Конференсияи ҷумҳуриявии илмию-амалӣ

Рӯзи 27 марти соли 2020 дар толори Шўрои олимони Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи пешбурди таҳқиқоти илмии мақсаднок оид ба масъалаҳои рушди низоми ояндабинии макроиқтисодӣ ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 феврали соли 2020 №156 «Дар бораи Нақшаи баргузории чорабиниҳои илмӣ ва илмию техникӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020» Конфронси ҷумҳуриявии илмию амалӣ дар мавзӯи «Моделсозии равандҳои иқтисодӣ ва Тоҷикистон муосир» баргузор гардид.
Конференсияро бо сухани ифтитоҳӣ директори Институти иқтисодиёт ва демографияи АИ ҶТ, узви вобастаи АИ ҶТ, д.и.и., профессор Саидмуродов Л.Ҳ. кушода, ба диққати иштирокчиён масъалаҳои баррасишавандаи конфронсро расонид.
Дар кори конференсия ноиби Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои сиёсатшиносӣ, профессор Муҳаммад Абдураҳмон Наврӯз, академики АИ ҶТ – Раҳимов Р.К., академики АИ ҶТ – Қаюмов Н.Қ.,узви вобастаи АИ ҶТ Исламов С.И., намояндагони вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, молия, Бонки миллӣ, Агентии омори назли Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, донишгоҳҳою муассисаҳои илмии кишвар, намояндагии Хазинаи нуфуси СММ (UNFPA) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони даъватшуда иштирок намуданд.

IMG_20200327_091833

 

IMG_20200327_094304

IMG_20200327_091911

IMG_20200327_093843

Ҳимояи диссертатсия

06 марти соли 2020, соати 15:00 дар Шӯрои диссертатсионии 6D.KOA-021 назди Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳимояи диссертатсияи Хурамова Замира Маматкуловна дар мавзӯи «Амнияти озуқавории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳҳои таъмини он» барои дарёфти дараҷаи номзади илмҳои иқтисодӣ аз рӯи ихтисоси 08.00.05 – Иқтисод ва идораи хоҷагии халқ (амнияти озуқаворӣ) баргузор гардид.

Ҳимояи диссертатсия

06 марти соли 2020, соати 13:00 дар Шӯрои диссертатсионии 6D.KOA-021 назди Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳимояи диссертатсияи Наҷмиддинов Абдусатор Мирзоевич дар мавзӯи «Роҳҳои асосии баланд бардоштани устувории иқтисодии истеҳсолоти хоҷагии қишлоқ» (дар мисоли корхонаҳои хоҷагии қишлоқи Ҷумҳурии Тоҷикистон) барои дарёфти дараҷаи номзади илмҳои иқтисодӣ аз рӯи ихтисоси  05.02.22 – Ташкили истеҳсолот (аз рӯйи соҳаҳо) баргузор гардид.