Конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалии «Масоил ва дурнамои рушди иқтисодиёти рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Рӯзҳои 23-24 ноябри соли 2018 дар маҷмааи тиҷоратии «Душанбе Плаза» ва Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4-уми майи соли 2018 №240 «Дар бораи нақшаи баргузории чорабиниҳои илмӣ ва илмию техникӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018» конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалии «Масоил ва дурнамои рушди иқтисодиёти рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.
Конференсияро бо сухани ифтитоҳӣ директори Институти иқтисодиёт ва демографияи АИ ҶТ, узви вобастаи АИ ҶТ, д.и.и., профессор Саидмуродов Л.Ҳ. кушода, ба диққати иштирокчиён масъалаҳои баррасишавандаи конфронсро расонид.
Дар кори конференсия ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Ашурбой Солеҳзода, академикҳо – Раҳимов Р.К., Қаюмов Н.Қ., узви вобастаи АИ ҶТ Исламов С.И., намояндагони Бонки Рушди Осиёгӣ, Институти Ҷамъияти Кушода “Бунёди мадад – Тоҷикистон”, Маркази тадқиқоти стратегии назди ПҶТ, БҶ “Ташаббуси шаҳрвандии сиёсати интернет”, вазорату идораҳо, донишгоҳҳою муассисаҳои илмӣ, бонкҳои тиҷоратию давлатӣ ва дигар шахсони даъватшуда иштирок намуданд.

IMG_8218  IMG_7944

IMG_7936IMG_7798Диловар МунаваровIMG_8253

 

IMG_8241

 

 

маҷлиси тантанвӣ бахшида ба Рӯзи Президент ва ба истифода додани аввалин чархаи Нерӯгоҳи барқи обии Роғун

16 ноябри соли 2018 дар толори Шӯрои олимон бо иштироки тамоми шуъба ва бахшҳои илмии Институт маҷлиси тантанвӣ бахшида ба Рӯзи Президент ва ба истифода додани аввалин чархаи Нерӯгоҳи барқи обии Роғун доир гардид. Директори Институт, узви вобастаи АИ ҶТ, д.и.и., профессор Саидмуродов Л.Ҳ. ҳозиринро бо Рӯзи Президент ва ба истифода додани аввалин чархаи Нерӯгоҳи барқи обии Роғун табрик намуда, доир ба дастовардҳои Истиқолияти давлатӣ ва саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарорсозии сулҳ, таҳкими сулҳу суботи ҷомеа ва дастовардҳои назарраси даврони Истиқлолияти давлатӣ суханронӣ намуданд.

 

IMG_20181116_111343_HDR

Ҳимояи диссертатсияи Рузиев Умед Шарафҷонович

2 ноябри соли 2018, соати 13:00 дар Шӯрои диссертатсионии 6D.KOA-021 назди Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳимояи диссертатсияи Рузиев Умед Шарафҷонович дар мавзӯи «Идораи моликияти давлатӣ дар шароити дигаргунии иқтисоди бозорӣ» (дар мисоли Ҷумҳурии Тоҷикистон), барои дарёфти дараҷаи номзади илмҳои иқтисодӣ аз рӯи ихтисоси 05.13.10.-Идора дар низомҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ баргузор гардид.

Шӯрои олимон

02 ноябри соли 2018
Рузи 02 ноябри соли 2018 дар Институти иктисодиёт ва демографияи АИ ҶТ Шӯрои олимон баргузор гардид.
Рӯзномаи ҷаласаи Шӯрои олимон аз масъалахои зерин иборат буд.
1. Вазъи ҷамъбасти натиҷаҳои илмии соли ҳисоботӣ аз тарафи шуъбаҳо, бахшҳо ва ходимони илмии Институт.
2. Дар бораи натиҷаҳои санҷиши фаъолияти ҳуҷҷатнигорӣ дар шуъбаҳои илмии Институти иқтисодиёт ва демографияи АИ ҶТ.
3. Масъалаҳои ҷорӣ.