Ҳимояи диссертатсия

28 феврали соли 2020, соати 15:00 дар Шӯрои диссертатсионии 6D.KOA-021 назди Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳимояи диссертатсияи Хоҷаев Диловар Хайриддинович дар мавзӯи «Ташаккули низоми идораи бехатарии энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои дарёфти дараҷаи номзади илмҳои иқтисодӣ аз рӯи ихтисоси 05.13.10 – Идоракунӣ дар низоми иҷтимоӣ ва иқтисодӣ баргузор гардид.

Ҳимояи диссертатсия

28 феврали соли 2020, соати 13:00 дар Шӯрои диссертатсионии 6D.KOA-021 назди Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳимояи диссертатсияи Умаров Наврузбек Нуруллоевич дар мавзӯи «Танзими давлатии муҳоҷирати меҳнатии берунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои дарёфти дараҷаи номзади илмҳои иқтисодӣ аз рӯи ихтисоси 08.00.05 – Иқтисодиёт ва идоракунии хоҷагии халқ (иқтисодиёти нуфуз ва демография) баргузор гардид.

Семинари илмӣ-назариявӣ

21 феврали соли 2020 дар толори Шӯрои олимони Институти иқтисодиёт ва демографияи АИ ҶТ семинари илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи: «Рушди минтақаҳо дар консепсияи рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид, ки дар кори он мудири бахши иқтисодиёти минтақаҳо – н.и.и. Алимов А.Л. ва ходими пешбари илмӣ – н.и.и., Аминҷонов Р.Р. баромад намуданд.

IMG_20200221_101236

IMG_20200221_102328

Семинари илмӣ-назариявӣ

07 феврали соли 2020 дар толори Шӯрои олимони Институти иқтисодиёт ва демографияи АИ ҶТ дар доираи муҳокимаи васеъ ва таблиғоти Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2019 семинари илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи: «Самтҳои асосии сиёсати буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нишондиҳандаҳои дурнамо барои солҳои 2021-2022» баргузор гардид, ки дар кори он вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон д.и.и., профессор Бобоев О.Б. баромад намуданд.

IMG_20200207_100218

IMG_20200207_102211