Конференсияи ҷумҳуриявии илмию-амалӣ

Рӯзи 27 марти соли 2020 дар толори Шўрои олимони Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи пешбурди таҳқиқоти илмии мақсаднок оид ба масъалаҳои рушди низоми ояндабинии макроиқтисодӣ ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 феврали соли 2020 №156 «Дар бораи Нақшаи баргузории чорабиниҳои илмӣ ва илмию техникӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020» Конфронси ҷумҳуриявии илмию амалӣ дар мавзӯи «Моделсозии равандҳои иқтисодӣ ва Тоҷикистон муосир» баргузор гардид.
Конференсияро бо сухани ифтитоҳӣ директори Институти иқтисодиёт ва демографияи АИ ҶТ, узви вобастаи АИ ҶТ, д.и.и., профессор Саидмуродов Л.Ҳ. кушода, ба диққати иштирокчиён масъалаҳои баррасишавандаи конфронсро расонид.
Дар кори конференсия ноиби Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои сиёсатшиносӣ, профессор Муҳаммад Абдураҳмон Наврӯз, академики АИ ҶТ – Раҳимов Р.К., академики АИ ҶТ – Қаюмов Н.Қ.,узви вобастаи АИ ҶТ Исламов С.И., намояндагони вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, молия, Бонки миллӣ, Агентии омори назли Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, донишгоҳҳою муассисаҳои илмии кишвар, намояндагии Хазинаи нуфуси СММ (UNFPA) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони даъватшуда иштирок намуданд.

IMG_20200327_091833

 

IMG_20200327_094304

IMG_20200327_091911

IMG_20200327_093843