ҳимояи Диссертацияҳо

12 июли соли 2018, соати 13:00 дар Шӯрои диссертатсионии 6D.KOA-021 назди Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳимояи диссертатсияи Маҷидова Сарвиноз Комиловна дар мавзӯи «Таъмини баланд бардоштани қобилияти рақобатнокии истеҳсолоти кишоварзӣ дар асоси муносибати кластерӣ (дар мисоли Ҷумҳурии Тоҷикистон)» барои дарёфти дараҷаи номзади илмҳои иқтисодӣ аз рӯйи ихтисоси 05.02.22 – Ташкили истеҳсолот (аз рӯи соҳаҳо) бомувофақият баргузор гардид.

 

12 июли соли 2018, соати 15:00 дар Шӯрои диссертатсионии 6D.KOA-021, ки дар назди Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳимояи диссертатсияи Киличева Муқадас Мамараҷабовна дар мавзӯи «Мукаммалсозии воситаҳои танзимкунии бозори хизматрасониҳои бонкӣ ба аҳолӣ» барои дарёфти дараҷаи номзади илмҳои иқтисодӣ аз рӯйи ихтисоси 05.13.10 – идоракунӣ дар низомҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ (аз рӯи соҳаҳо) бомувофақият баргузор гардид.

мизи мудаввар

11 июни соли 2018 дар толори Шӯрои олимони Институти иқтисодиёт ва демографияи АИ ҶТ мизи мудаввар оид ба таъсис додани платформаи миллӣ байни бахши хусусӣ ва сохторҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷорӣ намудани технологияҳои пешқадам ва коркардҳои илмӣ ҷиҳати рушди саноати меваю сабзавот доир гардид. Дар кори мизи мудаввар намояндагон аз вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, кишоварзӣ, саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ, Кумитаи бехатарии озуқавории назди ҲҶТ, Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди ҲҶТ, донишгоҳҳои технологӣ ва аграрии Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии “Хӯрокворӣ” ва дигар ташкилоту идораҳои дахлдор иштирок ва суханронӣ намуданд. 

Шӯрои олимон

Рузи 25 майи соли 2018 дар Институти иктисодиёт ва демографияи АИ ЧТ Шӯрои олимон баргузор гардид.
Рӯзномаи ҷаласаи Шӯрои олимон аз масъалахои зерин иборат буд.

  1. Дар бораи тасдиқ намудани Кумитаи тадорукотӣ ҷиҳати ташкил ва гузаронидани конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Масоил ва дурнамои рушди иқтисодиёти рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон».
  2. Гузориш аз натиҷаи фаъолияти семинарҳои илмӣ-назариявии доимоамалкунандаи Институти иқтисодиёт ва демографияи АИ ҶТ:

– «Асосҳои назариявӣ ва методологии рушди инноватсионии иқтисодиёти миллӣ»

– «Масъалаҳои бозтавлиди аҳолӣ дар шароити иқтисодиёти инноватсионӣ»

  1. Натиҷагирии илмии лоиҳаи «Масъалаҳои иқтисодӣ – демографии оила ва ташаккулёбии сармояи инсонӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ, барои солҳои 2016-2020, қайди бақайдгирии давлатӣ – №0116ТJ00517 аз соли 2016 то соли 2018.

4.Дар бораи тасдиқ намудани Нақшаи чорабиниҳои Институти иқтисодиёт ва демографияи АИ ҶТ доир ба давраи зимистонгузаронии солҳои 2018-2019

“Рушди самтҳои алтернативии назарияи иқтисодӣ”

18 майи соли 2018 дар толори Шӯрои олимони Институти иқтисодиёт ва демографияи АИ ҶТ семинари илмӣ-назариявӣ баргузор гардид, ки дар он д.и.и., профессор Мирсаидов А.Б. дар мавзӯи: “Рушди самтҳои алтернативии назарияи иқтисодӣ” баромад намуданд.

Рушди илми иқтисоди ватанӣ дар давраи соҳибистиқлолии кишвар

Тибқи нақша чорабиниҳои Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 13 апрели соли 2018 бахшида ба Рӯзи илми тоҷик дар Институти иқтисодиёт ва демографияи АИ ҶТ семинари илмӣ (Муколамаи кушод) оид ба мавзӯи «Рушди илми иқтисоди ватанӣ дар давраи соҳибистиқлолии кишвар» гузаронида шуд.

Вобаста ба банди 1-и Нақша-чорабиниҳо семинари илмӣ (Муколамаи кушод) ба кори худ шурӯъ намуд. Дар муколамаи кушод академикҳо Раҳимов Р.К., Қаюмов Н.Қ., директори Институт, узви вобастаи АИ ҶТ Саидмуродов Л. Ҳ., узви вобастаи АИ ҶТ Исламов С.И., муовини директор оид ба илм ва таълим Мирсаидов А.Б., сарходими илмӣ Хоналиев Н. ва дигарон иштирок ва баромад намуданд.

Вобаста ба банди 4-и Нақша чорабиниҳои семинари мазкур барои дастовардҳои назарраси илмӣ ба якчанд олимони соҳаи иқтисод «Ифтихорномаи фахрӣ»-и Институти иқтисодиёт ва демографияи АИ ҶТ супорида шуд.

Инчунин, дар кори семинар намоиши асарҳои тозаэҷоди олимони Институти иқтисодиёт ва демографияи АИ ҶТ ташкил карда шуд.

