Шӯрои олимон

01 октябри соли 2019 дар Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба хотири ёдбуди доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Бронштейн Яков Тевьевич ҷаласаи васеи Шӯрои олимон баргузор гардид. Ҷаласаро бо сухани ифтитоҳӣ директори Институти иқтисодиёт ва демографияи АИ ҶТ, узви вобастаи АИ ҶТ, д.и.и., профессор Саидмуродов Л.Х. кушода, оид ба ҳаёт ва фаъолияти Бронштейн Яков Тевьевич суханрони намуданд.  Сипас, академики АИ ҶТ Раҳимов Р.К. дар мавзӯи: «Яков Тевьевич Бронштейн – учёный экономист высшего класса и замечательный человек» маърӯза намуданд. Дар ҷаласаи мазкур инчунин, Қаюмов Н.Қ. – академики АИ ҶТ, Исломов С.И. – узви вобастаи АИҶТ, д.и.и., профессор, Рауфӣ А. –  д.и.и., профессор, Хоналиев Н. д.и.и. ва писари Бронштейн Яков Тевьевич – Бронштейн А.Я. н.и.и., ки ба ҳайси меҳмон дар ҷаласаи мазкур даъват шуда буданд баромад намуданд.

IMG_20191001_100320

IMG_20191001_101525

IMG_20191001_101154

IMG_20191001_100355