Шӯрои олимон

Рузи 24- майи соли 2019 дар Институти иктисодиёт ва демографияи АИ ҶТ Шӯрои олимон баргузор гардид.
Рӯзномаи ҷаласаи Шӯрои олимон аз масъалахои зерин иборат буд.
1. Дар бораи тасдиқ намудани Кумитаи тадорукотӣ ҷиҳати ташкил ва гузаронидани конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Нақш ва аҳамияти сармояи инсонӣ дар рушди инноватсионии Тоҷикистон»
2. Гузориш аз натиҷаи фаъолияти семинарҳои илмӣ-назариявии доимоамалкунандаи Институти иқтисодиёт ва демографияи АИ ҶТ
– «Асосҳои назариявӣ ва методологии рушди инноватсионии иқтисодиёти миллӣ»
– «Масъалаҳои бозтавлиди аҳолӣ дар шароити иқтисодиёти инноватсионӣ»
3. Ҳисоботи илмии бахши таърихи иқтисод ва афкори иқтисодии шуъбаи таҳқиқотҳои назариявӣ, таърихи иқтисод ва афкори иқтисодӣ.
4. Дар бораи тасдиқ намудани Нақшаи чорабиниҳои ИИваД доир ба давраи зимистонгузаронии солҳои 2019-2020
5.Оид ба тасдиқ намудани мавзӯи илмӣ-таҳқиқотӣ ва роҳнамои илмии магистрантҳои соли якуми таҳсил
6. Масъалаҳои ҷорӣ
6.1. Тасдиқи лоиҳаҳои нави илмӣ-таҳқиқотии пешниҳодшудаи шуъбаҳои илмии Институти иқтисодиёт ва демографияи АИ ҶТ барои солҳои 2021–2025.

Семинари илмӣ-назариявӣ

Рӯзи 22 майи соли 2019 дар толори Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки олимону мутахассисони муассисаҳои илмии АИ ҶТ семинари илмӣ-назариявӣ баргузор гардид, ки дар кори он директори Институти иқтисодиёт ва демографияи АИ ҶТ, узви вобастаи АИ ҶТ, д.и.и., профессор Саидмуродов Л.Ҳ. дар мавзӯи “Суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо кормандони соҳаҳои молия, бонкдорӣ, андоз, гумрук ва сармоягузории кишвар ва вазифаҳои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳо аз ин мулоқот” баромад намуданд.

IMG_7666

IMG_7678