Шўрои олимон

Рузи 28 июни соли 2019 дар Институти иқтисодиёт ва демографияи АИ ҶТ Шўрои олимон баргузор гардид.

Рўзномаи ҷаласаи Шўрои олимон аз масъалаҳои зерин иборат буд.

  1. Ҳисобот дар бораи натиҷаҳои фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ ва илмӣ-ташкилии ИИваД АИ ҶТ дар нимсолаи якуми соли 2019.
  2. Ҳисоботи илмии бахши комплекси агросаноатии шуъбаи тадқиқоти иқтисодиёти воқеӣ.
  3. Дар бораи тасдиқ намудани Нақшаи чорабиниҳои илмии Институти иқтисодиёт ва демографияи АИ ҶТ ҷиҳати омодагӣ ба 28 – умин солгарди Рўзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
  4. Масъалаҳои ҷорӣ.

Ҳимояи диссертатсия

14 июни соли 2019, соати 15:00 дар Шӯрои диссертатсионии 6D.KOA-021 назди Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳимояи диссертатсияи Шералиев Абдутолиб Қосимҷонович дар мавзӯи «Ташакулёбии механизми ташкили ҳамлу нақли мусофирон дар нақдиёти ҳавои» (дар асоси маводҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон) барои дарёфти дараҷаи номзади илмҳои иқтисодӣ аз рӯи ихтисоси 05.02.22 – ташкили истеҳсолот (тибқи соҳаҳо) баргузор гардид.

Ҳимояи диссертатсия

14 июни соли 2019, соати 13:00 дар Шӯрои диссертатсионии 6D.KOA-021 назди Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳимояи диссертатсияи Қаландарова Гулрӯ Сафаровна дар мавзӯи «Ташакул ва идоракунии лоиҳаҳои сармоягузории соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити иқтисоди бозорӣ» барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯи ихтисос, номзади илмҳои иқтисодӣ 6D 05.18.00 – Идоракунии лоиҳаҳо баргузор гардид.