар мавзӯи «Ташаккул ва рушди ҳавасмандии кормандони бонкҳои тиҷоратӣ ба меҳнат» (дар асоси маводи Ҷумҳурии Тоҷикистон) барои дарёфти дараҷаи номзади илмҳои иқтисодӣ аз рӯйи ихтисоси 08.00.05 – Иқтисодиёт ва идоракугнии хоҷагии халқ (иқтисодиёти меҳнат) баргузор гардид.

Ҳимояи диссертатсия

03 апрели соли 2020, соати 13:00 дар Шӯрои диссертатсионии 6D.KOA-021 назди Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳимояи диссертатсияи Тоҷибоева Мавҷуда Негматовна дар мавзӯи «Зуҳуроти нави баргашти муҳоҷирони меҳнатӣ дар шароити афзоиши ҳаракати байналхалқии қувваи корӣ» (дар мисоли Ҷумҳурии Тоҷикистон) барои дарёфти дараҷаи номзади илмҳои иқтисодӣ аз рӯи ихтисоси 08.00.05 – Иқтисодиёт ва идоракунии хоҷагии халқ (иқтисодиёти нуфуз ва демография) баргузор гардид.