Рӯзи илми тоҷик

Тибқи нақша чорабиниҳои Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи илми тоҷик санаи 13 апрели соли 2018 дар Институти иқтисодиёт ва демографияи АИ ҶТ семинари илмӣ (Муколамаи кушод) оид ба мавзӯи «Рушди илми иқтисоди ватанӣ дар давраи соҳибистиқлолии кишвар» гузаронида мешавад. Дар кори семинар намоиши асарҳои тоза эҷоди олимони Институти иқтисодиёт ва демографияи АИ ҶТ ва қадршиносӣ намудани ходимони илмӣ барои дастовардҳои назарраси илмиашон дар соли 2017 ба нақша гирифта шудааст.

Дирексия

Санаи 9 апрели соли 2018 ҷаласаи (дирексия) навбатии назди директори Институти иқтисодиёт ва демографияи АИ ҶТ шуда гузашт. Дар ҷаласа масъалаҳои сари вақт ва бо сифат ба мактубҳои воридшуда ҷавоб гардонидан, рафти кори сомонаи ИИД, оид ба роҳбари илмӣ ва мавзӯи рисолаи илмии аспирантҳо, унвонҷӯёни дараҷаи илмии номзади илмҳои иқтисодӣ ва докторантҳои PhD, тартибу интизом ва дигар масъалаҳои рӯзмара баррасӣ гардиданд.

Наврӯзи

Рӯзи 21 марти соли 2018 ходимони илмии Институт дар ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ, ки дар истироҳатгоҳи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ дар дараи Ромит шуда гузашт иштирок намуданд. Дар чорабинии мазкур аз тарафи бонувони Институт бо истифода аз анъанаҳои миллӣ ва мардумӣ дастархони  идона бо номи ҳафт сину ҳафт шин ороста шуд. Инчунин, дар чорабинии мазкур қисмати фарҳангӣ низ гузаронида шуд. Кормандони Институт инчунин, дар чорабиниҳои варзишӣ аз қабили гуштин ва футбол, ки аз тарафи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд иштироки фаъолона намуданд.

Shine

23 феврали соли 2018

Рӯзи 23 феврали соли 2018, соати 10-00 дар Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Шӯрои олимон баргузор гардид, ки дар он  масъалаҳои зерин баррасӣ шуданд:

 

 

  1. Дар бораи тасдиқ намудани мавзӯҳои семинари илмӣ-назариявии доимоамалкунандаи ИИД ва нақшаҳои кории он барои соли 2018.

– «Асосҳои назариявӣ ва методологии рушди инноватсионии иқтисодиёти миллӣ»

– «Масъалаҳои бозтавлиди аҳолӣ дар шароити иқтисодиёти инноватсионӣ»

                                                       роҳбарони семинарҳои илмӣ-назариявӣ:

                                                       Қаюмов Н.Қ.- академик, д.и.и.,

                                                       Исломов С.И. – узви вобастаи АИҶТ, д.и.и.

 

  1. Натиҷагирии илмии лоиҳаи «Муҳоҷирати аҳолӣ ва рушди устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити ҷаҳонишавӣ (рақами бақайдгирӣ №0115TJ00416 аз 28.01.2015) то соли 2018.

                                                                       роҳбари мавзӯи илмӣ:

                                                                       Бобоев А.А. – х.п.и., н.и.и.,

                                                                       мудири бахши муҳоҷирати аҳолӣ

  1. Оид ба даровардани тағирот ба ҳайати Шӯрои олимони Институти иқтисодиёт ва демографияи АИ ҶТ.

                                                          Саидмуродов Л. Ҳ. – директори Институт,

                                                          узви вобастаи АИ ҶТ, д.и.и, профессор

 

  1. Дар бораи таъсиси гурӯҳ оид ба баҳодиҳии хавфҳои коррупсионӣ

                                                         Саидмуродов Л. Ҳ. – директори Институт,

                                                          узви вобастаи АИ ҶТ, д.и.и, профессор

16 феврали соли 2018

Рӯзи 16 феврали соли 2018 дар Институти иқтисодиёт ва демографияи АИ ҶТ дар мувофиқа бо Академияи илмҳои ҶТ вохӯрии маъмурияти Институт ва мудирони шуъбаҳои таҳқиқотҳои назариявӣ, таърихи иқтисод ва афкори иқтисодӣ, таҳқиқотҳои институтсионалӣ ва иқтисодиёти бахши иҷтимоӣ, таҳқиқоти фаъолияти берунии иқтисодӣ ва рушди муносибатҳои интегратсионӣ бо ҳайати гурӯҳи кории Бонки Умумиҷаҳонӣ хонум Гоар Гюлуман (роҳбари гурӯҳ), Баҳром Зияев (иқтисодчӣ) ва Саумя Митра (мушовир) баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ масъалаҳои ҳаётан муҳим аз қабили дарёфти роҳҳои нави рушди иқтисодиёт, механизмҳои нави сармоягузорӣ дар Тоҷикистон,  ки барои ҷалби пасандозҳои дохилӣ истифода мешаванд, инчунин, сиёсати имконпазири алтернативӣ, ки метавонад барои баланд бардоштани сатҳи бозори дохилии молиявӣ (бозори коғазҳои қимматнок, низоми бонкӣ, суғуртаҳо ва ғайра) ва дигар сохторҳои институтсионалиро мусоидат намояд, мавриди муҳокима баррассӣ гардид.