Ҳимояи диссертатсия

28 декабри соли 2018, соати 15:00 дар Шӯрои диссертатсионии 6D.KOA-021 назди Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳимояи диссертатсияи Сабуров Маҳмадғаюр Рауфович дар мавзӯи «Шуғли ғайрирасмӣ дар бахши кишоварзии иқтисодиёт ва роҳҳои асосии танзими он» (дар мисоли вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон), барои дарёфти дараҷаи номзади илмҳои иқтисодӣ аз рӯи ихтисоси 08.00.05.-Иқтисодиёт ва идоракунии хоҷагии халқ (иқтисодиёти меҳнат) баргузор гардид.

Ҳимояи диссертатсия

28 декабри соли 2018, соати 13:00 дар Шӯрои диссертатсионии 6D.KOA-021 назди Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳимояи диссертатсияи Зокирӣ Тоҷиддин Баҳриддин дар мавзӯи «Такмили мезанизмҳои ташкилию иқтисодии идоракунии системаи фармоиши давлатӣ» (дар асоси маводи Ҷумҳурии Тоҷикистон), барои дарёфти дараҷаи номзади илмҳои иқтисодӣ аз рӯи ихтисоси 05.13.10.-Идоракунӣ дар низомҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ баргузор гардид.

Шӯрои олимон

Рузи 28 декабри соли 2018 дар Институти иктисодиёт ва демографияи АИ ҶТ Шӯрои олимон баргузор гардид.
Рӯзномаи ҷаласаи Шӯрои олимон аз масъалахои зерин иборат буд.
1. Ҳисобот дар бораи натиҷаҳои пешакии фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ ва илмӣ-ташкилии Институт дар соли 2018 ва тасдиқи пешниҳод ба мақомоти дахлдор.
2. Дар бораи тасдиқ намудани Нақшаи чорабиниҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва илмӣ-ташкилии Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019.
3. Масъалаҳои ҷорӣ.